Главная > Uncategorized > Умри «Роғун» дароз мешавад?

Умри «Роғун» дароз мешавад?

Пажӯҳишгарони Академияи улуми Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки бунёди корхонаи коркарди партов дар паҳлӯи ширкати алюминии тоҷик -ТАЛКО ба манфиати кор хоҳад буд. Татяна Умарова, доктори илмҳо, пажӯҳишгари химияи Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки дар сурати истифодаи фулузот, ё ба истилоҳ анодҳои «фидокори» алюминий дар конструксияҳои оҳанин, метавон занг задани онҳоро камтар ва умри сутуну лӯлаҳои филизиро дарозтар кард.
Ба андешаи ин коршиносон, ду — се маҳсулоте, ки корхонаи коркарди партови алюминий истеҳсол хоҳад кард, метавонад металҳоеро, ки дар нерӯгоҳҳо ва дигар иншооту сохтмонҳо истифода шудаанд, аз зангзанӣ ва тез корношоям гардидан ҳифз намояд. Ҳамчунин, аз рӯи ҳисоби онҳо, барои бунёди чунин як корхона чандон маблағи зиёд лозим нест. Вале то чӣ андоза ин пешниҳоди иқтисодшиносон аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ меёбад ва аз омӯзиши таҳлилгарони сохторҳои давлатӣ чӣ гуна хулоса мебарояд, ҳоло номуайян аст. Вале иддае аз коршиносони масоили иқтисодӣ ин иқдомро хуб ва лоиқи дастгирӣ арзёбӣ мекунанд. Исмоил Талбаков, иқтисодшинос, вакили халқӣ дар Маҷлиси намояндагон чунин ақида дорад, ки бунёди як корхонаи коркарди партов дар паҳлӯи ширкати алюминии тоҷик ба рушди иқтисодиёт дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, вақте дар паҳлӯи заводи алюминий корхонае сохта мешавад, ки партови онро коркард мекунад, ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ширкати ТАЛКО тарзи дурусти корро ба роҳ монданист. Вай ҳамчунин аз фоидаҳои коркарди партов ва истифодаи он дар бахшҳои зарурӣ таъкид карда, афзуд: «Партови алюминийро дар сурати коркард шудан, барои аз зангзанӣ эмин нигоҳ доштани оҳану дигар намуди ашё, ки зангзананда мебошад, истифода бурдан мумкин аст. Миллионҳо столбае ҳаст, ки интиқоли барқро таъмин мекунад. Яъне он столбаҳои калони металӣ, ки аз як тарафи Тоҷикистон ба Покистону Афғонистону Эрон интиқол дода мешавад, аз ҷониби дигар, дар дохили кишвар тавассути он қувваи барқро аз минтақае ба минтақа мекашанд, ҳамаи онҳо аз маҳсулоти заводи партовкоркунии алюминий рангу бор шуда, мӯҳлати хизматрасонияш то андозае ҳифз мегардад. Дар оянда ин маҳсулоти аз партови алюминий коркардшуда мӯҳлати давомнокии симчӯбҳои бисёр азимеро, ки интиқоли барқро ба хориҷу дохили кишвар таъмин мекунанд, якчанд соли дигар дароз мекунад. Агар столбаҳо бо маҳсулоти махсус рӯйпӯш карда нашаваду аз зангзанӣ эмин набошад, он гоҳ дар давоми 10-15 сол шояд аз кор барояд. Аммо чӣ тавре бунёди НБО-и «Роғун» умри «Норак»-ро ҳудуди сад сол дароз мекунад, ин маҳсулоте, ки корхонаи коркарди партови алюминий мебарораду барои рӯйпуш кардани столбаҳо ва дигар металҳо истифода мегардад, мӯҳлати давомнокии онҳоро боз шояд 50-60 соли дигар дароз кунад. Умуман, ҳар як чиз бояд ҳифзшаванда бошад. Ҳаёти инсон ба воситаи ҳавои тозаву тарбияи ҷисмониву ғизои зарурӣ, чӯб низ аз ҳисоби рангу бор кардан ва металҳое, ки дар ҷои намнок истифода карда мешаванд, аз ҳамин маҳсулоти партови алюминий коркардшуда рӯйпуш гарданд, давомнокияшон ҳифз мегардад».
Исмоил Талбаков мегӯяд, имрӯз, ки давлат ба бунёди нерӯгоҳҳо машғул аст, бояд чунин корхонаҳоеро созад, ки тавонанд аз таъсири шамол ва намнокӣ метали онҳоро ҳифз кунанд. Аз ин ҳисоб умри нерӯгоҳҳо дароз мешавад. ӯ ҷонибдори он аст, ки чунин корхонаҳои коркарди партов ё такмилкунандаи корхонаи асосӣ дар назди ҳамаи корхонаҳо бояд сохта шавад. Ин хел истеҳсолоти бепартов дар паҳлӯи истеҳсолоти асосӣ сохта шавад, сарфи назар аз шакли моликияташ, ки хусусисист ё давлатӣ, аз лиҳози иқтисодӣ самараи хуб дорад. Ба таври мисол мегӯяд, ки агар дар баробари фермаи ширӣ корхонаи коркарди шир бунёд карда шавад, ин ба манфиати кор аст. Чунки ҳамон маҳсулоти ашёи хоме, ки дар назди фермаи ширӣ истеҳсол мешавад, дар бозор бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш меравад. Вай гуфт, ки нисбати ба як корхонаи коркарди маҳсулот кашонидани молу мавод, дастгоҳи истеҳсолкунӣ дар пеши корхона бошад, мувофиқи мақсад аст. Сарфи назар аз он, ки дар корхонаи асосӣ чӣ истеҳсол мешавад, дар паҳлуи он бояд корхонаҳое бошанд, ки партовҳои ҳамин корхонаи асосиро боз ба нафъи ҷомеа ҳамчун маҳсулот истеҳсол намоянд ва ба фурӯш бароранд. Он ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир дар бозор бо арзиши паст метавонад ки ҷои худро ёбад. Зеро, аз сабаби кам гаштани хароҷот арзиши аслии маҳсулот низ поин меравад. Ба ин хотир, дар ҳамаи корхонаҳо, дар паҳлӯи корхонаи асосӣ бунёд ёфтани корхонае, ки ба коркарди партовҳо нигаронида шудааст, аз лиҳози иқтисодӣ самаранок мебошад.
Исмоил Талбаков ин пешниҳоди коршиносонро иқдоми хуб арзёбӣ карда, гуфт, ки онро ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунад ва аз лиҳози қонунгузорӣ дар парлумон омода будан ба дастгириро изҳор намуд.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: