Главная > Uncategorized > Занҷири поҳои зиндагӣ

Занҷири поҳои зиндагӣ

Занҷири поҳои зиндагӣ
Яке мегуфт:
— Зиёд дидаем, ки ростиро бар фиреб коргар набуд ва фиребро завол нест.
Дигаре мегуфт:
— Бо ҳар фиреб фиреби дигаре ҳаст.
Ҳар дуро шунидаму худ ба худ андешидам: «Пас тавони ростӣ куҷост? Магар фиреб силсилаи занҷирест, ки бо он поҳои зиндагиро бастаанд?!».

Роҳ ҳам туӣ, роз ҳам туӣ
Эй раҳрави саргаштаи роҳи вуҷуд! Роҳи мақсуд чӣ меҷуӣ ва аз оташи ҷаҳаннам чӣ мегӯӣ? Аз сурати биҳишт чӣ мебинӣ ва аз сирати сирр чӣ мепурсӣ? Ин ҳама нақше аст аз олами пир ва ҳадисе аст аз дунёи ҷавон! Оташи ҷаҳаннам, ки мегӯӣ, дар вуҷудат ҳаст, ҷамоли биҳишт ҳам, ки меҷӯӣ, дар вуҷудат ҳаст.
Роҳ ҳам туӣ, роз ҳам туӣ, асрори нақши дунёи кӯҳан ва ҳадиси ҷаҳони нав ҳам туӣ…
Чашми зоҳир бишкофу чашми ботин бигшо, ҳамоно хилқати зебои биҳиштро хоҳӣ дид ва нишоту таровати онро хоҳӣ ёфт!

Ойини ҷавонмардӣ
Кори дунё зи меҳри ҷавонмардӣ пойдору ороста аст. Вафодорон сафоро аз вафо дида, дасти садоқат ҳамеша бар домани паймон гузоштаанд.
Содиқонро ростӣ пеша асту накӯкорӣ андеша ва далели бахт, ки ҷаҳонро наҷот бахшад, растгорӣ аст.
Чӣ хуш бошад агар гетӣ саросар ғарқа дар баҳри сафо гардад!

Фиребхӯрдагон
Кадом кори дунё хиёнат аст?
Хиёнат аз мост, ки бар ӯ кардаем. Чеҳраву сираташ яке аст. Моем, ки ҳазору як рӯю хӯй кардаем. Маҳзари ӯро чунон, ки ҳаст намебинем. Дидагони мост, ки ғалат мекунад.
Дунё моро ҳаргиз фиреб намедиҳад, мо худ фиребхӯрдаи ақлу дидагонем.

Меҳри Марг
Дилҳоро фиреб дода ва худ аз синаи ҳикмат эҳёи ҳаёт карда. ӯро, ки некаш намепиндорем, аз олами некӣ зуҳур карда ва ҳаргиз қотили ҳаёт нест, балки зиндасози ӯст. Ҳаёту марг ин ду ганҷи гарони ҳастӣ, мисли ошиқу маъшуқ дар хидмати якдигаранд.
Гули мақсуди марг дар гулшани умр сабз карда ва бӯи муаттараш дар фазои гетӣ афшон аст.
Аҷаб, чашми хирад дар хоб аст ва намебинад, ки тақдири зиндаҳо ҳамеша дар ҳимояти марг аст ва вуҷудашон дар оғӯши муҳаббаташ уфтода.

Ҷӯянда
Чун тарки васвасаи ақл кунӣ, худро осуда хоҳӣ ёфт ва чун осуда шавӣ, зебоии тозае хоҳӣ дид ва чун зебоӣ бинӣ, андешаҳоят парвоз ба олами ишқ хоҳад кард ва шоҳиди нурафшонии ҷони пок хоҳӣ шуд.

Ороиши дил
Эй Хирад! Туӣ ороиши дил, халлоқи маонӣ ва туӣ подшоҳи доноиҳо, туӣ сарвари Фарр, ки хотири инсонҳоро ба зиштиву палидиҳо пок менамоӣ ва ба роҳи ҳақиқат ва қуллаҳои камол раҳнамоӣ. Туӣ раҳнамои тавоно ба сӯи ишқ ва туӣ ҳидоятгари муҳаббатҳо, туӣ чароғи пурнури қалбҳо, ки инсонро дар фарри кору кирдор рушаноӣ менамоӣ…
Вуҷуде, ки дар зиндагӣ туро соҳиб аст, ба ҳаққ, ки зинати бебаҳои дилро дорост.

Нӯши наҷотбахш
Сар зи он набояд печид, ки тавоноӣ он ҷост.
Дунё сарои садоқат аст ва бар он по аз раҳи сидқ бояд бардошт, ки растгорӣ аз ростӣ аст.
Домани ҳаёт ҳомии асрор аст, на дузди асрор. Розаш ҳамеша боз аст, фақат роҳи расидан ба он рӯшан нест. Манзили чароғи бофурӯғаш дар қалби инсон аст.

Фурӯғи ишқ
Эй нури муҳаббат ва эй чароғи ҳидоят! Нақши мақсудро дар ту дидам ва ҷуз ту дар олами ҳастӣ мақсуде ангори ман нест! Хун дар тани ман бодаи сирф аст ва дар дили шӯридаам ҳавои маҳбуб. Тамоми лаззатҳои ҳаётам аз партави туст ва ту ҳастӣ, ки дили мискини маро рӯшан кардаӣ. Ҳамеша бо ту ҳастам ва бо ту хоҳам буд.
Ман рафиқи нури туам, ғаме аз фарозу нишеб дар ман нест, аз ниҳоли шавқ дилам хурраму барқи меҳрат мунаввар.
Оташе, ки вуҷуди маро сӯзондааст, то ба сарҳади фано мекашад ва туро эй ганҷи мурод, бар лаби баҳри фано мунтазирам!

Хуршеди бахт
Имрӯз, ки қоматҳо хамида, чеҳраҳо беғубору гардолуда, хунҳо сарду қалбҳо тираву афсурдаанд, навмед аз тулӯи хуршеди бахт набояд шуд ва бо он андеша бояд зист, ки саодати фарзандон азиз аст ва хоки гузаштагон ҳамон хоке аст, ки осоиши фарзандонро таъмин менамояд.

Тариқи ишқ
Ишқ ҳамон конуни аслӣ ва мояи ҳастӣ ва он нирӯи азими азалӣ ва абадӣ аст, ки рӯҳи зиндаро наҷот бахшида ва бо маърифати ҳақиқиву пок, ғайрату кӯшиш, ҷунбишу ҷустуҷӯ аз роҳи сабру тааммул, меҳру садоқат ба сӯи ҷамолу камол, ба кӯи зебоиҳо ва некӯиҳо, ба макони саодату шаҳодат, ба хушии аввал, ба манзили имон ва ба васли ҷонон мекашонад.

ЛУҚМОН

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: