Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > Домулло НУРМУҲАММАД: «Ҷинҳо аз садои азон сахт метарсанд»

Домулло НУРМУҲАММАД: «Ҷинҳо аз садои азон сахт метарсанд»

Чанд соли охир дар кишвар шумораи беморони рӯҳӣ афзудааст. Аз кадом ҳисоб? Сабабҳои афзоиши ин бемориро табибон як хел шарҳ медиҳанд, фолбинҳо ба таври дигар. Рӯҳониён бошанд, назари хоси худро доранд. Аз ин лиҳоз, сӯҳбате оростем бо рӯҳонии шинохтаи тоҷик Домулло Нурмуҳаммад, ки собиқаи беш аз 15-сола дар дуохонӣ дорад.

— Мувофиқи шунида ва мушоҳидаҳо, имрӯз шумораи гирифторони бемории рӯҳӣ зиёд шудааст. Шумо ҳамчун домуллои қасидахон, ки бо ин гуна беморон сарукор мегиред, сабабҳои зиёдшавии онҳоро дар чӣ мебинед?
— Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон! Аз рӯи таҷрибаи чандинсолаам гуфта метавонам, ки сабаби зиёд шудани беморони рӯҳӣ тарс аст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардуми тоҷик муҳоҷир шуданд ва хории зиёд диданд. Аз садои тиру тӯп тарсиданд. Ин тарс боис шуд, ки аз таъсираш гирифтори беморӣ гарданд. Тарси инсон боис мегардад, ки ҷин бар вай тасаллут ёбад. Ва ин ҷин рӯҳи инсонро идора мекунад.
Боз сабаб шуда метавонад фикри зиёд дар бораи чизе. Мисол, агар духтари бешавҳар доим дар фикри ояндааш бошад, ин фикр ӯро ба бемории рӯҳӣ расонида метавонад. Ҳамчунин, бекорӣ сабаб шуда метавонад.
Сабаби дигараш аз ҳадиси Паёмбар (с) маълум аст, ки мегӯяд: «Дар куҷое, ки рибохорӣ зиёд бошад, дар онҷо бемории рӯҳӣ зиёд мешавад».
Бемории рӯҳи мешавад осебӣ ва ҷинӣ. Осебӣ он аст, ки асаб ё майнаи сари инсон аз чизе осеб мебинад ва дар ин ҳолат ҳам шахс ба бемории рӯҳӣ гирифтор мешавад.
Бемории рӯҳии осебӣ бояд бо тиби имрӯза муолиҷа шавад ва агар ҷин зиён расонида бошад, ҳатман он бемор бояд хонда шавад.
Имрӯзҳо «муллоҳо» ва ашхоси фолбин дар ҷомеаи мо зиёд шудаанд. Мардум аз бесаводӣ, ё бечорагӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд. Соҳирон ё ҷодугарон бо ҷинҳо сарукор доранд.
Дар олами ислом сеҳр ҳаром аст. Ҳадиси Паёмбар аст, ки манзили фолбину шахсоне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, дӯзах аст. Вақте шахс аз фолбин барои баровардани ягон ҳоҷат кӯмак мепурсад, аввалин чизе ки фолбин мепурсад, номи падару модари муроҷиаткунанда аст. Ин гуна одамон худро бо дасти худашон зери тасаллути ҷинҳо қарор медиҳанд. Яъне, шахсе ки пеш аз муроҷиат кардан ба фолбин ҷин надошт, баъдан ҷин ёраш мешавад.
Сабаби дигар шабгардӣ аст. Мебинем, ки имрӯзҳо аксарияти ҷавонон шабгардиҳои беҳуда доранд. Аксарияти бемороне, ки онҳоро хондаам, аз торикӣ тарсида, ба ин дард гирифтор шудаанд.
— Аз олами ҷинҳо каме нақл кунед. Оё онҳо миллату мазҳаб доранд?
— Устодам насиҳат карда буданд, ки он чиро дар вақти дуо хонданат мушоҳида мекунӣ, ба бемор нагӯй. Умуман, дар бораи олами ҷин ба шумо маълумоти зиёд доданӣ нестам, зеро мумкин нест.
Дар Қуръон омадааст, ки ҷин аз оташ офарида шудааст.
Ман ба шумо аз таҷрибаҳоям мегӯям, ки баъзан ҳолат аз забони бемор бо ҷин сухан мегӯям. Ҷинҳо бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд. Аз ҷумла бо забони кореягӣ, русӣ, арабӣ, эронии қадима.
Ҳамчунин, ҷинҳо ба мисли инсонҳо қабила, роҳбар ва равияву оинҳои гуногун доранд. Баъзеяшон инсонро намозхону худотарс мекунанд ва онҳо сахт ба ибодат дода мешаванд.
Як замон бемореро дуо мехондам ва он бемор мегуфт, ки ин ояти раҳмат аст, он ояти азоб аст. Баъди чанд бор дуо хондан, вақте ҷин аз вай дур мешуд, аз бемор суол мекардам, ки аз ин оят хабар дорӣ? ӯ не мегуфт. Баъзе ҷинҳои дигар аз имон хориҷ мекунанд. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки ҷинҳои босавод ҳам ҳастанд. Гуфта намешавад, ки ҷинҳо ҳама чизро медонанд. Ин дурӯғ аст.
Имрӯз фолбинҳои мо шарм надошта, аз оянда чунон сухан меронанд, ки! Бояд мардуми мо огоҳ бошанд, ки фолбинҳо на бар он пояанд, ки онҳо фикр мекунанд.
Як беморро дуохонӣ мекардам. Ҷин аз ҳар боб сухан мегуфт ва худро доно вонамуд мекард. Аз ӯ суол кардам, ки Худованд инсро зиёд офаридааст ё ҷинро? Дар ҷавоби ин суол чизе нагуфт. Ин суол далел шуда метавонад, ки онҳо ҳам донишманд нестанд.
Бори дигар як беморро дуо мехондам ва бо ҷинаш гуфтугӯ кардам. ӯ бо забони эронии қадима сухан мегуфт. Аз синнаш пурсон шудам. Он бемор гуфт, ки 500 сол умр дорад. Яъне, ин ҳарфзаниҳо ба воситаи бемор сурат мегирад.
Сухани Мавлоно Яъқуби Чархист дар мавриди ҷинҳо, ки гуфтааст баъзеяшон ба сурати саганд, баъзеи дигар ба сурати кабӯтар ва ба ҳар сурат тағйир кардан ҳам қодиранд. Қодиранд масофаи дарозро дар як муддат тай кунанд. Ин ҳама аз қудратҳои Худост, ки махлуқашро чунин халқ кардааст.
Устодам дар мавриди он, ки кадом ҷинҳо зудтар аз инсон хориҷ мешаванд гуфта буд: «Ҷини масеҳӣ зудтар аз инсон мегурезад, ҷини мусалмон дертар».
— Дар ноҳияи Рашт воқеае дар як хонавода рух дода буд, ки ҷинҳо соҳибхонаро аз хонааш ба воситаи сангзанӣ меронанд. Оё чунин қудрат доранд онҳо?
— Ҷинҳо дар баъзе ҷойҳо макон мегиранд ва дар он макон агар инсон бошад, онҳо инсонҳоро меронанд. Яъне, ҳолатҳое мешавад, ки либосҳои одамҳоро мебуранд. Баъзеяшон телевизорашонро фаъол мекунанд. Ҳама корро карданашон мумкин.
Ҳолатҳоеро дида будам, ки бо санг ё оташ ба инсонҳо ҳуҷум мекарданд. Сангро аз тарафе мезаданд, ки инсон ба он қодир нест. Яъне дар дохили хона аз болои сар сангро зада буданд. Ба он хотир, ки онҳо намегузоранд манзилашон аз даст равад.
Барои ҳамин, бояд пеш аз вуқӯи воқеа илоҷашро ёфт. Бояд дар ҳар хонадон Қуръон тиловат карда шавад ва аъзоёни оила намозхон бошанд. Бояд аз хонадон садои азон барояд. Ҷинҳо аз садои азон сахт метарсанд. Дар куҷое, ки намозу дуо зиёд шуд, ҷинҳо аз онҷо фирор мекунанд.
— Вақте ҷин ба инсон таъсир мерасонад ва ӯ бехабар аст, ягон нишонаи муайянкунанда вуҷуд дорад? Кадом узви инсон аввал зиён мебинад?
— Ҳолатҳое мешавад, ки баъди дуо хондан шахс ҷинро мебинад ва дар ин ҳолат ҷин аз инсон мегурезад. Баъзе ҳолате мешавад, ки инсон ҷинро намебинад ва ӯ зиён расонидан мегирад.
Боз аломат ин аст, ки ягон мушак беихтиёр меларзад, ягон ҷойи бадан бе сабаб месӯзад. Ва дигар ин ки, сар як лаҳза дард мекунад ва дард зуд ба шикаму пою дигар узвҳо мекӯчад.
Баъзе ҳолатҳое ҳам мешавад, ки шахси гирифторро қариб даҳҳо мулло мехонанду соҳиби бемор оҷиз мемонад. Бояд бигӯям, ки вақте шахс ба бемории тиф гирифтор мешавад ва беморро назди духтури касалии дил мебаранд, он духтур дору мефармояд, вале ин бемор шифо намеёбад. Яъне шахси зиёни ҷинрасидаро бояд назди муллои пуртаҷриба ва касбӣ бурд. Дуохоне, ки бо ин дард ошност.
Як рӯз маро назди беморе бурданд. Он бемор гирифтори бемории саратон будааст. Пеш аз ман домуллоеро барои хондан овардаанду он домулло ба бемор парҳез фармудааст, ки муддати дароз танҳо обу нон истеъмол кунад. Ин гуна парҳез мумкин нест. Бояд мо донем, ки гирифтори чунин беморӣ ба ғизо ниёз дорад ва бояд миқдори зарурӣ аз ҳар гуна таъом истеъмол намояд. Аз камхабарӣ аст, ки домулло ба ҳама беморӣ як хел рафтор мекунад. Домуллои дуохон бояд аз тиб ҳам бохабар бошад, то беморро бо фармудааш ба ҳалокат нарасонад.

Нурмуҳаммад Шарипов

Нурмуҳаммад Шарипов

— Баъзеҳо дар зиёд шудани гирифторони бемории рӯҳӣ муллоҳоро гунаҳкор медонанд. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?
— То андозае ин гуфтаҳо дуруст аст. Дар боло ҳам зикр кардам, ки сабаби асосии зиёд гардидани беморони рӯҳӣ (ҷинӣ) ҳамин «мулло»-ҳои соҳиранд.
Имрӯзҳо мешунавам, ки баъзе муллоҳо мегӯянд: «Ҷинро ба Макка равон мекунам, ё нӯхта карда, ба дасти бемор медиҳам!». Ин хандаовар аст ва дурӯғи маҳз аст. Бояд онҳо шарм доранд, чунки дуохон ҷинро дида наметавонад. Агар чизеро эҳсос кунад, бояд он сир бошад ва ба касе нагӯяд.
Мардуми мо аксарияташон «пеши домулло меравем» гуфта, назди соҳир медароянд. Ва мегӯянд, ки «фалон мулло моро фол дид». На ҳар он чизе ки бо ҳарфи арабӣ навишта мешавад, аз ислом аст. Бояд мо байни донишманди дини ислом ва соҳир фарқият гузорем.

Нурмуҳаммад Шарипов

Нурмуҳаммад Шарипов

— Оё дуо хондан нозукӣ дорад?
— Дуохон маънои «дуо карда, хон» аст. Яъне, ба ҳаққи «Ва ну наззилу минал Қуръони мо ҳува шифоун ва…». Худо дар ин оя мегӯяд, ки «мо нозил кардем Қуръонро шифо барои мӯъминон…». Ҳар касе ки ба Худо имон дошта бошад ва дуохонӣ карда шавад, иншоаллоҳ шифо меёбад. Бояд шахси дуохон пуштӣ бошад. Яъне, падар ё бобоҳои гузаштааш дуохон ё дамгар бошанд. Чунки агар нозукиҳо риоя нашавад, ба шахси дуохон зиён мерасад. Ҳамчунин, шахсоне, ки риштаи аҷдодияшон ба Паёмбар (с) мерасад, яъне сайидзодаанд, метавонанд дуохони хуб шаванд. Вале, мутаассифона, дар Тоҷикистон сайидзодаҳо ангуштшуморанд.
Дуохон бояд ботақво бошад. Қабули дуо худотарсӣ аст. Касе ки тақвою худотарсӣ надошта бошад, дуояш мақбули Худо намегардад.
Баъзе одамҳое, ки нав «пайдо шудаанд», мегӯянд, ки қасида ё дуохонӣ аз мо нест. Мо дуо мекунем, аз Худо мехоҳем. Ҳатто ояҳое, ки дар Қуръон ҳастанд, фазилат доранд. Мисол, сураи Ихлос ё ояи Ояталкурсӣ дар бораи сухани Парвардигор, бузургии парвардигор аст, ки фазилати зиёд дорад. Вақте қасида ё дуо дар сифати парвардигор бошад, ягон ҷойи бадӣ надорад. Яъне, ин афрод исломро дар назди омма паст нишон медиҳанд. Ва ба таъбири худашон дуову қасидаро аз ислом дур медонанд. Бояд бигӯям, ки қасидаро ҷинҳо ҳам эътироф доранд ва вақте қасидаро ба бемор мехонӣ, ба воситаи дуо онҳо хориҷ мешаванд.
— Ҷин ба кадом тоифаи одамон бештар зиён мерасонад? Мешавад ин зиёнро пешгирӣ кардан?
— Агар бигӯем, ки пешгирӣ карда шуд, хато намекунем. Чунки аз тарафи ҳукумат қароре барои манъи фаъолияти фолбинҳо, соҳирон баромада буд. Ва ин кӯшишест барои пешгирӣ, вале то кадом андоза мо мардум ин қарорро ба назар мегирем, аз худи мо вобаста аст.
Имрӯз домуллоҳо вазифадоранд ба мардум бифаҳмонанд, ки рафтан назди фолбин мумкин нест ва Қуръон инро манъ кардааст. Бояд мардум донанд, ки шифои Қуръонӣ дигар асту сеҳру ҷоду дигар.
Мардум бояд ҳар рӯз сураҳои чор қулро (сураҳои Кофирун, Ихлос, Фалақ, Нос) хонанд.
Як вақт назди Расули Худо (с) Ҷабраил омаду гуфт: «Ё Расулаллоҳ, як деве аз ҷин мехоҳад туро ҷоду кунад. Вақте ки ту сӯи ҷойхобат шудӣ, Ояталкурсиро бихон». Касе ки Ояталкурсиро медонад, пеш аз хоб ҳатман хонад. Ин як деворе мешавад, ки ӯро Худованд нигоҳ медорад.
Баъзе суханҳо ҳаст, ки ҷин ба инсони пок зиён мерасонад. Ин нодуруст аст. Чунки ҳатман аз сӯи мо ягон хатое содир мешаваду зиён мебинем.
Гӯё ҷин ба шахси шаробнӯш ё ҳаромхӯр таъсир намерасонида бошад. Ин тавр нест. Мутаассифона, баъзеҳо чунин тавсия ҳам мекунанд, ки касе арақ нӯшад, нашъа кашад, ё кори ҳаром кунад, ба ӯ ҷоду ё ҷин таъсир намерасонад. Ин тавсия хизмати хирсонаест ба шахси бемор. Зеро бемории дигар ба бемории ӯ зам мешавад.
Бисёр вақт мебинем, ки гирифтори касалии рӯҳиро мегӯянд, агар даст бигирад, сиҳат ва фолбин мешавад. Дар натиҷа, аз роҳ мебароянду соҳиру ҷодугар мешаванд.
Боз гапҳост, ки гӯё шахсро илм мебардорад ва дар шахсияти ӯ мегӯянд: «ӯ Қуръон мехонд ва Қуръон ӯро бардоштаст». Қуръон шахси ботақво ва Худоҷӯйро хор намекунад. Қуръон раҳмат аст ва барои инсоният омадааст. Пас, чӣ хел инсонро хор мекардааст? Ҳамон қадар ки инсон пайравӣ аз Қуръон кард ва вайро азиз шуморид, ҳамон қадар Худо ҳифзаш мекунаду шайтон ба ӯ наздик шуда наметавонад.
Покизагӣ, намоз, дуо метавонад инсонро аз ҳама гуна махлуқи зараррасон эмин нигаҳ дорад.

Мусоҳиб
Аҳлиддин САЛИМОВ, БМСТЖ

  1. Февраль 7, 2010 в 8:28 дп

    Ассалому алайкум ташаккури зиёд барои фарохам овардани ин сухбат

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: