Главная > Uncategorized > Таъсиси Вазорати муҳоҷират: пешниҳоди Зуҳуров ё Собиров?

Таъсиси Вазорати муҳоҷират: пешниҳоди Зуҳуров ё Собиров?

Дар мавриди таъсис додани вазорати алоҳидаи махсус барои муҳоҷирон солҳои охир зиёд мегӯянд. Нафароне, ки ҷонибдори ҳамин андеша ҳастанд, гумон доранд бо таъсиси вазорат мушкили муҳоҷирони тоҷик махсусан дар Русия камтар хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки Хадамоти муҳоҷират дар назди Вазорати корҳои дохилӣ амал мекунад. Аммо ҷонибдорони вазорат фаъолияти онро он қадар муассир арзёбӣ намекунанд. Ба андешаи эшон, чун 1 миллион ва бештар аз он аҳолии Тоҷикистон дар муҳоҷират аст, ҳуқуқи қонунӣ дорад вазорати худро дошта бошад.
То садо додани ин гуна пешниҳод дар шаҳрҳои калони Русия созмонҳои гуногуни дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон амал мекарданду мекунанд, ки то ҷое кори ин вазорати ояндаро анҷом медоданд. Ниҳоят, дар як сӯҳбат Шукурҷон Зуҳуров, ки вазири вақти меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошаду айни замон номзад ба вакили парлумон аз ҲХДТ дар минтақаи Рашт аст, пешниҳод кардааст, ки чунин як вазорат бояд таъсис ёбад: «Барои дифоъ намудани ҳуқуқи муҳоҷирон дар хориҷ аз ин кишвар вазорат ё ин ки идорае бояд таъсис дода шавад. Яъне, як ниҳоди алоҳидае бошад. Ҳарчанд Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон як ҷузъи Вазорати корҳои дохилӣ бошад ҳам, таъсиси чунин як вазорат зарур аст».
Бояд гуфт, ки андешаи мазкур аз ҷониби баъзе аз коршиносону таҳлилгарон дастгирӣ ёфтааст. Масалан, Абдулло Қодирӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид чунин нуқтаи назар дорад: «Дар сурати буҷети кофие, ки давлат дошта бошад ва ҳамчун як ниҳоди мустақиле, ки битавонад раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоту проблемаҳои онро ҳал намояд, таъсиси чунин як ниҳод бисёр бамаврид ва зарурист. Фикр мекунам, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ дар ин замина масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Имрӯз ниҳоди махсусе дар зертобеъи Вазорати меҳнат ва зертобеъи Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти муҳоҷират вуҷуд дорад, ки ҷоннок намудани ин ниҳод хеле зарурист. Ҳамчунин, фаъолияти он намояндагиҳоеро, ки имрӯз дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Қазоқистон қарор доранд ҷоннок кардан лозим. Яъне, ҳамон намояндагиҳое, ки дар ин кишварҳо ҳастанд, бояд фаъолияти худро босамар кунанд. Зеро имрӯза мушкилоте, ки дар Русия ва Қазоқистон мебинем, воқеан мушкилотест, ки бояд ҳаллу фасл гардад. Яке аз масъалаҳои муҳиму нигаронкунанда, ки имрӯз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва вазири меҳнат, ҳамчунин сохторҳои ҳукуматӣ рӯйи он таваҷҷӯҳи хоса доранд, масъалаи сиёсати нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоии онҳост. Зеро солҳои тӯлонӣ дар он кишварҳо зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд, аммо аз андоз, яъне он маблағҳое, ки аз андоз дар оянда барои ба синни нафақа баромаданашон бояд пардохт кунанд, дучори мушкилот мегарданд. Бо пешниҳоде, ки вазири меҳнат дошт, шояд дар оянда оид ба ин масъала як бознигарие сурат бигирад. Масъалаи таъсиси як фонди мушаххасе, ки барои нафақаи муҳоҷирони ба синни пирӣ расида равона шуда бошад. Масалан, Русия ҳам ҷиҳати сиёсати нафақаи муҳоҷиронро таъмин намекунад. Ҳадди ақал як ниҳод ё фонди мушаххасе бояд таъсис дода шавад. Танҳо ҳамин фонд метавонад кӯмак расонад ва шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, метавонанд ба он муроҷиат кунанд. Барои ояндаи нафақаи худ маблағҳоеро биспоранд ва аз ҳисоби андози супоридаи худ дар даврае, ки коршоямияшон мегузарад, аз он истифода намоянд. Фикр мекунам, ки дар сурати баррасии ин масъала аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон, таъсиси чунин як вазоратхона воқеан дар шароити кунуни ҷомеаи Тоҷикистон зарур аст».
Дар ҳамин ҳол баъзе аз чеҳраҳои шинохта даъво пеш меоранд, ки андешаи таъсиси вазорати алоҳидаи муҳоҷират гапи тозае нест ва онҳо чандин сол боз дар ин маврид ҳарф мезананд. Минҷумла раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Масъуд Собиров чунин мегӯяд: «Ин идеяи ман буд. Чор панҷ сол қабл дар ҳама баромадҳову мақолаҳояш пуштибон аз муҳоҷирон ҳамин Собиров буд».
Масъуд Собиров дар идомаи андешааш таъсиси вазорати алоҳидаи муҳоҷиронро дастгирӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт: «Вазорати муҳоҷират зарур аст. Вале ба кадом хотир зарур аст, аз он содироти иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби қувваи корӣ аст. Яъне, маблағ аз ҳисоби интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ вориди Тоҷикистон мегардад. Пештар масалан каму беш аз алюминий буд, каму беш аз пахта буд, вале имрӯз на пахтаву на алюминий ҳаст. Мо медонем, ки ҳамасола зиёда аз дувуним то се маротиба зиёдтар маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Ба ҳамин хотир, бубинед, ки муҳоҷири мо дар вазъияти қариб бесоҳибӣ қарор дорад. Яъне, он Хадамоти муҳоҷирате, ки имрӯз намояндаҳояш дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, бахусус Русия ҳастанд, наметавонанд ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро дифоъ кунанд. Муҳоҷири меҳнатиро дар хориҷа на танҳо дифоъ кардан лозим, балки ба ӯ маълумот додан низ ҳатмист. Ҳамчун соҳибкасб тарбия намудан даркор аст. Муҳоҷиронро бо шароитҳои хориҷӣ ошно кардан лозим. Ин намояндаҳо ягон кореро ба анҷом нарасониданд. Ҳамчун раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва ҳамчун як коршинос орзуи он дорам, кошки вазорати муҳоҷират таъсис ёфта, баҳри рушду нумӯи ҷомеа хизмат кунад. Муҳоҷирони мо то бадараҷае ҳуқуқашон поймол мегардад. Муҳоҷир дар даст чипта дорад, вале то ба милисаҳои фурӯдгоҳ маблағ надиҳад, намемонанд дар самолёт савор шавад. Аз ин рӯ, ӯ ҳуқуқи худашро дифоъ карда наметавонад».
Вале дар ҳамин ҳол ҳастанд нафароне, ки бевосита бо масъалаи муҳоҷирони корӣ сарукор доранду андеша доранд, таъсиси вазорати нав мушкили муҳоҷиронро ҳал намекунад. Масалан, раиси яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар яке аз шаҳрҳои Русия, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки таъсиси вазорати нав танҳо сафи ришвахоронро зиёд хоҳад кард. Ба андешаи ӯ, ин вазорат вазорати серпул хоҳад шуд. Ва табиист, ки ҳар ҷое пул ҳаст, ришва ҳам мешавад. ӯ мегӯяд, ки таъсиси вазорат мушкили муҳоҷирони тоҷикро ҳал намекунад. Дар ҳамин баробар Каромат Шарипов — Раиси ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонӣ» чунин гуфт:
«Не, ба ёди ман соли 2001 мерасад, ки ман ба тозагӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз мекардам. 7-уми марти соли 2001 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ умед дошт, ки ҳуқуқи таъсис додани сиёсати муҳоҷират ва таҳия ва амалисозии онро ба ӯҳда мегирад. Ҳатто рақами қарор — 124 дар ёдам мондааст. Вале 30-юми ноябри соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ислоҳоти сохтори давлатӣ ва мақсаднок истифода бурдани маблағи буҷа тибқи моддаи 69-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират аз сохтори Вазорати меҳнат берун карда шуда, ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дода шуд. Вале дар ҳамин ҳол амаликунандаи ҳамоҳангии фаъолияти вазоратҳои гуногун дар чаҳорчӯбаи ин барнома дар солҳои 2006 -2010 ҳамоно Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аст. Ба ин барнома 13 вазорат, 5 кумита, хазинаи ҳифзи иҷтимоии назди ҳукумат, Иттифоқҳои касаба, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва дигарҳо ҷалб шудаанд.
Аммо аз ин барои муҳоҷирони меҳнатӣ фоидае нест. Мансабдорони зинаҳои гуногун ба маблағи коркардаи муҳоҷирони меҳнатӣ имрӯзу фардояшонро таъмин кардаанд, аммо тобут бо ҷисми муҳоҷирон ҳамон тавре меомад, ҳоло ҳам меояд.
Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо таъсиси вазорату кумитаҳо ҳал намешавад. Ман фикр мекунам, ки махсусан дар айёми бӯҳрони ҷаҳонӣ таъсиси чунин вазорат мушкилоти муҳоҷирони меҳнатиро ҳал намекунад. Мансабдорон ва кормандони давлатӣ, ки ба масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ машғул ҳастанд, на танҳо касбӣ нестанд, балки ҳатто Худо онҳоро бевиҷдон кардааст. Метавон ба суоли шумо бо чунин масал посух дод: «Шумо дӯстон, чӣ тавре, ки нашинед, ба бародарони муҳоҷир кор намеоед».
Хулоса, таъсиси вазорати нав аллакай ҷонибдорон ва муқобилонашро пайдо кардааст. Аммо барои мо муҳим аз ҳама ин аст, ки кадрҳои лоиқ, огоҳ, босавод новобаста аз маҳал таъин шаванд, то дар ҳолати зарурӣ аз ҳуқуқи муҳоҷирон дифоъ карда тавонанд.
Ҳарчанд пешниҳоди Зуҳуров аз таҳти дил буд (чаро дар замони вазир буданаш ин гуна пешниҳод накард) ё интригаи навбатии пеш аз интихоботияш ҳанӯз суоли беҷавобест, ки посух мехоҳад?

Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: