Главная > Uncategorized > «Афсӯс, ки мо зиндабузугон нашиносем…»

«Афсӯс, ки мо зиндабузугон нашиносем…»

РУҶӯЪ
Лаҳзае ист зиндагӣ. Танҳо лаҳзаяке. То тавонам ба гузашти ту дида дӯзам, зиндагӣ. Андаке сар ба домони тафаккур кашида, андешам. Вале чун тундбоди фасли сармо мегузарию маро пешопеш мебарӣ. Ҳарчанд панҷа мезанам то замонаке биистам, вале ғайр аз бод дар кафи хеш чизи дигар, мутакои дигар намебинам. «Зи Дӯст даст надорем, ҳар чӣ бодо бод»…

ДӯСТ
«Агар рӯзи видоъ бо дӯстон дар таассуф намурдам, маро дар дӯстӣ баинсоф нахонед».
(Саъдии Шерозӣ)

— «Дар сиёсат фақат дурӯягиву чоплусӣ дар мадди аввал меистад» гуфтаанд. Оё сиёсатмадор метавонад дӯст дошта бошад?
— Сараввал, дурӯягиву чоплусӣ ин сиёсат нест, ин сиёсатбозист. Дар «сиёсати» сиёсатбозҳо аз ваъдабозии беасосу тақаллубкорӣ то дурӯягиву чоплусӣ дар мадди аввал меистад.
Дуюм, сиёсатмадор албатта метавонад дӯст дошта бошад. Агар худи ӯ тавони дӯст будан доштаву арзандаи дӯстӣ бошад. Нахуст бояд сиёсатмадор худаш фазилатҳои одамгарӣ, инсони хубро дошта бошад. Ҳамин вақт ӯ чи гуна будани дӯстиву дӯстро, қадри дӯстиро, аниқтараш қадри инсониро дарк мекунад. Сониян, ҳаргуна сиёсатмадор қудрати дӯст буданро надорад. Барои ин ирода даркор аст. Ахиран сиёсатмадор бояд фаромӯш накунад, ки дӯстӣ ин муносибати инфиродиву баробарист. Аз ин ҷиҳат ӯ дар фаъолияти сиёсияш манфиати дӯстиву сиёсатро бояд фарқ карда тавонад. Яъне, дӯстӣ ин барои худашу дӯсташ, сиёсат ин барои манфиати мардум, ки яке аз онҳо дӯсташ мебошад. Муҳимтар барои сиёсатмадор аз имтиёзи давлатдорӣ худро ё дӯсташро маҳрум ё маҳдуд сохтан имконнопазир аст (касе инро мефаҳмад, дар ҳақиқат дӯст аст!), аммо манфиати мардум барои ӯ (ва барои дӯсти ӯ) бояд дахлнопазир бошад.
— Мегӯянд, ки шиори зиндагиятон ин будааст: «Барои дӯст ҷон додан он қадар мушкилӣ надорад, мушкил чихел ёфтани дӯстест, ки барояш ҷон додан арзанда бошад».
— Рост. Барои ман ҳар касе ки узви ҷомеа аст, сазовори дӯстист. Барои ман ҳоло дӯстии худро изҳор накардааст. Ин барои ман тақозои меросист. Дар ҳуқуқшиносӣ, хусусан адвокатӣ, вақте беадолатӣ содир мегардад, мазлум, ҷабрдида авлавият дорад. Ин чизи касбист. Аммо дар зиндагӣ дӯст бо интихоби худи шахс ба дӯст табдил намегардад. Худи зиндагӣ, рафтор, ирода нишон медиҳад, ки кӣ дӯсти ҳақиқист. Асоси дӯстӣ аз ду самт иборат аст: инфиродӣ — ростӣ, бофарҳангӣ ва қарз, иҷрои қарз ва дар якҷоягӣ — ҳамфикрӣ ва ҳамдилӣ. Яъне дӯстии ҳақиқию арзандаро танҳо вазъияти экстремалӣ нишон дода метавонад. Тавони дӯст будан ва арзандаи ӯро дӯст доштанро чашму хирад, муносибати инфиродӣ муайян месозад.
— Умуман, боре аз дӯстии кардаатон пушаймон шудед?
— Не. Ин масъала шарҳро мехоҳад. Се намуди дӯстӣ ҳаст. Аввал дӯстии ман бо ҳама баробар аст, бе ягон эҳтиёҷи тарафи дигар. Тарафи дигар бо ман ҳамчун ба шиносу рафиқ муносибат мекунанд. Дар чунин ҳолат, ман қарзи худро адо мекунам. Масъалаи дуюм он аст, ки тарафи дигар ҳам ба дӯстии ман худро масъул медонад ва мехоҳад бо ман дӯст бошад. Чунин дӯстӣ санҷиши муваққатиро талаб менамояд. Дар ҳолате, ки шахс дар мӯҳлати санҷишӣ худро дошта натавонист, ман хайрухуш мекунам. Дар ҳолати сеюм, агар дӯстие, ки марҳилаи санҷишро гузашта бошаду он халал ёбад, боиси таассуф аст. Лекин чунин ҳодиса то ҳол дар зиндагии ман набуд.

ХИРАД
«Худованди таъоло хирадро ба накӯтарин сурате биофарид ва фармудаш: Бирав. Бирафт. Пас фармуд: Биё. Биёмад. Он гоҳ ӯро гуфт: Дар ҳама олам наофаридам чизе накӯтар ва бузургвортар аз ту ва ҳама халоиқро савобу иқоб ба ту хоҳам додан».
(Муҳаммад Ғаззолӣ)

— Чаро шиори Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон аз «Хирад» шурӯъ мешавад? Ҳадаф чист?
— Барои инсон кадом ҳуқуқ ҳуқуқи асосист? Дар Конститутсияи Тоҷикистон ин ҳуқуқ номбар нашудааст. Ин баробар дастрас будан ба имконот аст. Кадом соҳа набошад, ин ҳуқуқ пурра барои тоҷикистониён дастрас нест. Барои амалӣ гаштани ин ҳуқуқ ҳам адолат, ҳам тараққиёт, лек сараввал хирад лозим мебошад. Ё ки мегӯянд, ки зиндагӣ ин адолат аст ё тараққиёт. Шаклан дуруст мебошад. Моҳиятан хирад асоси зиндагист, хирад раҳнамост, ки бе ӯ на ба адолат, на ба тараққиёт расида намешавад. Ғайр аз ин адолат ва тараққиёт ин натиҷа аст, на сабаб. Сабабу сарчашма ин хирад мебошад. Исботи инро дар ҳар қадам дидан мумкин аст, агар шахс каме соҳиби хирад аст.
— Барои чӣ «Адолат»?
— Адолат маъниҳои гуногун дорад. Танҳо се маънияшро таъкид месозанд! Сараввал бисёриҳо чунин мефаҳманд, ки адолат ин тақсими баробарии натиҷаҳо мебошад. Лекин дар асл адолат ин додани имконияти баробар барои ба даст овардани натиҷаҳо аст. Барои тақсими баробар хирад лозим нест. Лекин барои додани имконияти баробар албатта хирад лозим.
Дуюм мӯҳлати адолат ба маънои ҳуқуқии он — ин баробарӣ дар назди қонун ва суд, ҳимояти баробар аз ҷониби қонун аст. Аз ин ҷо, қабл аз ҳама қонун бояд қонуни адолатпеша бошад. Барои қонунро адолатпеша намудан сараввал хирад лозим, ки адолатро таъмин созад.
Сеюм мафҳуми иҷтимоии адолат — ин дастёбии баробарона ва озодона ба маориф, ба кор, ба дастовардҳои фарҳанг ва манбаҳои иттилоот, хизмати давлатӣ, имкони амалигардонии дигар ҳуқуқу озодиҳо, аз ҷумла ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шудан аст. Аз ин се ҷабҳа маълум мегардад, ки адолат ин имконияти баробар, қонуни адолатпеша ва дастёбии баробарона ва озодона аст. Яъне адолати ҳақиқӣ бе хираду тараққиёт ба даст намеояд.
— Ниҳоят аз «Хирад»-у «Адолат» ба «Тараққиёт»?
— Тараққиёт ин амал аст. Амали хирадмандонаю одили озод, ки вай дар чаҳорчӯбаи қонуни адолатпеша бошад. Оддитар гӯем, тараққиёти озод (ду тарафи як нишон) ҳамеша ду равияи рушд дорад. Вақте ки онҳоро дар асоси беадолатӣ, қонуни ғайриҳуқуқӣ маҳдуд месозанд, он харобкунандаи ҷамъият мебошад. Дар сурати ба онҳо дар доираи қонуни ҳуқуқӣ, яъне одил, имконияти баробар, хирадмандона дода шавад, вай созанда мегардад. Тараққиёт ин озодии соҳибкорӣ, маориф, илм, санъат, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайра дар асоси қонуни адолатпеша мебошад.
Агар ба таърих муроҷиат кунем, Инқилоби кабири Фаронса озодиро дода буд, аммо баробариро надод. Инқилоби кабири Октябр баробариро дод, аммо озодиро надод. На ман, на ҲСДТ тарафдори инқилоб нестем, ки мисли бозсозӣ тақдиршикан ва оварандаи шӯриш ва беқонунӣ бошад ва ҷонибдори тоталитаризм ҳам нестем, ки беқонуниро ба қонун дароварда, волоияти қонун номад. Мо ҷонибдори ислоҳот, яъне тарафдори тағйирот ва таҳаввулотем, ки аз гузашта ҳама чизи аслӣ ва муфидро қабул ва онро аз тариқи созиши даркшуда ва мусолиҳаи ҷомеа гузаронида, ба сӯи инкишофи Сотсиал — Демократии озод мебошем.
Мо тамоми фаъолияти худро барои расидани Тоҷикистон ба ду армон равона месозем! Инҳо баробарӣ, ки пояи адолат аст ва озодӣ чун асоси тараққиёт мебошанд. Дар пояи ҳам адолат, ҳам тараққиёт хирад қарор дорад ва аз ин ҷиҳат шиори Ҳизби сосиал — демократи Тоҷикистон хирад, адолат ва тараққиёт аст.
— Барои чи яке аз инҳо (хирад, адолат, тараққиёт) ҳамчун шиори ҳизб пазируфта нашуду дар маҷмӯъ қабул гардид? Оё яке бе дигаре буда наметавонад?
— Онҳоро дар алоҳидагӣ омӯхтан, ҳатто шиор ҳам кардан мумкин аст. Аммо ҳамчун диалектикаи зиндагӣ дар алоҳидагӣ амалигарданда намешавад, зеро хирад, адолат, тараққиёт танҳо дар якҷоягӣ ин армони инсонӣ баробарҳуқуқ ва озод аст, ки бидуни он на демократия ва на ташаккул ва рушди ҷомеаи демократӣ вуҷуд дошта наметавонад.

ДАБИСТОН
Дар дабистони ҷунун будам ба Маҷнун ҳамсабақ,
Ман муқими шаҳр гаштам, ӯ раҳи саҳро гирифт.
(Туғрал)

— Шуморо гоҳо дар бозии шоҳмат, футбол, аспдавонӣ, гӯштин, даҳҳарба, варзиши вазнин, бокс, шиноварӣ ва лижаронӣ мебинию гоҳо дар боғбонию суратгирӣ, кандакорию саёҳати кӯҳӣ. Боз ба сиёсат машғулед, кори илмӣ менависеду таъриху адабиёт меомӯзед, шеър ҳам мегӯед. Оё пешае буд, ки сахт омӯхтанӣ будеду дар дилатон чун ҳасрат монд?
— Дар чор соҳа ҳоло ҳеҷ кор карда натавонистам! Кибернетика, забоншиносӣ, тиб ва архитектура. Умедворам рӯзе меояд, ки дар ин соҳаҳо ҳам нақшаҳоям амалӣ мегарданд.
— Дар умри гузарондаатон аз чӣ пушаймонед?
— Пушаймонӣ ҳамчун лаҳзаи изтироб дар зиндагии ҳар шахс вуҷуд дорад. Аммо дар зиндагӣ аз рӯи мавқеи «ба гузашта ҳасрат накун, ҳозираро нигоҳ дор» амал мекунанд, ки лаҳза бояд ба оғози фаъолияти сифатан нав табдил ёбад. Ҳоло ҳамин тавр ҳам буд ва ҳаст.
— Лаҳзаи беҳтарини умратон?
— Ҳар гоҳе, ки адолат барқарор шуд, барои касе сабукӣ овардам ё аз натиҷаи кору фаъолиятам дили касе ором шуду ҳаловат бурд. Он лаҳза, лаҳзаи беҳтарини зиндагиям аст. Фикр мекунам, ки лаҳзаҳои беҳтарин ҳоло дар пеш аст.

НИШЕБУ ФАРОЗ
Дастам аз баҳри худо эй Исии Марям бигир,
Аз фалак афтад беҳ аст, аз пушти хар афтад касе.
(Сайидо)

— Чиро мехоҳед ба ҳаёт ногаҳон ворид гардад?
— Барҳам хӯрдани психологияи ғуломӣ ва бедории худшиносии мардум.
— «Бачагиям бе касу танҳо гузашт»,- мегӯяд шоир. Аз шумо чӣ?
— Чандин сол боз аз зодгоҳам берун ҳастам. Албатта, дидори хешу ақрабо пазмонам мекунад, аммо бекасӣ барои ман насиб нашудааст. Ғайр аз якчанд рӯзе, ки дар Маскав аз бемории сунъиэҷоди инсулт табобат мегирифтаму дар ҳолати оҷизӣ будам. Дар дигар ҳолат ягон соат надорам, ки ғами дигаронро надошта бошам. Танҳоиро ҳамчун эҷодкории олим дӯст медорам, аммо канӣ ин гуна имконият?
— Нисбат ба нокасию пастӣ чи андеша доред?
— Нокасию разолат ҳоҷати гап надорад. Ҳар сол ҳеҷ набошад як-ду бор ин тоифа одамҳоро вомехӯрам, аммо пастиро паси сар мекунам, ки аз синну соли ман зиёд гаштааст.
— Оё боре аз Раҳматилло Зойиров будан афсӯс хӯрдаед?
— Не.
— Чаро ба аспу саг таваҷҷӯҳи зиёд доред?
— Барои дӯстии аслию вафодорияшон. Аз кӯдакиям орзу мекардам, ки як зоти нави аспу саги тоҷикиро «ихтироъ» кунам, ки аз аспи аҳалтекину овчаркаи немисӣ бақувваттар бошад.
— Боре худро танҳои танҳо ҳис кардед?
— Дар сиёсат ду бор. Дар зиндагӣ маротибае. 3-юми декабри соли 1996 баъд аз гӯронидани модарам, вақте ки дар қабристон яккаю танҳо мондам ва гумон кардам ҳама риштаҳо ба зодгоҳам канда шуд.
— Ба сиёсат гаравиданатонро бурд меҳисобед ё бохт? Оё илм қурбони сиёсат нашуд?
— Савол аз ду қисм иборат аст ва ин масъала эзоҳ талаб мекунад. Ин на бурд, на бохт, ин тақдири ман аст. Сараввал, ман соли 1973 ба сиёсат ворид шудам. Маро соли 1973 ҳатто барои «бегонафикрӣ» мехостанд аз комсомол хориҷ кунанд. Аммо баъд аз як моҳи кашокаш маро узви Бюрои ноҳиявии комсомол интихоб карданд. Соли 1975 мактаби миёнаро бо баҳои аъло тамом кардам. Лекин бе медали тилло, барои «гапгӯшкунак набудан». Солҳои 1976-1980 се маротиба барои ба ҳизби коммунист дохил шудан ариза навишта, 2 бор номзад ба аъзогии КПСС шудам, маротибае бо сабаби дар мавқеи созмони ҳизбӣ мухолиф будан сафи КПСС-ро тарк кардам. Муборизаи сиёсии ман аз он солҳо оғоз ёфтааст.
Дуюм, соли 1983 Академияи юридикии Украинаро бо дипломи аъло хатм кардам. Якум тоҷике будам, ки ин академияро хатм намудам. Дар Академия маро «ревизионисти буржуазӣ» ном гузоштанд, азбаски асарҳои Марксу Ленинро, мавқеъи КПСС-ро дигар хел маънидод мекардам. Соли 1982 бюрои созмони КПСС-и академия ҳуҷҷатҳои ҳизбии маро дида баромад, аммо аз КПСС хориҷ накард. Ғайр аз ин, илми ҳуқуқ илми сиёсист. Илм бе фаъолияти оппозитсионӣ, бе рақобат илми мурда аст. Хусусан назарияи давлат ва ҳуқуқ, ки яке аз ихтисосҳои асосии ман аст. Аз он солҳо усули асосии ман дар илм нуқтаи назари танқидро гуфтану шиорам бартараф намудани ҳама шубҳаҳо буд.
Сеюм. Аз соли 1986 дар Тоҷикистон истиқомат кардаву фаъолият мебарам ва ягон сол бе сиёсат набудам. Танҳо, то соли 1997 ман мушовири сиёсатмадорони зиёде будам, мехостам ба онҳо кӯмак расонам ва ғайра. Чунки онҳо зодаи Тоҷикистон буданду ман не. Аммо ин фаъолият натиҷаи дилхоҳ надод ва охири соли 1997 ба созмон додани ҳизби «Адолат ва тараққиёт», ҳамчун раиси кумитаи тадорукот шурӯъ кардам. Ва 18-уми марти соли 1998 анҷумани созмондеҳи ин ҳизб баргузор гардид ва маро раиси ҳизби сиёсӣ интихоб карданд.
Фикр мекунам, ки худи ман ҳамчун олим дар илм нисбатан қурбонӣ гаштаму аммо ба илми ҳуқуқшиносии тоҷик то имконият буд, ҳиссаи худро гузошта тавонистам. Бо чанд сабаб: Якум, ман аз таҳкурсии илми ҳуқуқ нисбатан дур шудаму ба амалиёти бевосита ворид гардидам, ғайр аз ин, вақти зиёди ман ба сиёсату тайёр кардани шогирдон дар соҳаи ҳуқуқ, сиёсат ва иқтисодиёт сарф шуд. Дуюм, ғояҳои зиёди илмиро (ғайр аз якчанд ғояҳои фундаменталӣ), ки дар илм доштам, ман тавонистам ба воситаи дигарҳо амалӣ гардонам. То имрӯз дар тайёршавии 35 номзад ва 6 доктори илм ҳиссаи худро гузоштам, дар 27 маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ман муҳаррири масъул ҳастам. Акнун фикр мекунам, ки навбати даври илмии ман расидааст, ки ҳозир дар ин бора гуфтанӣ нестам.

ҲИКОЯИ ХУДОВУ РАСУЛИ ӯ
Нақл мекунанд, ки боре пас аз намози шом Нақибхон Туғрал аз Самарқанд омада, дар хонаи як домуллои Вотагӣ (номи деҳае байни Панҷакенту Айнӣ) меҳмон мешавад. Мулло шоирро хуш истиқбол намуда, дар меҳмонхонааш ҷой карда, дастурхон густурда, як табақ ширбиринҷ оварда бо як виқор мегӯяд:
— Ҳазратам! Вақте ки Расули Акрам ба назди Худованд баромаданд, ҳамин таъомро Худованд ба назди Расул гузошт. Марҳамат гиред.
Табъи Нақибхон Туғрал хира гардида, мегӯяд:
— Аз кадом вақт боз ту Худо шудию ман Расул? Ҳе дар ришат… Барои ман хӯроки одамхӯр биёр, на пайғамбархӯр.
Он мулло як гӯсфанди фарбеҳашро кушта, шоирро зиёфат мекунад.
Ҳамин ҳикоя ба хотирам расиду онро нақл намудаму сипас пурсидам:
— Ягон хислату хулқу атвори меросиро дар худ эҳсос мекунед?

— Аз беадолатию бехудоӣ ва дурӯягӣ ҳазар карданро. Барои мардуми мазлум ва ҳақ мубориз будан. Аз мардум, илм ва замин ҷудо нашудан. Аз ҳама муҳим, инсони оддию холис будану ба дигарон баробар мондан.

ГУНОҲ
Бузургтарин гуноҳ тарс аст.
(Ҳазрати Алӣ)

— Дар бораи ташкили ҳизб фикру ақидаи мардум яксон нест. Баъзе андеша доранд, ки барои ҳимоя аз худ чунин ҳизб ташкил намудед…
— Ягона ҳадафи ҳизб ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои як қисми ҷомеа ҳисоб мешуд. Дар давраи гузариш, ки барои Тоҷикистон марҳилаи ибтидоияш бисёр дурудароз гашт ва имрӯз идома дорад, ҳадафи асосии ҳизб ин ифода ва ҳимояи манфиатҳои ҷомеа мебошад. Ҳизб барои Зойиров амал намекунад, балки Зойиров барои ҷоришавии низоми ҳизбӣ дар Тоҷикистон кӯшиш дорад, яъне барои ман манфиатҳои ҳизбию ҷомеа, устувории ҳизбу ҷомеаи шаҳрвандӣ аз манфиатҳои Зойиров волотар меистанд. Ин барои наслҳои имрӯзу оянда лозим мебошад.
— Бубахшед, сабаби аз вазифаи мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанатон худнамоӣ буд ё эътироз?
— Ба ин савол борҳо посухи пурра дода будам. Дар ин ҷо танҳо қайд мекунам, ки барои инсони мансабпараст худро аз имтиёзҳои давлатдорӣ маҳрум сохтан ин худнамоӣ не, ба худкушӣ баробар мебошад, чунки ӯ худро бидуни мансаб на тасаввур, на зиндагӣ карда метавонад. Барои ман мансаб муҳим набуд ва нест (ҳатто дар ҳизб ё ки фаъолияти илмӣ). Вақте ки дар фаъолияти давлатдорӣ сухан ба рафтору амал, присипҳои хизмати давлатӣ ба манфиатҳои ҷомеа, ки ту узви он ҳастӣ, ба ҳам зид меоянд, моҳиятан интихоб кардан лозим: Ту бо кистӣ? Ман виҷдони пок ва манфиати ҷомеаро интихоб кардам, яъне бо эътироз аз мансаб рафтам.


ҶАСОРАТ
Ҳар ки каҷрафтор шуд, бар фарқи мардум ҷо гирифт,
Боварат н-ояд, бубин ин печиши дасторро.
(Бедил)

Ба тамоми чизе, ки ба манфиати мардум нигаронида шудааст, худро бетараф гирифта наметавонад. Дар ниҳоди ӯ ҷавҳареро мебинӣ, ки он дар дигарон дида намешавад. Як соҳибмансабе, ки ҳоло ҳам дар курсии баланд аст, чанд маротиба нақл намуда буд: «Ҳангоми дар Дастгоҳи Раиси ҷумҳур кор карданаш, Раҳматилло ба оддитарин чиз эрод мегирифт. Суханашро бо далелҳо исбот менамуд». Эҳтимол ҳамин чиз боиси чун хори мағелон ба чашми дигарон халидани ӯ гардид. Охир, дар мо қабул шуда: «Тимсоҳ мепаррад? Не, кай боз тимсоҳ мепаридагӣ шудааст? Дар боло гуфтанд. Агар дар боло гуфта бошанд, тимсоҳ мепаррад, танҳо аз уқоб пасттар». Худованд ба Раҳматилло чизеро арзонӣ кардааст, ки на ба ҳар кас насиб мешавад. Он мактаби ибтидоиву миёнаву олӣ надорад. Онро вазире роҳбарӣ кардаву тоҷире арзон харида, қимат фурӯхта наметавонад. Онро «чун бордоркунии сунъӣ» ба вуҷуд дохил намудан мумкин нест. Ва он ҷасорат ном дорад.

АФСӯС
Эй боди тунди сарди қисмат! Лаҳзае ҳамаи он чизе чун хазони фасли тирамоҳ бурдаатро ба пас ор. То онҳо аз рӯзгори талхи гузашта қиссаҳо кунанд. Кош «Бар фалакам даст будӣ чун яздон». Рӯдакиро худ кӯр кардему кунун шабу рӯз «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» мехонем. Не, азизон! Дигар бӯи ҷӯи Мӯлиён намеояд. Нест касе ки Рӯдакивор «Мир моҳ асту Бухоро осмон, моҳ сӯи осмон ояд ҳаме» гӯяд. Ҳар рӯзу ҳама рӯз мебинему мешунавем: «Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд». Вале гӯяндаи ин ҳарф — Бозори Собирро чи подоше додем? Афсӯс…
Афсӯс, ки мо зиндабузургон нашиносем,
Он дам шиносем, ки гӯем куҷо шуд?

АРЗИШ
Хостам дар давраи ниҳоят ҳассос — тайёрӣ ба интихоботи Маҷлиси вакилони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, ки Раҳматило Зойиров аз ҳавзаи якмандатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе номзадияшро пешбарӣ намудааст, чизе нависам. Вале кӯшиши чандрӯзаам барабас рафт. Аниқтараш, чизе гуфта натавонистам. Ғайр аз панҷаи ҳасрат ба рӯй кашидану гуфтан:
Дареғ, Ибни Ямин, ҷое ки он ҷо,
Дусад доно ба нодоне наарзад.
Ноилоҷ навиштаи ду сол қаблро, ки дар ҳафтаномаи «Фараж» ба нашр расида буд, бо андаке таҳрир пешкаши Шумо хонандагон намудам. Агар Раҳматилло Зойиров сазовори овози Шумо нест, пас дареғи Шумост…

Ҷумъаи ТОЛИБ

Раҳматилло Зойиров 16-уми марти соли 1958 дар оилаи серфарзанди ҳунарманди халқӣ Абдуҳамид Зойиров ба дунё омадааст. Аз аберагони Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор (Хоҷа Аҳрори Валӣ). Тоҷик. Оиладор. Соҳиби 3 фарзанд.
Соли 1975 мактаби № 21-и ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Орҷоникидзеи (ҳоло Қибрай) вилояти Тошкандро хатм кардааст.
Соли 1975-1977 аввал боркаши база, сипас чун нақбкани экспедитсияи ҷустуҷӯйи геологии Чаткали Иттиҳодияи «Тошкандгеология» фаъолияти меҳнатияшро оғоз намуда, солҳои 1977-1979 дар гурӯҳи артиши собиқ СССР дар Германия хизмат намуда, солҳои 1979-1983 Академияи юридикии Украинаро (шаҳри Харков) бо дипломи аъло хатм карда, солҳои 1983-1986 дар ин Академия дарс гуфтааст.
Аз соли 1986 инҷониб дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ дорад. Ҳуқуқшинос ва сиёсатшиносӣ касбӣ.
Солҳои 1986-1993 устоди кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултаи ҳуқуқшиносӣ, раиси иттифоқи касаба, муовини декан, котиби созмони ҳизби Коммунист дар факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ.
Солҳои 1993-1994 узви кумитаи назорати Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 1993-1997 мудири шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ ҶТ.
Солҳои 1998-1999 мудири кафедраи ҳуқуқшиносии ДДОТ. Аз декабри соли 2001 то июли соли 2003 мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ.
Моҳи августи соли 2002 сазовори рутбаи мушовири давлатии адлияи дараҷаи дуюм (генерал-лейтенант) гаштааст.
Аз соли 1999 то кунун раиси Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон.
Аз соли 1994 коршиноси СММ, САҲА ва як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон.
Аз соли 1995 то соли 2005 иштирокчии гуфтушуниди тоҷикон дар доираҳои конфронси Дартмут.
Солҳои 1997-2000 коршиноси Ассамблеяи Байнипарлумонии ДДМ оид ба сохтори давлатӣ (шаҳри Санкт-Петербург).
Мутахассиси техникаи қонунгузорӣ. Муаллифи лоиҳаи алтернативӣ (1992) ва ташаббусии (1994) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи зиёда аз 35 лоиҳаи қонунҳо.
Ҳимоятгари ҳуқуқ ва адвокат. Аз соли 1989 то инҷониб ба зиёда аз 7000 шаҳрванд хизмати бепули ҳуқуқӣ расондааст.
Аз соли 1998 асосгузор ва лидери Ҳизбӣ сотсиал — демократи Тоҷикистон.
Олими соҳибтаҷриба. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Муаллифи анқариб 300 кори илмӣ, аз ҷумла 30 китобу брошюра дар соҳаи давлат ва ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, низоъшиносӣ ва иқтисодиёт.
Аз моҳи марти соли 2006 Президенти Федератсияи лижаронони Тоҷикистон.
Иштирокчии зиёда аз 50 симпозиум ва конфронсҳо, соҳиби 20 диплом ва сертификатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Академияи рушди байналмилалӣ, мактабҳои ҳуқуқии донишгоҳҳои Меннесота ва Хэмлини ИМА.

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: