Главная > Uncategorized > Торҳои асабам таранг шуд

Торҳои асабам таранг шуд

Аслан бисёр мехостам ба ин мавзӯъ ва ҳатто ҳамин гуна мавзӯъҳо даст назанам, зеро дар ин боб борҳо навиштаанду менависанд ва хоҳанд навишт. Аммо боз рафтори бархе аз ҷавонон оромам нагузошт. Аз ин рӯ, боз сари мизи компютер нишастаму хостам роҷеъ ба одобу ахлоқи бархе аз ҷавонони «пешрафта» матлабе нависам.

Имрӯзҳо тақрибан дар ҳама ҷо, даруни автобусу троллейбус, сари кӯчаю роҳҳо, даруни бозору мағозаҳо ҳамеша калонсолон шикоят аз он мекунанд, ки одобу ахлоқи ҷавонони имрӯза коста гаштааст. Албатта, то ҷое ин дуруст ҳам ҳаст. Аммо суоле посух мехоҳад, ки чӣ тавр пеши роҳи ин падидаи номатлубро бояд гирифт? Барои посухи ин суол аз ҷавонон сар карда, то пиронсолон бояд ба умқи андеша фурӯ рафта, дар худ таҳлил намоянд, ки чӣ бояд кард!
Баъд аз он, ки имтиҳонҳоро бо муваффақият супурдам, хеле шод гардида, барои аёдати рафиқон роҳ ҷониби ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гирифтам. Назди беморхонаи «Қарияи боло» расидан баробар, садои наврасон баланд гардид, ки мегуфтанд: «Саховат мерӣ, корвон мерӣ» ва ғайраву ҳоказо. Ба яке аз маршрутҳои хурди мусофиркаш нишастам. Чун «тангем» ба роҳ баромад, садои телефони яке аз мусофирон баланд шуд. Ҷавони тақрибан 20-21-сола бо садои баланд чи гапҳое намегуфт. Дар дохили тангем як зани калонсолу ду духтар ва як марди тақрибан 40-42-сола нишастаанду касе лаб намекушояд. Ҷавон бошад, бо садои баланд мегуфт: «Ҳозир, ҳозир ма миём ҳавайа фалон мекнм». (Мебахшед хонанда). Наход одобу ахлоқ то ин дараҷа паст бошад, ки дар назди падару модар чунин суханони қабеҳу аз доираи этика берунро ба забон орӣ!?
Аслан ҳама чиз фарҳангу маданияти худро дорад. Маданияти нишастан дар автобус, маданияти гуфтугӯ бо телефон, маданияти либоспӯшӣ ва ғайра ҳоказо. Дар баробари ин, одоби муошират ҳаст, ки аз мактаби миёна сар карда, то ба донишгоҳу донишкадаҳо ва дар ҳаёти ҳаррӯза ба мо мегӯянд. Чун дар риштаи журналистика таҳсил мекунам, аз рафтори беодобонаи ин ҷавон торҳои асабам таранг шуду ба ӯ гуфтам: «Мебахшед бародар, инҷо ҷойи ҷамъиятӣ, ин гуна суханҳои қабеҳро дар инҷо нагӯед. Инҷо калонсолон нишастаанд». Э посухи хуб гирифтамеееееееее!!! «Демократия!!!!!!!!! Корат набошад!». Мутаассифона, нафаре аз калонсолон лаб накушоданд.
Ояндаи Тоҷикистон аз мо — ҷавонон вобастагии сахт дорад ва месазад, ки аз имрӯз мо тарбияи дуруст гирему дар оянда тавонем ҷамъиятро ба роҳи дуруст равона созем. Бубинед, шароите, ки имрӯз барои ҷавонон фароҳам сохта шудааст, метавон тамоми илмро аз худ намуд. Аммо қисми каме аз ҷавонон пайи омӯзиши илму дониш камари ҳиммат мебанданд, ки ин бар зарари ҷомеа мебошад. Имрӯз агар мо худро бо ҳамсабақони хориҷии худ қиёс кунем, маълум мегардад, ки то кадом андоза ба боло ё ин ки поён рафтаем. Албатта, наметавон аз як гурӯҳ ҷавонон, ки ҳамеша вақти худро пайи омӯзиш мегузаронанд, чашм пӯшид. Аммо кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки ҷавонон ба ҷойи телефонбозору дискоклубҳо ба театру китобхонаҳо ва музейу осорхонаҳо мерафтанд. Одобу маърифати баландро аз ана ҳамин гуна ҷойҳо меомӯхтанд, на ин ки аз телефонбозору дигару дигар ҷойҳо… Имрӯз тақрибан ба назар намерасад, ки ҷавонон ба театр ё осорхонаҳо раванд. Осорхонаҳо дар интизори ҷавононанд…
Соли 2010-ро сарвари мамалакат Эмомалӣ Раҳмон Соли фарҳанги техникӣ эълон карданд. Аммо мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонон аз технологияи муосир тақрибан огоҳ нестанд. Чӣ гуна? Шабонарӯзӣ дар интернет — кафе ба бозиҳои компютреӣ машғул мешаванду вақте аз барномаҳои оддии компютерӣ, ба монанди «Word» ва дигару дигар пурсон мешавӣ, бо ханда посух медиҳанд: «Ту ки метавонӣ, чӣ корро ба анҷом расондӣ?». Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз тақрибан ҳама соҳаҳо пурра бо компютер муҷаҳҳазанду ҳама корро тавассути технологияи ҳозиразамон ба анҷом мерасонанд. Вақте ҷавонон аз ин гуна технология ва барномаҳои он истифода бурда наметавонанд, чӣ гуна пагоҳ фаъолият мекарда бошанд?
Тазаккур бояд дод, ки имрӯз тақрибан мактаб, коллеҷ ва ё донишгоҳу донишкадае ба назар намерасад, ки бо компютер муҷаҳҳаз набошад ва ё ҳадди ақал синфхонаи компютерие надошта бошад. Аммо аз бемасъулиятии ҷавонони фориғболи мо, ки ба ҷойи омӯзиши барномаҳо ба бозиҳои кӯдакона шуғл меварзанд, ҳатто қисмҳои алоҳидаи компютерҳо фарсуда шудаву аз кор баромадаанд. Масалан, дар якчанд синфхонаи компютерӣ нишаста, маълумам гардид, ки «клавиатура»-ҳои онҳо аз кор баромадаанд ва сабабро масъулин дар бозиҳои нодаркоре мебинанд, ки ҷавонон рӯзҳои дароз вақти қимати худро ба он сарф мекунанд.
Феълан дар ҳама ҷо дастрасӣ ба компютер ва дигар технологияи ҳозиразамон мавҷуд аст. Аз ин рӯ, месазад, ки ҷавонон ахлоқи норавои худро як сӯ гузошта, пайи омӯзиши илму техника камари ҳиммат банданд.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, донишҷӯй
Дар бораи Инсони комил
Одам садафи асрори рабубият буд ва хазинаи ҷавоҳири малакут.
Инсон ин ганҷи сӯхта дар офариниши худ муқаддас аст. Вай тоҷи ҷаҳони ҳақиқат, ҷону рӯҳи ин ҷаҳон аст… Дар вуҷуди инсон қалби дунё метапад.
Роҳи инсони комил ба сӯи ҳақиқат аст, хаёлаш дар ҷустуҷӯи ҳақиқат. Саъйи ӯ дар такмили маҳорати ишқ, меҳру муҳаббат, садоқату рафоқат, ҷавонмардиву шуҷоат, муруввату адолат, қудрат ва дар айни ҳол тараҳҳум ва арзишҳои дигари инсонист.
Инсони комил бо худ дар ҳоли ҷанг аст ва мурғи ғурурашро худ куштааст. Худ чашми нафсро кӯр кардааст. ӯ соҳиби ҷаҳон аст, на ашёи он.
Инсони комил худ дар зиндагии ҷону ҷаҳону зиндагӣ аст ва қалбаш низ ойинаи ҷаҳон аст.
Муҳаббаташ бар ҳама чиз аст, меҳру имонаш ростин аст.
ӯ ойинаи ҷамоли азалӣ аст ва дар қалби худ ҷоми ҷаҳонбин ҷой додааст.
Инсон бояд ибодат бар инсон кунад. Чун умқи ибодат ба Худой ҳамон ибодат бар инсон аст. Аз қалб ба қалбҳо роҳест ва дилҳо ба дил менигаранд. Як дил меҳроби дили дигарест.
Аз «Ганҷи сӯхта»

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: