Главная > Uncategorized > Ваъдаи Президентро зери суол мебаранд

Ваъдаи Президентро зери суол мебаранд

Тавре ба назар мерасад, ваъдаи Президенти ҷумҳурӣ дар мавриди таъмини шаффофияти интихоботи парлумонии моҳи феврал ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро як андоза ба истилоҳ «даступохӯрда» кардааст. Аз ҳоло ҲНИТ, ҳизбе ки раиси он ҳама вақт болои ваъдаи Президент тамаркуз мекард, далелҳои ғайришаффофиро мушаххаc карда истодааст. Манзур роҳ наёфтани намояндагони ин ҳизб дар комиссияҳои ҳавзавии баъзе ноҳияҳост.

Имконият аз даст наравад…
Дилсардии аксари аҳзоб, ки ба имкони баргузории як интихоботи озод ва одилона дар Тоҷикистон ба назари шубҳа нигоҳ мекарданд, боис шуд, ки ба ин маърака омодагии чандоне нагирифтанд. Ҳамзамон, «имконият аз даст наравад» гуфта, бархе аҳзоб шахсони тасодуфиро ба номзадӣ дар интихобот пешниҳод карданд. Пас, маълум мешавад, ки ҳизбҳои сарватманд ҳам доштаем. Дар ин бора баъди анҷоми интихобот хоҳем гуфт.
Дар марҳалаи пешбарии номзадҳо пешсаф ҳамоно Ҳизби халқӣ — демократист, ки то кунун теъдоди бештарини номзадҳоро дар ҳавзаҳои инфиродӣ муаррифӣ кардааст. Ҳизби ҳоким ҳамин тавр дар аксари маворид мансабдорҳои собиқадорро ба курсии вакилӣ пешбарӣ кардааст. Зеро мутмаин аст, ки дар интихобот ҳатман баранда хоҳанд шуд. Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ҳизби ҳоким дар интихоботи моҳи феврал бар рақибони худ ба осонӣ ғолиб хоҳад омад. Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто ҳизбҳои сиёсиро ҳушдор медиҳад, ки дар ин сабқат ба вазн нигоҳ накарда, таваккалӣ вориди интихобот шуданд ва афроди ношиносро номзад муаррифӣ намуданд. Ба гуфтаи ӯ, Ҳизби халқӣ — демократӣ дар муқоиса бо аҳзоби дигар номзадҳои шинохтатар ва дар ҷомаи бештар матраҳро пешбарӣ кардааст, ки шонси ҳизби ҳоким ба пирӯзиро дар ин маърака хоҳад афзуд. Ба эътиқоди Сӯҳроб Шарифов, интихобот ин як маъракаи муҳими сиёсӣ аст, на бозии сиёсӣ. «ҲХДТ бо ҷиддият, хеле усутуворона ба интихобот омодагӣ мебинад. Аммо ҳизбҳои дигар мегӯянд, ки ҲХДТ номзадҳои вазнинро пешниҳод мекунад. Мебахшед, интихобот як мақомоти олии қонунбарории Тоҷикистонро интихоб мекунад. Намешавад ки ҳар касеро хоҳед, пешниҳод кунед»,- мегӯяд ӯ. Ҳарчанд чунин таҳлилҳоро аз забони як мақоми расмии Тоҷикистон бо шеваи на он қадар чуқури қиёсӣ шунидан хуш набошад ҳам, ба ҳар сурат, ҷойи қиёс ва зеҳнҳоро таҳрик додан ҳаст. Дар ҳоле, ки мегӯем ҲХДТ бо мансабдоронаш вориди корзор шудааст, пас, оё дар дигар аҳзоб касбиҳо вуҷуд надоранд, то бо вазни касбӣ ва ҷуръати сиёсӣ вориди сабқат шаванд?

Чаро аз ғайриҳизбиён истифода намебаранд?
Ба фарқ аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот имтиҳони сахт ва марҳилаи санҷишӣ барои ҲНИТ аст. Таҳлилгарони мустақил ва расмӣ ба ин боваранд, ки ҳарчанд ҲНИТ-ро шахсияти соҳибнуфуз ва замонавӣ Кабирӣ роҳбарӣ мекунад, вале боз ҳам дар танҳоӣ наметавонад иқтидори сиёсияшро нишон диҳад. Чун дар рӯйхати ин ҳизб шахсони матраҳшуда ба ғайр аз Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, ки бо ҳарифонаш дар сабқати интихоботӣ вазни баланд нишон дод, дида намешавад. Яъне, ба қавле як сиёсатшинос, «Кабирӣ танҳо мондааст». Мақсад аз матраҳ кардани мавқеи ҲНИТ ин аст, ки ин ҳизб баъди ҲХДТ дуввумин ҳизби сераъзост. На ба ин маъно, ки чунин камбудиҳоро дигар аҳзоб надоранд. Ҳатто дар рӯйхати ҲХДТ нафарони барои ҷомеа ношинос зиёданд. Вале ин ҳизб аз шахсиятҳои сазовор ҳам орӣ нест. Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ бар ин назар аст, ки аҳзоби мухолиф бо як назари танг вориди сабқат шуда, намехоҳанд аз нерӯҳои беруниҳизбӣ истифода кунанд. С. Сафаров чунин бархӯрдро намунаи заъфи сиёсӣ медонад ва мегӯяд, ки потенсиали ҷамъияти Тоҷикистон хеле пурқувват асту ҳамаи онҳоро ҲХДТ пурра истифода карда наметавонад. Агар онро дигар ҳизбҳо истифода кунанд, ба манфиати ҷомеаи мо мешавад. Ин тахмин то ҷойе воқеият дорад. Ва ҷойи суол ҳам аст, ки чаро аҳзоб аз нерӯҳои зеҳнии ғайриҳизбӣ истифода намебаранд? Албатта барои ба ин мақсад ноил шудан бояд ҳавасмандии дигарон васила бошад ва шахсиятҳоро аҳзоб шиносанд. «ҲНИТ имконоти моддӣ дорад, вале чаро аз кадрҳои ғайриҳизбӣ истифода намекунад? Номзадҳои арзанда дар Тоҷикистон зиёд аст, ин ҳам тактика аст, бояд ки истифода кунанд»,- мегӯяд С. Сафаров.

Васеъназарии Зойиров ва Кабирӣ
Намояндагони аҳзоб мегӯянд, ки мушкили онҳо бештар дасти танг аст, на тангии назар. Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳизби ӯ тавонистааст як идда шахсиятҳои обрӯманд ва шинохтаро ба интихоботи моҳи феврал пешниҳод кунад. Ба гуфтаи вай, аз нигоҳи назар ба ҳама масоили ҷомеа, назари ҲСДТ аз назари ҲХДТ васеътар аст. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки дар ҲНИТ нишонаи тангназарӣ дида намешавад. «Мо аз ҳизбҳое ҳастем, ки дар қиболи ҳарифамон — ҳизби ҳоким 20 номзад пешниҳод кардем. Ҳамзамон, дар ҳавзаҳои инфиродӣ 22 номзад муаррифӣ намудем»,- иброз медорад ӯ. Вале Иброҳим Усмон, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки мутаассифона, дар рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ афроде ҳам роҳ ёфтаанд, ки чандон ҷуръат ва дарки сиёсӣ надоранд ва ҳатто аз худ дифоъ карда наметавонанд, чӣ ҷойи ҳарф задан аз пирӯзӣ дар интихобот. — Агар ба рӯйхати ҳизбӣ нигоҳ кунед,- меафзояд ӯ, аксарияташон дар сатҳи маҳаллашон шинос нестанд, чӣ расад ба он, ки дар ҷумҳурӣ муаррифӣ нашудаанд. Дар ҳар сурат, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар чунин як ҳоли даступохӯрдагӣ вориди марҳалаи навбатии интихобот — маъракаҳои таблиғотӣ мешаванд. Пешбурди корзори интихоботӣ, як кори хеле пурҳазина аст ва аҳзоби мухолиф, ки дар даст танҳо ваъдаи хушкухолии давлат дар мавриди баргузории як интихоботи шаффофро доранд, аз сарфи маболиғи бузург дар ин маърака ҳамчунон андеша мекунанд, ки мабодо кори интихобот мисли дафъаҳои гузашта боз ҳам ба тақаллуб ба нафъи намояндагони давлат бикашад ва маблағҳои дар интихобот гузоштаи аҳзоб ин бор ҳам ба ҳаво биравад. Имконоти маҳдуди молӣ ва адами як сохтори муассири ҳизбиро, ба хусус дар музофот, аз дигар омилҳое мешиносанд, ки дасти аҳзоби ба хусус мухолифро аз мушориктаи густарда дар интихоботи моҳи феврал кӯтоҳ мекунад.

Дигар ваъдабозӣ бас аст!
ҲНИТ имконоти хубтари молӣ ва ҳам як сохтори нисбатан беҳтари ҳизбӣ дорад. Вале раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар бораи имконоти ҳизбаш дар интихоботи дарпешистода мегӯяд, агар воқеан масъулини давлатӣ эҳсос мекунанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ шахсиятҳои варзида надоранд, бояд комиссияҳои интихоботиро иҷоза медоданд, то намояндагони ҳизбҳо ворид мешуданд. Дар ин ҳолат интихобот нишон медод, ки ҳизбҳои сиёсӣ шахсиятҳои арзанда доранд ё не.
Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, ки ҲНИТ баъди ҲХДТ нуфуз дошта бошад ҳам, номзадҳояш шинохта ва арзанда нестанд. Чунки мардум онҳоро намешиносанд. Дар робита ба ин назари таҳлилгар Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд: «Аз таҳлилгарони мақомоти расмӣ хоҳиш мекунам, ки ба иззати нафси номзадҳои ҳизби мо нарасанд». То ҷойе ин посух қобили мулоҳиза аст, вале ҳамоно хостаҳои мардуми раъйдиҳанда дигар сари ваъдаҳо неву амалкарди шахсиятҳо сурат мегирад. Ин чизи табиист. Ин суол барои расидан ба иззати нафси касе равона нашудааст, балки ишора ба камбудии шахсиятҳост.
Интихоботи дар пеш истода танҳо як интихобот аст, ки иддае онро бозии сиёсӣ, иддаи дигар намоиши демократия ба ҷомеаи Аврупо мехонанду бархе бо ҳар роҳ вориди он мешаванд. Вале фалокат ва манфиати интихобот болои афкору аъмоли як миллат қарор мегирад. Миллате, ки имрӯз бо Румиву Сино, Рӯдакиву Исмоили Сомонӣ, Абӯҳанифа (р) ба гунае фахр мекунад. Вале имрӯз худашро аз дастгирии Сомониҳову Синоҳои воқеӣ дар канор гирифтааст.
Шиори ин миллат дар ин шабу рӯз бояд «ХИҶОЛАТ!» Бошад. Ё не? Чун сиёсатмадору вакилу пешвои динияш ҳама масти ғаризаву манфиатҳои шахсии худ ҳастанд, на зовияи миллат ва на як фард барояшон арзише надорад.

Ҳарамгули ҚОДИР

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Нахзати
    Февраль 12, 2010 в 1:00 пп

    Xonum Haramguli Qodir, shumo ba in gapaton «Шиори ин миллат дар ин шабу рӯз бояд «ХИҶОЛАТ!» Бошад. Ё не? Чун сиёсатмадору вакилу пешвои динияш ҳама масти ғаризаву манфиатҳои шахсии худ ҳастанд, на зовияи миллат ва на як фард барояшон арзише надорад» chi mexohed guyed?
    Bixohi yo naxohi hama mardum HNIT dust dorand va baroyash owoz medihand.

  2. Usmon аз Хучанд
    Февраль 12, 2010 в 3:30 пп

    О апаи Харамгули Кодир, чи чизат намерасад, ки ика сафсатагуихоро нисбати Устоди азизи мо М. Кабири мезанед. Оё он дасисахое, ки аз чихатхои маълум сохта мешаванд кофи нест, ки Шумо худро як журналисти масъулиятшинос мегиред ин тухматхоро нисбати яке аз фарзонатарин шахсиятхои Точик раво медоред.
    ХХДТ чи кардааст, дар муддати солхои хокимияташ? Агар номзадхои мо лоик ва машхур нестанд, хайр бигзоред ки намояндахоямон дар марокизи интихобот бошанд?
    Шумо хам як дарбории дигар шудаед. Як ду се маколаи дигар мисли ин нависед, хукумат бароятон вазифа хохад дод.
    Дуввум чаро бар иззати нафси Устод Кабири мерасед. Агар ункадар донои, фикрхову корхояшро накд бигир. Худованд бароят тавфик ато фармояд.

  3. Февраль 12, 2010 в 6:38 пп

    peh az ogozi suhbat mekhoham yod ras namoyam ki har kasb har jodah har roh gonun va odobu nazokaathoi khosi khudro dorad
    va shumo khonumi muhtaram baunvoni yak xabar nigor boyad ki voge binona va begarazona dast bagalam bared va hagigatro dar rui kogaz ored
    shoyad shumo zeri suol burdani vadaro bahona garor dodedu bar asosi garazhoi khesh az fursati munosib istifoda burda harchi ki dilaton khohad menavised vale qonun shikani va mone taroshihoe ki imruz az sui magomot dar barobari NAHZAT surat megirad in khud zeri suol burdani vadai President ne no farmoni zer dastoni President az farmoni ust
    dar injoham gunahgor Nahzat ast ? amsoli shumo harchiki mexohand navisan vale sahnai siyosi Tojikiston khhud nishon medihad joigohi in HIZBI ro va chunoneki guftaand daraxti mevadora sang mezannan va javobi daraxt juz ba mevai xesh nest umedvoram ki komi talxi shumo niz az mevahoi nahzat shiirn shavad KHonumi Muhataram haram guli Godir

  4. Mehraban
    Февраль 14, 2010 в 11:03 дп

    Хонуми Харамгул, чаро шумо ин кадар бемавкеъ ва беасос навиштаед? Ман шуморо нафахмидам, хамеша дунболи таърифу тавсифи ХНИТ ва махсусан Кабири мегаштету, имруз якбора ба танкид ва ин хам бошад беасос, ру овардед.. сабаби рафтори номатлуб чист?

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s