Главная > Uncategorized > Ба реклама эътимод бастан хатост

Ба реклама эътимод бастан хатост

Ё худ, саглес ва шукуфаю хоришак аз косметика
«Орифлейм ба шумо ҷавонии дубора мебахшад!», «Фаберлик — кафолати қувват ва зебоӣ барои пӯст!», «Креми Нивея — ожангҳои бармаҳали худро дур намо!», «Мериккейн — интихоби шумо барои зебоӣ ва боигарӣ!» аз ҷумлаи шиору рекламаҳое мебошанд, ки мо қариб ҳар рӯз тариқи шабакаҳои маъруфи телевезионҳои ҷаҳонӣ мебинему аз лаҳзаҳои рекламавии шабакаҳои радиоӣ мешунавем. Ҳатто шоҳидон мегӯянд, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Русия овезаҳоеро бо ҳамин мазмун зиёд дидаанд.

Дилсардӣ аз таблиғ
Дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ҳам духтарону бонувони ҷавонро вохӯрдан мумкин аст, ки кортҳои муаррифиеро ба раҳгузарон тақсим карда, истифодаи косметикаҳои «Мериккейн», «Орифлейм» ва ғайраро ташвиқ менамоянд. Дар рекламаҳои шабакаҳои телевезионӣ хонумеро нишон медиҳанд, ки дар гирди чашмонаш ожанг пайдо шудаасту пас аз истифодаи креми «Нивея» ё дигар навъи кремҳо дар муддати кӯтоҳ ожангҳояш несту нобуд гардида, хонум дубора ҷавон шудааст. Ҳамин гуна лаҳзаҳои аҷоибу мӯъҷизавор дар мавриди кремҳои барои даст, хокаҳо барои рӯй, атру молиданиҳои моеъгӣ барои бадан, собунҳои хушбӯй низ зиёд ба назар мерасад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамеша реклама ба ҳақиқат рост меояд. Масалан, Нигина Раҳимова, хонуми тақрибан 40-сола аз шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки барои бартараф кардани ожангҳои гирди чашм ва доғҳои кӯчаки дар рӯяш пайдошуда ӯ муддати се моҳ аз креми «Зелённый чай» истифода кардааст. Муддатҳои аввал креми мазкур тамоми доғҳои рӯйро тоза карда, ба пӯсти рӯй ҷило бахшидааст, аммо бо гузашти дувуним моҳ пӯсти рӯй суп-сурх шуда, ба сӯхтан даромадааст. Мисле, ки пӯст дар оби гарм сӯхта бошад. Сипас, ба духтури бемориҳои пӯст муроҷиат кардааст. Духтур ба ӯ маслиҳат додааст, ки бештар ҳаммоми гарм қабул кунад ва пас аз ҳаммом дар зери офтоб камтар барояду бештар дар хона ё соягӣ гардад. Батадриҷ ин сурхӣ ва тарангии бесобиқаи пӯст бартараф хоҳад шуд. Акнун хонум аз истифодаи крем ба ҷойи зебову ҷавон шудан баръакс бемор гаштаву ба табобати пӯсти рӯяш машғул аст. Ба қавли мардум, «аз ин мондаву аз он ронда». Дар ҳамин ҳол, Шамшода Мухторова, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе мегӯяд, як дӯсташ аз Чин навъи косметикаеро ба ӯ тӯҳфа овардааст, ки 10 дона суратак (маска) дорад. Тибқи гуфтаи хонум Шамшода, он суратакҳо дар таркибашон компонентҳои зиёди химиявию биологие доранд, ки агар ҳар рӯз як бор ба рӯй часпонида, муддати 20 дақиқа нигоҳ доред, рӯйро ҳамвору шаффоф мекунад. Ин навъи косметика ба пӯсти рӯйи ӯ фоида кардааст, аммо ба хоҳари бузургаш баръакс зарар расонидааст. Бонуи дигаре аз истифодаи маводи ороишӣ ҳеҷ натиҷае нагирифтаасту аз тамоми таблиғу ташвиқи чунин мавод дилсард шудааст.

Косметика, пӯст ва шикояти мардум
Албатта кам касоне ёфт мешаванд, ки зарурати истифодаи маводи косметикӣ ва ороиширо надонанд. Пас, бо он ки дар баъзе мавридҳо истифодаи маводи косметикӣ, атру собуну кремҳо ва молиданиҳои хушбӯй ба пӯсти инсон таъсири манфӣ мерасонанд, иллати инро коршиносон дар чӣ мебинанд?
Ойгул Ҳайдарова, пизишки бемориҳои пӯст — косметолог, корманди маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва таносуби узвҳои бадани ҶТ таъсири чунин маводро аслан ба тарзи истифодаву навъи пӯсти истифодабарандагон вобаста медонад. ӯ дар ин бора мегӯяд: «Пӯсти инсон индивидуалӣ буда, навъҳои гуногунро дар бар мегирад. Пӯсти бадани баъзеҳо хушк ва ё баръакс равғанист, ҳассосу нозук ва ё дурушту камэҳсос ва ғайра. Бинобар ин, ҳар кас бояд вобаста ба навъи пӯсташ маводи косметикиву ороиширо истифода кунад. Дар маҷмӯъ, ба реклама пурра эътимод бастан хатост, зеро реклама танҳо ба хотири фурӯши мавод ба роҳ монда мешаваду халос. Вале ҳангоми истифодаи маводи косметикӣ истифодабаранда бояд аввал сатҳи мутобиқати пӯсти худро бисанҷад. Яъне, чанд бор истифода карда бинад, ки оё крем, собун, атр, молиданӣ (ласьён) ва косметикаи интихобкардааш ба пӯсти ӯ таъсири мусбат мерасонад ё манфӣ. Баъди ин метавонад он маводро муддати тӯлонӣ истифода барад ва агар таъсири манфӣ расонад, бояд аз истифодаи он худдорӣ кунад. Аз ҷониби дигар, дар дохили қуттии ҳар косметика, крем, атр ва ғайра варақаи махсуси шарҳӣ — эзоҳӣ ҳаст, ки дар он хоси кадом навъи пӯст будани мавод ҳатман гуфта шудааст. Мутаассифона мардуми мо на ҳамеша ба ин қоидаҳо риоя мекунанд. Истифодаи маводи пастсифати косметикиву ороишӣ, ки дар бозорҳо ва дигар нуқтаҳои фурӯши кишвар бо нархи арзон хеле зиёданд, воқеан ҳам боиси сар задани бемориҳои пӯст шудаанд. Масалан, ба мо нафарони зиёде муроҷиат карда, аз бемориҳои пӯст, амсоли саглес, шукуфа, хоришак ва ғайра, ки дар натиҷаи истифодаи ин мавод дар пӯсти онҳо пайдо шудааст, шикоят мекунанд».

Тарси фурӯшандаҳо аз «Тоҷикстандарт»
Азбаски мусоҳиби мо истифодаи маводи ба стандартҳои давлатӣ мутобиқро тавсия медиҳад, акнун суоле ба миён меояд, ки талабот ба ин гуна маҳсулот чӣ гуна аст? Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин паҳлӯи масъала мо роҳи бозори «Саховат»-ро пеш гирифтем. Вақте ба фурӯшандагон наздик шуда, дар бораи суръати савдояшон аз ҳисоби маводи косметикиву ороишӣ ва сертификати давлатӣ доштан ё надоштани ин гуна мавод пурсон шудем, аксари онҳо аз ҷавоб додан саркашӣ карданд. Бархеи дигар бошанд, бо шубҳа ба мо нигариста, «Шумо аз Тоҷикстандарт ҳастед ё аз ВКД?» гуфта, пурсон мешуданд. Аҷибаш ин буд, ки ҳангоми сӯҳбати мо бо як фурӯшанда, дигар фурӯшандагони ҳампаҳлӯи онҳо маҳсулоти косметикиву ороишияшонро аз чашми мо базудӣ пинҳон мекарданду мегуфтанд, ки чунин маводро савдо намекунанд. Билохира, фурӯшандае ба мо посух дода, аз ҷумла гуфт: «Кори мо савдо кардан аст, на тафтиши сифату додани кафолат ба харидорон! Агар истифодаи косметикаву маҳсулоти ороишӣ ба касе зарар карда бошад, айби мо чӣ? Бигзор бо варақа ё дастурамали он маҳсулот шинос шуда, баъд истифода кунанд. Дар бораи собунҳову атрҳо ва молиданиҳои камсифату арзон бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки на ҳама имкони харидани маводи қиматро доранд. Бинобар ин, талабот ба маҳсулоти арзон, ҳарчанд пастсифат ҳам бошад, зиёдтар аст. Мо маҷбур мешавем, ки барои карахт нашудани борамон маҳсулоти баландсифату қиматро камтар биёрем. Маҳсулоти баландсифату қиматро метавонед аз супермаркетҳо озодона харидорӣ кунед. Инҷо бозори умумист ва маъмулан шахсони миёнаҳол ё камбағал меоянд! То ба ҳол ягон харидоре аз болои мо ба ягон ҷо шикоят накардааст!». Бештари харидорон низ ба нархи мавод таваҷҷӯҳ доштанд, на ба сифаташ. Ба ҳамин тартиб, назару андешаи фурӯшандагону харидорон мухталиф буда, аммо натиҷагирӣ якест. Яъне, ҳар кас ба қадри тавону имконаш фурӯхтаву харида метавонад.

Маводи қалбакиву пастсифат қочоқ мешавад. Чаро?
Бо он ки истифодаи маводи камсифат боиси зиёд шудани бемориҳои пӯст гаштаасту мардум низ аз оддитарин қоидаҳои истифодаи он хабардор нест, пас, воридоти чунин мавод ба дохили кишвар чӣ гуна ҷараён мегирад ва сифати он аз ҷониби кадом ниҳод дар кадом маврид муайян карда мешавад?
Тибқи иттилои маркази матбуотии агентии «Тоҷикстандарт», аслан назорат аз болои сифати маҳсулоти косметикиву ороишӣ ба салоҳияти марказҳои назди Вазорати тандурустӣ дохил мешавад. Дар мавриди фурӯши маводи косметикиву ороишӣ ҳам гуфтанист, ки бештар чунин мавод дар нуқтаҳои махсуси фурӯш, амсоли дорухонаҳо ва марказҳои фурӯши марбут ба идораҳои тандурустӣ мебошад. Ташхиси сифати ин гуна маводро низ шӯъбаҳои санҷишии Маркази фаъолияти формасевтии Тоҷикистон бар дӯш дорад. Аммо аз ҷониби дигар, маҳсулоти ниёзи мардум, ки ба онҳо собуну атру молиданиву косметикаву крем, ранги мӯй ва ғайра низ дохил мешаванд, дар баробари дигар маҳсулоти ниёзи ҷомеа зери санҷишу назорати «Тоҷикстандарт» қарор мегирад. Бештар пастсифатии чунин маҳсулотро «Тоҷикстандарт» дар истеҳсолоти ватанӣ мушаххас кардааст. Масалан, соли гузашта як корхонаи равғанбарории вилояти Хатлон ба миқдори 1400 дона собуни ҷомашӯӣ истеҳсол кардааст, ки воқеан сифати паст доштанд ва бо ин сабаб агентии мазкур фурӯши ин собунҳоро манъ кард. Маҳсулоти воридотии ороишӣ бошад, маъмулан тамғаи корхонаи истеҳсолӣ, суроғаи корхона, мӯҳлати истифодабарӣ ва дигар нишонаҳои мутобиқиро дар худ доранд ва ин далели аллакай стандартизатсия шудани мавод аст. Дар сурати мушаххас кардани камсифатии маводи ороишии воридотӣ низ «Тоҷикстандарт» фурӯши онҳоро мамнӯъ месозад. Вале мо боз ҳам сарфи назар намекунем мавридҳоеро, ки ба таври қочоқ ва ғайриқонунӣ ҳам метавонанд чунин мавод вориди кишвар шаванду дар нуқтаҳои фурӯш қарор гиранд. Агар харидор ба сифати чунин мавод шубҳа дошта бошад, ҳақ дорад, ки аз фурӯшанда ҳуҷҷати мутобиқатии «Тоҷикстандарт», яъне сертификати маҳсулотро, ки дар он сатҳи сифат, иҷозаи фурӯш кафолат дода шудааст, талаб кунад. Агар фурӯшанда чунин сертификатро надошта бошад, пас, харидор ё даъвогар метавонад ба мақомоти зидахл ва хадамотҳои назоратӣ шикоят барад. Ба ҳар сурат, Агентии «Тоҷикстандарт» аз доираи салоҳиятҳои худ берун баромада наметавонад, зеро мақомоти марбутаи дигар ҳам дар ин иртибот фаъолият мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Олим Ҳалимов, сардори шӯъбаи назорати давлатии маводҳои ороишиву гигиении Хадамоти давлатии фаъолияти формасевтии Тоҷикистон пешгирии воридот ва назорат аз болои ин гуна маҳсулотро ба салоҳияти хадамоти мазкур марбут дониста, мегӯяд: «Азбаски дар Қонуни ҶТ «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти формасевтӣ» ба мафҳуми «маводи доруворӣ» мафҳуми «маводи ороишӣ» низ дохил карда шудааст, барои пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти камсифату қалбакии ороишӣ хадамоти мо бо Хадамоти гумруки кишвар як нақшаи кории муштарак дар мавриди назорат ва пешгирии фурӯши чунин маҳсулот ба имзо расонидааст. Аз рӯи ҳамин нақшаи корӣ намояндагони шӯъбаи мо ин гуна маводи пастсифатро ҳангоми гузаронидани назорати сифат дар нуқтаҳои фурӯши яклухт ва чакана ё ҳангоми вуруд дар марз бо мусоидати Хадамоти гумрук пайдо мекунанд. Яъне, вақте маводи ороишие, ки сифатан паст ва қалбакӣ асту ба стандартҳои амалкунандаи ҶТ ва стандартҳои байналхалқие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҷавобгӯй нест, пас мо фурӯш ё вуруди онро манъ мекунем. Ин кор чӣ тавр анҷом меёбад? Вақте ширкатҳои воридкунанда ё соҳибкорон, ки ба таври ошкоро маводи овардаашонро дар ҶТ ба қайд мегиранд, онҳо пеш аз ворид кардан аз заводҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот номгӯи санадҳои меъёрии ҳамон заводро якҷоя бо намунаи маҳсулоташон ба хадамоти мо пешниҳод мекунанд. Дар асоси ҳамон ҳуҷҷатҳои воридшуда, яъне деклоратсия озмоишгоҳ онҳоро зери назорат мегирад ва ташхис гузаронда, сифати маводро муайян мекунад.
Натиҷаи назорат нишон дод, ки чунин маводи камсифату қалбакиро соҳибкорони мо бо нархи нисбатан арзон бештар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин меоранд. Соли гузашта ҳамроҳ бо Хадамоти гумруки шаҳрӣ мо танҳо дар шаҳри Душанбе ба микдори 1 тоннаву 700 килограмм маводи ороишии пастсифату қалбакиеро, ки ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии ҶТ мутобиқ набуданд, сӯзонда нобуд кардем. Ҳамчунин, дар соли 2009 дар маҷмӯъ 82 номгӯи маводи пастсифати ороишие, ки 44801 донаро ташкил медиҳад, нест карда шуд.
Ҳарчанд масъулини агентии «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти давлатии назорати фаъолияти формасевтии кишвар дар назорат бурдан аз болои фурӯш ва ошкор кардани маводи қалбакӣ ё пастсифати ороишӣ салоҳиятдор будани мақомоти мазкурро ба мо иброз доштанд, аммо масъалаи воридот ва қочоқи чунин маводро аслан ба дӯши Хадамоти гумрук арзёбӣ намуданд. Ба қавли эшон, Хадамоти гумрук, ки бевосита вазифаи худро дар нуқтаҳои марзи Тоҷикистон анҷом медиҳад, дар иртибот бо қочоқи маҳсулоти қалбакиву пастсифат аз дигар мақомоти марбута дида салоҳият ва имконияти густурдатаре дорад. Пас, масъулини Хадамоти гумрук чӣ мегӯянд? Тибқи иттилои Абдуназаров Қурбонназар, муовини сардори раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ, соли 2009-ум аз ҷониби воҳидҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон 5 ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи пастсифату қалбакии порфюмерӣ ошкор карда шудааст, ки аз он 3 ҳолаташ дар раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва ду ҳолаташ дар фаъолияти раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Маблағи умумии маводи пастсифати порфюмерие, ки дар ҳолатҳои номбурда ошкор ва пешгирӣ шудаанд, амсоли мушк, духӣ, лабсурхкунак, собун, дизедорант ва ғайра мебошанд, ки 260000 сомониро ташкил медиҳанд. Масалан, моҳи марти соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба маблағи 70000 сомонӣ маводҳои қалбакии порфюмерии шампун, собун, дизедорант, атр, ки истеҳсоли корхонаи «Орифлейм» буда, аз ҷониби Қазоқистон ворид мешуд, ошкор ва пешгирӣ гардид. Моҳи феврали соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Масчоҳ ҳамин гуна мавод, ки аз ҷониби ӯзбекистон ворид мешуд, ба маблағи 76000 сомонӣ ошкор шуд. Охири соли гузашта кормандони Хадамоти гумрук дар бозори «Корвон» маводи пастсифати порфюмериро, ки аз Чин ворид шудааст, ба маблағи 3350 сомонӣ ошкор карданд. Нисбати соҳибкороне, ки чунин маводро вориди кишвар карда, ба фурӯш баровардаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, ба онҳо 119979 сомонӣ ҷарима таъин гардида, маводи пастсифаташон мусодира шудааст.

Ташхис кори осон нест!
Тавре сардори шӯъбаи назорати давлатии маводи ороишиву гегиении Хадамоти давлатии фаъолияти формасевтӣ зикр кард, сифати маводи ороиширо озмоишгоҳи хадамоти мазкур ташхис мекунад. Аммо аксари мардум ё дар бораи ин озмоишгоҳ чизе намедонанд ё аслан ба ташхис эътимод надоранд. Бинобар ин, худи ҷараён ва усулҳои ташхиси маводро аз масъулину мутахассисон пурсон шудем.
Табаралӣ Ёқубов, мудири Озмоишгоҳи маводҳои ороишӣ — гигиенӣ, обҳои минералӣ ва иловагиҳои биологӣ мегӯяд, ки ҳангоми ташхис кормандони озмоишгоҳ аслан аз усулҳои хеле нозуку муассир кор мегиранд. Зеро дар замони рушди фанноварӣ мушаххас кардани маҳсулоти калбакӣ аз маҳсулоти аслӣ хеле душвор аст ва аз мутахассис нуктасанҷии зиёдро талаб мекунад. ӯ ҷараёни ташхисро чунин шарҳ дод: «Ташхис аввал аз намуди зоҳирии мавод шурӯъ мешавад. Яъне, чӣ хел тамғагузорӣ карда шудааст, чӣ хел дар қуттӣ ё халтача печонида шудааст, оё қуттие, ки маҳсулот дар он ҷойгир мебошад маҳкам аст ё кушода ва оё маводи дохили он аз қуттӣ рехта мешавад ё не ва ғайра. Дуюм — ин тамғагузорӣ аст. Яъне, ҳамон мавод чӣ ном дорад, истеҳсолӣ куҷост, кай истеҳсол шудааст, мӯҳлати истифодабарияш чӣ қадар аст. Сипас таркиби ҳамон мавод, ки дар аксарияти қуттиҳо ва рӯи халтаҳои маводҳо дарҷ шудааст, ки ин мавод дар таркибаш чӣ дорад. Мо бояд муайян кунем, ки оё компонентҳои дар тамғаи мавод нишондодашуда дар таркиби мавод воқеан ҳаст ё не? Агар натиҷаи ташхис нишон диҳад, ки тамоми он маълумоте, ки мавод дар таркибаш дорад ва он тамғагузорӣ шуда, дар қуттӣ ё халтаи мавод дарҷ шудаасту дар асл мавод дар таркиби худ он компонентҳоро надорад, пас мо он маводро ба стандартҳои амалкунанда ҷавобгӯй намешуморем ва фурӯши онро мамнӯъ месозем. Масалан, ташхиси як крем мувофиқи стандарти давлатияш аввал аз рӯи намуди зоҳирияш бо назардошти ранг, бӯй ва ғайра шурӯъ мешавад. Мо аз рӯи нишондоди гидрогении кремҳо амал мекунем. Маъмулан нишондоди гидрогении кремҳо аз 4,5 то 9 фоиз бояд бошад. Агар дар вақти ташхис нишондоди гидрогенӣ аз 4 кам ва ё аз 9 фоиз зиёд нишон диҳад, пас, ин крем ҷавобгӯи стандарт нест. Ба ғайр аз ин, мо нишондодҳои устувории колоидӣ дорем. Яъне, крем бояд дар ҳама чиз устувор бошад. Мо ҳамон кремро мегирем, дар синтифуга ном асбоб дорем, ки дар он ҳазор то се-чор маротиба дар муддати муайян тоб ё омезиш медиҳем. Агар дар муддати се ё чор дақиқа дар болои крем то ним сантиметр об ё равған ҷудо шавад, он ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯй аст ва агар об ё равған аз ним сантиметр зиёд бошад, пас он ба стандарт ҷавобгӯй нест. Ба ғайр аз ин, дар таркиби кремҳо ишқор ҳаст, ки тибқи стандарти давлатӣ бояд ишқораш аз 1 фоиз зиёд набошад.
Ҷанбаи аз ҳама мушкил — ин нозукбинии созандагони маводҳои қалбакӣ ва рушди технология аст. Нафароне, ки маҳсулоти қалбакиро ба хотири ба даст овардани фоидаи зиёд месозанд, маъмулан дониши мукаммал доранду донандаи хуби кори худанд. Барои мисол ҳолатеро аз таҷрибаи кории худ мегӯям. «Экмаколор» гуфтанӣ ранги мӯй, ки истеҳсоли Украина аст, нархи барои мардуми мо муносиб, яъне, на қимати зиёду на арзон дорад ва харидораш ҳам зиёд аст. Ин ранг ҳанӯз чанд сол қабл маъруфияти зиёд пайдо кард. Аммо баъдан ширкатҳои тавлидотии Чин ба истеҳсоли ин ранг шурӯъ карданд, ки маводи онҳоро аз нусхаи асл фарқ кардан мушкил аст. Ман ду ранги «Экмаколор», яке истеҳсоли Украина, дигаре истеҳсоли Чинро гирифта санҷидам. Онҳо аз рӯи тамоми параметрҳо якхеланд, якхел таркиб доранд як хел навишаҷот. Аммо пас аз он ки ҳарду рангро барои молидан ба мӯйи сар тайёр кардам, маводи истеҳсоли Чин ҳамааш пас аз ду — се соат ранги дигарро гирифт. Яъне, ранги хокистаррангро. Ҳама медонанд, ки нишондиҳандаи гидрогении ранги мӯй аз 8 то 11 фоиз аст. Албатта истеҳсолкунанда ранги қалбакӣ, андозаи ранги даркориро ба мавод ҷой медиҳад, вале пеаж, яъне нишондиҳандаи гидрогениро зиёдтар меандозад, ки агар пеаш зиёд бошад, кислота зиёд мешавад, агар кам бошад, кислота кам мешавад. Вале дар қуттӣ ё тавсияномаи маҳсулот ҳамон андозае, ки стандарт талаб дорад, ҳамонро ишора мекунад, ки ин сифати рангро хеле номӯътадил мекунад. Яке дигареро реаксия медиҳад ва билохира маҳсулот зуд вайрон мешавад. Бояд гуфт, ки бештар ширкатҳои тавлидотии Чин маҳсулоти кишварҳои дигарро чунон моҳирона нусхабардорӣ мекунанд, ки ҳатто тамғагузории қуттиҳои мавод ва нишондоди меъёрҳои стандартӣ аз нусхаи аслӣ фарқ намекунад, ба ҷуз сифат, ки он ҳам хеле нуктасанҷона амалӣ шудаасту ташхиси он ҳам кори осон нест.
Аз ҷониби дигар, таъсирнокии мавод ба худи организм ҳам вобаста аст. Агар маводи ороишӣ аз қабили крему маскаву дигарҳо ба як кас фоида мекунаду ба каси дигар не, пас ин ба организми он нафар мутобиқ нест, яъне организм онро қабул надорад. Дар илми тиб аллергия ва инеосенхрансия вуҷуд дорад. Аллергия, яъне ки маҳсулот дар истифодаи аввал фоида намедиҳад, вале инеосенхрансия, яъне ки баъди ду-се маротиба истифодаи мавод реаксия медиҳаду ба пӯст таъсири манфӣ мерасонад. Пас, ин ҷо нуқс на аз мавод, балки аз пӯсти истифодабаранда аст».

Роҳи раҳоӣ куҷост?
Ҳарчанд масъулини Хадамоти фаъолияти фармасевтӣ, агентии «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти гумрук ҳар яке мегӯянд, ки вазифаи худро пурра ба иҷро расондаанду маълумоте ҳам дар ин иртибот ба мо медиҳанд, аммо боз ҳам дар растаҳои бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯш маводи порфюмерии пастсифату қалбакӣ вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҳам шикояти мардум аз бемориҳои пӯст, ки аз истифодаи чунин мавод сар задааст, идома меёбад. Масъулини Хадамоти фаъолияти фармасевтӣ ва агентии «Тоҷикстандарт» мегӯянд, ки вазифаи онҳо назорати мавод дар дохили кишвар аст. Ҷониби Хадамоти фаъолияти фармасевтӣ мегӯянд, ки дар сурати пешниҳод шудани намунаи чунин мавод барои ташхис аз ҷониби Хадамоти гумрук, онҳо метавонанд маводи воридотиро бисанҷанд.
Пас, маълум мешавад, ки теъдоди воридкунандагони маҳсулоти порфюмерӣ ба таври қочоқ то ҳол вуҷуд доранд. Чаро? Бо он ки Хадамоти гумрук, ки фаъолияти худро аслан дар нуқтаҳои марзии Тоҷикистон анҷом медиҳаду салоҳият ва масъулияти асосиро бар дӯш дорад, пас, суоли матраҳшуда барои ин мақоми давлатӣ ҳамин аст.

Нилуфари СОБИР, рӯзноманигор

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: