Главная > Uncategorized > Ярмарка аз бозор чӣ фарқ дорад?

Ярмарка аз бозор чӣ фарқ дорад?

Мӯйсафед як ниҳоли бодом ва як хурморо 10 сомонӣ нарх монда, пулро ба ниҳолфурӯш дароз кард. ӯ пулро гирифта аввал дар даври ниҳолҳо ва баъдан дар наздики даҳонаш бурда, гӯё ягон дуо хонду сипас ба киса андохт. Онсӯтар марди тахминан 45-50-сола ниҳолҳоро аз назар гузаронида, изҳори норозигӣ баён мекард. Наздаш рафтам ва пурсидам, ки ниҳолҳо магар маъқул нашуданд. Вай даст афшонда гуфт, ки «аз халқи мо деҳқон намебарояд!».
Тақдири ниҳоли боғбон…
Дар ярмаркаи фурӯши ниҳолҳои шаҳри Душанбе, ки дар боғи «Дӯстӣ» баргузор гашт, воқеан нархи ниҳолҳо аз бозор то андозае тафовут дошт. Масалан, нархи як дарахти хурмо 6-7 сомонӣ буд, ки бо чунин арзиш дар ноҳияи Шаҳринав тоҷире ду ниҳоли хурмо харидорӣ кард. Аз ин бармеояд, ки нархи ниҳолҳо дар ярмарка аз қимат буданаш нисбат дар бозор тафовут дорад. Пас чунин ярмарка оё ба хотири фурӯхтани 20-30 ниҳоли сабзонидаи боғбон ташкил карда шудааст? Агар мақсад ҳамин бошад, ҳосил шуд. Вале тақдири 20-30 ҳазор ниҳоле, ки боғбон ба умеди суд сабзонида буд, чӣ мешавад? Бо ин нархе, ки дар бозор фурӯшандаҳои ниҳол ба намоиш гузоштанд, шояд дигар харидор ба боғбон ва соҳибони хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ муроҷиат накунад. Чунин қоидаи бозаргонӣ сабаб шудааст, ки миллионҳо ниҳоли парваридаи боғбон дар кунҷи боғ хушк шуда мераваду лекин розӣ намешавад, ки бо нархи каме арзонтар онро дастраси хоҳишмандон кунад, то дар оянда самаре диҳад ва мисли соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли мева ба 18 фоиз кам нагардад.

Боғбон аз мову гелос аз Хитой
Як шинос занг зада гуфт, ки рӯзи 6-уми феврал дар боғи «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо ташкил мешавад, агар хоҳиш дошта бошам, бо ӯ дар ин намоишгоҳ ширкат кунам ва дар харидани ниҳолҳо ҳамроҳӣ намоям.
Соат 09:00. Рӯзи 6-уми феврал ҳамроҳи шиноси худ ба боғи «Дӯстӣ» омадам. Ҳаво тираву боронӣ буд. Намояндагони хоҷагиҳои гунонуни ниҳолпарварӣ ниҳолҳоро ба маърази тамошо гузошта буданд. Аз ҷумла, дар ин ярмарка аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияи Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Восеъ ва дигар навоҳии кишвар намояндагон ширкат доштанд. Ба ҷуз аз ниҳолҳо боз навъи гуногуни гулҳо, тухми сабзавот ва дорувории зидди ҳашарот низ дар намоишгоҳ монда шудааст. Дар қатори фурӯши ниҳолҳо боз бозори самбӯсаву хот-догфурӯшҳо дар авҷ буд. Аммо ба семечкафурӯш милиса «шанс» намедод, то вориди бозор гардад. Дар беруни дарвоза аз семечкафурӯше хостам семечка харам, аммо ҳанӯз стаканро аз дохили аробааш набароварда, милиса расида омад ва ӯро «бадарға» кард. Вориди намоишгоҳ шудам. Мӯйсафеде ниҳол савдо мекард. Нархи ниҳолҳоро як — як пурсида, сипас ба фурӯшанда муроҷиат карду гуфт: «Ту инсоф дорӣ ё не? Охир ин ҷо ярмарка аст, на бозор! Наход аз 5 сомонӣ поён ниҳол надошта бошӣ!?». Фурӯшанда ранҷидахотир посух дод, ки аз худи ноҳияи Восеъ заҳмат кашида омадааст, лоақал роҳпулӣ кор карданаш даркор. Мӯйсафед як ниҳоли бодом ва як хурморо 10 сомонӣ нарх монда, пулро ба ниҳолфурӯш дароз кард. ӯ пулро гирифта аввал дар даври ниҳолҳо ва баъдан дар наздики даҳонаш бурда, гӯё ягон дуо хонду сипас ба киса андохт. Онсӯтар марди тахминан 45-50-сола ниҳолҳоро аз назар гузаронида, изҳори норозигӣ баён мекард. Наздаш рафтам ва пурсидам, ки ниҳолҳо магар маъқул нашуданд. Вай даст афшонда гуфт, ки «аз халқи мо деҳқон намебарояд!». Суханашро идома дода, далел овард, ки агар тоҷикон деҳқону боғбон мебуданд, аз Хитой 1 млн. ниҳоли гелос намехариданд ва баъдан аз ноӯҳдабароии эшон тамоми ниҳолҳо нобуд намешуд. Боз илова кард, ки агар мо боғбон медоштем, аз худи давлати Хитой себу нок харида намеовардем.
Як бобои ришдори дигар дар паҳлӯи мо истода, бо гулфурӯш савдо мекард. Вай гуфт, ки аз худи Кӯлоб омадааст ва мехоҳад ягон намуди гул ва якчанд дарахт харида, дар саҳни масҷид шинонад. Як банд гули дар дохили зарф руйидаро бардошта, нархашро пурсон шуд. Фурӯшанда қимати онро 50 сомонӣ арзёбӣ кард. Он мард 30 сомонӣ бароварда дод, ки баҳри савоб розӣ шавад. Ҷавоби рад гирифт. Ба сӯи ман нигариста афзуд, ки дидӣ, барои масҷид харидорӣ карданиям, арзон намекунад.
Шиноси ман намоишгоҳро пурра давр зада омад ва изҳор дошт, ки нарх қимат аст, аз ин ҷо ниҳол харидан суде надорад. Боз ба замми ин, ҳаво боронист ва хоки решаи ниҳолро мешӯяду эътимод ба сабзидани он камтар мегардад. Вай ба ноҳияи Шаҳринав равон шуд. Борон нисфирӯзӣ ниҳоят бошиддат рехт. Ба хона баргаштам. Бегоҳ он шинос занг зада гуфт, ки дар Шаҳринав ниҳоли шафтолуро бо нархи 3 сомонӣ ва хурморо 3,5 сомонӣ харидааст.
Аҷоиботи кор дар он аст, ки дар байни хоҷагиҳои ниҳолпарварии дар ин намоишгоҳ ҳузурдошта намояндагони хоҷагии ниҳолпарварии Шаҳринав низ буданд. Вале нархи ниҳолҳои хоҷагии мазкур аз 5 сомонӣ поён набуд. Танҳо як намуди ниҳоли ангур, ки ниҳоят хурд буд, 3 сомонӣ арзиш дошт. Вале дар тамоми бозор ҷӯё шудаму ягон ниҳоли писта дарёб накардам. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи солони 2008 Президент супориш дода буд, ки ба парвариши писта эътибори ҷиддӣ дода шавад. Як сол сипарӣ шуд, аммо аз ниҳоли писта дараке нест. Танҳо дар вохӯрии Президент бо соҳибкорон соли ҷорӣ як соҳиби хоҷагӣ иброз дошт, ки ба парвариши ниҳоли писта даст ёфтааст ва изҳор кард, ки барои шинонидан дар дигар навоҳӣ хоҳишмандон метавонанд ниҳолҳоро аз ӯ дастрас кунанд.

Нуруллоҳи АҲМАД

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: