Главная > Ичтимоиёт > Ҳам нон мехоҳанд, ҳам базму суруд

Ҳам нон мехоҳанд, ҳам базму суруд

Ҳафтаи гузашта чанд рӯзи дароз миёни кормандони ҳафтаномаи «Пайкон» баҳс буд. Баҳс атрофи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун». Баъди радду бадал шудани чанд ақида, оқибат ҳайати эҷодӣ ба тасмими ниҳоӣ расиданд. Яъне, «мо ҳам ба «Роғун» кӯмак мерасонем»!
Рӯзи андаке сарди 13-уми январ. Бастаҳои ҳафтаномаро, ки иборат аз 11 ҳазор нусхаи 44 шумораи нашрия буд, ба сабукравк кироя тал задем ва роҳӣ ба сӯйи Роғун шудем. Чун ба шаҳрак расидем, дар мавзеи даромадгоҳи НОБ-и «Роғун» қарор гирифтем. Дидбонҳо гуфтанд, ки барои вуруд иҷозат бигирем. Рафтем ба шӯъбаи иҷозатномадиҳӣ. Навбатдори шӯъба изҳор дошт, ки танҳо худамон метавонем ворид шавем, бе мошин. Зеро мошинҳои шахсӣ «бегона» будаанд. Дигар илоҷ набуд. Бастаҳои ҳафтаномаро рӯйи тахтаҳои истгоҳ гузоштему бо ронанда худоҳофизӣ кардем. Ҳар кӣ мегузашт аз наздамон, мепурсид: «Чист ин?». Ҷавоб медодем: «Рӯзнома». Боз суол медоданд: «Куҷо мебаред?». Мегуфтем: «Барои сохтмончиёни «Роғун». Бархе ҳатто даҳон инҷ кардаву ба мо нештар заданд, ки «коргари гушна магар газета мехӯрад!?». Ҷавобе намедодем ба чунин тундгӯӣ. Ба он хотир, ки «ку аввал бинем, шароити зисти сохтмончиён ба чӣ минвол аст!?».
Дере нагузашта, як гурӯҳ одамоне, ки баъдтар ба нияти тамошо рафтанашон маълумамон гашт, наздик омаданд ва савори автобуси канори мо шуданд. Пеш гузаштаву аз сарҳангашон, ки сардори Раёсати корҳои ҶСК НОБ-и «Роғун» Гурез Боев будааст, хоҳиши ҳамроҳӣ намудем. Розигӣ дод. Раҳораҳ ҳама автобусбудагон «Пайкон» мехонданд. Ҷойе мошин истод ва сафариён фаромадаву аз баландӣ ба муоинаву мушоҳидаи мавзеи ҷойгиршавии нерӯгоҳ пардохтанд. Сӯҳбати сарироҳие бо роҳбарони нерӯгоҳ низ доир гардид. Онҳо дар бораи нуқтаҳои доғ маълумот медоданд ва мо ҳушу гӯш будем. Баъдан, ба мошин нишастему нақбро убур карда, назди чойхона қарор гирифтем.
Он лаҳза аллакай нисфирӯзӣ буд. Сохтмончиён яке пайи дигаре меомаданду хӯрок мехӯрданд. Пас аз тановули ғизо худро ба мизи назди ошпазҳо мезаданд, ки болои он «Пайкон»-ро шумора ба шумора чида будем. Ҳар шумораи нашрия даст ба даст мегашт. Ана ҳамин вақт ҳис кардем, ки сохтмончиён дар қатори сарфи ғизо, музди меҳнат ва ҷойи хоби гарм ба васоити иттилоотии чопӣ низ ниёз доранд.
Вақте ҳамроҳонамон бо ҷузъиёти ин мавзеъ ошно гаштанду мо бо сохтмончиён гуфтугӯ кардем, бозпас гаштем ва тариқи нақб ба ҶСК «Тоҷикгидроспетсстрой» омадем. Дар инҷо низ ошхона вуҷуд дошт. Якто ҳам не, дуто. Аммо бояд иқрор шавем, ки ин ду ошхона назар ба ошхонаи он тарафи нақб шароити хубтаре доштанд ва ҳам гарм буданд. Ин ҳангом нисфирӯзӣ гузаштаву сохтмончиёни камтаре чор — чору панҷ — панҷ машғули тановули ғизо. Шумораҳои ҳафтаномаро ба онҳо тақдим кардем ва чанд суол ҳам додем. Оид ба шароити хобу хӯр, имконоти маишияшон. Қисми зиёд изҳор доштанд, ки мутасаддиён шароити хуберо барояшон фароҳам овардаанд. Масалан, нақбкан, сокини шаҳраки «Роғун» Султон Солеҳов гуфт, ки ба онҳо сари вақт хӯрок медиҳанду ҷойи гарми хоб доранд. «Дар ин зимистон кор бе заҳмат намешавад. Ҳаво хунук аст, даруни нақб тар, нам. Заҳмат мекашем. Вале илоҷе мекунем, ки ин заҳматҳо самараи нек диҳанд. Ба ҳама чиз нигоҳ накарда, бояд корамон пеш равад. Маошамон хуб аст. То 2000 сомонӣ маош мегирем,- афзуд ӯ.
Дар ҳоле, зиёд шунида будем, ки мегуфтанд: «Маоши сохтмончиёнро қафо зада — қафо зада, баъди чанд моҳ медиҳанд».
Чор нафаре, ки рӯ ба рӯямон менишастанд, шӯхиомез мегуфтанд: «Ҳамааш хубу ягон базму ҷазм нест. Дар моҳи декабри соли гузашта як бор сарояндаҳо омада консерт доданду халос. Намешавад ки боз биёянд?».
Чор ҷавон банди шӯхиву ханда ва ошпазҳо дар такудав. Шояд аз базми шеъру суруд савдое дар сар надоштанд…
Вақте сохтмончиён «ҳам нон бошад, ҳам суруд» гуфта, суханҳои якдигарро «об» медоданд, мо бо ошпаз Комилҷон Ҳомидов сӯҳбат доштем. «Барои 800 нафар сохтмончӣ хӯрок тайёр мекунем. Дар як шабонарӯз 4 маротиба хӯрок медиҳем. Нисфирӯзӣ хӯроки якуму дуюм мехӯранд. Саҳарӣ чой бо равғани маска ва тухму ҳасиб. Бегоҳӣ як намуд хӯрок. Маҳсулоте, ки меоранд, ҳама ба дараҷаҳои олист. Маҳсулоти гӯштӣ низ ҳаст. Дар инҷо худхизматрасонист. Худашон хӯрокашонро омада мебаранд. Боре шикоят накардаанд»,- мегӯяд ӯ.
Пас аз фароварди сӯҳбат бо ошпаз, ба сохтмончиён барори кор хостему аз ошхона берун шудем. Ҳамроҳон низ ҷамъ омаданд ва бо автобуси НОБ-и «Роғун» равонаи маркази шаҳрак гардидем.
Қабл аз он, ки ба Душанбе роҳ пеш гирем, корманди дафтари матбуоти НБО-и «Роғун» Саидқул Қурбонов чанд маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар нерӯгоҳ 29 ташкилоти асосӣ мавҷуд аст, ки дар сохтмон кор мекунанд. 25 ташкилоти дигар дар мавзеъҳои Навободу Нуробод, ки хатари зери об монданашон ҳаст. Бештар аз 7000 коргар ба меҳнат машғуланду зиёда аз 600 адад техникаро ба кор даровардаанд. Ҳамчунин, ӯ зикр намуд, ки соли 2010 барои сохтмони нерӯгоҳ 650 миллион сомонӣ аз буҷаи давлат маблағ ҷудо шудааст.

Фазлиддин АСОЗОДА, БМСТЖ

Рубрики:Ичтимоиёт
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: