Главная > Uncategorized > Мавсими шоҳмотбозӣ расид

Мавсими шоҳмотбозӣ расид

АФСОНАИ ШОҲИ ҚАДИМА
Афсонаеро дар бораи як шоҳ ва ҳукмронии хоси ӯ замони мактабхонӣ аз афсонаҳои қадимаи халқи Чин хонда будам. Он шоҳ чунин як «сиёсат»-и ҷобаҷогузории кадрҳоро дошт, ки ба мислашро то кунун дар зиндагии воқеӣ надидаам ва нашунидаам. Яъне, ба истилоҳи имрӯза вазиру раис ва ҳатто хизматгоронаш вақте аз кор пеш карда мешуданд, ё ин ки «истеъфо» медоданд, коре мекард, ки дубора касе аз онҳо атрофи мамлакаташ нагардад, баргаштан ба ВАЗИФА он сӯ истад. Масалан, усули аввалинаш ин буд, ки ба ҳайати нави «ҳукумат»-аш собиқҳоро ҳамчун ХОЙИН, НОСИПОС, СИФЛАгон муаррифӣ карда, огоҳӣ медод, то бо эшон дар робита набошанд. Зеро онҳо аз сари АЛАМ ба ҳама чиз қодиранд. Усули дуввуми корбарии шоҳ ин аст, ки худро ганда намекарду ба МУҲОФИЗОНаш супориш медод, то баробари онҳоро дар қаламрави мамлакаташ дидан, наздикшавӣ нагузоранд. Ахиран, усули саввум — ХУДСАФЕДКУНӣ. Шоҳ ба онҳо чунин маънидод мекард, ки ӯ барои эшон таҷрибаи хуби «идоракунии давлат»-ро нишон додаасту акнун вақти он расидааст, ки ҳар кадоме ПОДШОҲи кишваре шаванд.
Хулоса, мақсади ин шоҳи дар афсонаҳо роҳбарикунанда он буда, ки ҳангоми қабули «кадр»-ҳои НАВ касе аз «ҳукумати кӯҳна» дар «ҳукмронӣ»-яш халал нарасонад. Чунки шоҳ бисёр золиму маккор буд ва ҳамин ки касе инро ошкор месохт, дарҳол ӯро «нест» мекард.
Сабаби ин гуна сиёсати роҳбарикунандаи шоҳи қадима дар он буда, ки агар касе хато кард, «ҷазояш» САБАҚи зертобеони нав мегардад.
Ҳамин тавр, шоҳ то охири умр ҳар як «ҳайати ҳукумат»-ашро ба қавле МЕСОХТУ МЕШИКАСТ.

Воқеияти шоҳи имрӯза

Аммо дар зиндагии воқеӣ, хусусан давоми солҳои Истиқлолият мебинем, ки ҷобаҷогузории кардҳо тамоман баръакс сурат мегирад. Шояд сабаб боз ҳам дар Соҳибистиқлол гаштани ҳам кишвар ва ҳам ҷомеа бошад. Яъне, ҳуқуқ ва озодии инсонро поймол намекунанд…
Масалан, дар ҳукумат ҳар сол тағйироти кадрӣ ҷорӣ карда мешавад. Ҳар сол раисони ноҳияҳо иваз карда мешаванд. Дар нигоҳи аввал кас гумон мекунад, ки фалонӣ ба хотири аз ӯҳдаи вазифа набаромадан, баъди як сол сабукдӯш гардид. Вале агар амиқтар эътибор диҳем, ҳамон нафарро, ки дар ҷаласаи ҳукумат барои «бемасъулиятӣ»-яш «срок» ва «огоҳӣ» дода буданд, боз дар вазифаи дигар гузоштанд.
Барои исботи ин гуфтаҳо ба чанд соли қафо менигарем. Инҷо метавон аввалин ҷаласаи пурсарусадои Ҳукуматро ёдрас шуд, ки соли 2005 баргузор гардида буд. Яъне, он сол ҷаласаи васеъи ҳукумат тӯли ҳашт соат давом карда буд, ки ҳамагон мегуфтанд дар он ҳама «чиз» буд: ҳам тағйиротҳои чашминтизори кадрӣ, ҳам ҳисоботу гузоришҳои асосан камбуди соҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳам ростистонданҳои руасои шаҳру навоҳӣ.
Аммо, рафта-рафта ин гуна ҷаласаҳои чандсоата ба чандрӯза табдил ёфта, аз толори ҷаласа рондани мансабдорон, зери тозиёнаи танқид қарор гирифтани курсинишинон аз ҷониби Президент як чизи маъмулӣ гардид. Дигар руасову вузарои мо аз танқидҳо ва аз вазифа барканоршуданҳо сурху кабуд намешаванд, шарм намедоранд. Агар чунин намебуд, роҳбароне, ки ҳар сол бо айбашон камбудиву норасоиҳои рухдодаро тариқи телевизион ба ҳафт миллион аҳолӣ намоиш медиҳанд, ислоҳ мегардиданд. Дар давоми ин панҷ соли дигар танқид камтар ва камбудиҳо бартараф мешуд.
Алимардоновро «бемасъулиятӣ» муовини сарвазир кард
Тавре дар боло аз ҷаласаи панҷ соли пеши ҳукумат ёдрас шудем, бояд гуфт, ки яке аз чеҳраҳои ҳамеша сархам дар назди Президент раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардон мебошад, ки акнун ду сол боз аз танқиду сурхшавӣ дар ҷаласаҳои навбатӣ халос шудааст. Зеро вазифаи сарвазирӣ ва муовинонаш аз вазифаҳое мебошанд, ки гӯё камбудӣ надоранд. Яъне, М. Алимардонро танқидҳои пайдарпай 26-уми январи соли 2008 аз вазифаи раиси Бонки миллӣ ба вазифаи муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон овард.
Ҳамин тавр, дар баромади охиринаш дар ҷаласаи солонаи ҳукумат низ Алимардонов танқидҳои зиёд шунида буду дар ҷавоб танҳо «Хуб шудаст, ман гунаҳкор!» мегуфт.
Вале пас аз вазифаи раиси Бонки миллиро супоридан, ҳамаи камбудиву бемасъулиятияш дар натиҷаи як санҷиш ошкортар шуд. Яъне, аз тарафи ширкати бритониёии «Ernst and Young» аудити махсус гузаронида шуд ва маълум гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2004 то соли 2008 $79 млн. қарздор аст.
Чун сухан аз қарздории Бонки миллӣ ва бемасъулиятии Алимардон рафт, ҷаласаи ҳукумат дар соли 2005-ро бояд ёдрас шуд. Президент дар мавриди ҳисоботи Муродалӣ Алимардон чунин эродҳо гирифта буд:
«… Дар вақти додани қарзҳо ягон шартнома, ягон қонуни оддӣ ба назар гирифта намешавад… Ҳангоми қарз додан аз ҳукумат ягон ҳуҷҷат мепурсед? Не! Додед, ҳал кунед!… Ман ҳозир сохтори қарзҳоро нагуфта истодаам. Сохтори қарзҳоро бародорем, мебахшед, аксарияти қарзҳоро ба хешу табори худатон додаед. Ҳар кас қарз гирифта наметавонад. Ман дар бораи коррупсия гап намезанам. Баъзе бонкҳо ғӯтида рафтаанд…».
Ана КАДРҳои мо! Ҷойи он ки кишварро аз вартаи қарзу қашшоқӣ раҳо кунанд, баръакс, ба он ғӯтта мезанонанд.
Ва инҷо бояд қайд кунам, ки Президент баръакси шоҳи қадима Алимардонро муовини сарвазир таъин кардааст, ба хотири собиқаи роҳбарӣ доштанаш. Дигар роҳбаронро низ. Ба хотире, ки шояд ислоҳ шаванд. Пас, эй роҳбарон, бикӯшед барои ислоҳи камбудиҳои соҳаи худ!

Вазири иқтисод ва молия аз қатор намемонанд
Дар ҷаласаи панҷ сол пеш дар баробари раиси Бонки миллӣ, инчунин вазири иқтисод ва савдо Ҳаким Солиеву вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов «гӯшмол» дида буданд. Масалан, ба Ҳаким Солиев чунин эродҳо шуда буд: «… Ба Вазорати иқтисод супориш додем дар бораи ҳарчи тезтар таҳия намудани як барномаи инкишофи соҳаи саноати сабук дар Тоҷикистон, яъне коркарди ашёи хоме, ки дар мо ҳаст ва зиёд кардани иқтидори содиротии мамлакат. Чӣ кор кардем? Танҳо як содироти алюминий ва пахта. Дигар намудҳо чӣ?… Куҷо мешаванд барномаҳо? Таҳлилҳо канӣ? Ба як номбар кардани рақамҳое, ки ҷамъу тарҳ шуданду ҷамъу гир карда овардем, бо ин кор пешрав мешавад?».
Ҳаким Солиев бошад, гуноҳашро иқрор шуда, ваъдаи садфоиза ҳам дод: «Сад дар сад мо розӣ ҳастем. Он камбудиҳо аз мо бармеоянд. Нисбат ба солҳои пеш ман ваъда медиҳам, ки се маротиба зиёдтар мешавад». Вале чун ваъда иҷро нашуд, ахиран 30-юми ноябри соли 2006 Ҳаким Солиев аз вазифаи вазири иқтисод ва савдо озод шуд. Аммо баъдан боз раиси Кумитаи андоз таъин гардид, ки дар ин соҳа низ ҳамеша дар ҷаласаҳо мавриди танқид қарор мегирифт. Ин буд, ки моҳи январи соли 2009 ӯ аз вазифаи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо сабаби ба нафақа баромаданаш барканор шуд.
Аз миёни танқидшудаҳо дар соли 2005 Сафаралӣ Наҷмуддинов ягона нафарест, ки бо вуҷуди камбудиҳову танқидҳо дар вазифаи хеш «содиқ» мондааст. Зеро он сол ӯ низ аз «сарсилакуниҳо»-и Президент бенасиб намонда буд: «Сабаби асосии ворид нагардидан, барнагардонидани маблағи андозҳое, ки бо қарори ҳукумат тамдид шуда буданд ва 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, мӯҳлаташ гузаштааст. Мо маблағ кофта гаштем, ки дар ин соҳа намерасад, дар фалон соҳа намерасад. Баргардондан даркор. Кӣ бояд назорат кунад? Агар вазири молия, Вазорати молия назорат накунад, дигар вазифаи шумо чӣ лозим?… Дар кадом ноҳия кадом нафақахӯр нафақа нагирифтааст, маош нагирифтааст. Ана молия барои чӣ аст! Ғоратгарию дуздии нафақаю маоши муаллим, дигар аз ҳаминҷо сар мезанад. 7 ноҳияро гузаронидед-ҳа? 4 ҳазор нафақахӯр кам шуда, 80 ҳазор сомонӣ шуд. Қариб як миллион ба кисаи кӣ меравад?»,- гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон ба вазири молия.
Аммо бояд гуфт, ки ин мушкилот ҳамеша дар ҳар як ҷаласаи ҳукумат қайд мегардаду ҳеҷ не ки ҳал шавад. Пас, саволе бармеояд, ки чаро вазири молия, ки бе ин ҳам муддати тӯлонӣ вазир аст, барканор намешавад, то кадри ҷавонтаре пайи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта шавад. Ҳамон тавре, ки худи Президент мегӯяд: «Дар утоқҳои гарму нарм нанишаста, аз пайи камбудиҳои ҷойдошта ноҳия ба ноҳия ва ҷамоат ба ҷамоат равед».
Акнун навбати «ход»-и кӣ дар шоҳмот?
Дар ҳисоби математикӣ мегӯянд, ки аз ҷой иваз кардани ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад. Дар бозии шоҳмот бошад, донаҳои онро бозингарон гоҳ ба ПЕШ мебаранду гоҳ ба ҚАФО.
Ва бархе коршиносон бар ин назаранд, ки ҷойивазкунии кадрҳои ҳукумат низ чунин бозиро мемонад. Агар не, раиси як ноҳияро, ки ба хотири «ноӯҳдабароӣ»-яш аз вазифа барканор мекунанд, боз тибқи фармони дигар ӯро дар ноҳияи дигар ба ҳайси раис мондан чӣ маънӣ дорад?
Чизи дигаре ки сабаби рушд накардани шаҳру ноҳияҳо ва умуман кишвари мо мегардад — ин ҳар сол иваз шудани раисон ва аз вазифа ба вазифа рафтану омаданашон мебошад. Як мисоли оддӣ; Амрихудои Дамдор (аввал раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ, акнун иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ), Гулмаҳмадов Давлатшо (пештар раиси Кумитаи заминсозӣ, геодезия ва харитасозӣ, баъдан муовини аввали раиси вилояти Суғд, ҳоло раиси шаҳри Турсунзода). Мисоли ин зиёданд нафароне, ки як сол дар як ҷову соли дигар дар ҷои дигар адои вазифа кардаанд.
Дар мавриди чунин «тағйиротҳои кадрӣ» бошад, таҳлилгарон мегӯянд, ки бигзор раисони ноҳияҳоро ба муддати муайян интихоб намоянд. Вақте мӯҳлати ваколаташ ба охир расид, барканор ё ин ки ба вазифаи дигар гузошта шавад. Аммо агар ноӯҳдабаро бошад, он тавре, ки дар ҷаласаҳо ба таври оммавӣ танқид мешаванд, гуноҳашро эълон карда, дигар ба ягон вазифа таъин нагарданд. Гумон мекунам, дар ин сурат ҳар як раис кӯшиш ва ҳама қувваашро сарф менамояд, то ин ки ба камбудие роҳ надиҳад.
Дар ҳамин ҳол, роҳи дигаре низ барои раисони лоиқро интихоб кардан вуҷуд дорад. Яъне, қонуне ҷорӣ карда шавал, ки раисони ноҳияҳоро худи мардуми ҳамон ноҳия интихоб кунанд. Чунки, дар ин ҳолат ҳам раис ба диёру зодгоҳаш хизмати содиқона мекунад, ҳам халқ намегузорад, ки намояндаи интихобкардаашро «тафтиш»-ҳои баҳудаю беҳуда кунанд, он тавре ки ба сари раиси ноҳияи Шаҳритус оварданд.
Чун сухан аз тафтиш рафт, албатта, хонандаи зирак, дарк кардӣ, ки ин ҷо сухан сари раиси ноҳияи Шаҳритус Холмурод Раҳмонов меравад, ки дар ҷаласаи ҳукуматии соли 2008 чӣ гуна буду дар соли 2009 чӣ гуна. Зеро дар ҷаласаи соли 2009 маълум буд, ки «лаҷом»-и раиси заҳматкашро кашидаанд.
Инро худи Президент ҳам бо ханда ишора карда буд. Ҳатто гуфтанд, ки: «Ман медонам чи қадар ревизорҳо тафтиш рафтанд».
Баъди ин, ҳар нафари аз сиёсат дурбуда дарк мекунад, ки чунин кадрҳои қобилиятнокро чи тавр осон мешикананд.

«Шах» ва «Мат»
Тибқи хабарҳои пешакӣ, рӯзҳои 29 ва 30-юми январ ҷаласаи солонаи ҳукумат доир мегардад. Кӣ танқид мешунавад, кӣ сарашро набардошта, «хуб шудаст» мегӯяд, кӣ таърифи зиёд мешунавад ва ғайра, аллакай маълум.
Ҳатто кӣ аз вазифа мераваду кӣ меояд, дигар барои касе ғайриинтизор нест. Зеро тавре аз гуфтаҳои худи Президент дар боло ёдовар шудем, фаъолияти ҳама роҳбарони мо дар асоси «дастуру супоришҳои танҳо як нафар — Ҷаноби Олӣ» мебошад, ки агар иҷро карда бошад, хуб, агар не, зери танқид қарор мегирад ё аз вазифа барканор мешавад. Ва ё мисоли Шарифхон Самиев аз толори маҷлис берун карда мешаваду баъди андаке ба вазифаи дигаре таъин мегардад.
Танҳо интизор мешавем, ки аз пешгӯиҳои коршиносону таҳлилгарон дар мавриди вазифаҳои сарвазир, муовинонаш, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент ва чанд вазорати дигар кадоме дуруст мебарояд. Яъне, аз он кадрҳое, ки мардум боварӣ доранд ва тариқӣ матбуот чандин маротиба номашон зикр мешавад.

Саида ҚУРБОНОВА,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: