Главная > Uncategorized > Каромат Шарипов: «Наша Раша»-ро ба суд мекашем!

Каромат Шарипов: «Наша Раша»-ро ба суд мекашем!

Зиёда аз панҷ сол аст, ки дар шабакаи ТНТ-и Русия барномае бо номи «Наша Раша» фаъолият дорад ва дар он муҳоҷирони тоҷик таҳқир карда мешаванд. Тайи ҳамин панҷ сол дастандаркорони тоҷик натавонистанд ҷилави барандагони ин барномаро кашанд. Борҳо мақомоти Тоҷикистон кӯшиш карда буд, то барнома пурра аз шабака бардошта шавад. Вале кӯшишҳояшон бенатиҷа монд. Чи қадар дар рӯзномаҳои даврӣ дар ин бора навиштанду менависанд, аммо нафъе намеорад. Барнома ҳамон тавре ки пахш мешуд, ҳар ҳафта пахш мегардад. Боз ҳамон Равшан ва Ҷамшуди «тоҷик» «желмелди» гӯён, хонаи Ксения Собчакро таъмир мекунанду тамошобинон завқ бурда, ба ҳоли онҳо хуб механданд.

Ниҳоят, муҳоҷирони тоҷик ба як қарори қатъӣ омаданд, то таҳқиркунандагони худро ҷазо диҳанд. Косаи сабри раиси ҷунбиши «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия» Каромат Шарипов лабрез шуда, тасмим гирифтааст барномаи «Наша Раша»-и шабакаи ТНТ-и Русия ва масъулони ин шабакаро ба суд диҳад. Дар номаи саркушоди ин созмон ба унвони Додситони кулли Русия ва Хадамоти федералии ин кишвар чунин омадааст, ки шабакаи ТНТ тайи панҷ соли охир алайҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барномаҳои таҳқиромез таҳия ва пахш карда, симои миллати тоҷикро дар Русия доғдор намудааст.
Каромат Шарипов дар як сӯҳбат гуфтааст, ки дар ин барномаи пур аз таҳқири шабакаи ТНТ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия дучори масхара ва мазоҳ мешаванд. Ва аз барномасозони «Наша Раша» даъват кардааст, ки барои паст задани шаъну шарафи мардуми тоҷик расман узр пурсаду аз пахши чунин барномаҳо даст кашад. Ҳатто ӯ изҳор доштааст, ки дар сурати бенатиҷа гузоштани даъво тайёр аст ин қазияро то ба додгоҳҳои Аврупо барад.
Вай гуфтааст: «Баста шудани чунин барномаҳо, ки кори аслияшон тасвири бардурӯғ ва таҳқири ошкорои миллати тоҷик дар Русия аст, бояд чанд соли пеш сурат мегирифт. Тайи панҷ соле, ки ин барнома амал мекунад, борҳо чунин талош аз сӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон анҷом дода шуд. Ман инро вазифаи асосии худ мешуморам, ки на танҳо барномаи «Наша Раша», балки худи шабакаи ТНТ баста шавад. Онҳо моро таҳқиру мазоҳу масхара карданд. Ва мақомоти интизомии Русия бояд ҷилави онҳоро бигирад. Бигзор масъулони шабакаи ТНТ ва дастандаркорону бозигарони ин барнома расман аз мардуми тоҷик узр пурсанд ва навору дискҳои худро аз фурӯш барчинанд. Вакте ман ин масъаларо бо дигар коргардонҳо ва бо дигар актёрҳо дар миён гузоштам, ки чаро маҳз тоҷикон дучори чунин беҳурматӣ ва беэҳтиромии ин барнома шудаанд, онҳо посух доданд, ки тоҷик пуштибон надорад».
Тасмими Каромат Шарипов як иқдоми нав набошад ҳам, амри зарурист ва шояд пас аз ба суд муроҷиат кардан ягон вокунише нишон диҳад.
То кадом андоза саривақтӣ будани тасмими муҳоҷиронро раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов вобаста ба вақт медонад. «Муҳоҷирони мо аз ҳуқуқи худ, ба монанди деклоратсия дар бораи ҳуқуқи инсон бояд дуруст истифода баранд ва худро муҳофизат кунанд. Дар тамоми давлатҳои Русия ин ҳуқуқҳои башарро, ки аз тарафи Созмони Милалли Муттаҳид эътироф шудааст, ба эътибор гирифтаанд. Доир ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, ки дар давлати Русия ҳастанд, бояд ҳуқуқи худро ҳимоя кунанд. Албатта инро суд муайян мекунад. Даъво дуруст аст. Ҳар нафаре, ки аз ҳуқуқҳои ҳамон давлат огоҳ бошад, худро дар суд ҳимоя карда метавонад. Ва даъвои ҳар як шаҳрванди тоҷике, ки дар Русия муҳоҷир аст, аз маҳорати ҳуқуқдонии ӯ вобаста аст. Албатта дар ин ҷо махсусан телевизионҳое, ки ин барномаро намоиш медиҳанд, аксарашон хусусӣ ҳастанд. Пеши роҳи онҳоро на ба воситаи давлат, балки ба воситаи мақомоти судӣ гирифтан мумкин аст. Ё ин ки, бо роҳи ташкил кардани афкори омма тариқи ВАО».
Ҳарчанд аксари коршиносон бар онанд, ки масъалаи пешгирии таҳқири тоҷикон тариқи барномаи «Наша Раша» ҳатто дар сатҳи мақомоти давлатии тарафайн ҳам ҳал ношуданист, вале Адуғаффори Абдуҷаббор, роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанг бар ин назар аст, ки ҳар нафаре, ки нияти даъво кардан дорад, бояд қонунҳои амалкунандаи қаламрави Русияро хуб дарк карда тавонад. Вай гуфт: «Онҳое, ки нияти даъво кардан доранд, бояд қонунҳоеро, ки дар қаламрави Федератсияи Русия амал мекунанд, ба инобат гиранд. Ва исбот карда тавонанд, ки ин барнома воқеан ҳам мардуми тоҷикро таҳқир кардааст. Албатта барои ин ҳимоятгари қавӣ ва маблағ лозим меояд. Агар заминаҳои иҷтимоии ин масъаларо хуб ҳаллу фасл карда, баъд даъвои асоснок пешниҳод намоянд, шояд комёб шаванд.
Дар ҷомеаи демократӣ, ки зиндагӣ мекунанд, ҳам дар Русия, ҳам дар қаламрави Тоҷикистон, баъзан фаҳмидаву нафаҳмида ҳарчи хоҳанд навиштан мегиранд, озод ҳастанд. Масалан, рӯзномаҳои мо ҳам чи қадар дар бораи ҳамон барнома ва қаҳрамонҳояш навишта буданд, касе кордор нест».
Вале касе дақиқ гуфта наметавонад, ки бо ин тасмим комёб мешаванд ё не, ё ин ки ҳаллу фаслаш бетағийр мемонад. Аммо баъзе рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки бояд ин корро барвақт анҷом медоданд. Рӯзноманигор Султони Ҳамад мегӯяд: «Хабар дар бораи он, ки яке аз ҷамъиятҳои муҳоҷирини тоҷик дар Русия тасмим гирифтааст, ки телевизиони ТНТ-и ин кишварро барои дар барномаи «Наша Раша» ба таҳқири миллати тоҷик роҳ доданаш ба пайгарди қонун бикашад, хабари хушҳолкунанда аст. Барои он хушҳолкунанда аст, ки билохира яке аз роҳбарони ҷамъиятҳои сершумори муҳоҷирин дар Русия аз хоби гарон хеставу худ ба дифои ҳаққу ҳуқуқҳои хеш камар бастаанд. Ҳарчанд роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон, васоити ахбори оммаи кишварамон дар ин масъала ҳеҷ гоҳе хомӯш набуданд, кӯшишҳое низ ба харҷ доданд, вале ин наметавонист ва наметавонад мушкилоти мушобеҳро ба он тарзе ки мо мехоҳем, ҳал кунад. Яъне, садди роҳи нашри чунин барномаҳои телевизионӣ дар кишвари бегона шаванд. Чунин кор аз тариқи қонун тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия сурат гирифтанаш мумкин аст. Ҳаққи ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардан ва аз тариқи қонун масъала ҳал карданро худи муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия кор мекунанд, махсусан онҳое, ки табааи ин кишвар ҳастанд, доранд. Аз ин рӯ, онҳо чунин корро, ба фикри ман, бояд хеле барвақт мекарданд. Дар ин кор ба муҳоҷирон ё шаҳрвандони тоҷиктабори Русия бояд ҳуқуқшиносони варзидаи кишварамон кӯмак намоянд. То кадом андоза муҳоҷирони тоҷик дар ҳимояи ҳуқуқҳои худ муваффақ хоҳанд шуд, ин ба кордонӣ, азму суботи мубтакирони ин ташаббус ва адлу инсофи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия низ сахт вобастагӣ дорад».

Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: