Дар бораи китоб ва маърифат
— Ҳам акнун дасти ситам бар ниҳоди маърифат ва андеша дарозтар шуда ва дар воқеъ китобу маърифат мазлум воқеъ шудаанд ва ҷаҳолату нодонӣ ҳаққи хирад ва андешаро поймол кардаанд.
— Таҳоҷуми андешаҳо аз дохил аст, на аз берун, пас бояд ҳушёр буд. Имрӯз ҳам китоби ситам ва шарр бар китоби адолату хайр зулм мекунад. Китоби дурӯғ бар китоби ростӣ ҳоким аст.
— Ақле, ки олуда аст, наметавонад ҳомии ҳақ ва ҳақиқат бошад.
— Бояд ҳушёр буд, ки Паёмбарони ҷаҳл китобе бар сарнавишти фазилат нанависанд.
Аз «Чеҳраи ғуборолуд»

Дар бораи ватан
— Аз болотарин арзишҳои дунё ҳақиқат аст ва аз болотарин муҳаббатҳо ҳубби Ватан аст.
— Оре, Ватан он ҷост, ки инсон бо ишқ ва муҳаббат бо хуну хок паймон бастааст.
— Ҳамеша дар Ватан будан бо ватан будан нест. Ватан ҳамеша аз онҳо садама дидааст, ки дар домонаш будаанд.
Аз «Сароғоз ва саранҷом»

Дар бораи Озодӣ
— Бояд Озодии худро ҳифз кард, то ба камоли худ расид. Ҳеҷ касе наметавонад ба инсон Озодӣ бидиҳад ва ҳеҷ кас наметавонад Озодиро аз ӯ бигирад ва ҳаққи Озодӣ барои ҳама ва ҳаққи гирифтан ва додан барои ҳеҷ кас.
— Озодӣ ва ҳақиқат аз они ҳама ва моли ҳеҷ кас ҳам нест.
— Фитрати инсон ва хилқати он аз азал ҳамроҳ бо ин умур будааст.
— Озодӣ ормони рӯҳ аст ва ҳамин ормон роҳи наҷотро барои саодатии инсон ҳамвор мекунад. Агар инсон озод аст, пас Озодӣ ба маънои воқеъӣ гавҳари инсон аст.
— Ишқ ва Озодӣ ҳамроҳанд ва ишқ дар канори Озодӣ такомул меёбад.
— Шояд агар ҷону дили одамӣ пазироии ҳақоиқ буд, бисёре аз афрод дар паҳнаи ҷаҳон тарки фазилат ва ахлоқ намегуфтанд ва ба қаъри забунӣ фурӯ намеафтоданд ва шахсияти афрод маҳфуз мемонд ва ба осонӣ арзон хариду фурӯш намешуд.
— Оре, дар зиндагӣ мубориз бояд буд. Зафаре бидуни хатар нест. Бо ирода бояд буд, ки ирода руҳи Озодӣ аст.
— Золимон дар нафси худ ҳам зулм мекунанд.
— Ҷоҳилон қотилони оқиланд ва ноогоҳӣ салби Озодӣ аст.
— Бояд Озодиро ҳифз кард, зеро ки он волотарин хидмат барои арзишҳои инсон аст. Шахсе, ки дар зиндагии хеш Озодӣ ва ҳақиқатро пос надоштааст, зиндаи мурда аст.
— Инсон бо Озодӣ зинда аст ва маънии зиндагӣ ҳам Озодӣ аст.
— Ҳеҷ мафҳуме ба андозаи Озодӣ азизи инсон нест ва ҳеҷ мафҳуме инсонро ба ин қадр саодатманд нахоҳад кард.
— Азимтарин арзишҳо ва волотарин маърифати инсонӣ ҳамон Озодӣ аст, чун шахсиятсозӣ бидуни Озодӣ ва озодманишӣ муяссар намешавад. Ба ин хотир гуфтаанд, ки модари арзишҳои инсонӣ Озодӣ ва ихтиёр аст.
— Озодӣ ҳадафи аслӣ, маънии ҳақиқӣ ва роҳи поённопазири сайри инсон аст, аммо ин камоли башарият нест, балки танҳо васила ва шарти камоли башарият аст. Инсони маҳкум ба камол нахоҳад расид, агар Озодӣ набуд инсон ба камол намерасид. Озодӣ аст, ки ин роҳи камолро омода мекунад.
— Афъол ва аъмоли инсон дар зиндагӣ набояд аз мадори инсоният хориҷ шавад.
— Маҷбур кардани инсон ҳамоно маҳрум кардани ӯ аз Озодии ҳақиқӣ аст.
— Озодии ҳақиқӣ бидуни озодии афроди дигари ҷомеа наметавонад ба даст ояд.
— Решаи аслӣ ва ангезаи табиии Озодии андеша асл ва асоси шахсиятсозии инсон аст.
— Агар Озодии сиёсӣ бистари тамомии озодиҳост, пас озодии андеша муаллими онҳост.
— Ҳеҷ мафҳуме ва ҳеҷ арзиши инсонӣ нест, ки ба андозаи Озодӣ ҳамеша дар хатар бошад. Аз ин рӯ Озодиро нигаҳ бояд дошт.
— Озодии зоҳирӣ озодии ҳақиқиро салб кардааст.
— Озодӣ ҳамчун сиёнат зоти ҷон, ҳаққи табиӣ ва зотӣ ва ҳукуқи мусаллами башар аст. Ҳеҷ ҳукумате ҳақ надорад ин ҳаққи табиии инсонро зери по гузорад. Ҳукуматҳо набояд ба домони Озодӣ таҷовуз намоянд. Озодӣ ва Адолат аст, ки ҷомеаро барои наҷот аз ҳар гуна бадиҳо ва палидиҳо ҳидоят мекунад. Тамомии мардум бояд ҳофиз ва посдори Озодӣ бошанд. Бояд ҳарими Озодиро пос дошт, то касе натвонад бар ин ҳаққи илоҳӣ таҷовуз кунад.
Аз » Озодии гумшуда»

Дар бораи илм ва қудрат
— Илмро бояд таълим дод, ки вагарна ҷоҳил қотили оқил мешавад.
— Қудрат дар гузашта худхоҳ буд ва ба ғайр аз худ касеро намедид ва акнун ҳам табиат ва зоташро тағйир надодааст.
— Дунёи мо дунёи илм нест, балки дунёи қудрат аст.
— Ҳеҷ замоне дар дунё илм ва маърифат ба андозаи имрӯз асир ва бандаи қудрат набудааст.
— Равшанфикрон ва андешамандон низ аз мардуми оддӣ нофаҳмтар шудаанд.
— Он чӣ акнун мебинем, ин аст, ки устодони фарзона даллолони ҷаҳл ва зиллатанд.
— Афсӯс, ки доноён ба ин арзонӣ ва осонӣ шаън ва арзиши худро фурӯхтаанд.
— Ақл модари дониш аст ва абзор саодати дунёст, на василаи бадбахтӣ.
— Марг дар сояи иззат аз зиндагии бо зиллат беҳтар аст.
— Асли қудрат инсон будан ва ба доди мардуми мазлум расидан аст.
— Иззати нафс бояд дошт ва аз шарофати худ дифоъ бояд кард.
— Ҷавонмардӣ ва мурувват бисёр беҳтар аз шуҷоат аст.
— Донишмандон ва соҳибназарон дар зулмати рӯзгор чароғи ҳидоятро ба даст мегиранд, то инсонро ба худ оваранд ва роҳи адолат ва растагориро ба ӯ биёмӯзанд.
Аз «Асири қудрат»

ЛУҚМОН

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: