Главная > Uncategorized > Исмоил ба Бобораҳим «справка» доду ба ман…

Исмоил ба Бобораҳим «справка» доду ба ман…

Баъди ба табъ расидани мақолаи «Чаро Исмоил ба Бобораҳим «справка» надод?» («Пайкон», №4 (46), аз 27.01.2010) ба Бобораҳим «справка» доданду узрхоҳӣ намуданд. Аммо таърихи 2.02.2010, соати 17:38 дақиқа «ҷаноби» раиси ҷамоати Лучоб Исмоил Бобокалонов бо ман тамос гирифта, … дилашро хуб хунук кард.

Хушбахтона, вақте телефони мобилиям занг зад, наздам ду нафар шахсияти ҷомеа ҳузур доштанд. Телефони мобилии яке аз онҳо дастгоҳи сабти овоз доштааст. Муддати 2 дақиқаю 21 сония садои раиси «ширинкалом»-ро сабт намудем. Шумораи телефон 93 585 72 27, мутааллиқ ба Назаров Умед Икромович аст. Чун ҳамсӯҳбати «ширинкалом»-и ман худро муаррифӣ намуд, баландгӯяки телефонро ба кор даровардам. Садо бисёр фаъол ва тоза меомад. Рафиқонам шурӯъ намуданд ба сабткунии овози телефони раис. «Ман Исмоил. Чаро дар газет ин гапҳоро навиштӣ? Охир одамӣ-да, баъзан настроенияи одам ҳаст, баъзан дар хаёли одам ҳазорҳо фикрҳо меояд. Ман барои кистем аз ун одам пул напурсидем-ку! Аз дастаи шумоҳон номардора ҳамин кор ба ақиб кашида истодай, албатта на ҳамаи шумо номардетон, баъзеатон номарден. Агар ман ҳам аз паси ту ду — се рӯз кор кунам, ҳазор айб меёбам. Ҳамин харигарӣ аз дасти мо ҳам мебиёд. Чӣ, ту худат айб надорӣ, ин хел ахмақӣ карда гаштӣ, дигар кор надорӣ ту…».
Аз суханони пучи раис безор шуда, тугмачаи телефонро пахш кардам. Дар назди рафиқон аз ҳарфҳои ин раис шарм доштам. Дар ҳаётам чунин суолҳоро бори аввал мешунидам. Чуноне, дар урфият мегӯянд: «Дузди зӯр соҳиби молро бастаст». Вой бар ҳоли чунин ҷомеае, ки амсоли ин раис ҳокимҳо дорад!
То ин вақт гумон мекардам, ки Исмоил як шахсияти варзида ва хатмкардаи донишгоҳи Иззатулло Бобокалонов аст. Ҳангоме ки дар ҷашни Наврӯзи соли 2008 раиси ҳукумат Ситора Шерова мукофоташ дод, эътимод доштам вориси воқеӣ ва ҷойгузини раҳматӣ Иззатулло мешавад. Ҳайҳот, гумонам ботил будааст.
Мутобиқи қонуни асосӣ ва қонунҳои марбута, озодии виҷдон ва ақида, дар бораи матбуот ва инчунин қорору фармонҳои роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бояд рӯзноманигорон аз тамоми камбудиҳои ҷомеа иншо намоянд, новобаста аз сатҳи кору мансаб. Манзур аз ин то ба дараҷае огоҳӣ ёфтани мақомоти болоӣ ва ислоҳ намудани камбудиҳост. Вақте ту дар доираи ҷамоати хурдакак кадом шаҳрванд дар чӣ вазъ қарор дорад, ҳолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию ҳуқуқияш (ба самъат мерасонам, ки шаҳрванд Бобораҳим узви ҲХДТ аст, то замоне, ки ба маҳбас кашида шуд. ӯро аз ҷои кораш ба узвияти ин ҳизб қабул карда буданд) дар кадом поя қарор дорад, огоҳӣ надорӣ, пас Ҷаноби Олӣ аз ҳоли шаҳрвандон дар ин мамлакати паҳновар, ки аксари аҳолияш дар қишлоқҷойҳо зиндагӣ мекунанду намояндагони ҳукуматҳои маҳал ҳеҷ гоҳ теша ба решаи худ намезанад, чӣ гуна огоҳӣ меёбад? Мавлои Рум чӣ хуб фармудааст:
Агар каннос набвад дар мамолик,
Фитад ҷумла холоиқ дар маҳолик.
Агар ба мазмуни ин сатрҳо сарфаҳм мерафтӣ!
Сад афсӯс, ки як шахсияти тасодуфии ин ҷомеа будастӣ. Ман аз суханронии телефоният чунин бардошт намудам, ки ту на фаҳму идроки тавҳидӣ доштию на малакаю маҳорати сиёсию ҷамъиятшиносӣ. Вагарна, ба ин суханҳои бемаънии телефонӣ иктифо накарда, дар ҷаласаи сайёри ҳукумат дар деҳаи Лучоб бо иштироки ҷонишини раиси ҳукумат А. Саидов ва раиси шӯъбаи амният ва инчунин оммаи мардум таҳқиру бемаззагӣ намекардӣ. Дониста бош, ки ту маро не, кормандони ҳукумат Саидов А. раиси шӯъбаи амният, ҷамъомадагони ин маҳфил ё ин ки ҷаласаи кушоди ин ҳукуматро таҳқир намудӣ. Ту ба мардуми ҷамъомада ки буданатро намоиш додӣ. Аз соли 1997 ин ҷониб бо ташаббуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қуръони азимушшаън бо ҳарфҳои сирилик тарҷума шуда, дар дохили он ояҳои зиёдест. Ба монанди «Якдигарро ба корҳои нек даъват намоед ва аз корҳои бад боздоред». Инчунин, аҳодиси зиёде дар ин бора омада. Аз ҷумла, Пайғамбар (с) мефармоянд: «Дар ҳақиқат аз се кори шумо Оллоҳ розӣ мешавад. 1. Ягона Оллоҳро парастидану ба ӯ таъоло чизеро шарик надонистан. 2. Ҳамаи шумо ба ресмони Оллоҳ чанг занеду муттаҳид шавед ва ба парокандагӣ роҳ надиҳед. 3. Сардорони худро насиҳатҳои муфид диҳед». Дар ҳадиси дигаре омадааст: «Агар касе аз шумо кори гуноҳро бинад, бояд ки ба дасташ онро тағйир диҳад ва агар қудрат надошта бошад, пас бо забонаш…».
Шояд ту гумон кунӣ, ки «ман чӣ гуноҳ кардам?», чуноне бо телефон арз намудӣ, ки «настроениям набуд»… Бале, аз нигоҳи ту ин гуноҳ нест. Аммо он инсон ба хотири эҳтиёҷоти доштааш ба даргоҳи ҳукумати маҳал омаду худи раис ӯро аз ин даргоҳи ҳукуматӣ ронд. Оё ин адолат аст? Ту дар гуфтугӯи телефонӣ калимаҳоеро истифода намудӣ, ки барои ман то кунун нофаҳмост: «Шумо номардҳо». Манзурат чист? «Шумо» гуфта, киҳоро дар назар дорӣ? Чаро дар шакли ҷамъ?
Оё ҳамон коре, ки ту анҷом додаӣ, мардист?
Аҷабо, ту дар гуфтугузори телефонӣ 2-юми феврал номардии моро тасдиқ мекардию аммо аз чӣ сабаб бошад, дар ҷаласаи Лучоб баръакс. Он амале, ки ту дар ҳангоми дашном карданат дар ҳузури мардум ба ман тааллуқ додӣ, кори осон нест. Оре, ин як кори соддаю осон нест, ту баринҳо аз ӯҳдаи он кор баромада наметавонед!
Шояд аз ҳамон сабаб буд, ки солҳои 89-90-и асри гузашта маро намояндагони қавми ту тез — тез ба меҳмонӣ даъват мекарданд; аз ҷумла як маротиба хушбахтона ба меҳмонхонаи раҳматӣ Иззатулло Бобокалонов (ёдаш ба хайр) ва бори дигар Нарзулло ба ҷои корам омада ба меҳмонхонааш ба деҳаи Чағатай даъват намуда, меҳмондорӣ карданд. Ҳатто ин лаёқату ӯҳдабароии маро ба инобат гирифта, худи раис Иззатулло Бобокалонов устод Нуриддин Самадовро бо худ ҳамроҳ гирифта, ба аёдати ман омаданд. Дар маҳфил Юнус Нуралиев низ ҳузур дошт. Баъд аз ҳаллу фасли масъалаҳо раҳматии раис ба ман ҳадяҳои зиёд пешниҳод намуд. Аммо ман танҳо як мошин коҳ аз бригадаи Бобомурод барои ҷиянам гирифтаму як мошин шулхаю як мошин кунҷола аз раҳматии Файзӣ барои худам. Дар тӯли умр ман бо ҳамроҳии ду бародари ту кор карда будам, баъзе аз ҳунарҳои дигари маро онҳо хуб медонанд. Ту агар лутф намоию аз Нарзуллою Ибодулло онҳоро бипурсӣ, метавонӣ дар маҷлисҳои дигар дар ҳузури кормандони ҳукумат арза намуда, маҳорати маро таблиғ намоӣ. Агар ин таблиғоти ту маро ба «мансаб» расонид, аз ту миннатдор мешавам, аммо мисли ту дар курсии давлатӣ зулмро раво намебинам ба шаҳрвандон, дар ҷаласаҳои сайёри ҳукуматӣ ҳар гуна ҳарзагӯӣ намекунам дар ҳузури мардуми диёр, вақте рӯзноманигор камбудиҳои кориямро ошкор намуд, ба ӯ сипосгузорӣ мекунам, қонунҳои ҷумҳуриро меомӯзам ва нисбати онҳо беҳурматӣ намекунам, этикаи роҳбариро омӯхта, рӯзмарра сайқал медиҳам, қарору фармонҳои Ҷаноби Олӣ ва дигар роҳбарони воломақомро софдилона иҷро мекунам, дар ҳозир ва ғоиб онҳоро дӯст медорам, агар Ҷаноби Олӣ шаффофияти ин ё он маъракаи сиёсиро кафолат дод, онро таъмин менамоям, ҳангоми ба мардум ин ё он чизро додан ба худиён кам ва ба бегонагон зиёдтар дода, меъёрҳои адлу инсофро риоя мекунам ва ғайраҳо.
Ба наздикӣ ба ман як роҳбар мансаберо пешниҳод намуд, ки аз мансаби ту фарсахҳо болост, аммо медонӣ дар ҷавоб ба он роҳбар чӣ гуфтам? «Ба душманам ин мансабро эб намебинам». Бале, мансаб ин масъулият аст, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират ҷавобгарӣ дорад. Алъон рӯз ба рӯз дар аксари сохторҳои давлатӣ ҷойҳои кории холӣ (яъне эҳтиёҷ ба мутахассиси варзида) афзуда истодааст. Агар аттестатсияи воқеӣ доир гардад, бисёре аз мансабдорони мисли ту он сандалиҳои мулоимро падруд хоҳанд гуфт. Ту бо ин рафторат фармони №622-и сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро манзур накарда, дар ҳузури раиси шӯъбаи амният ба амнияти минбаъдаи ҷумҳурӣ латма эҷод карда истодаӣ. Мардумро бо ин гуна амалҳоят на ин ки аз худ ба ҳайси раиси ҷамоат, балки аз ҳукумат дилхунук мекунӣ.
Имрӯзҳо баъзе аз ёддоштҳои таърихнависонро мехонем, ки аз воқеаҳои солҳои 90-и асри гузашта менависанд: «Бо даъвату рафторҳои баъзе аз «муллоҳои» ҳақношинос мардум фирефта шуда, ба ҳар гуна бетартибиҳо даст заданд ва оқибаташ ба чӣ оварда расонд, ба ҳамагон маълум аст». Аммо сабаби асосӣ дигар буд, таърих худ гувост. Мардум аз беадолатиҳои ҳокимони замон безор шуда буданд. Аз фурсат тафриқаандозон истифода бурданд.
Дар ҳоли ҳозир намояндагони воситаҳои ахбори омма масъулиятеро адо мекунанд, ки Парвардигори оламиён ба кироманкотибин супориш додааст, ба шарте, ки холисанлиллоҳ, бидуни риё, беғаразона бошад. Эй бехабар, мувофиқи фармони №622 ту вазифадор ҳастӣ ба мақола ҷавоб гардонӣ, ба ҷойи он ки редаксия занг занӣ, ба ман занг занӣ ё дар ҷаласаҳо ҷор андоз! Агар ту ҷавоб нагардонӣ, интизор дорам, ки дастгоҳи иҷроияи ҳукумат ҷавоб мегардонад. Агар он гуфтаҳо ҳақиқат надошт, чаро ба Бобораҳим «справка» дода узрхоҳӣ кардӣ? Дар суоли дигарат, ки «магар ман барои кистем аз Бобораҳим 100 сомонӣ пурсидам?», ман ҷавоб медиҳам, бале, барои кистет, барои мансабат, вагарна чаро як амри ихтиёриро ба амри маҷбурӣ мубаддал намудӣ? Ҳангоме раисаи Ҳукумат фармуд, ки аз 42 млн. ана ин қадарашро бояд ҷамоати Лучоб ҷамъоварӣ кунад, ту агар шахси кордон мебудӣ, ҳамоно ба ҷои кор омада, нақша мекашидӣ ва барномарезӣ мекардӣ, ки чи гуна ва аз куҷо то ба кай он маблағро ҷамъоварӣ мекунӣ ва салом, на ин ки тариқи зӯрию зулму фишор. Дар ёд дошта бош, ки Худо зулму золимиро дӯст намедорад. Инро низ ба ту ёдрас мекунам, ки дар давоми чандсола фаъолияти корият ман зиёд ҳаракатҳои кории туро мушоҳида кардам, аммо коре ба манобеъи кистет нагирифтаам. Дар бобати «харигарӣ низ аз дасти мо ҳам меояд» танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки худи вақт шоҳидӣ дода истодааст, ки аз дастат меомадааст. Ман ба ту иҷоза медиҳам ду — се рӯз не, балки то ҷон дар бадан дорӣ, аз паси ман мушоҳида намоӣ. Ман аз таҳдиди ту наметарсам. Ман ҳам дар навбати худ масъулияти доштаамро адо хоҳам кард, яъне ҳеҷ гоҳ халқро бо ботил омехта намекунам. Исмоил, ман қарзи инсонии худ мешуморам то як таъкиди дигаре намоям; агар аз Эъломияи ҳуқуқи башар огоҳӣ надорӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро наомӯхтаӣ, қонун дар бораи масъулиятҳои ҳукуматҳои маҳаллиро намедонӣ, ақаллан қонунҳои адлу инсофро риоя намо! Вақте ки дар шаҳри Душанбе ба ин ё он ҳоҷат омадӣ, ба деворҳои нақлиёти мусофиркашон таваҷҷӯҳ намо, ки навишта шудааст: «Эҳтироми қонун вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст», «Волоияти қонун мароми мост» ва ғайраҳо. Инчунин, шиорҳои назди биноҳои маъмурии Суди конститутсионӣ, Шӯрои адлия, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Прокуратураи генералиро, ки аксари онҳо аз забони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон навишта шудаанд, аз ёд кун. Баъдан ба назди ягон нафари забоншинос рафта, тафсирашонро пурсу аз рӯйи онҳо амал намо.
Ёд дорам, чанд сол қабл дар рафти як семинар дар ноҳияи Ҳисор, ки мушовири ҳамонвақтаи Ҷаноби Олӣ Кароматулло Олимов ва намояндаи адлу ҳуқуқ Шавкат Исмоилов ҳузур доштанд, ман тавсия намуда будам, ки курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис дода, ба намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллӣ фарзиятҳои дараҷаи корияшонро омӯзонанд. Хушбахтона, мӯҳтарам К. Олимов ин амали хайрро зуд ҷома пӯшониданду дар минтақаи Ҳисор, дар шаҳри Турсунзода роҳандозӣ намуданд. Ман итминони комил дорам, ки он ба нафъи халқи кишвар буд. Дар айни замон аз ҷаноби Саидмурод Фаттоев низ эҳтиромона таманнои онро дорам, ки баъд аз анҷом ёфтани маъракаҳои сиёсӣ чунин курсҳои кӯтоҳмуддатро таъсис диҳанд ва шахсиятҳои таҷрибадори варзидаро вазифадор намоянд, то ба ин ҷавонон дарси маҳорату малакаи давлатдориро омӯзанд. Ман шахсан омодаам аз фарҳанги масъулиятшиносӣ ва идорӣ, инчунин одобу рафтори роҳбарӣ ба таври ройгон дарс диҳам.

Тавакал БОБОЕВ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: