Главная > Uncategorized > Ҷӯгиҳои Тунддара:»Ба Президент нома навиштем»

Ҷӯгиҳои Тунддара:»Ба Президент нома навиштем»

Дар минибуси мусофиркаш шоҳиди воқеае шудем, ки ҷӯгиҳо дар курсиҳои пеши салон нишаста, аз нишастагони курсиҳои қафо пул мепурсиданд. Ба якдигар нигариставу гуфтем, ки «наход ҳамин хел даста-даста шуда гарданд, дар куҷо зиндагӣ мекарда бошанд!?». Нафаре, ки наздамон нишаста буд, лабханде кардаву гуфт: «Эҳа, ҳозир намедонед, ҷӯгиҳо пули аз мо зиёд, хонаҳои аз хонаҳои мо зеботар доранд». Ин нафар деҳаеро зикр намуд бо номи Тунддара, ки дар онҷо куллан ҷӯгиҳо зиндагӣ мекардаанд. Баъди он рӯз майле моро домангир шуд, ки ба деҳаи номбурда биравем, то вазъи зиндагии ҷӯгиҳоро омӯзем.
Ғофил аз лаҳзаҳои фароғатӣ…
Баробари ворид шудан ба деҳаи Тунддара шоҳиди он гаштем, ки он аз дигар деҳот фарқе надорад. Ба гуфтаи яке аз маскунини Тунддара, деҳа аз 90 хоҷагӣ иборат будааст. Сараввал хостем бо раиси маҳалла ҳамсӯҳбат шавем, аммо аз он ки ӯ ҳузур надошт, сӯҳбатамон бо ёвараш доир шуд. Ба қавли ёвари раиси маҳалла — Ҳикмат, ин мардум мардуми гадоянд. «Аз сабабе, ки мардуми гадо ҳастем, то ҳоло бо мушкилот ҳамқадамем. Аз набудани қувваи барқу вайрон будани роҳҳо мардум дар сардиҳои замистон азияти сахт мекашанд. Симу симходаҳо фарсудаву корношоям гаштаанд. Дар як ноҳия, ҳатто дар як деҳа мардуми тоҷик бо ин неъмати бебаҳо таъминанду як гурӯҳи дигар, яъне мо — ҷӯгиҳо, халқи гадо ва камбизоат, ки симоямон ба онҳо маъқул нест, аз барқ маҳрумем. Аммо нобаробариҳои чашмрас бе чуну чаро ба рафтори масъулони соҳа баҳои воқеӣ медиҳанд. Дар як шабонарӯз ба мо ҳатто аз рӯи меъёри ҷорикардаи Президент, ки 7 соат аст, барқ намедиҳанд. Рӯзҳое мешавад, ки рӯи барқро намебинем. Ё баъзан як рӯз барқро истифода мебарему панҷ рӯзи дигар не. Мо — халқи камбизоат маҳрум аз тамошои оинаи нилгуну ғофил аз лаҳзаҳои фароғатӣ бебарқиро паси сар менамоем. Воқеан ҳам таҷҷубовар аст, ки чаро дар деҳоти ҳамсоя қувваи барқ ҳасту дар мо не. Борҳо дар ин бора ба сардори идораи барқ муроҷиат кардем. Аммо бе натиҷа. Ҳазору як ҷавоб медиҳад ва мегӯяд, ки ба куҷое шикоят мекунед, кардан гиред. Ана ҳамин хел, чанд боре ки наздаш рафтем, ба гапамон гӯш надод. Мегӯяд, ки симходаҳоятонро нав кунед. Аммо бо кадом маблағ? Қабилаи мо қариб ки ҳамааш бева, бечораву камбисотанд. Хуллас, то ба кай идома ёфтани маҳдудияти интиқоли барқ дар қабилаи ҷӯгиҳоро касе гуфта наметавонад. Ба ҳар сурат, «дунё ба умед» гуфта, ба номи Президент нома навиштем, ки ба наздикӣ онро бурда супориданием»,- гуфт ӯ.

«Мо ҳам як хурсандӣ мекардем…»
Баъди сӯхбат оид ба камбуди барқ, ёвари раиси маҳалла — Ҳикмат зикр намуд, ки дигар мушкилие надоранд. Мактабе бо шароити хуб ва муаллимони нағз доранду кӯдакон аз соати 8 то соати 2, ё аз соати 1 то 4 дарс мехонанд. ӯ афзуд, ки якҷоя пул ҷамъ карда, аз номи деҳаи Тунддара саҳмияҳои НБО-и «Роғун»-ро харидаанд.
Дар ҳамин ҳол, сокини дигари Тунддара Бобоалӣ Улҷаев мегӯяд: «Дар давраи Шӯравӣ мушкили камбудии барқ надоштем. Раҳмат ба Президенти ҷумҳуриямон. Лекин баъзе одамон роҳзанӣ мекунанд, то ки барқи давлатро хомӯш намоянд. Мо ки дар назди халқ аз ҳама одамҳои пастем, аз ҷаноби Президент як хоҳиш дорем. Барои нав кардани ҳамин симходаҳои фарсудаву таъмири роҳҳо чора андешанд, то ки мо — гадоҳои дари хонаи халқ ҳам як хурсандӣ кунем аз Ҷаноби Олӣ. Аз ҳама мардуми Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки ба мо кӯмаки худро расонанд. Мо аз ҳамаашон миннатдорем. Президенти ҷумҳуриямон дар тамоми кӯҳу пуштаҳо роҳ кушода истодааст, туннели «Анзоб», туннели «Норак» сохта истодааст, «Роғун»-ро бунёд карда истодааст. Ҳазорон бор аз Президент миннатдор ҳастем, ки барои халқи камбағали мо чӣ қадар ғамхорӣ карда истодааст. Лекин баъзе одамон гуфтаҳои Президентро мефаҳманду боз кори худашонро давом дода истодаанд. Мо ҷӯгиён халқи нодорем, ба кӯмаки шумо ниёз дорем ва барои мардуми Тоҷикистон ҳама вақт дуои нек мекунем».

«Майдони футбол надорем»
Ҳоҷӣ Муродалӣ, ки аз соли 1956 ин ҷониб дар деҳаи Тунддара зиндагӣ мекунад, дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Мо низ мусулмон ҳастем. Чаро мардум моро дар қатори дигар одамон одам намедонанд? Ба мо бо чашми бад нигоҳ мекунанд. Дар тамоми деҳаҳо, масалан дар Дараи Сагҳо, Дараи Хукҳо свет ҳаст, дар мо не. Ҳар гоҳе дигар деҳаҳоро мебинем, ки дар рӯзи равшан барқ доранд, алам мекунад, ки чаро мо ҳатто шабона барқ надорем. Пас, оё гуфта метавонем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон ҳимоя мешавад? Деворҳои мо ҳамааш гаштаасту роҳоямон вайрона аст. Мо дар ҳаққи Президент ҳама вақт сари ҷойнамоз дуо мекунем. Роҳбарони пешина ягонтояшон аз ӯҳдаи корашон набаромаданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон мо ва халқи тоҷикро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ кард. Ба сағераву беваю бечора соҳиб шуд. Ман 10 фарзанд дорам, 5 духтар ва 5 писар. Ягонтаи онҳо дар муҳоҷират дар Маскав нестанд. Дар ҳаминҷо зиндагӣ доранду ҳар вақте кор ёбанд, боркашонӣ мекунанд. Баъзан ба кори колхоз машғул мешаванд. Мо аз гуфтаи Президент берун намебароем, саҳмия харидем. Мушкилоти асосии мо камбуди барқ аст. Чанд маротибае, ки муроҷиат кардем наомаду тафтиш накард. Дар як хона аз 3 то 4 оила зиндагӣ мекунанд. Барои замин ҳам чанд маротиба муроҷиат кардем. Ба халқҳои дигар замин тақсим карда доданду ба мо не. Майдони футбол надорем барои кӯдакон, клуб ҳам».

Кӯдак бо кӯдак, калон бо калон…
Вақте дар ин деҳа бо мардон сӯҳбат доштем, пиразане бо номи Оимхол Холбоева пайдо шудаву чунин изҳори назар намуд: «Ман соҳиби 7 фарзанд, 2 духтар ва 5 писарам. Ҳамаашон дар як ҳавлӣ зиндагӣ доранд. Агар даромада ҳавлии маро бинед, гиряатон меояд. Ҳоҷатхона дар пеши дарвоза. Ҷой намеёбам, ки бачаҳоямро ҷудо кунам. Дар ҷойи танг кӯдак бо кӯдак ҷанг мехӯрад, калон бо калон. Омада пулро гирифта мераванду барқ намедиҳанд. Ягон соат гирён мекунанд, тамом. Аз бебарқӣ фақат керосину печкаҳои кумурӣ истифода мекунем. Ман чӣ кор кардану ба куҷо муроҷиат намуданамро намедонам».
Хостем бидонем, ки таърихи пайдоиши ҷӯгиён аз куҷост ва таомули хонадоршавияшон ба чӣ навъ аст. Дар ин бора Бобои Арал, яке аз сокинони дигари деҳаи Тунддара гуфт: «Ман 28 сол шуд, ки дар ҳаминҷо зиндагӣ мекунам. Дар байни мо маҳал гароӣ нест. Ҳама барои мо бандаи Худост. Вақте ба бозор носфурӯшӣ меравем, халқи тоҷик мегӯянд, ки «аз инҳо нахаред, дастҳояшон ҳаром аст». Мо мисли мардуми тоҷик озод савдо карда наметавонем. Худамон таърихи пайдоишамонро намедонем. Худованд худаш медонад. Духтарҳои мо аз парӣ ҳам хушрӯянд. Вале баъди ба шавҳар баромадан ба писари тоҷик пас аз 1-2 сол ҷудо мешаванд. Агар шароити мо сад фоиз ҳам бошад, аз касбамон даст намекашем. Зеро дуо рафтаасту агар талбандагӣ накунем, касал мешавем. Бобою бибиҳоямон нақл мекунанд, ки як подшоҳ бо номи Улҷабой духтари хушрӯи ҷӯгиро ба занӣ мегирад. Дар байни 10 рӯз духтар касал мешавад. Вақте подшоҳ пайи кораш ба ҷое меравад, занаш ба хонаи ҳамсоя медавад, барои намак. Рӯзи дигар барои чойи қоқ. Баъд аз шаш моҳ подшоҳ мефаҳмаду сар медиҳад занашро. Ин қавм, яьне ҷӯгиҳо аслан қавме мебошанд, ки дар баъзе мамлакатҳои Осиёи Марказӣ пароканда шуда, зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, аз соли 1958 дар ҳамин колхоз ба мо ҷой ҷудо карда доданд. Пеш аз ин кӯчманчӣ шуда мегаштем, бахусус дар Афғонистон. Тӯю тамошои мо аз расму оини мардуми тоҷик фарқ надорад. Ҳатто навиштан, хондан, гап заданамон тоҷикист. Фарқ ҳамин ки, моро ҷӯгӣ мегӯянд. Ман дар ҷавониям геолог шуда кор мекардам, аммо он вақт ин гуна бадбиниҳо нисбати қабилаи мо набуд. Дар як ҷо ҳамроҳи тоҷикон кор мекардем ва хӯрок мехӯрдем. Лекин, имрӯзҳо мо — ҷӯгиҳоро дар шаҳру бозор, ҳатто дар автобусу тролейбус роҳ надода, нисбатамон беҳурматӣ мекунанд».

Дида ба роҳ
Пас аз сӯҳбат хостем аз шарту шароити мактаб хабардор шавем. Ҳангоми ворид шудан ба бинои мактаб ҳеҷ касро дар он ҷо во нахӯрдем. Мактаб аз се синфхона иборат буд. Ҳангоми ворид шудан ба синфхона «Мактаби кӯҳна»-и устод Айнӣ ба ёдамон омад. Мизу курсиҳои мактаб ҳолати хароб доштанд. Аз писари омӯзгори мактаб пурсидем, ки онҷо чанд нафар хонанда таҳсил мекунанду чанд нафар муаллим ба онҳо дарс мегӯянд. Ҷавоб дод, ки тахминан 20 нафар хонанда ва 2 муаллим. Боз пурсидем, ки ду муаллим бошанд, ихтисосашон чист? Аз кадом фан дарс мегӯянд? Гуфт, ки намедонад. Гуфтем: «Пас, барои чӣ дар мактаб дарс нест, соат ҳоло 10 аст, хонандаю муаллимон куҷоянд?». Гуфт: «Муаллима ҷаноза рафтааст».
Се чор хонанда бо лабони хандон дар наздамон буданд. Мо ҷониби Душанбе роҳ пеш гирифтему онҳо ҳамоно дида ба роҳ медӯхтанд. Намедонем, ки бо нигоҳашон моро гусел мекарданд, ё интизори омӯзгор буданд…

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА,
Мустафо СУЛТОНОВ,
БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: