Главная > Uncategorized > Пирӯзӣ муборак!

Пирӯзӣ муборак!


Хабари аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба суд кашидани ҳафтаномаи «Миллат»-ро фаҳмида, ба худ печидем. Ба худ андешидем, ки он нафари ташаббускори ин қазия гардида ақаллан баробари як шумораи ин рӯзнома ба ҷамъият фоида оварда бошад? Оё ғайр аз худу чанд нафар наздиконаш ба каси дигар дасти имдод дароз намуда, ақаллан барои беҳбудии соҳа коре карда бошад?! Ҳайронем, ки бо кадом рӯй ба суд муроҷиат мекунанду дар бораи кадом обрӯву шаъну шараф ҳарф мезананд ва 1 миллион сомонӣ товони зарар талаб менамоянд! Агар ин қадар маблағро муассису рӯзноманигорони «Миллат» медоштанд, кайҳо шодимарг мешуданд…

Вазъи имрӯзаи хоҷагии қишлоқ ба таъбире «ба чор подшоҳ маълум». Ба ҷои аз танқид хулоса баровардану аз пайи ислоҳи камбудиҳо гардидан, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум тадбир андешидан, аз рӯзномаю рӯзноманигор қасос мегиред?! Фарз кардем, рӯзноманигор хатое кард. Магар онро бахшидан намешавад?! Барои чӣ Шумоёнро, ки моликияти халқро ба бод додед, истеҳсолотро ба замини сиёҳ яксон кардед, касе ба суд намекашад? Куҷо шуд ин қадар корхонаҳо, ки бо пули мардум бино шуда буд? Бо баҳонаи таҷдид, аз як сохт ба сохти дигар гузарондан, тамоми моликият «прихвитатсия» карда шуд. Шарм намедоред?! Мисол мехоҳед?! Садҳо мисол меорем. Имрӯз кор то ба ҷое расидааст, ки заминро ба тариқи ауксион ба фурӯш мондаанд. Дар бораи ба тариқи пинҳонӣ хариду фурӯш намудани замин ҳоҷати гап задан ҳам нест… Барои ҳамин, биёед як бор дар назди виҷдонатон, ба шири поки модаратон қасам ёд кунед, ки киро ба маҳкама кашидан лозим аст?! Шуморо ё рӯзноманигорро!? Чаро садҳо камбудиҳои ошкор намудаи журналистон роҳи ҳалли худро намеёбанд? Чунки Шумо ҳам дар ҳамон дег ҷӯшидаед…
Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯёндани зарари маънавӣ аз ҳафтаномаҳои «Азия-плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ба Суди ноҳияи Сино муроҷиат кардааанд, ки хандаовар аст. Магар судяи суди зинаи аввал «шикоят»-и Суди Олиро рад мекунад?! Не, бародарон. «Судяҳо мустақиланд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд»! Шояд чунин бошад. Дарвоқеъ дар Конститутсия чунин навишта шудааст. Шумо ба он хоҳ бовар кунед, хоҳ не, вале мо боварӣ надорем. Ин фикри мост. Дур намеравем. Чанде қабл дар асоси Қонун «Дар бораи авф» ҳазорон нафар дар асоси таъинотҳои судҳо аз маҳкамаҳо озод шуданд. Директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ф. Саидов дар нишасти матбуотӣ ба ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки авфшудагон бемаблағ озод нашудаанд… Боз чӣ мехоҳед?! Маъзарат мехоҳем, ҳарчанд нафарони пок ҳанӯз ҳастанд, системаи судӣ монанди бозор гардидааст… Нафаре муроҷиат карда, иброз намуд, ки раиси суди ноҳияе барои ҳал намудани баҳси манзилаш аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Он занак маблағро бурда медиҳаду судя талаб мекунад, ки шабе бо ӯ ҳамхоба шавад. Занак рад мекунад. Пагоҳаш маблағро баргардонда, корро ба тарафи муқобил ҳал мекунад. Чунин мисолҳо зиёданду намедонем судяҳо пагоҳ, пас аз ба нафақа баромадан рӯзи бо аҷал даст ба гиребон шуданро фикр мекарда бошанд ё не? Ягон маротиба худро ба суди виҷдонашон ҳавола карда бошанд?! Аз дасташон чӣ қадар одамон дар маҳбасанд, чӣ қадар бехона, чӣ қадар сарсону саргардон… Замона ба дасти онҳо ҷилд-ҷилд китобҳои қонунро додааст. Ба кадом шакле хоҳанд, ба ҳамон тарз тоб медиҳанд. Барои қонеъ намудани нафси шум. Вале Худованд ба рӯзноманигор дуввумин чизи офаридааш — шоҳи ҷаҳон — қаламро додааст ва ҳамон қалам нидо намуда, ки «Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам, қаламкашро ба мақсад мерасонам».
Худо хоҳад, мо ба мақсад мерасем. Офаридгор на ҳар касро бо тарозуи адлу инсоф рӯ ба рӯ мекунад. Навмед набояд шуд, ки тарозудор чӣ тур рафтор мекунад. Додраси дигаре ҳаст. Фахр бояд кард, ки «Миллат»-у «Фараж»-у «Озодагон»-у «Азия плюс» хоби тоифаеро аз сарашон паррондаанд, онҳо ба худ мепечанду чӣ карданашонро намедонанд.
Пас, ба «Миллат»-е, ки Адолат дорад, ба «Озодагон»-е, ки бо Зафар музаффар аст, ба «Фараж»-е, ки бо Хуршед оламоро гардидааст, ба «Азия плюс»-е, ки бо Умед умедгоҳи имрӯзу фардост, ин пирӯзӣ муборак бошад…

«ПАЙКОН»

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: