Главная > Uncategorized > Дар Панҷакент прокурору суд забон як мекунанд ё такя ба қонун доранд?!

Дар Панҷакент прокурору суд забон як мекунанд ё такя ба қонун доранд?!

Нафареро бо ҷурми одамдуздию ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта бо духтараки ҳанӯз ба синни 14-солагӣ нарасида маҳкум кардаанд. Вале «ҷабрдида»-ҳо мегӯянд, ки чунин ҳолат рух надодааст…
Ба мо сокини шаҳри Панҷакент М. Сатторов муроҷиат карда, дархост намуда буд, ки вобаста ба ҳодисаи ба сари бародараш омада ба онҳо ёрӣ расонем. Бо муроҷиаташ нусхаи ҳукми Суди шаҳри Панҷакент аз 20-уми ноябри соли 2009 ва дигар маводҳоро ҳамроҳ намуда буд. Муайян кардем, ки то ҳол баррасиии кассатсионии парванда доир нагардидааст. Вале бинобар риояи мӯҳлати муроҷиати шаҳрвандон, ки дар Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» нишон дода шудааст, салоҳ донистем онро нашр намоем. Намедонем дар зинаи кассатсионии Суди вилояти Суғд оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ба ин ҳодиса чӣ хел баҳо медиҳанд? Вале мо тасмим гирифтем, ки пас аз баррасии он парда аз рӯи ҳодиса бардорем.
Суди шаҳри Панҷакент дар ҳайати раисикунанда Б. Д. Турсунов парвандаи ҷиноятиро нисбат ба А. Х. Сатторов дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 130, қисми 3, банди «Б» (Одамдуздӣ бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси дуздидашуда) ва моддаи 139, қисми 4, банди «А» (Кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, чунин ҳукм мекунад:
«Сатторов Азимҷон Холботирович дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 130, қисми 3, банди «б» ва 139, қисми 4, банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда,-
Ба ӯ бо моддаи 130, қисми 3, банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрумкунӣ аз озодӣ ба мӯҳлати 12 (дувоздаҳ) сол бо адо кардани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт,
Ба ӯ бо моддаи 139, қисми 4, банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 (понздаҳ) сол бо адо кардани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт, таъин карда шавад.
Бо дастрасии моддаи 67, қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сатторов Азимҷон Холботирович аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 16 (шонздаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт, таъин карда шавад».
Ҳукми судро мехонед, ки дар он гӯё Азимҷон санаи 28-уми майи соли 2008 тахминан соати 19:20 дақиқа аз назди хонаашон ба тариқи маҷбурӣ даҳони духтараки ҳанӯз ба синни 14 нарасидаро бо рӯймолча маҳкам намуда, бо таҳдиди корд ӯро гирифта ба саҳро бурда, то соати 19:00-и рӯзи дигар бо худ нигоҳ дошта, бо духтарак ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта мекунад. Ҳамон бегоҳ модари духтарак мекобад, духтарашро намеёбад. Шоҳид О. Нарзиев дар тафтишот нишондод додааст, ки духтаракро маҷбуран аз дасти Азимҷон кашида гирифта, бурда ба падару модараш супоридааст.
Аз рӯи нишондоди маҳкумшуда А. Х. Сатторов дида мешавад, ки ӯ аз хурдсолӣ бо духтарак муҳаббати дӯстона дошта, бо ҳам гуфтугузор мекарданд ва якдигарро дӯст медоранд. Вақте ки дар хонаашон менишаст, ба воситаи телефонии мобилӣ духтарак ба ӯ занг зада, илтимос кардааст, ки пеш аз Русия рафтанаш бо ӯ вохӯрад. Пас, ӯ бо ҳамроҳии духтарак ба хонаи апааш рафта, нон мегиранду ба тарафи сойи дарёи Зарафшон мераванд ва дар он ҷо то бегоҳии дигар сӯҳбат карда бармегарданд. Ягон хел кирдорҳои қонеъ кунонидани нафси шаҳвонӣ нисбати духтарак накардааст. Умуман, ӯ корд ё рӯймолча истифода набурдааст. Духтарак бо ихтиёри худ ҳамроҳаш рафтааст. ӯ одамрабоӣ накардааст. Фақат бо илтимоси худи духтарак рафтааст.
Дар бораи ҳукм ҳоло чизе намегӯем. Дигар ҳуҷҷатҳои замимашуда, аз он ҷумла аризаи ба зинаи кассатсионӣ навиштаи волидони духтар ва худи ӯ акси ин ҳолатро нишон медиҳад. Дар ин мавод таъкид мешавад, ки аз хурдӣ Азимҷон он духтаракро дӯст медоштааст. Байнашон доим мукотибаи ошиқона сурат гирифта, ба ҳам номаҳои саршор аз ишқу муҳаббат навишта, расмҳояшонро ба якдигар тӯҳфа намуда будаанд. Он бегоҳ духтар бо хоҳиши худ ҳамроҳи Азимҷон рафта будааст. Онҳо бо ҳамдигар танҳо сӯҳбат намудаанд. Духтар аз тарси модараш баъзе суханҳо гуфта будааст. Дар асл Азимҷон духтарро надуздидааст. Агар Азимҷон ӯро медуздид, духтар пурра имконият дошт, ки фирор кунад. Чунки Азимҷон барои нон ба хонаи апааш мераваду духтар дар беруни хона интизори ӯ меистад. Духтарак қаблан ба унвони Прокуратураи генералӣ ариза навишта, нисбати Азимҷон ягон шикоят надоштанашро иброз менамояд. Дар аризаи ба зинаи кассатсионии суди вилояти Суғд навиштааш аз ҷумла таъкид менамояд: «Сабаби бо Сатторов А. Х. ба сой рафтанамон дар он аст, ки мо пештар бо ҳамдигар доим бо телефони мобилӣ гуфтугузор доштем. Инро маълумотномаи Сомонком тасдиқ кардааст. Дуюм он ки, мо ба ҳамдигар мактубҳои ошиқона навишта, расмҳоямонро ба якдигар тӯҳфа кардаем. Ин мактубҳо дар парванда вуҷуд доранд.
Масъалаи баъзе суханҳои бардурӯғи ман, ки дар маҷлиси судӣ баён кардам, сабаб дар он, ки пеш аз як рӯз аз маҷлиси судӣ прокурори шаҳри Панҷакент ман ва модарамро ҷеғ зада, агар дар суд аз гапат гардӣ, ту, падар ва модаратро ба ҳабс мегирем гуфта буд.
Бинобар ин, аз тарс суханҳои бардурӯғро дар маҷлиси судӣ баён кардам».
Волидони духтарак ҳам дар маҷлиси судӣ иброз намудаанд, ки ба духтари онҳо ягон чиз нашудааст. Тибқи ташхиси тиббӣ вай бокира мебошад. Ҳамон рӯзи аз назди Азимҷон баргаштанаш модараш духтарашро ӯрён карда дидааст, дар бадани ӯ ягон из ё ҷароҳат набудааст. Онҳо дар муроҷиаташон ба зинаи кассатсионӣ аз ҷумла менависанд: «Пас аз баргаштани духтарамон пурсидем, ки ба куҷо ғайб задӣ? ӯ аз тарси худ ба мо бардурӯғ фаҳмонд, ки Азимҷон бо рӯймолча даҳони маро маҳкам намуда, бо корд таҳдид карда, ба тарафи сой бурд. Барои ҳамин моён ба суд муроҷиат намудем. Дар охир фаҳмидем, ки духтарамон бо ихтиёри худ бо Азимҷон рафта будааст. Дар бадани духтарамон ягон ҷароҳат нест ва ӯ бокира мебошад. Дар маҷлиси судӣ ин нишондодамонро пурра тасдиқ намудем. Аммо суд нишондоди моро ба инобат нагирифт. Дар рафти санҷиш аз ҷониби мақомоти тафтишот сохтакорӣ карда шудааст, ки гӯё Азимҷон одамрабоӣ карда бошад. Дар охир мо фаҳмидем, ки байни духтарамону Азимҷон муносибати ошиқона будааст. Моён розием, ки пас аз ба балоғат расидан духтарамонро ба Азимҷон ба занӣ диҳем».
Вале нишондоди духтараку волидонаш ва судшударо ба инобат намегиранд. Дар мавриди одамрабоии Азимҷон танҳо нишондоди О. Нарзиев, ки аз тарафи кормандони суди ноҳияи Панҷакент гирифта шудааст, мавҷуд асту халос. Дар мурофиаи судӣ ин шоҳид пурсида нашудааст. Чунки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будааст… О. Нарзиев тавассути мақомоти дахлдори Русия баёнот ирсол намудааст, ки бегоҳии ҳамин ҳодиса умуман духтараку Азимҷонро надидааст. Вале ин нишондоди ӯ дар баррасии парванда ба эътибор гирифта намешавад.
Ҳамаи инро адвокати Азимҷон дар шикояти кассатсионияш чунин маънидод кардааст: «Асоси масъала дар он аст, ки худи раискунандаи суди зинаи аввал ба муқобили А. Х. Сатторов парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Бо мақсади тарафдорӣ намудани таъиноти баровардаи худ парвандаро ба дигар судя ирсол накарда, шахсан худаш мавриди муҳокима қарор дод, ки ба талаботи Кодекси мурофиавӣ — ҷиноятӣ рост намеояд».
Шарҳи хеле мухтасари ҳодиса чунин аст. Ку интизор шавем, чӣ мегӯянд?! Пас гуфтор аз мост.

Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: