Главная > Uncategorized > «Бохтар» аз Ёқуб Салимов буд?

«Бохтар» аз Ёқуб Салимов буд?

Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, солҳои 90-уми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фонде таҳти унвони «Бохтар» фаъолият мекардааст. Тибқи хабарҳо, онро собиқ вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов таъсис дода будааст ва зери роҳбарии ӯ фаъолияти фонди мазкур ба роҳ монда шудааст. Ба унвони идораи ҳафтаномаи «Пайкон» номае аз ҷониби як сокини пойтахт — Р. Олимов расид, ки дар он ҷо муаллифи мактуб дар бораи ин фонд аз шунидаҳояш нақл карда, гуфтааст, ки мехоҳад дар ин бора маълумоти бештаре дошта бошад. Тибқи навиштаи ӯ, аз ҳисоби фонди «Бохтар» иддае аз мансабдорон ва одамони касбу корашон гуногун фоидаи бештар дидаанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар минтақаҳо ва пойтахти Тоҷикистон, хоса дар ташкилоту муассисаҳои эҷодии кишвар онро ашхоси масъул ҳимоя ва идора мекардаанд. Дар Иттифоқи нависандагон низ барои баъзеҳо ба таври кӯмак аз ин фонд маблағ ҷудо мегардидааст, вале тақсими нобаробари имтиёз аз ҳисоби фонди мазкур гӯё нофаҳмиҳоеро байни аҳли қалам ба вуҷуд оварда будааст.
Барои мушаххас кардани мавзӯъ ва ошкор намудани он, ки то куҷо гуфтаҳои боло ба воқеият наздик аст, аз пайи дарёфти маълумот ба муассисаву вазоратҳои дахлдор муроҷиат кардем, то каме ҳам бошад, ба мавзӯъ рӯшанӣ андозем. Вақте ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, аз масъули бақайдгирии ташкилоту иттиҳодияҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ин бора пурсон шудам, вай мавҷуд будани чунин як фондеро рад кард ва гуфт, ки барои ҷавоби мушаххас гирифтан бояд расман бо мактуб муроҷиат намоям. Пас аз ду ҳафтаи супоридани мактуб ба назди яке аз масъулони Раёсати бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ рафтам, то ҷавоби номаро гирам. Вале ӯ пеш аз ҷавоби мактубро додан, масъалаи дар қайди расмӣ будани Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистиро зери суол бурд ва гуфт, ки сараввал ин масъаларо мушаххас кунам, баъдан аз пайи ҷавоби мактуб шавам. Пас аз нишон додани рақами ба қайд гирифташудаи Бюро дар худи Вазорати адлия, ҷавоби мактубро доданд. Аммо дар нома бо як ҷумла дар қайд набудани чунин як фонд хулоса карда шуда буд. Аз номи муовини авали вазир А. Х. Имомов чунин навишта шудааст, ки дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ бо номгӯи фонди «Бохтар» ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст.
Ҷойи тааҷҷуб аст, ки чӣ гуна аз як ҷониб фонде таҳти унвони «Бохтар» фаъолият мекарда бошад, вале аз тарафи дигар, нафаре ба ҳайси роҳбар онро сарварӣ намекардааст ва ин фонд дар қайди давлатӣ гирифта нашудааст.
Дар ИНТ «Бохтар»-ро пуштибонӣ мекарданд?
Барои дарёфти маълумот оиди он, ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кӣ аз фонди «Бохтар» пуштибонӣ мекардааст ва сарварии он бар ӯҳдаи кадом шахс буда, ба даргоҳи аҳли қалам омадам. Дар аввал бо нависандагоне, ки ҳамсӯҳбат шудам ва оиди фонди «Бохтар» пурсон гаштам, аз доштани маълумот изҳори беиттилоӣ карданд. Ҷӯрабек Назриев иброз дошт, ки дар ин бора ҳеҷ маълумот надорад. Вай гуфт: «Агар иттилоъ медоштам, мегуфтам. Худо шоҳид, ки надорам».
Мирзо Шукурзода низ дар бораи фонди «Бохтар» маълумот надоштанашро баён кард ва гуфт, ки ба дигар нависандаҳо муроҷиат кунам, эҳтимол огоҳӣ дошта бошанд.
Аммо муовини раиси Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов гуфт, ки аз фаъолияти фонди «Бохтар» огоҳӣ дорад ва аз ҳисоби он ба иддае аз аҳли қалам кӯмакпулӣ ба таври имтиёз дода мешудааст. Асосан аз кӯмаки ин фонд нависандагоне бархӯрдор будаанд, ки камбизоат, солхӯрда ё ниёзманди кӯмаку дастгирӣ маҳсуб мешудаанд. Вале дар Иттифоқи нависандагон ҳимоя, идора ва сарварӣ кардан ба фонди «Бохтар»-ро аз ҷониби касе, дар тақсими кӯмакпулии он машғул будани ягон нафарро Абдулҳамид Самадов рад кард ва беасос хонд. Аммо ба кӯмаку дастгирии баъзе аҳли қалам нигаронида шудани фаъолияти фондро тасдиқ нумуд. Аз Абдулҳамид Самадов хостам, то номи чанд нафар аз аҳли қаламро, ки аз кӯмаки фонд бархӯрдор буданд, ифшо кунад, то бо онҳо ҳамсӯҳбат шавам. ӯ мегӯяд, ки аксари эшон ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, вале аз ифшои номи онҳо худдорӣ кард.
Агар воқеан ташкилкунандаи фонди «Бохтар» собиқ қумондони саҳроӣ Ёқуб Салим аст, эҳтимол фаъолияти фонди мазкур дар ҷомеа таъсири манфӣ дошта бошад. Вале аз ҷониби дигар, бо назардошти кӯмаку дастгирӣ ба аҳли илму фарҳанг, нависандагон ва соҳибқаламон, дар шароити бӯҳронии имрӯза, фикр намекунам, ки ниёзе ба ташкил ва фаъолияти ин гуна фондҳо набошад.
Лекин чизи дигар тааҷҷубовар аст, ки чӣ гуна метавонад фонде дар ҷомеа фаъолият дошта бошаду дар қайди давлатӣ гирифта нашудааст. Чун аз Вазорати адлия ҷавоби мактуб ин гуна буд, ки шахси ҳуқуқие бо номгӯи фонди «Бохтар» ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст, аммо огоҳии нависандагоне мисли Абдулҳамид Самадов аз фаъолияти фонди мазкур дар қайди давлатӣ набуданро зери суол мебарад.
Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки барои таъсиси иттиҳодия ё ташкилотҳо мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд роҳбари он, муовинонаш ва иҷрокунандагони вазифаи муайян дар қайд гирифта шавад. Ташкилот наметавонад бе қайди давлатӣ ё бе роҳбар фаъолият дошта бошад. Ба андешаи ин ҳуқуқшинос, вуҷуд доштани ин гуна ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳарчанд Ёқуб Салим ҳабс шудааст, аммо шахсоне шояд дар ҳукумат аз ӯ пуштибонӣ мекунанд ё кардаанд. Зеро ба эътимоди ӯ фаъолияти як фонд бе қайди давлатӣ танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки мансабдорони баландпояи ҳукуматӣ онро пуштибонӣ кунанд ва ин амал ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: