Главная > Uncategorized > Нома ба зиндон

Нома ба зиндон

Тасодуфан санае ба чашмам расиду ба Ҷумъаи Толиб занг задам. Телефони ҳамроҳаш чун ҳамешагӣ «дастнорас» буд. Ба худ андешидам, ки дар рӯзи мавлуд, боз санаи нимасрагии умр одамон чӣ қадар ҳаёҳӯй мебардоранд, пешакӣ тайёрӣ мебинанд, мусоҳибаҳо омода мекунанду аз кардаҳояшону нақшаҳояшон қиссаҳо мехонанд. Вале… Зангзаниҳоям бенатиҷа анҷомид. Ба худ андешидам, ки чун ҳамешагӣ Ҷумъаи Толиб дар қабули ягон соҳибмансаб, ё дар баррасии ягон парванда, ё пиёда кӯталеро барои сӯҳбат кардан тай намуда истодааст…
«Чӣ бояд кард?»,- аз худ пурсидаму пеши назарам манзарае танинандоз гардид, ки ӯ умре асири қалам, дар зиндони зиндагӣ, шарики ғаму андӯҳи мардум аст ва аз ҳуқуқи поймолшудаю номуси вожгунгаштаи онҳо садо баланд мекунад.
Надонистам дар рӯзи 50-солагӣ Ҷумъаи Толибро бо чӣ табрик намоям. Ба хотирам мактуби 5 сол қабл ба зиндон навиштаи яке аз шогирдонаш, нависандаю шоири тавоно Исфандиёр расид. Ин нома «Нома ба зиндон» унвон дошту дар он ҳама чиз буд: самимият, меҳр…
Онро ба ту мефиристам, эй зиндонии зиндагӣ, ки қалам ба ту чунин ҳукм кардааст ва мегӯям: «50-солагӣ муборак!».
Фазлиддин АСОЗОДА

Номаамро бо салом оғоз мекунам, аммо на ба ҳолпурсии маъмулии тоҷикӣ. Зеро вазъи саломативу ҳолу аҳволатро пурсидан маъние надорад. Медонам, ки чароғи хирасӯзи зиндон шӯълаи худро аз нерӯи чашмони ту ғорат мекунад ва ҳар лаҳза биноии туро заифтар месозад. Медонам, ки сардии деворҳои битуниву симхоркашидаву бо нерӯи барқ муҷаҳҳаз аз пайкари ту ғизо мегирад ва ҳар лаҳза пайкаратро абгортар месозад, саломатиятро аз байн мебарад. Аъсобат акнун мисли қолини аз зарби пой нахнамо шуда дигар тавони таҳаммули ранҷеро надорад. Ин ҳамаро медонам ва аз саломативу ҳолу аҳволат намепурсам…
Пештар аз соли 1986 туро намешинохтам. Албатта ба номат ошно будам, аз ончи сиёсати даврони Шӯравӣ тақозо мекард, хабару мақолаҳо менавиштӣ. Рӯзноманигор ва узви Иттиҳоди рӯзноманигорони РСС Тоҷикистон будӣ.
Фоҷиаи Ориф Одинаеви 6-сола туро бо ман қарин кард. Ошно шудем, аммо ҳанӯз ҳамдигарро аз наздик надидаву сӯҳбат накарда будем. Деҳаи мо дар ботлоқи бадгумониву дурӯягиву хиёнату ришвадиҳиву амсоли чунин нобасомониҳову пой ниҳодан ба рӯи хуни бегуноҳе гурӯҳбандӣ шуда буд ва аз обрӯву эътибораш дар соҳати ноҳия чизе намонда буд. Ду гурӯҳ ва балки чанд гурӯҳ бо ҳам кинатӯзӣ мекарданд. Як гурӯҳи кӯчаки мутмаин ба Қонунҳои ҷории Шӯравӣ таку боло медавиданд, нома менавиштанд, то қотилони кӯдаки 6-соларо пайдо кунанд ва инҳо аз ҷониби гурӯҳҳои дигар «аризабоз» ном гирифта буданд. Фалак чунин аст ва ё тинати касифи одамон, ки агар даъвои ҳақиқату покизагӣ намоӣ ва бихоҳӣ, ки иҷтимоъ аз ноадолатӣ тоза шавад ба ту номи «аризабоз»-ро медиҳанд? Магар фақат тавсифи хонабарандозе, чавкинишине, соҳибмаконе ба мазоқи инсон созгор аст?
Ҳанӯз ҳеҷ кас ҷуръат накарда буд, ки он солҳо аз чунин фоҷиаи бузурге — ба таври фоҷиавӣ бо табар куштани писарчаи 6-солаи одаму ҷасадашро солҳо пинҳон доштан дар рӯзномае матлаберо интишор намояд. Ҳанӯз қотил аз худ дарак надода буд. Ман ҳамин ҳоло ҳам фикр мекунам, ки чи тур ҳамдеҳагони ман мардуми касофатанд, ҳатто нависандаву шоиронашро, унвондорҳояшро, ки худ низ як тан аз онҳо ҳастам, истисно намекунам. Мо чӣ гуна тавонистем, ки фариштаҳои бегуноҳи Худовандро тӯҳмат кунем ва гумшавии кӯдакро ба онҳо нисбат диҳем. «Орифро париҳо бурдаанд!». Нишастему қасидахонӣ кардем, гӯсфандкушӣ кардаву шиками чанд бемеъдаро ҳай пур кардему мабразҳоро аз наҷосаташон мамлуву мутааффин! Шабҳои мубораки ҷумъаро дар интизори поин омадани париҳо рӯз кардем. Ҳарчи хокистарпартое буд, ҳарчи бехи буттаву дору дарахту мағоку лонаву конае буд ҷустему на пай ёфтему на Ҳайдар!
То даме, ки милитсия ба кор шурӯъ кард. Дер шуда буд, айби милитсия набуд, айби мо баднажодагони як деҳаи калони ноҳия буд, ки аллакай ҳарчи изу қатраи хун буд, балъида будем. Чашмамонро пардаи хун гирифта буд. Саги пайгир ба ҳар кадоми мо менигаристу ҳеҷ касро интихоб намекард. Бечора ҳайвони безабон, медид, ки рӯ ба рӯяш як тӯда одамизодагони сияҳдил, олуда ба хуни ноҳақ, дурӯғгӯву ришвахор рост истодаанд. Ҳеҷ кадомеро интихоб накард, зӯзае кашиду пайи соҳибаш роҳ афтод. Охир як сагу галаи гургҳои гурӯснаи зимистонӣ — чӣ метавон кард?
Шаш моҳ пас аз фоҷиа миёни Н. Бадалову Р. Нуров муноқиша хест. Яке дигареро ба «говдуздӣ» муттаҳам карду дигаре ҳарифро ба «одамхӯрӣ». Фоҷиа ифшо шуд. «Парӣ» аз андоми касифаш ҷомаи сапеди париҳои осмониро афканд. Ангуштарӣ ба дасти ҳазрати Сулаймон бозпас омад, дев расво шуд. Кори милитсия осон шуд. Акнун гумонбарро мебурданду меоварданд. Нафароне, ки ҷасадрову пораҳои гӯшти бадани одамро рӯи сангҳову хоки бешазор дида буданд, бо супориши шавҳаронашон дам дарун кашиданд. Шоҳиди ягона пас аз корд хӯрдан ба паҳлуяшу 500 рубли шӯравӣ пора гирифтанаш об ба даҳон гирифт. Нафаре, ки «говдузд» таъна шунида буд ва одамхӯрро фош кард ва бо падари кӯдак худи ҳамон бегоҳ воқеаро як ба як нақл кард, баёнот навишт, аз қавлаш гашт, баёноташро дигар кард…
Албатта ин ҳамаро ту хуб дар ёд дорӣ ва ҳоло ман онҳоро ёд мекунам, то лаҳзае туро аз танҳоии ҳуҷраи тираи зиндон раҳо кунам ва лаҳзаҳоро тезтар пушти сар созӣ.
Ёдат ҳаст? Шоҳиди фоҷиа Раҷаб Мирсаидов қатлро ба ӯҳдаи худ «гирифт». Аммо падари кӯдак ва ҳамон гурӯҳи кӯчаки «аризабоз» бовар накарданд. Боз ҳам милитсия хидмати олӣ кард! Мӯйро аз хамир ҷудо кард. Раҷаб Мирсаидов дар ноҳияи Зафаробод ба корманди милитсия асли воқеаро нақл кард ва Н. Бадалов ба ҳукми Суди ноҳияи Панҷакент 8 сол бо гузаронидани ҳукм дар зиндони режимаш вазнин ҳабс шуд, аммо пас аз 8 моҳ озод гардид.
Мақолаҳои ҳангомабарангезу саршор аз ҳақиқати ту бо номҳои «Дар рӯзи тор», «Гарди рӯи оина», «Фоҷиа» ва ғайра воқеиятро ба тамоми мардуми ноҳия расониданд. Пас аз ту аксарияти ҳақнигорон рӯи ин мавзӯъ номаҳои густурдаро дар рӯзномаҳои «Меҳнат», «Ҳақиқати Ленинобод», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат» ва ғайра ба нашр расониданд, вале ҳамин чанд моҳ пеш барои ин фоҷиа номи «тӯҳматгар»-ро ту гирифтӣ, ки воасафо!
Ҳоло ба худ меандешам, барои чӣ туву манҳо аз қатли Орифи 6-солаву Шаҳлои 10-солаву Алиқули 15-солаву нафарони дигари бегуноҳ, ки ҳатто кӣ онҳоро кушт ва кушторашон аслан ба қайд гирифта нашудаасту мардуми деҳкадаҳо бо одати қадимиашон «бӯи деҳаро берун набароварда» онҳоро ба хоки сард супоридаанд, ғӯсса мехӯрему мақола менависем ва хостори ҳақиқат мешавем? Дар ҳоле, ки на ҳақиқат рӯи об меояду на қотиле ҷазо мегирад ва на иҷтимоъ моро дарк мекунад ва на нони хӯрдану манзили хуби зист дорем ва низ бо номи «аризабоз» дар чашми атрофиён сиёҳ шудаем! Чаро «хомӯшӣ — гарави ҳаёт!» шиори мо нашуду намешавад?
Имрӯз то «подош»-и ҳақталошиятро аз ҷониби халқ гирифтӣ! 2 сол аз озодӣ маҳрум шудӣ. Рақибон ғолиб омаданду нафаси осуда кашиданд ва «супориш»-и гирифтаашонро ба наҳви аъло иҷро карданд. Ҳатто сухани раиси ҳукумати ин ноҳия қади як суки ҷав арзишу эътибор надоштааст, ҳатто ӯро напурсидаанд. Маълум мешавад, ки дар он ноҳия, ноҳияе, ки ҳамаи зовияҳояш пур аз мусибат аст — ҳукумат прокурор аст, на раиси ҳукумати ноҳия!
Ай дареғ, ту ҷон кандаву номаҳои шикоятӣ навиштӣ, ки туро прокурори ноҳия латукӯб кардааст, аммо шоҳид надоштӣ. Бале туву манҳо шоҳиде чуз қалам ва қалби соф надорем. Ҳамин аст, ки моро ба ҳар моддае, ки бихоҳанд ба суд мекашанд, дар ҳар куҷое, ки хоҳанд лат мекунанд, дар ҳар маъракае, ки хоҳанд таҳқирро дареғ намедоранд. Мо ангушти шашуми ин ҷамъият ҳастем ва роҳе ҷуз хомӯшии саратоновару сактазо ва ё худкушӣ ва ё дар худ девона шуда фавтидан надорем!
Пас аз ту ман аз ҷустуҷӯи ҳақиқат даст кашидам. Ҳеҷ мурғе дар ҷаҳон нест, ки ин тухмро гузорад ва ин калимаи зебо барои таскини дили бадбахтоне чун туву ман аст. Бигзор фоҷиаҳо хуфта монанд ва ришвахорон ришва ситонанд, бигзор рӯҳи саргардони Орифу Шаҳлоҳо ин мардумро шабҳо гарданҷаффа кунад ва аз ашки мазлумон хокашонро гил кунанду хишт резанд. Ва аз устухонҳои тани туву ман қасрҳои оҷу забарҷад созанд. Ашкҳои туву манҳо шӯрбои эшон аст, ошашон шавад!
Ба акси хурди ту менигарам, ки аз кадом ҳуҷҷат дар интернет нашр шудааст. Дар умқи чашмонат яъси солҳоро мебинаму гиря мекунам. Ман барои ту гиря мекунам Ҷумъаи Толиб, эй падари ғамхору меҳрубон, устоди гаронмоя, «гунаҳкор»-е, ки маро низ ба роҳи худ ҳидоят кардӣ! Дирӯз ҷасади ғарқи хуни Мавлоно Раҷабро оварданд. Мавлоное, ки рӯзноманигори ростин буд ва дар Русия хошарӯбӣ мекард, то шиками фарзандонашро нон диҳад. Боз аз ноҳияи пур аз мусибати мо як чароғи тобон ба умқи зулмот афтод. Ту дар зиндон ва ӯ дар мағзи хоки тира бо ҷасади захмии беҷон. Ҳеҷ кас қотили ӯро намеҷӯяд, ҳеҷ кас намедонад, ки кадом модар ба хатои валадуззиное ӯро қатл кард. ӯ ҳам пайи дифои номуси зане чанд аз ҳамватанҳои муздуру ғарибамон кушта шудааст.
Барои он, ки ба ту мувофиқат кунам, худро дар зиндони пайкари наҳифам маҳбасӣ кардаам. Шеър ҳам наменависам, касби дониши динӣ кардаму китобе чанд таҳияву нашр кардам, ки худро ба зевари ахлоқ ороям, аммо акнун бода менӯшам, ки андӯҳи туро ба осонӣ таҳаммул кунам, вале бадо, ки муяссар намешавад.
Худро ба он таскин медиҳам, ки Саъди Салмон низ зиндонӣ буд, аз ӯ пештарҳо низ азиятдидагони дасти зӯроварон буданд. Баъди ӯ низ. Ёдат ҳасту хондаӣ, ки Адиб Собирро — сафири давлатро барои ҳақнигорияш ғарқ карданд? Аз ҳамин асри палиди ХХ ёдат ҳаст, ки ба Фаррухии Яздӣ чӣ гузашт? Лабҳояшро Зайғамуддавла — ҳокими Язд бо сӯзан дӯхт ва бо ҳамон лабҳои дӯхта боз ҳам тундид, ки:
Шарҳи ин қисса шунав аз ду лаби дӯхтаам,
То бисӯзад ҷигарат аз ҷигари сӯхтаам.
Ва ниҳоят заҳр дода куштанаш. Ин халқ ҳамин тавр буд, ҳамин тавр мемонад. Лоҳутии фирориву ғарибхокро аз адабиёт хуб медонӣ, не? Чӣ ранҷе устод Лоиқро кушт, чаро Ҷумъаи Одина сакта кард, Ғоиб Сафарзода чаро дар садамаи нақлиётӣ мурд? Инҳоро ки хуб медонӣ, дигар чи ҷои ғӯсса? Ман ба зиндоние чун ту ифтихор мекунам. Ва низ ҳасрат мехӯрам ва низ ноумед мешаваму марги худро мехоҳам. Ҳарчанд:
Ба шабнишинии зиндониён барам ҳасрат,
Ки нуқли маҷлисашон донаҳои занҷир аст!
Ту аз табори табарсолори шеър — Рӯдакӣ, ту аз нажоди Саъди Салмону Носири Хисрав, ту аз қабилаи Фаррухиву Лоҳутиҳо ҳастӣ! Ман ба зиндоние чун ту ифтихор мекунам, ки агар чун туҳо набуданд, ин ҷамъият саросар дар ботлоқи бедод фурӯ мерафт. Номи ту барин афрод аст, ки баднажодагон аз зиёдаравию тамомравӣ дар ҷодаи ҳароми хеш як сари мӯ андеша мекунанд ва мекӯшанд, ки сайёдона хам — хами девор раванд. Туву Мавлонову ҳамдиёрони ту ҳаргиз намемиред. Номи шумо барин афрод дар таърихи халқи мо мемонад ва аз чавкидорону соҳибони қасрҳо ҷуз бадӣ ҳарфе дар лавҳи хотири касе намемонад. Мардҳои мард ҳастанд, ки ба зиндон меафтанд ва бо завлонаву кунда сӯҳбат мекунанд. Ин мақоми мардони воқеии Худованд аст. Дар вуҷуди дигар афрод мисли пашша хайре нест!
Аммо ман ҳамоно барои Мавлоно ба гиря нишастааму аз бедоде, ки бар ту рафта, ҷигархунам. Медонам, ки бо ду чашми хирашуда аз як чашми дари зиндон ба берун менигарӣ, ки шояд касе паёми хуше орад. Аммо… Номаи бозе ба унвони Собит Аъзамову А. Султонов навишта будам бо номи «Эй миллати ақим, ки фарзанд мекушӣ!». Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» он матлабро қабул кард, вале дар бораи Аскар Акаев чоп карданро нисбат ба ту афзалтар шуморид. Наранҷидам. «Нерӯи сухан» онро нуқта ба нуқта дар чаҳор саҳифа (№5 (99) 14-уми июли 2005) чоп кард. 10 дона ба дасти хонанда расид. Ҳафтаномаро қудратиҳо бо ҳамҳамаву дамдама «қамқор» карданд! Садоям ба гӯши касе нарасид. Як дона дар даст дораму дӯстон бо роҳи нусхабдорӣ онро дастрас кардаанд. Аммо чӣ суд! Мухотаб аз гапҳои ман бехабар монд. Онҷо навишта будам, ки:
Сензура дар ин хитта чу ҳоҷиб омад,
Қозӣ ба ҳарифи хеш ғолиб омад.
Ончи ба сари Ҷумъаи Одина гузашт,
Акнун ба сари Ҷумъаи Толиб омад!
Дигар чизе наменависам. Дилам аз худу аз ҳама мондааст. Чашмҳои маъюси ту ҳар лаҳза пеши чашмам ва бо гиря меандешам, ки панҷ фарзанди ту чи ҳол дошта бошанд, оё нони хӯрданӣ доранд ва оё касе ҳаст, ки онҳоро ба мактаб гуселонад?
Танҳо зӯрам ба дуо мерасад, ки илоҳо душманат ба рӯзи ту бод ва аз гаҳворааш гиряи тифл шунида нашавад, омин!

Исфандиёри ғӯссабемори ту

— Ҳо-ҳо-ҳой! О аз мо ягон чизи зиёдатӣ доред! Чаро аз номи мо устод Ҷумъаи Толибро табрик намегӯед!
— Кӣ Шумо?
— Мо? Фарангис, Аҳлиддин, Мавзуна, Саида, Фирдавс, Азимҷон, Умедҷон, Комрон, Эркин, Эҳсон, Фаридун, Парвона, Бибиҷон, Рустам, Рокия ва дигар шогирдон. Мо ҳам ба устод Ҷумъаи Толиб дар зодрӯзашон як-ду суханак тӯҳфа карданӣ. Бигзор ҳамеша дар такопӯ бошанд, бо ҷиддияте, ки доранд, пардаҳо аз рӯйи саҳнаҳои дардноки ҷомеа бардоранд. Ва бошад, ки ҳаргиз сарашон дардро набинаду пояшон гардро!

Рубрики:Uncategorized
  1. MAN
    Февраль 1, 2010 в 11:21 дп

    Чи мешуд, ки аз эчодиёти шоири ширинбаён пешкаш намоед.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: