Баҳси судии ҳафтаномаи «Пайкон» бо Агентии «Тоҷикстандарт» ҳанӯз ба охир нарасида, қазияи ба додгоҳ кашидани боз чор нашрияи мустақили Тоҷикистон ба миён омад. Вазорати кишоварзӣ ҳафтаномаи «Миллат»-ро ба суд доду талаби 1 миллион сомонӣ ҷарима кард. Ду судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди шаҳри Душанбе аз болои маводи нашрнамудаи ҳафтаномаҳои «Азия плюс», «Фараж», «Озодагон» (изҳороти адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев) ба Суди ноҳияи Синои пойтахт бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудаву талаби 5,5 миллион сомонӣ кардаанд. Аммо ҳама дар мавқеи худ устувор истода, кӯшиши исбот кардани бегуноҳияшонро доранд. Аз ин лиҳоз, бо саволе ба масъулини ҳафтаномаҳои мазкур муроҷиат кардем: «Оё матлабе, ки ба табъ расонидед, дар ҳақиқат метавонист боиси ба суд кашидани нашрияи Шумо гардад?».

Зоҳири ДАВЛАТ, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Миллат»:
Хостанд «Миллат»-ро гунаҳкор кунанд!

— Не. Ин мавзӯъро бо ҳамин маъно дигар расонаҳо пеш аз мо чоп карда буданд. Пеш аз он, ки ба суд муроҷиат мекарданд, бояд дигар нашрияҳоро як бор варақ мезаданд. Мутаассифона, хостанд «Миллат»-ро бо ҳамин чиз гунаҳкор кунанд. Аммо, чун далелҳо ҳастанд, манбаъҳо вуҷуд доранд, мо боке надорем. Мо ҳоло ба ягон додгоҳ даъват нашудаем. Фақат тавассути як хабари расонавӣ иттилоъ гирифтем.

Зафари СӯФӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Озодагон»:
Мо ҳам ба додгоҳ мекашем!

— Аз назари қонун бигирем, он матлабе, ки мо ба чоп расондем, набояд боиси ба суд кашидани нашрия мешуд. Чун мо ба касе тӯҳмат назадему дурӯғ ҳам нагуфтаем. Дар сӯҳбате адвокат Ҷӯраев ба мо сабти аудиоии сӯҳбаташро бо судяи Суди Олӣ Н. Нуров пешниҳод кард. Ҳам сабти мазкур ва ҳам нусхаи изҳорот дар дасти ҳама буд. Судяҳо иддао доранд, ки гӯё мо ба ҷараёни суд таъсир расондан мехостем. Тасмим гирифтанд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Ин ҳаққи онҳост. Додгоҳ мушаххас мекунад, ки мо гунаҳкор ҳастем ё онҳо. Ба ҳар сурат, дар ҷавоб мо ҳам қарор намешинем. Мо ҳам ба додгоҳ мекашем. Ку бинем, чӣ мешавад!?

Хуршеди АТОВУЛЛО, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж»:
Муроҷиат ба суд худсафедкунӣ буду бас!

— Не. Ба он хотир, ки ҳар он чӣ дар матлаби адвокат Ҷӯраев омадааст, аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ — прокурор тасдиқи худро ёфт. Даъвои аслии онҳо ин аст, ки гӯё қарори суд набаромада, мо маводро чоп кардем ва ба ҳамин хотир, гӯё як навъ ба ҷараёни суд таьсир расонидем. Аммо асли воқеа дигар аст. Гап дар сари он аст, ки суди зинаи поёнӣ ҳукми худро баровард ва парванда айни замон дар зинаи шикояти кассатсонӣ баррасӣ шуда истодааст. Ба ҳамин хотир, ман фикр мекунам, ки ба суд муроҷиат кардани онҳо танҳо як гуна худсафедкунӣ буду бас!

Марат МАМАДШОЕВ, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс»:
Аризаи даъвогӣ асос надорад!

— Не, наметавонист. Зеро мо суханҳои адвокат Солеҳҷон Ҷӯраевро чоп кардем, ҳамон ҳам ихтисоран. Баъд, қисман гапи адвокатро прокурор ҳам тасдиқ кард. Ба фикри ман, ин аризаи даъвогӣ асос надорад.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: