Главная > Uncategorized > Мӯҳтарам роҳбарон! Шумо сақич хойед, мо навор мебардорем!

Мӯҳтарам роҳбарон! Шумо сақич хойед, мо навор мебардорем!

Роҳбар, сарвар, намояндаи халқ… Инҳо мафҳумҳое ҳастанд, ки масъулияти баланд доштани эшонро нисбати касби худ ва мардуми оддӣ тақозо менамоянд. Вале аҷоиботи кор он аст, ки як мутахассиси оддӣ баъди соҳиби мансаб шудан ҳатман пас аз се — чор моҳ бо моҳонаи аз 300 сомонӣ то 500 сомонӣ соҳиби Мерседесу Ҷипу ҳавлиҳои боҳашаммат мегардад. Аз куҷо мегирад ин ҳама сармояи бе дарди миёнро? Шояд дар хазинаи ҳамон идораву вазоратҳо долларҳои шараққосӣ пинҳон бошад?
Дар давраи Шӯравӣ ҳар як мансабдор барои як хонаи зиёдатӣ доштанаш ҳатман дар назди қонун ҷавоб медод. Шиносе нақл кард, ки ҳангоми вазири пила будани шавҳараш касе ба хонааш як қолинча тӯҳфа меорад. Баъди 20 дақиқа кормандони ОБХСС омада, қолинчаро мегиранду худи пагоҳаш ӯро аз вазифа озод мекунанд. Ҳозир чӣ? Касе тавонад, ош шавад… Коре ки бомаш мечакад, «доля»-и калон дорад. Агар ақаллан ними роҳбарони масъул ба ҷойи кӯшку тарабхонаҳо сохтан ғами мардумро мехӯрданд, он гоҳ ин қадар сарсониву камбизоатӣ насиби тоҷики бечора намегардид. Вале афсӯс, ки мақоли «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» имрӯз шиори қисме аз роҳбарони бепарвофалак гардидааст. Имрӯзҳо дар қатори дигар давлатҳо то ҷое дар Тоҷикистон ҳам имкониятҳои техникӣ фароҳам оварда шудааст. Дар дигар давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистон роҳбарони масъул дорои сайтҳои интернетии шахсие мебошанд, ки бевосита худашон ба суолҳои мустақими шаҳрвандон посух дода, мустақиман баромад мекунанд. Дар Тоҷикистони имрӯза ҳам имконияти ташкил кардани чунин блогу сомонаҳо мушкилие надорад. Бинобар ин, бояд дар Тоҷикистон низ ин системаро ҷорӣ намуд, то роҳбари масъули кадом соҳаи муҳиме, ки набошад, ба суолҳо ҷавобҳои мушаххас диҳад. Вале пӯшида нест, ки ба ҷойи ин қисми зиёди мансабдорони мо тӯтивор дар маҷлису нишастҳои матбуотӣ «доклад»-у ҳисоботҳои солонаи тайёрро қироат карда, дар охир ба суолҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои «расмӣ» дода, бо ҳамин хайрухуш мекунанду ба ҳукумат як мактуби «расмӣ»-и дигар ирсол карда, бо ифтихор менависанд: «Фалон қадар маҳсулот бароварда шуду тамоми нақшаҳои супоришдодашуда дар сатҳи баланд иҷро гардид». Аз Интернет бошад, тамоман огоҳӣ надоранд.
Ба ҷойи онҳо котиби матбуотияшон «менависад». Ку роҳбари шердиле, ки худаш ҷуръат карда, дар сайти интернетӣ соате нишинаду мустақиман ба суолҳои шаҳрвандони оддӣ ҷавоб гӯяд. Эҳа! Меҳаросанд, ки ҳамон соат камбудияшон фош мешаваду аз тарси аз даст рафтани курсии мансаб сактаи қалб хоҳанд шуд. Оре, қисми зиёди масъулин тарсуянд. Магар ҳамин маҷлисҳои ҳисоботии ҳукумати кишвар далели буздиливу чоплусии баъзе вазифадоронро собит намекунад? Вақте Президент аз онҳо ҳисобот мепурсад, арақи пешонияшонро пок карда, базӯр — базӯр, нимғурма ҷавоб медиҳанд. Баъзе сақичдепутатҳои дигар бошанд, барои ором кардани асабашон дулунҷа сақич мехоянду камераҳои телевизион ҳам дидаву дониста сақичхойии онҳоро пешкаши тамошобин мекунанд. Чӣ кор кунанд операторони бечора, ки ғайри дулунҷа сақич хоидан дигар чизеро дида наметавонанд!? Ҳаминаш хеле аҷиб аст, ки вақте як вазир ё сарвари донишгоҳро аз мансабаш холӣ мекунанду ба ҷояш дигар касро таъин менамоянд, ҳатман аз ҷонишин оғоз карда, то посбони ҳамон идора иваз мешаванд. Яъне, дар он корхона ҳам тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Бешубҳа, дар Тоҷикистон ин усул мӯд шудааст. Дар корхонаҳои хориҷӣ ду ҳамнасабро ба кор намегиранд. Ба он хотир, ки шояд онҳо хешутаборие дошта бошанд. Дар вазоратҳо бошад, мутахассиси кордоне ҳаст, ки тӯли 10 сол барои такмили ихтисос ба ҷойе фиристода нашудааст, вале ҷияни вазир новобаста аз донишу маданияташ ҳатман бояд барои хондан ба хориҷа сафарбар гардад. Аз як нафар тоҷики муҳоҷир дар Маскав рӯзноманигорон пурсон шуданд, ки дар шароити кризиси молиявӣ тоҷикон дар чӣ аҳволанд? ӯ бепарвоёна ҷавоб додааст, ки тоҷик аз хурдӣ дар олами бӯҳрони молӣ ба воя расидааст, бинобар ин, кризис барои мардуми тоҷик як чизи оддист. Мақсад аз нигоштани ин ҳарфу калимот ва сиёҳ кардани коғази сафед ин аст. Имрӯз, ки зиндагии мардуми оддӣ боз ҳам душвортар гардидааст, мебояд роҳбарони масъул бепарвоиро камтар зоҳир кунанду ба ғами мардум шарик бошанд. Охир, ғами мардумро хӯрдан ҳам ҳунар аст!

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: