Главная > Uncategorized > Ғӯл, аҷина, дев ё дузд?

Ғӯл, аҷина, дев ё дузд?

Ҳангоми дар телевизион фаъолият карданам сафари эҷодие доштам ба водии Рашт. Баъди аз онҷо баргаштан дар шаҳраки Оби Гарм бегоҳие бо даъвати дӯстон меҳмон шудем. Рӯйи кат нишаста аз ину он сӯҳбат кардем. Ногаҳон садои тир ва ғалоғулаи зиёди мардум диққати моро парешон кард. Бо ҳамроҳии наворбардор ба поини маҳалла раҳсипор гардидем. Мардуми башӯромада бо ҳамроҳии гурӯҳи кормандони қудратӣ ду нафар марди ба одам қариб ки шабоҳат надоштаро дастгир карда, ба идораи милиса мебурданд. Бо тааҷҷуб ба онҳо нигариста асли воқеаро пурсон шудам.
Муддати шаш моҳ дар шаҳраки Оби Гарм овозаҳову ривоятҳои зиёде паҳн гардид. Шабҳо ба хонаи занҳои бешавҳар даромада, ноаён маҳсулоти хӯрокаву пӯшокаро медуздидаанд. Ба хонае, ки мардҳо ҳастанд, тамоман намедаромадаанд. Соҳибхоназане шабе дуздро дида, беҳуш шуда меафтад. ӯ дар беморхона чунин нақл кард:
— Соат аз 12 гузашта буд. Хамир карда, хостам карсонро ба ошхона барам. Вале дар ошхона ғӯлро дидам, ки нишаста, аз дег оши шабмондаро мехӯрд. Чи хеле бибиям нақл мекард, ин махлуқ пашм дошту пӯсташ сип-сиёҳ буд. Ба ғайр аз як латтаи симпечшуда дар миёнаш чизе надошт. Маро диду уллоси сагона кашид. Аз тарс дар ҷоям шах шудам. Дигар чизе дар ёдам нест.
Як наварӯси дигар чунин нақл кард:
— Як бегоҳӣ тахминан соатҳои 9 барои таҳорат ба ташноб рафтанӣ шудам. Ҷиянамро ҳамроҳ гирифтам. Ҳанӯз ба дари ташноб нарасида, садои даҳшатнокеро шунидаму ба пойини боғи ҳавлӣ нигоҳ кардам. Як махлуқи қадбаланди сип-сиёҳ дар даст халтаи пиёзу картошка меистоду ба мо нигоҳ мекард. Дод зада ба хона давидем. То ҳозир ҷиянчаам аз бемории васвос халос намешавад.
Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки онҳо хеле айёрона дуздӣ мекарданд. Мардҳои дар муҳоҷирати корӣ буда ин овозаҳоро шунида, ба зодгоҳашон баргаштан гирифтанд. Байни мардум ҳар хел фарзия буд. Яке мегуфт, ки «ғулҳо аз кӯҳҳо фаромадаанд», дигаре мегуфт, ки «одами барфӣ аст». Саввумӣ андеша мекард, ки шояд дузд аз байни одамони худӣ бошад. Агар ин хел набошад, чаро нақшаи дуздиро хеле моҳирона фикр карда, амалӣ менамояд? Барои ҳамин, мардуми деҳа ҷамъ омада, барои дастгир кардани дуздҳо камин гирифтанд. Аммо дар ин рӯзҳо тамоман дуздӣ ба амал наомад. Ин далел ба он андеша овард, ки ин дуздҳо одаманд, на ягон ғӯлу аҷина.
Акнун ин дуздонро, ки ба рухсораву таги чашмонашон ангишти сиёҳ кашида, ба миёнашон як латтаи симпечида пӯшонида буданд, мардум аз наздик дида, гиребон мегирифтанд. Охир, ҳарду бародарон аз оилаи баобрӯ буданду ҳамин қадар вақт бемалол байни мардум гаштугузор карда, ҳатто шабҳо камин гирифта, посбонӣ ҳам мекарданд. Боварии касе намеомад, ки ин ду нафар ба чунин муносибату кирдор қодир бошанд.
Милисаи минтақавӣ суол дод, ки чаро ба чунин корҳои ифлос рӯ овардаанд, охир, онҳо агар кӯҳро бо мушт зананд, талқон мегардад.
— Чунки зиндагӣ маҷбур кард.
— Охир шумо мард-ку!
Онҳо тавбаву зорӣ мекарданд, ки аз гуноҳашон гузаранд. Вале мардум ба хулоса омаданд, ки онҳоро аз деҳа берун созанд.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: