Главная > Uncategorized > Барои ҳуқуқҳои худ талош мекунем!

Барои ҳуқуқҳои худ талош мекунем!

Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдуманонов зимни як иттилои худ зикр кардааст, ки Президенти Русия Димитрий Медведев бо муроҷиатномае аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш намудааст, то барои пахши шабакаҳои телевизионии ОРТ ва РТР-и кишвараш дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки шабакаи ОРТ дар Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолии кишвар то соли 2000 ва РТР то аввалҳои соли сипаришуда пахш мешуд. Аммо давлати Тоҷикистон бо сабаби напардохтани маблағи муайяншуда барои пахши ин ду шабака аз тарафи кишвари Русия пахши онҳоро қатъ намуд.
Ҳамчунин, Абдураҳон Абдуманонов мегӯяд, ки аз сари нав пахш гардидани ин ду шабака дар Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро ба бор хоҳад овард.
Муроҷиати Дмитрий Медведев дар замоне пешниҳод шудааст, ки тайи чанд моҳи охир миёни шабакаи Симои Мустақили Тоҷикистон ва ОРТ баҳс ба миён омадаму ҳоло ҳам ба охир нарасидааст. Намояндагони СМТ иддао доштанд, ки ОРТ ғайриқонунӣ аз радиобасомади онҳо истифода мебурдааст. Баъдан, овозаҳое ҳам паҳн гардид, ки гӯё мақомоти дахлдор талаби қатъи фаъолияти СМТ-ро карда бошанд. Агар чунин бошад, пас метавон гуфт, чун муроҷиат барои пахши дубораи барномаҳои шабакаҳои телевизионии Русия дар сатҳи муносиботи давлатист, шояд ОРТ ин радиобасомадро аз худ кунад. Дар ин ҳол, масъулини ҷониби Тоҷикистонро лозим аст барои фаъолият кардани СМТ рӯйи мавҷи дигари озод мусоидат намоянд.
Директори шабакаи СМТ Зиннатуллоҳи Исмоил вобаста ба ин масъала чунин андеша дорад: «Мутобиқи қарори комиссияи давлатӣ оид ба ҷудо намудани радиобасомадҳо, басомаде, ки имрӯз мо рӯйи он барнома пахш мекунем, қонунан аз они мо мебошад. Тавре, ки шумо мушоҳида намудед, чанд вақт боз барномаҳои шабакаи аввали Русияро пойгоҳи низоми Русия рӯйи радиобасомади мо пахш карда истодааст. Вале қонунан ин радиобасомад моли СМТ мебошад ва бо ҳуҷҷатҳо низ асоснок гардонида шудааст. Фаъолияти СМТ аз оғоз то имрӯз дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва мо низ барои он ки аз ин ҳуқуқи худ истифода барем, ҳамеша талош мекунем».
Фаридуни УМАРБЕК,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: