Главная > Uncategorized > Пешгӯиҳо хато баромаданд

Пешгӯиҳо хато баромаданд

Тайи ду рӯзе, ки ҷаласаи ҳисоботии ҳукумат доир мегашт, мардуми гӯшбақимор танҳо ба як чиз таваҷҷӯҳ доштанд: шунидани номи онҳоеро, ки ҳолдонҳо ба ин ё он маснади давлатӣ муносиб дониста буданд.

Саҳнаи дохили ҷаласа
Вале аз толори ин ҷаласа, ки дар бахшҳои хабарӣ нишон дода шуд, се муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Нурмаҳмад Холназаров, Шариф Исоев ва Сафаралӣ Саъдуллоев барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар кори худ ва роҳбари идораи ду лоиҳаи инвеститсионӣ доир ба барқарорсозии системаи ирригатсионӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи ҳамадонӣ Рустам Баротов аз вазифаҳои хеш озод ва берун шуданд.
Воқеан, бояд гуфт, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз ҷаласа, 19-уми январи соли 2010 раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Санъат Раҳимов низ аз вазифа озод гардида буд. Шояд хуб ҳам шуд. Зеро агар аз вазифа озод намешуд, яқин буд, ки дар ин ҷаласа ҳатман зери танқид қарор мегирифт. Фаъолияти ӯро ҳамагӣ як сол шуда буду ҳоло дар чунин ҷаласаҳои ба таври оммавӣ «гӯшмол»-и Президент ва маломати халқро надидаву нашунида буд. Зеро аз он ки муовинонашро ба хотири «камбудиҳои ҷиддӣ дар кори худ» аз толори маҷлис пеш карданд, бо вуҷуди нисбати Шарифхон Самиев фаъолияти назаррастар доштан, ба сари ӯ низ борони танқид меборид.
Бояд гуфт, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ дар ин ҷаласа аз беҳ шудани имконоти барқтаъминкунӣ изҳори қаноатмандӣ карда, супориш дод, ки аз имрӯз сар карда, нерӯи барқ ба аҳолии вилояти Хатлон 10 соатӣ ва ба аҳолии вилояти Суғд аз 30-юми январ 11-соатӣ таъмин карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, чизи норӯшан ин мемонад, ки агар вазъи барқтаъминкунӣ беҳ шуда бошад, пас озод шудани Санъат Раҳимову муовинонаш ба чӣ хотир буд?

Саҳнаи пушти дари ҷаласа
Ҳарчанд дар рӯзҳои баргузории ин ҷаласа як қатор тағйироти кадрӣ ба амал омада бошад ҳам, аммо на он тавре, ки мардум «ҳангомаомез»-ашро интизор доштанд. Яъне, он кадрҳое, ки аз ҷониби Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон ба номзадӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод гардиданд. Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мунаввар Кенҷаева аз вазифаи раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд, Хайринисо Юсуфӣ аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизмат Имомов аз вазифаи муовини аввали вазири адлия, Маҳмадшариф Ҳақдодов аз вазифаи муовини вазири энергетика ва саноат ва Низом Қосим аз вазифаи директори Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» аз ҷумлаи онҳоянд.
Тавре сайти Президент хабар додааст, озод шудани шахсони зикргардида ба хотири таъмин намудани шароити баробари интихоботӣ ба ҳамаи номзадҳо мебошад. Бояд гуфт, аз вазифа озод гардидани 7 нафар раисони шаҳру ноҳияҳо, ки қаблан дар мақолаи «Мавсими шоҳмотбозӣ расид» зикр карда будем, сабабаш ҳамин будааст.
Ҳамчунин, Исуфалӣ Муродов аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, техника ва аслиҳа бо сабаби ба нафақа баромадан, бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан ва Абдусамӣ Додобоев аз вазифаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов аз вазифаи муовини раиси Суди Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайфулло Гиёев аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Коллегияи ҳарбӣ бо сабаби ба корҳои дигар гузаштан бозхонд карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Саҳнаи аҷиби тағйироти кадрӣ
Аз ҳама тағйироти пурсарусадо ин навбат — бо фармони Президент Шерхон Салимзода, ки Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, аз ин вазифааш озод шуда, ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии таъин гардид.
Чаро маҳз аз вазифа рафтани Бобоҷон Бобохонов ва ба ҷойи ӯ омадани Шерхон Салимзодаро пурсарусадо гуфтем? Зеро то имрӯз Прокурори генералӣ бо Агентии мубориза ба ришва як навъ муқобилият доштанд ва аз тарафи дигар Шерхон Салимзода пештар низ дар ин маснад ифои вазифа кардааст.
Ин ду мақоми қудратӣ ҳатто дар нишастҳои хабарияшон дар симои якдигар рақиби носолим буданашонро пинҳон намедоштанд. Масалан, Бобохонов боре дар мавриди фаъолияти Агентии мазкур чунин гуфта буд: «Боварӣ дорам, ки баъзе аз ин ҷиноятҳоро худи кормандони Агентии мубориза бо фасоди молӣ ташкил кардаанд. Ду-се ҷинояте, ки дар ҳамин қатор ба қайд гирифта шудааст, «провокатсионӣ»-янд. Провокатсия на натанҳо дар ҳаққи кормандони додситонӣ, балки провокатсия дар ҳаққи додрасҳо ва милисаҳо низ».
Ҳамин гуна вокунишҳои Прокурори генералӣ зидди ин ниҳод зиёд ҳастанд. Далели дигар — ин соли ҷорӣ ислоҳоти ба тасвиб расонидаи Маҷлиси Намояндагони парлумон дар Қонун дар бораи ниҳодҳои додситонӣ мебошад. Он вақт Бобохонов низ изҳори норозигӣ кард, ки тибқи ислоҳоти воридшуда Агентӣ назорати молӣ ва мубориза бо ришва акнун салоҳият дорад бар зидди кормандони додситонӣ барои ришвахорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кунад.
Дар аввал баъзе коршиносон ин гуна вокунишҳои роҳбарони ин ду ниҳоди қудратиро дар муносибати нохуби шахсӣ доштанашон шарҳ медоданд, вале бо озод шудани Шерхон Салимзода аз вазифаи директори Агентии мубориза бо коррупсия он то ҳанӯз давом дошт. Ва ин тарзи корбарӣ бевосита метавонад ба обрӯи кишвар таъсир расонад.
Хулоса, шояд сабаби аз вазифаи Прокурори генералӣ барканор шудани Бобоҷон Бобохонов дар интиқодҳои пай дар паяш аз Агентии номбурда аст, шояд дар нафақа баромадан ва ё дар чизи дигар, ки пешгӯиҳои таҳлилгарон рост баромад.
Ба ҳар ҳол, Шерхон Салимзода, ки ҳам дар вазифаи Прокурори генералӣ таҷриба дораду ҳам дар вазифаи роҳбари Агентии мубориза бо коррупсия, ку бубинем фаъолияти ин ду мақоми интизомӣ чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Саҳнаи охир
Агар мантиқан бингарем, аз таъин шудан ё нашудани ину он ба халқ на фоидае мерасаду на зарар. Зеро он зиндагие, ки мардум тайи чанд соли охир доранд, як навъ пеш рафта истодааст. Дигар таъин ва ё барканор шудани ин ё он шахс ба вазифаҳои аввалӣ барои халқ муҳимият надорад.
Танҳо то ҳанӯз мардум интизор доранд, ки ҷаласаи ҳукуматро ба тавре пурра, чун ҳамасола тариқи телевизион намоиш диҳанду аз камбудиҳову сурху сафедшуданҳои роҳбаронашон огоҳ шаванд. Зеро халқ аз фаъолияти роҳбарону курсинишинон танҳо дар як сол як бор дар ҷаласаҳои ҳисоботии назди Президент бохабар мегарданду халос. Аммо аз чӣ бошад, ки имсол то кунун онро ба таври пурра дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш надоданд.
Ҳарчанд, дигаргуниҳои ҷолибтар дар тағйиротҳои кадрие, ки мардум интизор доштанд, набуд, вале акнун ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ муфассал намоиш надодани ҷаласа барои мардум аҷиб ва саволи беҷавоб мондааст.

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: