Главная > Uncategorized > 5 миллион доллар: Кӣ дод? Кӣ бурд? Кӣ хӯрд? ва ё «парвандаи исфарагиҳо»

5 миллион доллар: Кӣ дод? Кӣ бурд? Кӣ хӯрд? ва ё «парвандаи исфарагиҳо»

Аз ҳама ҳодисаи пурсарусадо дар соли 2009 — ин «парвандаи исфарагиҳо» буд, ки тибқи як ҳукми суд 31 нафар ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Масъалаи паси панҷара кашида шудани ин нафарон аз рӯзҳои аввал ҳар гуна сару садоҳоро ба бор овард ва яке аз масъалаҳои асосӣ дар нишастҳои матбуотӣ буд. Баррасии парванда дар зинаи кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон оғоз гардиду пас аз чанде аризаи шикоятии ду нафар судяи Суди Олӣ ва як нафар судяи Суди шаҳри Душанбе нисбат ба адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев дар мавриди ҳимояи шаъну шараф ва рӯёндани зарари маънавӣ пайдо шуд. Пас аз он Солеҳҷон Ҷӯраев бо журналистон вохӯрда, нишасти матбуотӣ доир намуда, оид ба масъалаҳое, ки ба фикри адвокат боиси коста гардидани системаи судӣ мегарданд, ҳарф зад. Ҳамчунин, дар ин нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сабти диктофонии гуфтугузорашро, ки бо раисикунандаи «парвандаи исфарагиҳо», судяи Суди Олӣ Н. Нуров ба тариқи пинҳонӣ сабт намудааст, пешниҳод кард.
Изҳороти адвокатро се ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ — «Фараж», «Озодагон» ва «Азия плюс» нашр намуда буданду танҳо ба тарзи хеле норавшан аз он сабти диктофонӣ ёдовар шуданд. Натиҷа он гардид, ки ду нафар судяи Суди Олӣ ва як нафар судяи суди шаҳрӣ ба Суди ноҳияи Сино барои рӯёндани зарари маънавӣ ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби ин нашрияҳо аризаи даъвогӣ навиштанд. Худи аризаи даъвогӣ ва ба Суди ноҳияи Сино ариза навиштани ин судяҳо як муаммоест. Чаро ба Суди ноҳияи Сино? Дар ҳоле, ки макони қарор доштани ин нашрияҳо ноҳияи Фирдавсист. Тибқи талаботи қонун, пас аз як моҳи нашр накардани раддия ё ҷавобнома тарафе метавонад масъаларо ба суд кашад. Ҳатто қонунгузор кафолат медиҳад, ки дар мавриди нашри раддия ҳам
шаҳрванд метавонад барои ҷуброни зарари маънавияш шикоят намояд. Пас, ин шитобкориро сабаб чӣ бошад? Ниҳоят талаби судяҳо аҷоиб менамояд, ки то ба охир расидани баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ фаъолияти ин нашрияҳо боз дошта шавад. Намедонем ин талаб барои чӣ бошад?! Дар мавриди изҳороти С. Ҷӯраев ва сабти пешниҳоднамудаи ӯ бисёр масъалаҳо ҳаст. Гӯё нафароне барои ғайри объективона ҳукм баровардан ба судя 5 миллион доллар дода бошанду он овоза шуда бошад… Гӯё соҳибмансабони баландпоя маблағро гирифта, дар дафтарҳои корияшон қисмати одамонро ҳал мекардаанд…
Пешакӣ чизе гуфта наметавонем. Ин овозаи хушку холӣ барои ҳангома буд ва ё асоси воқеӣ дошт? Мо тасмим гирифтем масъаларо омӯхта, баробари ба итмом расидани баррасии кассатсионии парванда дар шакли пурра он сабти диктофониро манзури хонандагон намоем.
Барои равшанӣ андохтан ба баъзе паҳлӯҳои ин масъала ба Суди Олӣ рафтему бо судяи Суди Олӣ Н. Нуров вохӯрда, бо чанд суол муроҷиат намудем. (Матни сӯҳат бе таҳрир нашр мешавад).

— Якбора паҳн шудани ҳангома атрофи «парвандаи исфарагиҳо»-ро дар ВАО-и кишвар сабаб чӣ буд?
— Ман нисбати парвандаи Одилов ва дигарон, ҷамъ 33 нафар, ки дар рӯзномаҳо таҳти номи «парвандаи исфарагиҳо» бисёртар ба нашр мерасад, фикрҳоямро мехостам иброз кунам. Баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар чорчӯбае қарор дошт, ки он чорчӯбаро мақомоти тафтишоти пешакӣ тайёр кардааст. Ҳамчун айб ба айбдоршавандагон пешниҳод кардааст. Ва парвандаро дар маҷмӯъ ба Прокуратураи генералӣ барои тасдиқ кардани хулосаи айбдоркунӣ фиристода буд. Ба диққати хонандагон ман талаботи моддаи 215-и Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешкаш карданӣ будам. Ин моддаи Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокурор ҳуқуқ додааст, ки хулосаи айбдоркунии пешниҳодшударо бо назардоши худаш дар ҳаҷми пуррааш тасдиқ кунад, қисми якуми модда. Қисми дуюм метавонад, ки парвандаи ҷиноятиро бе тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ ба мақомоти тафтишоти пешакӣ баргардонад. Мувофиқи талаботи қисми сеюми ин модда, метавонад, ки парвандаи ҷиноятиро дар ҳаҷми пуррааш ба истеҳсолот қатъ намояд. Метавонад, ки дар ҳолати номувофиқаи хулосаи айбдоркунӣ бо далелҳои дар парвандаи ҷиноятӣ ҷамъоварда ин парвандаро барои сохтани хулосаи айбдории нав боз ба мақомоти тафтишоти пешакӣ баргардонад ва охирон мувофиқи талаботи қисми 5-и моддаи мазкур прокурор метавонад хулосаи айбдоркуние, ки аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ тартиб дода шудааст, аз парванда дур сохта, хулосаи айбдоркунии худаш тартибдодаро тасдиқ кунад, бо парванда ҳамроҳ кунад ва ба суд равона созад. Мувофиқи ин талабот парвандаи ҷиноятии мазкур дар як муддати муайян дар прокуратура мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода шудагӣ буд ва дар як қисми айб, ки он бо ташкили эҷоди ҷиноятӣ дар Исфара вобастагӣ дорад, қисман қатъ карда, дар қисми боқимондаи айб бо пуррагӣ хулосаи айбдоркунӣ тасдиқ карда, ба тафтишоти Суди Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон фиристода шудагӣ буд. Аз тарафи роҳбарияти Суди Олӣ ин парванда барои баррасӣ кардан номнавис шудагӣ буд. Дар инҷо қайд кардан зарур аст, ки гарчанде дар матбуот маълумоти зиёд оид ба ин парванда ба нашр расида бошад ҳам, аз тарафи мо баҳс пешкаш нашуд. Мумкин ин ҳолат то як дараҷае дар байни хонандагон нофаҳмӣ ба миён оварда бошад. Лекин ин мавқеи мо асоси қонунӣ дорад. Барои чӣ? Барои он ки, қонун тағйир, таҳқиқ ва баҳо доданро ба ҳукм ва ба ҳалномаҳое, ки ҳанӯз ба қувваи қонун надаромадаанд, манъ кардааст. Аз он ҷумла Қонун дар бораи матбуот ва ВАО, моддаи 29, қисми 3 гуфтааст, ки идораи ахбороти омма оиди мавриди баҳс қарор додани ҳалнома ва онҳоро, ки ҳанӯз ба қувваи қонун надаромадаанд, манъ кардааст. Бар замми ин, дар яке аз нишастҳои матбуотӣ, баъд аз он, ки баъзеҳо ба таҳлили ин ҳукм даст заданд, раиси Суди Олӣ ошкоро изҳор кард, ки ман айнан меорам: «Ман, ки ҳоло раиси Суди Олӣ мебошам, мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати баҳо додани қонунӣ будан ё ғайриқонунӣ будани ҳукмро надорам. Ин ваколатро қонунгузор фақат ба коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст». Барои ҳамин, барои вайрон нагардидани талаботи қонун мо бо матбуот, бо баъзе муаллифони мақолаҳое, ки нисбати ин ҳолат баҳсҳои беасосу бемантиқро пешниҳод мекарданд, баҳс накардем. Ин ба хотири таъминоти қонун. Шумо нағз медонед, дар аввали асри гузашта В. И. Ленин гуфта буд: «Қонун маъқул номаъқул, аз нуқтаи назари мо қонун хуб аст ё бад, бояд онро бе баҳс иҷро кунем». Аз ҳамин нуқтаи назар, мо баҳс накардем. Ягон изҳорот ба диққати хонандагон пешниҳод накардем. Ин маънои онро надорад, ки мо бо онҳо дар ҳаҷми пуррааш розӣ мебошем.
— Аз озодӣ маҳрум кардани гурӯҳи калони одамон дар ҷараёни муҳокимаи «парвандаи исфарагиҳо» тобистони соли гузашта аз ҷониби прокурори генералӣ вокуниш ба бор овард. Б. Бобохонов зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд: «Ман дар таҷрибаи худам бори нахуст бо чунин қонунвайронкунӣ дучор шудаам. Ҳанӯз дар давраи тафтишоти пешакӣ иттиҳом дар ташкили иттиҳоди ҷинояткорона бардошта шуда буд, аммо дар айбнома ин модда боқӣ гузошта шудааст. Ин гувоҳ аст, ки суд натиҷаҳои тафтишотро сарфи назар кардааст». Ин нутқи прокурори генералиро чи гуна тавзеҳ медиҳед?
— Аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ ба аксари кулли судшавандагон айб эълон карда шудааст, ки дар Исфара таҳти роҳбарии Ҷӯраев Низомхон иттиҳоди ҷиноятӣ дар қисми тоқ ташкил карда шудааст. Дар як ҳолат, дар як мавқеъ, дар як мавзеъ айб гарчанде эълон карда шудагӣ бошад, агар нисбати баъзеҳо қатъ карданд, нисбати баъзеҳо фикри хулосаи айбдоркуниро тасдиқ карданро ман на аз нуқтаи назари ҳуқуқ, на аз нуқтаи назари мантиқ қабул карда наметавонам. Дар матбуот, дар ВАО баҳсҳои беохир давом дорад, ки гӯё нисбати як қисми айб дар вақти тасдиқ кардани хулосаи айбдоркунӣ Прокуратураи генералӣ иттиҳоди ҷиноятиро қатъ кардааст. Гӯё сарфи назар ин, қарори прокурори генералиро мо ба назари эътибор нагирифта, ғайриқонунӣ ҳукм бароварда бошем. Ман дар ҳамин мартаба оиди ин масъала баҳс карданро ба худам ҷоиз намедонистам. Барои чӣ? Барои он ки, ҳар як муфаттиши ноҳиявӣ бояд донад, ки қарор дар бораи қатъ кардани айб фақат нисбати айби эълоншуда ҷоиз аст. Нисбати айбдоршавандаҳо Убайдуллоев ва Ҷӯраев Толиб аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ бо моддаи 187, қисми 1 айб эълон карда шудааст, ки ин таркиби ҷинояти алоҳидаро ташкил медиҳад. Аммо аз тарафи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Убайдуллоев ва Ҷӯраев Толиб бо қисми 2-и моддаи 187 айб қатъ карда шудааст, ки бо ин модда умуман онҳо айбдор карда шудагӣ нестанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, мо дар ҳамин қисм қарори Прокуратураи генералиро ба инобат гирифта наметавонистем. Зеро бо қисми 2-и моддаи 187 ба онҳо айб эълон шудааст. Дар ин қисм айб қатъ карда шудагӣ нест. Аз ҳамин рӯ, ман боварии қатъӣ дорам, ки дар ин қисм мо ба ягон хатоӣ роҳ надодем, бо айби қатъкардашуда ҳукм набаровардем.
— Дар изҳороти адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев гуфта мешавад, ки нисбати як қисми айбдоршудагон дар асоси далелҳои бофта ҳукм бароварда шудааст…
— Ба ман як мавқеи муаллифони мақолаҳои дар давоми якчанд моҳ ба нашр расида нофаҳмост. Ҳоло ҳам мо ҳуқуқи таҳлили ҳукмро надорем. Имкониятҳои ман маҳдуд ҳастанд. Баъд аз баррасии коллегия имконияти шарҳ додани мо васеътар мешавад. Агар насиб бошад, баъд аз баррасии кассатсионӣ оид ба ин масъала ба таври муфассал сӯҳбат кардан ҷоиз аст. Лекин як ҳолатро ман намефаҳмам, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳолатҳои айби эълоншуда дар вақти тафтишоти пешакӣ, дар вақти тасдиқ кардани хулосаи айбдоркунӣ, дар вақти баррасии судӣ тағйир надоштанд. Ин хел ҳолатҳо кам нестанд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳатто гарчанде худашонро бе гуноҳ бе асосноккунии ҳуқуқӣ иҷро карда бошанд ҳам, аз рӯи нишондодҳои худашон, тамоми ҳолатҳои содиршавии ҷиноят ва айби эълоншударо аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ дар мурофиаи судӣ низ тасдиқ мекунанд. Дар ҳамин ҳолат тасдиқ кардани баъзе одамон шахсони ваколатдорро, ки 31 нафар бегуноҳ маҳкум шудаанд, барои ман ҳам аз нуқтаи назари касбӣ, ҳам аз нуқтаи назари мантиқӣ умуман нофаҳмост. Ман оиди ин ҳолат ба диққати хонандагон пас аз баррасии касатсионӣ далелҳои бебаҳсро бе ягон шарҳу баҳо додан пешниҳод мекунам. Бигзор хонандагон худашон хулоса кунанд, ки оё ҳамин 31 нафар бегуноҳ суд шудаанд, ё дар ҳақиқат ҷиноят содир кардаанд.
Ман ба саволи шумо оиди исботи гуноҳ, гунаҳкор ё бегуноҳ будани маҳкумшудагон бо парвандаи Ҷӯраев ва дигарон бо сабабҳои дар боло қайд кардашуда маълумот дода наметавонам. Барои он ки, ин масъала ба салоҳияти коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷинояти Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид аст. Лекин, ман қайд карданӣ ҳастам, ки Ҷӯраев Солеҳҷон моҳирона, бо як лаёқати хоса хостааст, ки ақидаи хонандагони бешумори рӯзномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар зидди системаи судӣ равона кунад. Агар ба изҳороти адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев ба вайронкунии ҳуқуқи инсон дар газетаи «Фараж», аз 20-уми январ аҳамият додагӣ бошед, агар дар якчанд банд ҳолатҳои манфии раиси Суди Олӣ Абдуллоев оварда, дар як банд қатъ кардааст. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсати пӯшидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти баррасии парвандаи Ашӯров гӯё ӯро ҳамчун авбош ба ҷавобгарӣ кашида, як қатор рафторҳои ғайриқонунӣ содир кардагӣ бошад. Лекин, ман бо пуррагӣ тасдиқ мекунам, ки заявленияи парвандаи Ашӯров дар раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз то соли 2006 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба фикрам, Нусратулло Абдуллоев дар он вақт раиси Шӯрои адлия буда, ба Суди Олӣ ягон дахолату вобастагие надошт. Ғайр аз ин, дар давоми 15 соли фаъолияти кориям ман дар Суди Олӣ раёсати пӯшидаи Суди Олиро нав аз суханони Ҷӯраев Солеҳҷон фаҳмидам. Дар давоми зиёда аз 15 сол, кафолат медиҳам, ки дар Суди Олӣ ягон раёсати пӯшида гузаронида нашудааст. Барои исботи ин ҳолатҳо, барои ғаразнокии мавқеи Ҷӯраев Солеҳҷон ман ба диққати шумо боз як ҳолати дигарро расониданӣ ҳастам. Ҷӯраев Солеҳҷон, ки худро ҳуқуқшиноси варзида ва муборизи зидди вайронкуниҳои қонун эълон кардааст, биёед як таҳлил кунем, ки бо кӣ, дар кадом мавзеъ дар ин ҳолат баҳс карда мешудааст. Парвандаи ҷиноии Ашӯров О. дар як муддати кӯтоҳ се маротиба барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, маҳкум карда шудааст. Бигзор ҳукмҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардаро Ҷӯраев зери шубҳа монда бошад. Бар замми ҳукмҳои дар Тоҷикистон бароварда Ашӯров О. дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳаммаслаконаш бо ҳам ҷинояти махсусан вазнин содир карда, духтари ноболиғро дар Ҷумҳурии Қирғизистон рабуда, дар давоми шаш моҳ пинҳон карда, аз падару модари духтар маблағ талаб карда, аз тарафи мақомоти қудратии Ҷумҳурии Қазоқистон дастгир шуда, аз тарафи мақомоти суди Қирғизистон гунаҳкор эътироф гардида, маҳкум карда шудааст. Оиди ҳукме, ки Ҷӯраев Солеҳҷон мавриди баҳс қарор додааст, роҳзании хонаи Сулаймонов — ҷабрдида меравад. Садҳо вазъ аз тарафи ҳимоятчӣ, падару модар, судшавандаҳо ба суд пешниҳод карда, ҳар яки он мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳамаи онҳо баҳои ҳуқуқӣ гирифтаанд. Бе баҳс муайян карда шудааст, ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон аз мақомоти адои ҷазо маҳкум Ашӯров ҷавоб гирифта, ба Тоҷикистон баргашта, дар Тоҷикистон ҷиноят содир намудааст. Аз фурӯдгоҳ чиптаҳои ба Душанбе — Хуҷанд, Хуҷанд — Душанбе парвоз кардаи Ашӯров талаб карда, ба парвандаи маҳкум ҳамроҳ карда шудааст. Гуноҳи Ашӯров оиди ин ҷиноят бе баҳс бо парвандаи ҷиноятӣ тасдиқ карда шудааст. Агар имконияти рӯзнома бошад, ман ба таври хаттӣ тамоми далелҳоро ба рӯзномаҳо пешниҳод мекунам, бигзор хонандагон худашон таҳқиқ карда, ба хулоса оянд, ки оё Ашӯров шахси бегуноҳ аст ё шахси ҷинояткори барои ҷамъият, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфнок.
Ғайр аз ин, дар изҳорот якчанд парванда номгӯй шудаанд, ки гӯё таҳти роҳбарии раиси Суди Олӣ ғайриқонунӣ баррасӣ шудаанд. Як қисми ин парвандаҳо умуман ба Суди Олӣ ворид нагаштаанд, як қисмашон дар судҳои поёнӣ баррасӣ шудаанд, як қисмашон дар вақти набудани раиси Суди Олӣ Абдуллоев баррасӣ шудаанд. Инро ҳам ҳуҷҷатан тасдиқ кардан мумкин аст.
— Шумо дар ҳақиқат бо Солеҳҷон Ҷӯраев сӯҳбат доштед? Агар ҳа, дар чӣ гуна шароит?
— Дар ҳақиқат ман бо Ҷӯраев ҳамсӯҳбат шудагӣ будам ва фақат бо мақсади аз думболагириҳои ӯ халос шудан. Баъзе гапҳои ношоистаро ман дар ҳақиқат изҳор кардагӣ будам ва дар вақти қабули раиси Суди Олӣ, ки Ҷӯраевро қабул карда буд, ин ҳолатро тасдиқ кардам. Баъд ман аз мутахассисон фаҳмидам, ки имкониятҳои компютерӣ шароит оварданашон мумкин аст, ки ба сабт тағйироту иловаҳо ворид карда шавад. Барои ҳамин, ман дар ҳаҷми пурра тасдиқ карда наметавонам, ки ҳар чи ки дар онҷо пурра сабт шудааст, ба ман тааллуқ дорад, ё як қисмаш ба воситаи компютер илова шуда бошад. Ман инро пурра таҳлил карда наметавонам. Ба фикрам, сохтакорӣ бо истифода аз компютер ҳам ҷой доштагист.

«ПАЙКОН»

Кайҳо маро дар маҳбас мешинонданд, агар…
Тавассути телефон бо адвокат С. Ҷӯраев дар тамос шуда, нуқтаи назарашро пурсидем. Андешаҳояшро чунин иброз намуд: «Агар ҳамин хел гуфта бошад, ки овозҳоро ман сохта карда бошам, вай фиребгари муғамбир аст. Дар назди раиси Суди Олӣ худаш қоил шуд, ки ин овозҳои ман. Дар аризаи даъвогияш, ки дар дасти ман ҳаст, худаш гуфтааст, ки ман гап задам ҳамаашро. Яъне, ҳамон овозҳое, ки дар магнитофон сабт шудааст, овозҳои ман аст гуфтааст.
Сабт оид ба он, ки ман онро 15-уми июн сабт кардам, дар ман далелҳои шайъӣ ҳаст. Сабтро баъди як ҳафтааш ба дасти раиси Суди Олӣ супоридам. 7-уми августи соли 2009 маро раиси Суди Олӣ қабул кард ва рӯбарукунӣ бо Нуров шуд. Нуров дар ҳузури раиси Суди Олӣ қоил шуд, ки сабт овози вай аст. Агар сабтро ман сохта мекардам, онҳо маро кайҳо дар маҳбас мешинонданд.

Аз БМСТЖ:
Чуноне дар боло ишора намудем, ин масъала мавриди омӯзиши БМСТЖ қарор дорад. Мо парда аз рӯи ҳама чиз мебардорем. Дар рӯзҳои наздик маводи муфассал пешкаши хонандагон мегардад.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: