Главная > Uncategorized > Номи Бобокалоновҳоро ба пастӣ набаред!

Номи Бобокалоновҳоро ба пастӣ набаред!

Ҷавоб ба матлаби «Чаро Исмоил ба Бобораҳим «справка» надод?» («Пайкон», №04 (46), аз 27.01.2010)
Ман худ зодаи диёри ҳамешабаҳори Варзобаму бо амри қисмат дар Қубодиён умр ба сар мебарам. Дар ин мулки ноошнову ғариб бо ёди кӯҳҳои сарбаланду чашмасорони мусаффояш муҳити ороме ба худ созгор намудаву зиндагӣ дорам. Агар дар кору зиндагии кадоме аз ҳамдиёронам барору комёбиеро мешунавам, хушҳол мегардам. Номуваффақ гаштанашон парешону хастаҳолам мекунад.

Чанд дафъа тариқи телевизион дар хусуси ободгароиҳои Исмоил Бобокалонов наворҳо пахш намуданд, ки ростӣ тамошояш назди аҳли оилаам боиси сарбаландию фахри ман буд. Бояд қайд намоям, ки ягона воситаи дилхушиям тамошои ҷаҳоннамо ва дар лаҳзаҳои фориғ мутолиаи адабиёти бадеист. Аксар вақтам дар интизории зудтар дастрас намудани шумораҳои нави рӯзномаҳои даврӣ сипарӣ мугардад. Ва дирӯз буд, ки дар қатори дӯстдоштаниву хонданбобтарини онон «СССР», «Миллат», «Озодагон», «Фараж» ва «Нигоҳ» чун гуруснаи нон ба «Пайкон» дарафтодам, ки як моҳ ин сӯ назди газетфурӯши бозори «Қубод» намеёфтаму интизораш будам. Дар хона чун одати ҳамешагӣ аз аввал неву аз саҳифаи охир ба мутолиаи «Пайкон» шурӯъ намудам. Бо баҳонаи матлаби Исфандиёр «Нома ба зиндон» дил холӣ намудаву ба ҳолу рӯзҳои сиёҳи ба сари устодам Ҷумъабой Толибов омада хуб гиристам.
Дар саҳифаи 4 навиштаи Т. Бобоев «Чаро Исмоил ба Бобораҳим «справка» надод?»,-ро хондаму барошуфтам. Танҳо хондани ин мавод водорам намуд то хотираҳои гузаштаро, ки ба боди фаромушӣ дода будам, аз нав тагу рӯ созам.
Дидори бузургмарди диёри Варзоб Ҳоҷӣ Иззатулло Бобокалонов 3-юми июли соли 2003 муяссарам гардид. Гарчанде аз даврони мактабхониям дар хусуси ин шахс бисёрҳо шунидаву аз нақли пирони рӯзгор медонистам, ки роҳи мошингарди деҳаи мо — Арақчин, ки тавассути он имрӯзҳо нақлиёт мӯрчавор дар гардиш аст, давраҳои вакили (ду навбат) Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон будани И. Бобокалонов бо ташаббуси он кас сохта ба истифода дода шудааст. Он субҳ ҷашни 71-умин солгарди умрашон буд. Рӯзномаи «Нерӯи сухан»-ро, ки дар он меҳрномаам бо номи «Дурахши ситораи Варзоб» чоп шуда буд, чанд дона дастовез бо худ гирифтаву озими макони зисташон шудам. Рӯи бистари нарму роҳат фароғат доштанд.
Вазъи саломатияшон хуб набуд. Аз фарзандон, ёру дӯстон ва атрофиёнашон сипосгузорӣ намуда, пеши Худованд шукр мегуфтанд. Ноҷӯрии аҳволашон салобати ба ин пири нуронӣ хос бударо дар чеҳраву пайкарашон ҳеҷ накоста буд. Рӯз аз нисф гузашта бошад ҳам, бобои Ҳоҷӣ ба баргаштанам монеъ шуда, гули хонадон, духтари яккаву ягонаи нозпарварашон, апаи Адолатро, ки хеле сертарадуд — андармони пухтупаз буданд, ба наздашон хонда, дастур доданд, ки меҳмонро ба тамошои боғ бар. Ва афсӯс хӯрданд, ки охирин меваи дарахти зардолуи исфарагияшон, ки ҳосилаш баробари меваи шафтолу будааст, намондаву насиби мо накардааст. То фарорасии шом дар боғи биҳиштосо сабзнамудаи бобо сайр кардем.
Рӯйи катҳои зери хавозаи токи дар саҳни ҳавлӣ буда меҳмонони зиёди ба зодрӯзи бобои Ҳоҷӣ даъватиро дида, гумон надоштам, ки ҳамаи онҳо писару келинҳо ва набераву аберагони бобоянд.
Дар муҳити тинҷу пур аз шодиву фараҳи оилавӣ ҳамҷӯр бо садои мусиқӣ, бо сурудхониву рақсу бозӣ ҷашни зодрӯзи бобои Иззатулло то поси шаб давом кард.
Субҳ ҳангоми хайрухуш ин марди дорои дили бузургу орзупарвар, ки ошиқи шайдои ҳаёту зебоӣ буданд, дар кору зиндагиям барору бурдборӣ хоста, даст ба дуо бардоштанд.
Бобои Ҳоҷӣ аз соли 1978 директори совхози «Куйбишев»-и собиқ ноҳияи Ленин таъин гардида, тайи солҳои роҳбарияшон саршумори чорвои майдаро ба 29 ҳазор мерасонанд. Меҳнати ҳалолу хизмати содиқонаашон ба халқ шӯҳрату овозаи ин марди некномро дар ноҳияву ҳам берун аз марзи кишвар бурдааст.
Дӯстдори касбу фидои меҳнат будани марҳум И. Бобокалонов ба фарзандон бетаъсир намондааст. Сездаҳ нафар бародарон (ду нафарашон дар қайди ҳаёт нестанд) ҳар кадоме дорои маълумоти олӣ ва касбу кори гуногун буда, дар ҷодаҳои мухталиф ба манфиати халқу диёр фаъолият доранд.
Исмоил давомдиҳандаи роҳи падар аст. Аз 2-юми марти соли 2005 бо қарори ҳукумати ноҳия ва пешбарии аҳолӣ вазифаи раиси ҷамоати Лучобро ба ӯ бовар намуданд.
Исмоил Бобокалонов роҳи нопаймудаи падарашро давом дода, дар пайрави ба қиблагоҳаш сахтгириву серталабиро пешаи кори худ намуда, шиораш дар зиндагӣ «Ризқи худ соҳибҳунар аз санг пайдо мекунад» шуд. Барои ҷавоне чун ӯ роҳбарии ҷамоати 6130 нафар нуфусдошта кори саҳл нест. Аммо ӯ аз мактаби бузурги коромӯзии падар сабақ бардоштаву бо маслиҳату ғамхории пирони рӯзгор фаъолияти роҳбарияшро пеш бурда истодааст.
Идораи бекорхобидаи колхозро таъмиру барқарор намуда, ба идораи ҷамоат табдил доданаш аз аввалин корҳои анҷом намудаи ӯст.
Бинои собиқи ҷамоатро бошад, дар ҷашни 15-солагии Истиқлолият ба 29 нафар ятимони интернати назди мактаби деҳаи Лучоб чун тӯҳфа тақдим намуд. Дар ин мактаб — интернат бепарасторонро аз синни 6-солагӣ қабул намуда, дар шароитҳои беҳтарин — ҷои хоб, се маротиба бо хӯроки гарм то хатми мактаб зери сарпарастӣ қарор додаанд. Дар рӯзҳои иду ҷашнҳо аз ҳисоби мардони боҳиммат ғизо ва сарулибос ба онҳо тӯҳфа мешавад.
Дар 9 деҳоти қаламрави ин ҷамоат дар қатори корҳои ободгардонӣ — таъмиру мумфарш кардани роҳҳо, ки ҳамасола аз офатҳои табиӣ осеб мебинанд, ба соли нави таҳсил омода кардани мактабҳо, таъмири бунгоҳҳои тиббӣ, ба оилаҳои камбизоату иштирокчиёни ҶБВ кӯмак расондан, ба роҳ мондани даъвати мавсимии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ… аз ҷумлаи корҳоест, ки дар якҷоягӣ бо аҳолӣ ҳамасола анҷом медиҳад.
Ба шарофати ӯ танзими расму ойинҳо ба як маҷрои муайян даромада, вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум хеле хуб гардида, мушкилие дар корашон ба чашм намерасад. Дар давраи кӯтоҳи роҳбарии И. Бобокалонов дар деҳаи Чорводор дар мактаби миёнаи рақами 61 ҳашт синфхона ба тарзи замонавӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, дар деҳаи Дурманбулоқ 8 синфхонаи дигар зери назорати бевоситаи ӯ таъмиру тармим гардид. Дар деҳаи Новакандоз аз ҳисоби шахсии худаш 3 синфхонаву як роҳрав (пешайвон) сохта, бо ҳузури раиси ноҳия Ситора Шерова ва мудири шӯъбаи маориф Гулхоним Сафарова расми ифтитоҳи ин мактаби навбунёд сурат гирифта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо маблағгузории ташкилоти хориҷии KAPS ва сафарбар намудани қувваи кории халқ ба деҳаҳои Лучоб, Чорводор ва Косатароши Боло, ки қисман бо об таъмин буданд ва аз масофаи дур бо хар об мекашонданд, проблемаи оби нӯшокӣ ҳалли худро ёфт. Дар маркази саломатии хушсохту замонавии Лучоб мутахассисон бо сарварии роҳбари марказ Ёқуб Абдуллоев усулҳои нави корро ба роҳ мондаанд.
Умуман, аҳли деҳот имрӯз ба тарзи нав зиндагиро давом намудаву аз кишвари тинҷу ором ва роҳбари адолатхоҳу сулҳофари он Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шукргузоранд.
Ба ҷуз Т. Бобоев, ки бо баҳонаи надодани «справка» ба Бобораҳим Зуҳуриддинов ном маҳбуси аз маҳкамаи ислоҳотӣ ба наздикӣ баромада ва ҳам «вазъи иқтисодию молияш начандон хуб» ҳамаи ин пайравию муваффақиятҳои Исмоилро нодида гирифтааст.
Ва бо изофа меафзояд, ки «Ин маҳбусе, ки қудрату тавони ба маблағи 100 сомонӣ харидани саҳмияро надошта бояд чӣ кор кунад?».
Чӣ ҳам мекард? Ҷойи арзу шикоят бурдан ба Т. Бобоев барин «дӯстони вафодору ғамгусор» шукргузор мебуд, ки ӯро Исмоил на чун маҳбус бо назари паст, балки ҳамчун як фарди ҷомеа даъват намудааст, то дар иншооти аср НБО-и «Роғун» саҳмгузор бошад. Худи Бобораҳим нағз медонад, ки дар ҷомеа ба ӯ баринҳо хушбин нестанд. Пас чаро бо Т. Бобоев барин ҳаммаслаконаш даъвати Президенти ҷумҳуриро дар бунёди НОБ-и «Роғун», ки дар саросари кишвар ҳамовозӣ пайдо намудааст, нодида гирифтаву миёни халқ фитнаву иғво бармеангезад? Ва бе ибо, рӯйирост матлабашро ба хонандагон расонидааст, ки чӣ мехоҳад.
Хонандаи закӣ, худ қазоват намо: «… Магар намешавад, шаҳрвандоне, ки рамаҳои гӯсфанд, чандин гектар заминҳои корам, иншоотҳои хоҷагии давлатиро бо роҳҳои гуногун хусусӣ гардонда, саҳмияи ин гуна мардони фақиру қамбизоатро пардохт кунанд?».
Он рамаи гӯсфанде, ки ҷаноби Т. Бобоев ба он чун гурги гурӯсна чашм ало кардаанд, моли хоҷагии давлатии «Дилшод» аст, ки аз 500 сар моли давлатӣ, ки ба онҳо гузаштааст, имрӯз саршуморро ба 3 ҳазор расондаанд. Ҳамту оддӣ не, бо обилаи кафи пову арақи ҷабин. Ва ин мероси падарро наметавонанд ба ҳар «бангиву ҳангиву маҳкумшудае» хайр созанд, чун худҳошон оилаву зану фарзанд доранд. Дар ҳаёт бас дидаву андӯхтаанд касонеро ки зери сояи шоҳтути рӯи ҳавлӣ се — чор соат нишаста намак хӯрдаву фурсат поида намакдон шикастаанд.
Мантиқро бинед, ки ин «қаламбадасти сеҳрофарин» Бобоев ҷойи дигар меорад: «Шояд раис (Исмоил) падарашонро хуб дар ёд надошта бошанд, аммо ҳоҷатбарору хушмуомила ва бо хайру саховат будани раҳматии Иззатулло Бобокалоновро ман нағз дар ёд дорам».
Чаро Исмоил падарашро фаромӯш мекардааст? Магар падари ӯ шахси андак буданд, ки зуд аз ёд фаромӯш мегаштаанд? Исмоил он айёми наврасиву мактабхонияшро, ки падарро ба серӣ намедид (ҳафтаҳо пушти кору моли хоҷагӣ ба чарогоҳҳои Шаҳритусу Қубодиён мерафт) чӣ хел аз ёд барад!?
Назокатхола — модари мушфиқу ғамхор, ҳалиму вафодор «ман зани Раис!» гуфта, барои тарбияи фарзандонаш доя киро накарда буд. Дар мавсим аз аввалинҳо шуда ба ғалладарав мебаромад. Шерписарони модар каруфар, дар кӯчаҳо беҳудагардӣ накарда, дар нигоҳубини 4-5 қуттӣ тухми кирмак дастёри модар буданд.
Падар ба серкории худ нигоҳ накарда таҳсили фарзандонро дар мактаб зери назорати ҷиддии худ гирифта буд. Рафтору давомоти хониши фарзандонашро ҳамеша аз устодонашон пурсида меистод.
Гарчанде имрӯз Ҳоҷӣ Иззатулло Бобокалонов дар қайди ҳаёт нестанд, аммо омадурафт ва меҳру садоқати дӯстону ихлосмандонашон ва халқи диёр аз даргоҳашон канда нагардидааст.
Исмоил на ҳамчун раиси ҷамоат, балки аз аввал шарики ғаму шодии халқ аст.
Ин сатрҳоро рӯи саҳфа оварда, бори дигар Т. Бобоевро ҳушдор медиҳам, ки бо баҳонаи саҳмия дили пуркинаатонро ба Бобокалоновҳо холӣ накунед! Ҳанӯз доғи он рӯзҳои наҳсу шӯми ошӯбҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки бародар зидди бародар дар майдонҳо сангар гирифта буд, аз ёдҳо нарафтааст. Бас аст шӯрондани ҳамсояву ҳаммаҳалро зидди якдигар!

Бо арзи эҳтиром ва садоқату ихлосмандӣ, дӯсти хонадони Бобокалоновҳо Адолат аз Қубодиён

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Кувондик
    Июль 2, 2010 в 5:10 пп

    Я из Узбекистан. В прошлом летом мы С Исмоил Бобокалонов учились в Японию. Он очень хороший человекюЯ потерял его телефон. Если можете напишите писмо о контакти Исмоила. Кувондик Хотамов

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: