Главная > Uncategorized > «Тоҷикстандарт» шаъну шараф надоштааст

«Тоҷикстандарт» шаъну шараф надоштааст

26-уми январи соли ҷорӣ дар Суди шаҳри Душанбе барасии шикояти кассатсиони ҳафтаномаи «Пайкон» нисбати даъвои Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаномаи «Пайкон» муроҷиатномаи гурӯҳи соҳибкоронро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расонида буд, ки дар он фаъолияти баъзе аз кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» интиқод мешуд. Баъдан, Агентии мазкур бо аризаи даъвогӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат кард. Дар аризаи даъвогӣ талаб карда мешуд, ки шаъну шараф ва эътибори кории Агентии «Тоҷикстандарт» ҳимоя карда шаваду аз ҳисоби ҳафтаномаи «Пайкон» ба фоидаи Агентӣ зарари маънавӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ рӯёнда шавад. 26-уми октябри соли 2009 судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ С. Камолов даъворо пурра қонеъ намуд.
Ҳафтаномаи «Пайкон» ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсиро ғайриқонунӣ ҳисобид, ба он хотир, ки Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» наметавонад шаъну шарафу эътибори корӣ дошта бошад. Дар ҳамин ҳол, ҳафтанома бо шикояти кассатсионӣ ба Суди шаҳри Душанбе муроҷиат кард.
26-уми январ коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои шаҳрвандии Суди шаҳри Душанбе ибораи «шаъну шараф»-ро аз ҳалномаи суди зинаи аввал гирифта, дар дигар қисматҳо бетағйир гузошт. Пас аз гирифтани нусхаи қарори коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои шаҳрвандии Суди шаҳри Душанбе дар ин бора муфассалтар ҳарф мезанем.
Мавзуна АБДУЛЛОЕВА,
БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: