Главная > Uncategorized > Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ…

Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ…

Гӯё вазъи ҳаракати нақлиёти давлатию шахсӣ дар кишвар рӯз ба рӯз беҳтар гардида, мардум аз хизматрасонии ронандагон қаноатманданд. Гӯё дар ин самт камбудие ба чашм барнамехӯрад. Вале агар жарфтар ба умқи ин масъала дида дӯзем, муайян мегардад, ки «офтобро бо доман пӯшонидан» намешудааст…
Мисраи пурмаънии «Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош» якбора ба ёдам расид ва хотири шодамро озурда гардонд…
Мегӯянд, ки омӯзгор мушоҳидакор аст. Ҳақ будаасту рост. Вагарна, чунин андешаҳо дар майнаам чарх намезад.
Тахминан 2 ҳафта пештар, рӯзи якшанбе аз назди хона баромада, бо роҳрав — пиёдагард ҷониби бозор, дунболи коре мерафтам. Ҳамин лаҳза аз ҷониби мағриб ҷониби машриқ мошине бо чунон суръати баланд ҳаракат кард, ки ҳатто рақамҳои онро дида натавонистам. Ҳамин қадараш маълумам гашт ва имкон даст дод, бубинам, ки ронандааш ҷавон буд. Дигар чизе маълумам нашуд. Чун банда дигар раҳгузарон — пиру ҷавон ангушти ҳайрату маломат ба дандон гирифта, ба қавле аз ҳунари ронанда моту маҳбут гардиданд. Баъдан «э войи ту…», «оё сархуш буд?», «аз қоидаҳои ронандагӣ воқиф аст?» гуфтанҳо садо дод. Аслан, дар ин кӯчае, ки ман ҳузур доштам ва он «ҳавопаймо» босуръат гузашт, кӯдакони зиёд ба бозӣ машғул буданд. Ба бахти касе, ё чизе пешорӯи мошин бачае бархӯрд накард, вагарна «лингаш аз осмон» меомад.
Ин як лаҳзаи ҳодисаи ҳақиқии ҳаётист, ки бо ду дидаи бино дидаву ҷилави андешаву тахайюламро ба ҳар тараф кашидам.
Ронандаи он «ҳавопаймо» гӯё мақоли халқии «давидани гӯсола то каҳдон»-ро аз хотир баровардааст, ё аз кӯчаи одаму одамгарӣ нагузашта ва ё аз оддитарин қоидаҳои ҳаракати нақлиёт огоҳ нест. Вагарна, чунин амал намекард. «Пушти ману табари қассоб» гуфтанҳои ин ронанда як рӯз не, як рӯз собит хоҳад шуд, ки он вақт дер мешавад. Ронандае, ки сари чанбарак нишаста, боре андешаи онро надорад, ки қисмати мусофирони ҳамроҳи ӯ шарики ӯянд, ронандаи ботаҷриба нест.
Ҳар саҳарӣ барвақт ба кор рафта, дар роҳ, аз назди маркази савдои «Мардон» то «Гулистон» баъзан шоҳиди садамаҳои нақлиётӣ шуда, мушоҳида менамоям, ки бисёре аз ин садамаҳо аз фориғболию бемасъулиятии ронандагони ҷавон ба амал меояд. Андеша дорам, ки қисми зиёди ҷавонон бо истифода аз «тағо»-ю маблағ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, ҳангоми идоракунии нақлиёт қоидаро сарфи назар намуда, бо суръати баланд ҳаракат мекунанд. Баъзан ҳангоми сурх будани чароғак ҳатто наистода гузашта мераванд. Ин ҳолат ба садамаҳои мухталиф оварда мерасонад. Аз ин ҳавобаландиву нописандиҳои ронандагон ибораи «буруташро табар намебурад» ба хотирам меояд. Яъне, ҷавонони «тағодор» дар паси чанбараки мошин нею дар «осмони ҳафтум» нишастаанд, ки худашон шоҳу таъбашон вазир аст. «Ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузор!» гуфтанӣ ҷумлаи хитобатие дар забон мавҷуд аст, ки бояд онро бо ҳарфҳои калон-калон навишта, наздашон гузорем.
Тавассути намоишҳои телевизион аз садамаҳои нақлиётӣ ва қоидаҳои нодурусти ҳаракат воқиф гардида, мебинему мефаҳмем, ки ҳамарӯза дар роҳҳои нақлиётгард садамаҳои нохуш рӯй дода, боиси ҳалокату маҷрӯҳ гардидани ронандагону мусофирон мешаванд. Яке аз сабабҳои асоситарини чунин нохушиҳои ҷойдоштаро ман дар саводи кофии ронандагӣ надоштани ҷавонон, бо ҳавою ҳавас сари чанбараки мошин нишастани эшон мебинам.
Агар сари вақт бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манъ намегардид, ҳолат боз ҳам бадтар мешуд. Чунки, хонандаи синфи 3 ё 5 куҷову сари чанбараки нақлиёт нишастан куҷо!? Баъзан падарон фарзандони «қайсару эрка»-ашонро сари чанбарак шинонда, аз дур ба ӯ бо «ҳавас» нигоҳ мекарданд. Шукрона, ки пеши роҳи чунин қонуншиканиҳо аз ҷониби сарвари давлат гирифта шуда, лаҷоми «ҳавобаланду пулпарастон» кашида шуд. Вагарна, дар роҳҳо «мусобиқаи мошинронии хонандагони синфҳои ибтидоӣ»-ро бемалол тамошо мекардем. Вой бар ҳоли чунин волидайн! Магар онҳо аз ақл бегона шудаанд, ки дидаву дониста калидро ба фарзанди ноболиғашон медиҳанду он «қайсар» чӣ коре бо мошин мекунад, ҳаволааш ба Худо!?
Аз ин хотир, гуфтаниям, ки бо нақлиёт бозӣ кардани хурдсолон ва хонандагони «эрка» қатъиян манъ аст. Тибқи қонунгузориҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шахсе ки қонуншиканӣ мекунад, ҳатман дар назди он ҷавобгар аст. Сарнавишти ронандаи дар боло зикргардида дар дасти Худованд аст ва дер ё зуд ӯву ӯ барин ронандагони якрав ҷазояшонро мебинанд. Ҳадафи мо низому тартиби муайяни қоидаҳои роҳ, бо суръати на он қадар тез мошин рондан, дар роҳҳо кам ба амал омадани садамаҳои нақлиётист. Умед бар он мебандам, ки минбаъд ронандагони ҷавон хатоҳои худро фаҳмида, қоидаҳои дурусти ҳаракати нақлиётро риоя мекунанд ва падару модар ҳам садди роҳи ронандагии фарзандони ноболиғашон мешаванд.

Баҳром ЭСАНӣ, омӯзгор

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: