Главная > Uncategorized > Бигӯед, бигӯед, ба Болтуев бигӯед…

Бигӯед, бигӯед, ба Болтуев бигӯед…

Ба рӯзи интихоботи парлумонии кишвар камтар аз як моҳ боқӣ мондааст. Вале то ҳол на ҳамаи номзадҳои мустақил шаҳодатномаи номзадӣ гирифтаанд. Ба гуфтаи номзадҳо, ин ҳолат боиси он шудааст, ки бе санад наметавонанд вориди сабқат шаванд. Барои бархе аз номзадҳо марбут ба мансубияти ҳизбии онҳо ҳамаи дарҳо бозанд, барои бархеи дигар ҳамаи дарҳо баста. Раиси Комиссияи марказии интихобот Мирзоалӣ Болтуев мегӯяд, ки фурсати таблиғоти интихоботӣ фаро расидааст. Вале тавре ба назар мерасад, довталабони курсиҳои парлумонӣ ҳеҷ не, ки аз «хоби зимистона» бархезанд.
Шояд иддае аз ин номзадҳоро интихоботҳои ҳафтаномаҳо дилпур кардааст. Як номуайянии бузургро маҳдуд кардани таблиғ дар чаҳорчӯби барномарезиҳои ҳавзаҳои интихоботӣ ба вуҷуд овардааст. Аз як сӯ ҳамаи мулоқотҳо бояд тибқи ин барнома сурат гиранд ва аз сӯи дигар, номзадҳое ҳақ доранд ба чунин мулоқот бо рақибони худ наоянд. Масалан, номзадҳои ҲХДТ бе ягон мушкилӣ дар кадом толори биное хоҳанд, бидуни иштироки ҳарифонашон вохӯрӣ доир мекунанд. Пас, чунин тарҳи танҳо аз чӣ сабаб аст? Бо истифода аз ҳоким будани ҳизб ва ё баҳсҳое, ки мабодо рух диҳанду нуфузи номзадҳоро муаррифӣ кунанд? Раҳматилло Зойиров, номзад аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар мавриди иҷтиноб варзидани номзадҳои Ҳизби халқӣ — демократӣ аз мулоқотҳои муштарак бо рақибони худ аз аҳзоби мухолиф гуфт, шояд онҳо метарсанд, ки дар суолу ҷавобҳои рӯбарӯ ҳарифонашон бартарӣ нишон диҳанд. Зойиров ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мулоқотҳои муштарак тибқи сенария ва бо суолҳои аз пеш барномарезишуда мегузаранд. Номзадҳои мухолиф ҳамчунин аз он шикоят мекунанд, ки номзадҳои ҳизби ҳоким дар муқоиса бо дигарон ба истифода аз толори корхонаву муассисаҳои воқеъ дар ҳудуди ҳавза дастрасии комил доранд ва ин дар ҳолест, ки соири муддаиён аз чунин имкон маҳруманд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, номзад аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳавзаи Сомонии пойтахт, мегӯяд, ки масъулони ин ҳавза то ба ҳол нақшаи мулоқоти номзадҳоро омода накардаанд ва ӯ ба фарқ аз номзадҳои ҳизби ҳоким то кунун натавонистааст бо интихобкунандагонаш боре ҳам мулоқот кунад. Ва бурди номзадҳои ҲХДТ дар он аст, ки онҳо дар муассисаҳои давлатӣ ташкилотҳои ҳизбии хешро таъсис додаанд. Ва имрӯз ин ташкилотҳо ба номзадҳои ҳизб хидмат мекунанд. Дар ҳоле ки, тибқи қонуни аҳзоби сиёсӣ, ҳеҷ ҳизбе бидуни ҷойи зисти аъзои хеш ё худи ҳамин шаҳрванд ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода наметавонад. Мутаассифона, ҳизби ҳоким ин имкониятҳоро дорад. Дар тамоми ниҳодҳои таълими сиёсӣ ва идораҳои мухталиф ташкилоти хешро таъсис додааст, на ҷойи зист. Вале агар чунин як корро ҲНИТ пешниҳод кунад, мегӯянд, ки Шумо хилофи қонун рафтор мекунед. Ба эътиқоди номзади ҲНИТ, ҳарчанд масъулон ошкоро муроҷиати онҳо барои ташкили мулоқот бо мардумро рад намекунанд, вале бо баҳонаҳои мухталиф иҷоза ҳам намедиҳанд.
Пас, аз ин бармеояд, ки қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистони демократӣ амалкардҳои ҲХДТ-ро ғайриқонунӣ намедонанд. Вагарна, чаро барои таъсис додани ташкилотҳои ҳизбҳои дигар дар муассисаҳои таълимиву тиббӣ расман иҷозат нест. Фикр мекунам, ки бо ин шеваи корбарӣ бархе аз намояндагони ин ҳизб ба мардум нишон медиҳанд, ки бинед, мо ғайриқонунӣ ҳам амал мекунем. Вале бехабар аз он, ки чунин шева обрӯи ҳизбро назди интихобкунанда коҳиш медиҳад. Ба ин маъно, ки талаботи қонун поймол мешавад. Дар Тоҷикистон маъмул гардидааст, ки фаҳмиши як мансабдори давлатӣ болотар аз воқеияти мӯҳтавои қонунҳо аст. Барои мисол, дар баҳси додгоҳии ҲНИТ дар Суди Конистутсионӣ ҳарчанд ҳукми додгоҳи олиро дар асоси қарори Кумитаи Маҷлиси Намоядагон ғайриқонунӣ исбот карданд. Вале боз ҳам ин ниҳоди болотарини судӣ ҳам адолатро барпо карда натавонист. Ин барои як давлате, ки даъвои демократӣ ва дунявӣ будан мекунад, даҳшат аст.
Бо вуҷуди дарки ҳамаи ин нуқтаҳо, мехоҳем аз Комиссияи марказии интихобот сабаби нобаробарии номзадҳоро дар амри вохӯрӣ бо интихобкунандагон мушаххас кунем. Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот дар посух ба ин шикоятҳо гуфт, ки дар воқеъ ҳеҷ як номзад ҳуқуқ надорад берун аз нақшаи ҳавзаи интихоботӣ иқдом кунад. Вале Болтуев боз ҳам танҳо дар хидмати номзадҳои ҳизби ҳоким будани муассисаҳои ҷамъиятиро ғайриқонунӣ намехонад: «Инҳо назди мо график кардагӣ, аз 1-уми феврал вохӯриҳояшон сар мешавад. Ман намедонам кадом номзад аз пеши худаш куҷо рафтааст. Бояд ҳавза озод бошад ва роҳбари ҳавза бо номзадҳо бошад».
Артис Пабрикс, раиси ҳайати нозирони САҲА дар Душанбе мегӯяд, ки феълан рисолати онҳо танҳо назорати ҷараёни сабқат аст ва онҳо ҳаққи интиқод аз таққалубҳо ва ҷилавгирӣ аз яккатозиҳоро надоранд: «Мутаассифона, ҳоло ман ба ин суол дақиқ ҷавоб дода наметавонам. Чунки, танҳо ду ҳафта аст кори худро анҷом дода истодаем. Мо ҳоло то рӯзи интихобот ба ягон кас ягон хел тавсия дода наметавонем. Мо ҳоло танҳо маълумот ҷамъоварӣ карда истодаем ва онро таҳлил карда истодаем. Танҳо дар рӯзи интихобот метавонем баҳо диҳем, ки интихобот чӣ гуна гузашт». Бо ин вуҷуд, ки то интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ як моҳи дигар боқӣ мемонад, то ҳол тақрибан ягон овеза ё таблои таблиғотие дар кӯчаву хиёбонҳои масалан, Душанбе дида намешавад, ки мардумро аз қариб омадани ин маърака дарак диҳад. Аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо, тавре ба назар мерасад, дар пешбурди маъракаҳои таблиғотии худ аз марзи мулоқотҳои алоҳидаи расмӣ бо интихобкунандагон фаротар нарафтаанд. Минбари шабакаҳои телевизиону радио низ аз наворҳои таблиғии аҳзоб ва номзадҳо то ҳол холист.

Ҳарамгули ҚОДИР

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: