Дар бораи ноогоҳӣ
— Равшанфикрон ва аҳли қалам дар сарнавишти миллат беш аз сиёсатмадорон масъулият доранд.
— Фоҷиаи ҷомеа ибтидо аз ғафлати мардум оғоз мешавад.
— Огоҳ бояд шуд, ки дунё роҳи фиребро намепазирад. Роҳи фиреб бар дунё ҳаром аст ва ҳаром пойдор нест.
— Ҳимояти имрӯз беҳ аз орзуҳои фардо аст ва огоҳӣ аз кори фардо беҳ аз пушаймонии имрӯз аст.
Аз «Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он»

Дар бораи фалсафaи таърих
— Таърих роҳи зиндагӣ аст, ки гузаштаву муосиру ояндаро ба ҳам пайванд додааст.
— Кӯтоҳтарин ва муфидтарин роҳи расидан ба ҳикмати таърих, азиз ва гирон пиндоштани ҳар гуна мероси гузаштагон, ошноии наздик ва гуфтугӯи ақли мо бо онҳост.
— Мардуме, ки аз гузаштаашон хуб огоҳ нестанд, мақоми хешро ба осонӣ дар ҷомеаи башар аз даст нахоҳанд дод.
— Бидуни шинохти сарнавишт наметавон инсони шоиста шуд. Сарварон ва муаллимоне, ки миллатҳоро тарбият надода, вале барои кохи тақдир ҳидоят менамоянд, ба гузаштаву ҳолу оянда хиёнат мекунанд. Бояд ба гузашта нигоҳ кард, то ояндаро дид.
— Мо худ роҳем ва худ роҳрав. Мо худ дарёем ва худ маллоҳ. Роҳ дар вуҷуди мост, на берун аз мо. Чашме, ки назар ба ҳикмати гузаштагон мекунад, он низ дар батни мо мебошад. Ёде, ки ёдоварӣ аз гузаштаҳо мекунад, рози қалб аст.
— Пас ба гузашта бингарем, зеро он чароғи фардост.
— Тафовут дар хилқати инсонҳо нест, балки дар афъоли ақли инсонҳост. Ақли инсон устурлоби хушбахтӣ аст.
— Ҳар ҷомеа, ки фардоро ночиз медонад ва арзишҳои ақлии инсониро поймол мекунад, ояндаашро дар маърази хатар қарор додааст.
— Таърих ҳаргиз намирад.
— Таърих бо ҷомеа зинда аст ва худ инсонҳо таърих меофаринанд.
— Агар ахлоқи ҷомеа дар банди ҷаҳолат бошад, зиндагӣ кардан барои доноён бисёр сахт хоҳад буд, чун ранҷи доноён аз фаҳмидан аст ва роҳати ғофилон аз нафаҳмидан. Дар муҳите, ки ҷаҳолат пойдор аст, зиндагӣ бадтар аз зиндон аст.
— Сиришти тафаккур беназир аст, аммо як иштибоҳи ақл ба осонӣ метавонад тафаккурро бадном кунад. Бинобар ин ақле, ки иштибоҳ намекунад, василаи саодат аст.
Таърих танҳо гузашта нест, балки маърифатест, ки душвориҳои маънавии инсонҳоро дар рӯзгори кунунӣ такмил мекунад.
— Таърих на танҳо дар ёд ва ёддоштҳо, балки дар кору кирдор ба хулқу хӯй, расму русум, муносиботи инсонҳо ва орзуҳо ва эҳсосоти онҳо зинда аст.
— Таърихи башарият аз муҳимтарин дарсҳои такомул ва таҳкими маънавият барои мардум аст.
— Саргузашти бузургон ибрат аст, на ифтихор бар дурӯғи миллат ё қавм, ноогоҳӣ — ояндаи миллат ва ҷомеаро бефурӯғ хоҳад кард, аммо худшиносӣ ва худ огоҳиро бидуни ахлоқи нек дучори нуқсон аст.
Аз » Таърих ва ирфон»

Дар бораи фалсафи ҷанг ва сулҳ
— Замони мо барои ворисон табдил ба гузашта хоҳад шуд.
— Вазифаи наслҳост, ки гузашта ва ҳолро барои ояндагон амонат бигзоранд ва ояндагон барои ворисонашон.
Оянда ҳар чӣ ҳаст, ҳамеша наздик аст, чун гузашта пушти сари мост, нигариши мо ба гузашта бояд барои бунёди саодати оянда бошад.
Таърих махзани бузург ва ганҷи нодири маънавият аст.
Ҷаҳл ҳаққу ҳақиқатро поймол мекунад.
— Ҳамаи ҷангҳо аз батни ҷаҳолат бархоста ва ба иллати иштибоҳи ақл табдил ба модари фоҷиа шудааст. Аз ин рӯ, заковат ва рӯҳи ҷомеаро набояд тира кард, зеро аз ноогоҳӣ ҷомеа мунҳариф хоҳад шуд.
Саодати одамиён барои пок нигаҳ доштани Замину Осмон аст.
Замоне ки чароғи ҷасорат ва дилсӯзӣ хомӯш мешавад, ҳақкушӣ авҷ мегирад. Ва беҳуқуқӣ худ заминасози тахриботи сулҳу сафост. Ҷое, ки сафо нест, ҷафо хоҳад буд.
Инсон бояд мутаваҷҷеҳи аҳвол ва авзоъи ҷомеаи худ бошад, то ҷафову ҷанг ва бадбахтӣ ҷойгузини сафову сулҳ ва саодат нашавад, зеро ки таърих саросар мактаби ибрат аст ва ҳикматаш чароғи роҳи оянда.
Аз «Ҷанг ва сулҳ дар ҳикмати таърих»

ЛУҚМОН

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: