Главная > Ичтимоиёт > Ё касб, ё саҳмия…

Ё касб, ё саҳмия…

-Алло! Редаксияи «Пайкон»?
— Бале! Гӯш мекунам.
— Ман Раҳбар, аз ноҳияи Зафаробод шуморо ташвиш медиҳам.
— Хуб.
— Рӯзномаҳоро зиёд мутолиа накунам ҳам, аз онҳо огаҳ ҳастам. Ман аз ҳафтаномаи шумо як хоҳиш дорам. Чун мегӯянд, ки рӯзномаҳо дарди мардумро менависанд, муроҷиат кардам. Тайи як моҳ аст, ки дар мавриди бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» зиёд мегӯянд. Чи дар радиову чи дар телевизион. Аз рӯзе, ки барои бунёди «Роғун» мардум саҳм гузошта истодаанду мегузоранд, ҳушу ёди ҳама ба саҳмия банд.
— Яъне. Мақсади Шумо…
— Аслан барои бунёди «Роғун» зид нестам, вале як чизро намефаҳмам. Вақте барои харидории саҳмия имконият надошта бошем, чи гуна метавонем саҳмия харидорӣ кунем? Чанд рӯз аст, ки падарам ба кӯча баромада наметавонад.
— Чаро?
— Намедонам, дар роҳ ронандаҳоро милисаҳо дошта, ҳуҷҷатҳои ронандагияшонро гирифта истодаанд, ки то саҳмия нахаранд, ҳуҷҷатҳояшонро барнамегардонанд. Ин тавр шуданаш ҳам мумкин аст? Маҷбуран мардуми бе ин ҳам азиятдидаро азият медиҳанд, ки саҳмия харанд. Ман фикр намекунам, ки сарвари кишвар ба роҳбарон супориши маҷбур кардани мардумро дода бошад. То чӣ андоза ин маҷбуркуниҳои мардум асос доранд, муайян кардан мехостам.
Аз ҷамоати шаҳрак бошад, боз таҳдид мекунанд, ки агар саҳмия нахаред, омада барқро хомӯш мекунанд.
Маҷбуркунӣ…
Як лаҳза мулоқоти сарвари кишвар бо рӯзноманигорону нависандагон ва аҳзоби сиёсӣ пешорӯям омад, ки дар мавриди бунёди НБО-и «Роғун» чиқадар суханрониҳо карда, ба ҳозирин ҳатто аз рӯйи харита воситаҳои интиқоли барқро нишон доданд. Инчунин, иброз дошта буданд, ки мо метавонем барои бунёди НБО-и «Роғун» аз ташкилотҳои байналмилалӣ маблағ талаб накунем ва нахоҳем кард. Мо метавонем бо қувваи худ ин нерӯгоҳро бунёд кунем. То ба кай аз хориҷиҳо маблағ мепурсем? Аз ин рӯ, барои оғоз бахшидани кори нерӯгоҳ 600 млн. доллари амрикоӣ бояд ҷамъоварӣ кард, ки ин ба ҳар як оилаи тоҷик ҳадди ақал 3 ҳазор сомонӣ рост меояд. Ҳатто таъкид карда буданд, ки фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маҷбурӣ нахоҳад буд. Вале имрӯз…
Вақте модарамро барои аз ташхис гузаронидан ба Беморхонаи ёрии таъҷилӣ бурдам, даромадгоҳи беморхона маҳкам буд. Баъдан нафаре дари таҳхонаро ишора кард, ки аз онҷо ворид шавем. Вориди ҳуҷраи духтур шуда, аз баста будани дарҳо пурсидам. Духтур бо як кайфияти паридае ҷавоб дод, ки ба маблағи 1000 сомонӣ саҳмия харидаасту боз таъкид кардаанд, ки бояд ба 5000 сомонӣ саҳмия бихарад. «Намедонам чӣ кор кунам? Аз куҷо ин маблағро пайдо намоям?»,- мегуфт ӯ.
Хатмкардаи ДДТТ, ки айни замон дар ординатура, дар беморхонаи Қарияи Боло ба коромӯзӣ машғул аст, мегӯяд, ки чанд рӯз боз ба ҷои кор рафта наметавонад. Зеро барои харидорӣ намудани саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои ҳар як духтур 5000 сомонӣ ва барои духтурони ординатура 1000 сомонӣ маблағ муайян кардаанд. «Намедонам барои чи харидорӣ намудани саҳмия маҷбурӣ бошад? Ҳол он ки, 1000 сомонӣ фоида надидаам. Аз куҷо ин маблағро пайдо кунам? Чун аз як оилаи камбизоат ҳастам ва имконияти харидани саҳмияро надорам. Касе қарз ҳам намедиҳад, ки саҳмияро харидорӣ кунам. Дар миёнароҳ мондаам, бояд аз ду якеяшро интихоб кунам. Ё маблағ қарз карда, саҳмия хараму таҷрибаомӯзиро идома диҳам, ё аз баҳри касбам гузарам»,- меафзояд коромӯз.

Пуштибонӣ аз кӣ ё аз чӣ?
Имрӯз на танҳо донишҷӯёнро маҷбур мекунанд барои харидории саҳмия. Тамоми аҳолии Тоҷикистонро маҷбур карда истодаанд. Ҳарчанд Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон аз донишҷӯён пуштибонӣ карда мегӯяд, ки касе ҳуқуқи маънавӣ надорад донишомӯзонро барои харидории саҳмияҳо маҷбур кунад, вале барои саҳмияхарӣ маҷбур кардани донишҷӯёнро дар аксар макотиби ҷумҳурӣ мушоҳида мекунем. Бо вуҷуди он ки, дар донишгоҳу донишкадаҳо барои саҳмияхарӣ маҷбур намудани донишҷӯён мушоҳида мешавад, ҷонибдории вазири маориф аз толибилмон шояд ба ин амали номатлуб андаке халал расонад.
Вале оилаҳои камбизотро, ки имрӯз барои харидани саҳмия маҷбур карда истодаанд, кӣ пуштибонӣ мекарда бошад?
Аз як духтари рӯзномафурӯш пурсидем, ки «саҳмия харидед?». Дар ҷавоб гуфт: «Куҷост он маблағе, ки ман саҳмия харам. Ман бо модарам танҳо зиндагӣ мекунам. Бо ҳамин рӯзномафурӯшӣ рӯзгорамонро базӯр таъмин карда истодаам. Ҳеҷ пасандозе надорем, ки саҳмия харем. Раиси маҳалла омада мегӯяд, ки бояд ҳар оила ба маблағи 100 сомонӣ саҳмия харанд. Вақте гуфтам, агар маблағ надошта бошем, чӣ кор кунем, мегӯяд, ки барои мо фарқе надорад. Аз куҷое набошад, маблағ ёбеду саҳмия харед…

Ҳама ҷо гапи саҳмия…
Вақте дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон суоле гузошта шуд, ки дар таваллудхонаҳо занони ҳомиларо бидуни саҳмияҳои «Роғун» қабул намекунанд, мӯҳтарам вазир дарҳол қавл медиҳад, ки ин масъаларо баррасӣ кардан мехоҳад… Вазир дар идомаи қавлаш боз мегӯяд, ки хариди саҳмия нангу номуси ҳар як шаҳрванд аст, вале он наметавонад ҳуқуқи зоиши занонро маҳдуд кунад.
Аз ин бармеояд, ки бисёр воқеаҳои дар беморхонаҳо рухдодаистода ё ба соҳибмансабони мо маълум нест, ё худро нодида мегиранд. Зеро рӯз то рӯз мардум аз маҷбуркуниҳо хаста шуда истодаанд. Агар сухан дар мавриди саҳмия равад, даст афшонда мегӯянд: «Боз ҳамин саҳмия!». Дар хона гапи саҳмия, дар тамоми шабакаҳои радиову телевизионии чи давлатӣ ва чи хусусӣ садои саҳмия, ҷои кор саҳмия, вохӯрӣ бо дустон саҳмия. Ҳатто кӯдакон байни худ дар мавриди саҳмия ҳарф мезананд. Чӣ кор бояд кард? Чаро барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» роҳҳои дигарро истифода бурда наметавонем?
Масалан, имрӯз дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон рақамҳои якхелаи мошинҳо («Золотые номера»), масалан 88 88, 55 55, 50 50-ро ба ауксион мегузоранд ва бо маблағҳои ҳангуфт мефурӯшанд. Чаро ин корро Тоҷикистон карда натавонад? То маблағи аз ин ҳисоб ба даст омадаро ба хазинаи «Роғун» гузаронанд.
Ё дигар; намешавад заминҳоеро, ки гектор — гектор соҳибмансабон «ғасб» кардаанду бекор мехобанд, аз онҳо бозпас бигирем ва ба аҳолӣ тақсим кунем? То ин ки мардуми камбизоат ақаллан наск ё нахӯд бикоранд. Ҳатто аз маҳсули ҳамин наску нахӯд ҳам метавон дар сохтмони НБО-и «Роғун» саҳм гузошт…

Фарангиси МУЗАФФАР,
БМСТЖ

Рубрики:Ичтимоиёт
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: