Главная > Uncategorized > Зиҳӣ, Оқил Оқилов, ки муште ба пушти иддаои беасоси сарвазири ӯзбекистон кӯфт!

Зиҳӣ, Оқил Оқилов, ки муште ба пушти иддаои беасоси сарвазири ӯзбекистон кӯфт!

Аслан, таҳриккунандаи беҳтарин барои ба чизе ноил гардидани инсон аз фишоровариву пешпойдиҳии нафари дигар, ки ДУШМАН номаш гузоштаанд, чизе хубтаре нест. Зеро чунин ҳолатҳо шахси дар мавқеи худ устуворро боз ҳам муборизтар мекунад, то ба ҳадафҳояш расад. Ҳамин гуна мисолро метавон дар симои кишварҳои пешрафтае ба мисоли Ҷумҳурии Исломии Эрон овард. Яъне, вақте Эрон Инқилоб кард, баъзе кишварҳо ба воситаи фишори иқтисодӣ мехостанд ин давлати таърихи қадима доштаро аз байн баранд, вале ҳадафҳои нопокашон ба хато амалӣ гардид. Вале баръакс, Эрон ҳама умедашро аз дигар кишварҳо канду оҳиста-оҳиста бо қувваи худаш ба по хест ва ин аст, ки ҳоло яке аз кишварҳои қудратмантарини ҷаҳон ба шумор меравад. Акнун меоем сари кишвари худ, ки чунин давраро аз сар гузаронида истодааст.

Фишорҳои пардапӯшона
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, дар айни бесарусомонӣ корхонаву фабрикаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ба коми нестӣ рафт, ки ин кишварро аз ҷиҳати иқтисодиёт чанд сол ба қафо бурд. Хусусан аз ҷиҳати газу барқ, ки истеҳсолоти худӣ имкон намедиҳад тамоми сол мардум бо газу барқ таъмин шаванд, Тоҷикистон рӯ овард ба кишварҳои содиркунанда. Зеро Тоҷикистон ҳамасола дар фасли сармо ба мушкилоти энергетикӣ дучор мешуд ва аз зимистон ба зимистон ин мушкил печидатар мегардид. Аз ин рӯ, ҳар зимистон Тоҷикистон маҷбур мешавад низоми маҳдуди интиқоли барқро дар кишвар ҷорӣ намояд. Дар ин муддат барои он ки қоматашро рост кунад, Тоҷикистон аз бисёр кишварҳо вобастагӣ пайдо кард. Русияи «бародар» дасти кӯмак дароз намуду НБО-и «Сангтӯда-1»-ро сохта, 75 фоизи саҳмияашро аз худ кард ва оқибат худи Тоҷикистонро қарздор сохт.
Ҷумҳурии ба мо ҳамсояи ӯзбекистон бошад, ҳамеша бо ҳар баҳона кӯшиш карда истодааст, ки барои ба Тоҷикистон фишор овардан заминаҳояшро фарохтаркунад. Яъне зиёдтар аз фишорҳои иқтисодӣ, аз ҷумла қатъ кардани интиқоли нерӯи барқу газ ва гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз сарҳад, ҳамчунин, боло бурдани тарофаҳои гумрукии молу амвол ва ғайра барои он аст, ки Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ нарасад.
Махсусан, дар интиқоли молҳои транзитӣ ба Тоҷикистон ба воситаи роҳи оҳан ҳафтае нест, ки дар сарҳади ӯзбекистон монеа эҷод накунанд.
Маҳз дар аёми сармо ӯзбекистон интиқоли барқ, ҳатто барқеро, ки бояд аз дигар кишварҳо ба воситаи ин кишвар вориди Тоҷикистон шавад, махсус, ба таври маснуӣ қатъ мекунад.
Барои ҳамин ҳам, дар давоми 18-соли Истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон акнун ягона умед ва роҳи раҳоияшро аз бунбасти энергетикӣ дар бунёди нерӯгоҳҳои бузурги худӣ дидааст. Хусусан, сари сохтмони НБО-и «Роғун» Президенти кишвар қарори қатъӣ қабул карда, аз тамоми қувваш истифода бурда истодааст, то ин нерӯгоҳро созанд.
Аммо аз рӯзе, ки сари сохтмони ин иншооти бузург тасмими қатъӣ гирифта шуд, мисле ки дар пӯстини ҳамосоякишварамон — ӯзбекистон кайк даромада бошад, безобита шудааст.
Дар аввал ӯзбекистон аз дигар фишангҳо пардапӯшона истифода бурд, то ба сохтмони НБО-и «Роғун» халал расонад, аммо он ҳама мушкилэҷодкуниҳо баръакс ҷониби Тоҷикистонро водор месохт, то ин нерӯгоҳи бузургро созад.
Масалан, 3-юми декабри соли 2009 вазири корҳои хориҷии ӯзбекистон — Владимир Норов дар як нишасти вазироии кишварҳои узви САҲА дар Афина бо ишора ба НБО-и «Роғун» гуфта буд, ки эҳтимоли хатар аз тарҳҳои бузурги энергетикӣ ва сарбандҳои бузург дар ин минтақа бештар шудааст.
Аз чӣ бошад, Ҷумҳурии ӯзбекистон изҳори норозигии худро танҳо дар як чиз исбот мекунад: мушкилоти ҷиддӣ ва офатҳои эҳтимолии табииеро аз ин сохтмони бузург, ки он метавонад тавозуни иқлимро дар манотиқе тағйир бидиҳад.
Бояд гуфт, чунини изҳорот аз ҷониби сафири ӯзбекистон дар Тоҷикистон низ сурат гирифта буд. Тавре хабаргузории АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 23-юми ноябр сафири Ҷумҳурии ӯзбекистон дар Тоҷикистон вобаста ба масъалаи хориҷ гардидани кишвараш аз Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ нишасти матбуотӣ баргузор карда, эродҳое баён намуд, ки сохторҳои давлатии Тоҷикистон беасос будани онҳоро собит карданд.
Аз ҷумла, дар бораи аз замони ҳокимияти Шӯравӣ то имрӯз ягон маротиба тармим карда нашудани системаи энергетикии Тоҷикистон, дар бораи талафоти калони қувваи барқ, дар бораи фалокати 9-уми ноябри соли равон дар НБО-и «Норак» рухдода ва ғайра Тоҷикистонро айбдор карда буд.
Сардори хадамоти марказии танзими Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи Тоҷик» Одинамаҳмад Чоршанбиев дар ҷавоби сафири ӯзбек зикр кард, ки системаи энергетикии Тоҷикистон муттасил тараққӣ мекунад. Солҳои охир фаъолияти бисёр нерӯгоҳҳои хурду калони барқӣ ба талаботи имрӯза мувофиқ карда мешаванд.
Инчунин, ба қавли намояндаи ҷамъияти саҳҳомии «Барқи тоҷик» Сергей Ткаченко, то рух додани фалокат системаи энергетикии Тоҷикистон аз Системаи энергетикии муттаҳидаи Осиёи Марказӣ ҷудо карда шуда буд ва мустақилона кор мекард. Дар натиҷаи фалокат интиқоли қувваи барқ ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии ӯзбекистон қатъ карда шуд».

Таҳдиди ошкорои ӯзбекистон
То ин дам ӯзбекистон бо роҳи даъват ва фишоровариҳои пардапӯшона мехост монеи сохтмони НБО-и «Роғун» шавад, аммо чун ҳадафаш амалӣ нашуд, акнун роҳи дигарро рӯи даст гирифтааст.
Яъне, ахиран расман, ба таври ошкоро ба таҳдид гузашт. Сарвазири ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар рӯзномаи ҳукуматии ӯзбекистон «Правда Востока» ба унвонии сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов номае нашр намуд. Дар он Шавкат Мирзиёев, зимни баёни нигаронии кишвараш аз сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» гуфтааст, ки дар сурати сарфи назар шудани ин мавқеъ, ӯзбекистон маҷбур аст, то барои рафъи пайомадҳои эҳтимолии ба гуфтаи ӯ «фоҷеабори иҷрои ин тарҳ» ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.
Аммо аҷиб ин аст, ки ин сохтмон ҳанӯз дар солҳои Шӯравӣ оғоз ёфта буду чаро имрӯз аз хатари он дар ҳарос афтоданд? Аз тарафи дигар, агар ин нерӯгоҳ хатар дошта бошад, охир зарараш аввал ба худи Тоҷикистон мерасад-ку! Пас, инҷо ғарази дигар набошад, чаро аз ин «хатар» Тоҷикистон неву ӯзбекистон бештар нигарон аст?
Дар ҳоле, ки дар замони Шӯравӣ ва ҳам дар солҳои ахир борҳо масъалаи сохтмони «Роғун» аз дидгоҳи амнияти экологӣ аз ҷониби ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ мавриди санҷиш қарор гирифтаву нишон додааст, ки нигарониҳои кишварҳо дар мавриди сохтмони ин нерӯгоҳ беасос аст.
Ё ин ки, тавре Оқил Оқилов дар номаи худ ёдрас шудааст, ду сол қабл низ Тоҷикистон расман аз кишварҳои минтақа дархост карда буд ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар чаҳорчӯби консорсиюми байналмилалӣ таҳти сарпарастии СММ ҳамроҳ шаванд. Аммо он замон ҳам ҳатто ба тақозои дубора ҷониби ӯзбекистон посух надод.
Ҳамчунин, ӯ дар посух ба номаи ҳамтои ӯзбекистонияш гуфтааст, ки Тоҷикистон тасмими худро тағйир нахоҳад дод.
Сарвазири Тоҷикистон ба тағйирнопазирии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи амалӣ намудани тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» чунин таъкид намудааст: «Лоиҳаҳои Тоҷикистон алайҳи ҳеҷ кишваре нест ва дар ин росто бо назардошти манофеи кишварҳои минтақа мо омода ҳастем ҳамкории танготанг бо ҳамсояҳои худро пеш барем».
Чунин ҷасорати сарвазири кишвар Оқил Оқилов, ки ӯро шахсияти ҳамеша хомӯшу сархам муаррифӣ мекарданд, шояд нафарони зиёдеро ҳам мувоҷеҳ ба тааҷҷубу ҳайрат намуд. Аммо намунаи охири фаъолияти ӯ нишон дод, ки хомӯшон ботамкинанду баъди мулоҳизаҳои зиёд дармегиранд. Зиҳӣ, Оқил Оқилов, ки муште ба пушти иддаои беасоси сарвазири ӯзбекистон кӯфт!

Тоҷикистон бояд
аз Эрон сабақ гирад
Тавре дар боло ёдрас шудем, Эрон маҳз чунин фишоровариҳоро пушти сар кард ва Тоҷикистонро низ ӯзбекистон худаш маҷбур карда истодааст, то сари тасмими худ устувор бошад. Чунончӣ, хабаргузории ХОВАР иттилоъ додааст, ки ин гуна фишоровариҳо мардуми тоҷикро боз ҳам муттаҳидтар мекунад. Масъалан, рӯзи 5-уми феврал танҳо тавассути сохторҳои маҳаллии «Амонатбонк» то соати 16 ба маблағи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ саҳмияҳо харидорӣ шуданд, ки нисбат ба рӯзи 3-юми феврал 700 ҳазор ва рӯзи 4-уми феврал 200 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Ҳамчунин Яраш Пӯлодов, мудири Пажӯҳишгоҳи Вазорати об ва обёрии Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ин лоиҳа чандин маротиба аз экспертиза гузаштааст. Ҳатто дар муддати 25-30 сол олимону донишмандон, мутахассисон ва коршиносон ин мавзӯъро баррасӣ карданд. Ин масъалаи имрӯз нест.
Пас, аз ин гуфтаи Пӯлодов метавон хулоса кард, ки сабаби аслии нигаронии мақомоти ӯзбекистон маҳз дар он аст, ки кишвари ҳамсоя намехоҳад Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ даст ёбад ва аз вобастагӣ раҳо шавад.

Саида ҚУРБОНОВА,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: