Главная > Иктисод > «Маблағҳои тагимизӣ» ё кисаҳо холию нархҳо олӣ

«Маблағҳои тагимизӣ» ё кисаҳо холию нархҳо олӣ

Натиҷаи пажӯҳиши маҷаллаи бонуфузи байналмилалии «Internationai Living» (Ҳаёти байналмилалӣ) нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯи меъёри иҷтимоии зиндагӣ миёни 194 кишвари ҷаҳон дар мақоми 134-ум қарор дорад. Инчунин, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар байни кишварҳои дигари Иттифоқи Шӯравӣ ҷойҳои охиринро касб кардаанд. Пажӯҳишгарони ин маҷалла ба вазъи зиндагӣ дар кишварҳои ҷаҳон аз рӯи чанд меъёр, аз ҷумла: қимати рӯзгузаронӣ, вазъи иқтисодӣ, муҳити зист, тандурустӣ, фарҳанг ва фароғат, озодӣ, амният ва боду ҳаво, аз рӯи ҷадвали 100 холӣ баҳогузорӣ кардаанд. Ҳарчанд пажӯҳиши маҷаллаи мазкур ба озодӣ ва сатҳи фарҳангу фароғат дар Тоҷикистон баҳои паст додааст, ки ҷамъан ба 51 хол мерасад, вале вазъи муҳити зист ва қимати сукунатро баланд нишон додааст, ки бо ба даст овардани 74 ва 79-холӣ, яке аз беҳтарин ҷойгоҳро соҳиб шудааст.

Хӯру намур!
Ин дар ҳолест, ки аз рӯи маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон, маоши ҳадди ақали аҳолӣ дар як моҳ 60 сомонӣ ва маоши миёна 288 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир, бо нархи бозор арзиши маҳсулоти ниёзи аввали мардумро ҳисоб кунем, маблағи нишондода шояд ба нисфи хароҷот нарасад.
Вале мувофиқи ҳисоби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми 5 соли охир сабади истеъмолии ҳар як аъзои оила 139 сомонӣ муайян шудааст. Агар имрӯз сабади истеъмолии ҳар як аъзои оила дар як моҳ 139 сомонӣ маош ё нафақа бошад, ин маънои онро дорад, ки оилаи мазкур аз сатҳи камбизоатӣ баромадааст. Дар ин ҳол, аз 288 сомонӣ маоши ҳадди ақал 139 сабади истеъмолиро тарҳ кунем, 149 сомонии дигар боқӣ мемонад, ки бо он фақат метавон роҳпулиро пардохт кард. Пули барқу об ва хизмати коммуналиро аз куҷо бояд пардохт? Дар ҳоле, ки нӯшидану пӯшиданро фаромӯш кардан лозим меояд.
Шароити гузаронидани зиндагӣ барои аҳолӣ дар чунин вазъ қарор дорад, ки мақоли «хӯру намур»-ро ба ёд меорад. Аммо қимати сукунату арзиши маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳоли афзоиш аст. Кисаи мардум холист, аммо касоне ки бозори олигополиро идора мекунанд, барои кӣ нархҳои осмониро муқаррар менамуда бошанд? Имрӯз ба харидани хона танҳо хориҷиён ё коммерсантҳои тоҷикистонӣ дастрасӣ доранд. Пас, танҳо барои хориҷиёну коммерсантҳои тоҷик хона бунёд мекунему камбағал берун аз давлати иҷтимоӣ аробакашию носфурӯшӣ карда гардад?
Ин дар ҳолест, ки дар баъзе кишварҳои демократӣ оид ба масъалаи таъмини аҳолии камбизоат бо хона чораҳо андешида мешавад, вале дар мо чаро чунин нақшаҳо вуҷуд надорад?

Ҳафт пушт иҷоранишинӣ?
Дар вохӯрие, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон рӯзи 15-уми январ дошт, масъалаи нарасидани манзил, гаронии нархи хонаҳо, бесифат будани биноҳои нав, дар қатори дигар мушкилот низ баррасӣ гашт. Тавре Президент иброз дошт, ҳоло бештари корхонаҳо барои канораҷӯӣ аз супоридани андоз, нархи фурӯшро дар ҳуҷҷатгузорӣ ба таври дигар ва дар фурӯш бо шакли дигар ба роҳ мемонанд. Ин боис мешавад, ки ҳам мардум манзилро гарон мехаранд ва ҳам ба буҷаи давлат маблағи ночиз ворид мегардад.
Ин дар ҳолест, ки баҳси заминфурӯшию заминхарӣ кашокашиҳои зиёдро на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми ҷумҳурӣ ба миён овардааст. Дар саҳифаи матбуоти даврӣ мудом матлабҳо ба нашр мерасанд, ки дар он ҷо оид ба фурӯши замин, ғайри қонунӣ аз худ кардани он, харидани касе ва сипас фиреб хӯрданаш шикоятҳо меояд. Солҳои 2008-2009 дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ манзилҳои истиқоматии мардумро, ки беш аз даҳҳо сол одамон дар он макон сукунат доранд, ба хотири бетартиб, дар сари роҳ ва ғайриқонунӣ сохта шуданаш мақомоти давлатӣ ба вайрон кардан супориш дод. Дар шаҳри Душанбе ин гуна манзилҳо бештар ба назар мерасанд. Замоне мардум заминҳои назди бозори «Корвон»-ро харидорӣ карданд, аммо боз гапу калочаҳо пайдо шуд, ки гӯё хонаҳои дар ин макон бунёдшударо хароб мекардаанд. Ба хотири он ки, ғайри қонунӣ бунёд шудааст.
Мисоли рӯшани дигар бозори «Зарнисор» аст, ки пас аз сохтани бино мақомот онро тафтиш карда, ғайриқонунӣ сохташуда эълом доштанд ва бо техникаҳо биноро пурра хароб карданд. Магар он бинои дар чашм намудорро пештар аз бунёд кардан ба таври қатъӣ ғайриқонунӣ эълом намудан ва ба сохтан иҷоза надодан ғайриимкон буд?
Дар баъзе нуқтаҳои аҳолинишини пойтахт мардум то ҳол аз таъмири хонаҳояшон ҳарос доранд. Бархе аз сокинони назди Донишгоҳи омӯзгорӣ чунин як тахмине доштанд ва мегуфтанд, ки эҳтимоли аз байн бурдани хонаҳои заминӣ дар ин макон вуҷуд дорад. Ба ин далел, намехоҳанд маблағи бо машаққат ба даст овардаи худро ба таъмири манзилашон сарф карда, оянда ҳасрат хӯранд.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷумҳурӣ нарасидани манзилро коршиносон баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, мардум аз норасоии манзили истиқоматӣ азият мекашанд ва бо маоши ҳадди ақали 60 сомонӣ шояд зиндагии ҳафт пушти эшон бо иҷоранишинӣ гузарад. Инчунин, нарасидани ҷойи нишаст дар мактабҳо боиси нигаронии шаҳрвандон гардидааст. Зеро ҳоло мактаб барои таҳсил кифоят намекунад ва имрӯз аз рӯйи маълумотҳо, дар ҷумҳурӣ 65 ҳазор ҷойи нишаст намерасад. Ё ин ки, аз сабаби нарасидани мактаб, дар 17 омӯзишгоҳи шаҳри Душанбе ба хонандагон дар се баст дарс мегузаранд.

Хона барои камбағалҳо
Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби баланд шудани нархи хонаҳо набудани рақобат миёни ширкатҳои сохтмонист. Бино ба гуфтаи сардори Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов, дар кишвар беш аз 1500 ширкати сохтмонӣ фаъолият дорад, ки аз онҳо танҳо 20 корхона ба сохтмони хонаҳои истиқоматӣ машғул мебошад. Ширкатҳои давлатии хонасоз дар ҷумҳурӣ вуҷуд надорад. Дар сурати набудани ширкатҳои давлатии хонасоз қобилияти рақобатпазирии ширкатҳои хусусӣ боло рафта, эҳтимоли пастшавии нархи хонаҳои истиқоматӣ аз байн меравад.
Яке аз сабабҳои афзоиши нархи хонаҳои истиқоматиро коршиносон аз сохта ба истифода додани хонаҳое медонанд, ки ширкатҳои сохтмонӣ ба хотири фурӯши минбаъда бунёд мекунанд. Дар ин сурат, нисфи пул пешпардохт карда мешавад ва боқимонда чун қарз бо фоиз дар чанд сол пардохт мегардад.
Усули ҷаҳонии таъмин намудани аҳолӣ бо манзилро таҳлилгарон ба замони шӯравӣ мувофиқ медонанд, ки яке аз роҳҳои инсондӯстона ва пешқадам маҳсуб меёфтааст. Аммо чунин имконият ҳоло вуҷуд надорад. Мушкилоти таъмини аҳолӣ бо манзил дар тамоми кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Аммо сатҳи зиндагиву маош ва усули таъминкунӣ тафовут дорад. Ба эътимоди коршиносон, бояд таҷрибаи ширкатҳои сохтмонии кишварҳои хориҷӣ истифода шавад. Ба таври мисол, дар Индонезия ҳукумат ширкатҳои хусусии сохтмониро муваззаф мекунад, ки дар баробари биноҳои қимати ба фурӯш баровардашаванда, бо фоизи муайян хонаҳои на чандон гароннарх барои аҳолии камбизоат сохта шавад. Минбаъд ин хонаҳо ба шаҳрвандони ниҳоят камбағал ба иҷора дода мешавад.

Манфиатҷӯӣ боқист
Ба назар чунин мерасад, ки дар ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ҳамчунин хариду фурӯши замини манзили истиқоматӣ дар дасти гурӯҳи манфиатҷӯ қарор дорад. Дар ин ҳолат деҳқон ва мардуми оддӣ наметавонанд бо нархи нисбатан арзон замин харанд. Зеро соҳибони заминҳо онро ба касе мефурӯшанд, ки пули бештар диҳад. Иддае аз коршиносон омили асосии баландшавии нархҳоро аз инҳисори бозор ва мавҷуд будани коррупсия арзёбӣ мекунанд. Зеро фасод дар ҷомеа реша давонидааст. Барои як кори хурдеро ба анҷом расонидан чанд калонро «зиёрат» кардан даркор аст ва то коррупсия аз байн наравад, манфиатҷӯӣ низ боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, мушкили асосии ҷомеаро рушди коррупсия ва фасод арзёбӣ мекунанд, ки бо вуҷуди ташкили Агентии мубориза алайҳи коррупсия ин проблема то кунун бартараф нашуда, баръакс дар авҷ аст. Дар ин маврид Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ чунин назар дорад, ки бояд дар ҷомеа тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ барои мубориза бо коррупсия сафарбар карда шаванд. Агар дар мамлакат як системаи мантиқан дурусти мубориза бар зидди фасод вуҷуд надошта бошад, ин рақамҳои баланде, ки нишон дода мешавад, барои ҷомеа ҳеҷ нафъе нахоҳад дод. Шуури мардумро бояд дигар кард, то онҳо аз додани пора ё «маблағҳои тагимизӣ» даст кашанд. Ҳукумат бояд назари худро оид ба мубориза бар зидди фасод дигар кунад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Advertisements
Рубрики:Иктисод
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: