Главная > Uncategorized > Президент ҳама чиро мебинад

Президент ҳама чиро мебинад

Соли гузашта, вақте ки маҷлиси солонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардиду ба анҷом расид ва гузоришро тавассути оинаи нилгун тамошо мекардем, як нафар аз ҳамроҳонам нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт:
— Маҷлиси солонаи Ҳукумат ҳамон гуфтаҳои аз Пули Сирот гузаштанро ба хотир меорад. Агар соҳибмансабе аз вазифа сабукдӯш гардид, худро аз «Пули Сирот» афтида медонаду ба тақдир тан медиҳад. Агар дар вазифа монд, боз як соли дигар дар «биҳишт» ба кайфу сафо машғул мегардад.
Гуфтаҳои ӯро ҳамон вақт як шӯхӣ пиндошта будам. Вале дурусттар таҳлил намудаму ба хулосае омадам, ки суханонаш асоси воқеӣ доранд.
Соҳибмансабе, ки аз вазифа сабукдӯш мешавад, агар ба кори дигар нагузаронанд, ҳатман ба ягон балои баде гирифтор мешавад. Ҳеҷ набошад, тарки Тоҷикистон мекунад. Дар маҷлиси ҷамъбастии солона, ки бо сохторҳои қудратии кишвар доир гардид, танҳо вазири корҳои дохилӣ М. Солеҳов аз вазифа озод гардиду ба чанд нафари дигар то ним сол мӯҳлат дода буданд. Аз он ҷумла, ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Абдуллоев ва раиси Шӯрои адлия Шермуҳаммади Шоҳиён. Ба собиқ вазири корҳои дохилӣ чӣ шуд, ҳама огаҳӣ доранд. Вале сол ба охир расиду номаълум монд, ки дар маҷлиси нимсола фаъолияти он сохторҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд ё хайр. Онҳо камбудии соҳаро ислоҳ намудаанд ё не? Чунки банда маълумотеро оид ба ин масъала дар ягон ҷой пайдо накардам.

Пас аз чанде маҷлиси солонаи Ҳукумат доир мегардад. Дар бораи кадом масъаларо мавриди баррасӣ қарор додани он касе фикр намекунад. Ҳама гӯшу ҳуш масъалаи иваз намудани кадрҳоро интизорӣ мекашанд. Аллакай тавассути васоити ахбори омма дар бораи ин ё он мансабу номзад пешгӯйҳо «фол» дида истодаанд. Намедонам гуфтаҳои онҳо то кадом андоза амалӣ мегардад. Вале барои ман як чиз равшан аст, ки имсол бояд Президенти мамлакат дар ҷобаҷо намудани кадрҳо қадами ҷиддие гузорад. Дар як навиштаам, ки дар ҳамин ҳафтанома таҳти сарлавҳаи «Ҳукумати мӯйсафедон» ба табъ расид, қайд намуда будам, ки синну соли аксари вазирони мо аз 50 гузаштааст. Наход имкони иваз намудани онҳо набошад? Ғайр аз он, баъзе вазироне ҳастанд, ки дар як соҳа «мех» карда мондаанд. Чаро онҳо иваз карда намешаванд? Барои чӣ ба ин вазифаҳо нафарони дигар, хусусан шахсони ақидаи солими худро дошта пешбарӣ карда намешаванд? Ёдам ҳаст, ки дар яке аз мусоҳибааш журналисти маъруф, шодравон Отахон Латифӣ, пас аз муовини сарвазир таъин шуданаш гуфта буд: «Доимо кори Ҳукуматро зери танқид қарор медодам. Чун худ ба кори ҳукуматӣ гузаштам, бо чашмам дидам, ки иҷроиши он мушкил будаст…». Пас, чаро дигарон, онҳое, ки аз ин ё он соҳа шадидан эрод мегиранд, барои бартараф намудани нуқсонҳои соҳаю пешрафти он лаҷоми кор ба дасташон дода намешавад? То муайян гардад, ки то кадом андоза аз ӯҳдаи кор мебароянд.
Дар халқ зарбулмасале ҳаст: «Душмани доно беҳ аз дӯсти нодон». Имрӯз «замони озодбаёнӣ» гуфта, ҳар кас ҳар чизе ки хоҳад мегӯяду менависад. Вале ба гуфти Лоҳутӣ:
Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,
Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳарду…
Барои муайян намудани фарқи амалу гуфтор аз нафарони озодандеш истифода бурдан лозим аст. Дар қонуни фалсафии инкишофи ҷамъият муборизаи ба ҳам зидҳоро яке аз ин омилҳои пешравӣ медонанд. Имрӯз нафарони зиёдеро ном бурдан мумкин аст, ки метавонанд барои пешравии кишвар саҳмгузор бошанд. Чӣ суд аз он вазиру аз он соҳибмансаб, ки дар ҳузури Сарвари кишвар чун камон хам шаваду баробари аз ӯ дур шудан фаромӯш намояд. Маҷлису ҷамъомаде нест, ки Раиси Ҷумҳур оид ба вазъияти маориф аз вазири ин соҳа пурсон нашавад, супориш надиҳаду эрод нагирад. Вале, гӯё тамоми мушкилиҳои соҳа бартараф шуда бошад, вазир барои ба тартиб андохтани «ришу мӯйлаб» машғул мегардад. Агар маводҳои танқидии ба соҳаи маориф нашр намудаи рӯзномаҳои мустақилро дар давоми соли 2009 ҷамъ намоед, эҳтимол аз чанд маводи академикӣ зиёд бошад. Ё ин ки, даъват ба сафи артиши миллӣ ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз мубаддал гардидааст. Вале касе намеандешаду дуруст баҳо намедиҳад, ки сабаби асосии аз артиш рӯй тофтани ҷавонон ин амалҳои номатлуб ҳангоми хизмат, хусусан таҷовуз кардани аскарон мебошад.
Чӣ фоида аз он раиси вилояту раиси ноҳия, ки баробари дар маҳалле ҳоким таъин шудан ҳама ваъдаҳои дар назди Президент додаашро фаромӯш карда, ба сохтани хона — қаср машғул шавад?! Ё ин ки, моликияти як маҳалро бо баҳонаи «привитизатсия» аз худ намуда, пас ба дигарон фурӯхта, ба ноҳияи дигар ҳоким таъин шуда, фаъолияташро аз «прихватизатсия» шурӯъ намояд?…
Тавассути шабакаҳои телевизионӣ дар мавриди заминларзаи ноҳияи Ванҷ иттилоъ доданд, ки «Бо супориши Президенти Ҷумҳурӣ Сарвазир О. Оқилов аз минтақаи офатзада дидан кард». Ман ҳайрон мондам, ки агар дар ин масъала ҳам Сарвари кишвар «супориш» дода бошад, пас О. Оқилов ягон корро мустақилона иҷро мекарда бошад?!
Баромаду гуфтугузори Эмомалӣ Раҳмонро бо соҳибкорони мамлакат ва дигар тоҷикони берунмарзӣ дар оинаи нилгун тамошо карда, боварӣ ҳосил намудам, ки Президент тамоми чиро мебинад. Умед дорам, дар ин соли барои тоҷикон сарнавиштсоз, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, дар масъалаи ҷобаҷо намудан ва интихоби кадрҳо ҳам дурбин мешавад. Зеро бунёди ин иншоот, ки мо онро барои Тоҷикистон манбаи нур медонем, барои дигарон маншаи гӯр аст.

Одинаи ҶӯРА, сокини шаҳри Душанбе

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: