Главная > Uncategorized > Шӯҳрати дубораи Рустами Эмомалӣ

Шӯҳрати дубораи Рустами Эмомалӣ


То интихобот рӯзҳои баршумор боқӣ мондааст. Ҳарчанд мегӯянд фурсат кам аст, вале номзадҳо имкон доранд дар ин муддат бо ҷонибдоронашон якчанд вохӯрии дигарро баргузор намоянд.
Аммо таври маълум, танҳо намояндагони ду ҳизб — Ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъол ҳастанду халос. Номи ҳизби саввум — сотсиал — демократҳо низ ба воситаи вокунишҳову адолатхоҳияшон вирди забонҳост.
Рақобати ҲХДТ бо ҲНИТ
Ин ҳафта пешбарӣ шудани номзадии Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аз ҷониби Ҳизби халқӣ — демократи Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дар сархати хабару мақолоти расонаҳои кишвар буд.
Албатта, ин асос ҳам дорад, зеро ҳангоме номзадии ӯ пешниҳод шуд, ки то интихоботи 28-уми феврали Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамагӣ ду ҳафта боқӣ мондааст. Ва бисёриҳо ба ин андешаанд, ки Рустами Эмомалӣ барои шиносоии барномаи пешазинтихоботӣ ва вохӯрӣ бо ҷонибдоронаш фурсати кофӣ надорад. Аммо чуноне намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ бо боварӣ мегӯянд, ӯ аллакай миёни ҷомеа то андозае шӯҳрат пайдо кардааст ва интихобкунандагон ба ӯ овоз хоҳанд дод. Шояд барои ҳамин ягон хел вохӯрӣ ва барномаи пешазинтихоботӣ барои Рустам лозим ҳам набошад. Зеро тавре хабар дода шудааст, рӯзи 10-уми феврал дар мулоқоти масъулони Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон бо интихобкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе эълон шуда буд, вале чун Рустами Эмомалӣ дар сафари хидматӣ қарор дошт, натавонистааст дар ин мулоқот ширкат кунад.
Бояд гуфт, номзадии Рустами Эмомалӣ дар асоси қарори конфронси ташкилоти Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи 23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст. ӯ дар ин ҳавзаи интихоботӣ бо Худойқули Ҳамроқул, номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки номзади худпешбар мебошад, рақобат хоҳад кард.

«Ҳадафҳои шахсӣ ва таъмини ғалабаи ҳизби худ»
Дар ҳамин ҳол, аксар аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ баргузории маъракаи пешазинтихоботӣ дар кишварро зери танқид қарор додаанд. Чанде қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз ҷой доштани ҳолатҳои қонуншиканию фишор овардан ва таъқиботи намояндагони ҲНИТ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ зимни як нишасти хабарӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Аз ҷумла, масъули ситоди ҲНИТ — Шамсиддин Саидов ба хабаргузории TojNew гуфтааст, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз Ҳукумати кишвар даъват менамояд, то барои таъмини волоияти қонун дар арафаи интихобот чораҳои зарурӣ андешанд. «Баъзе аз масъулини давлатӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои шахсӣ ва таъмини ғалабаи ҳизби худ бо ҳар роҳу восита омодаанд қонун ва ваъдаи Президентро канор гузоранд»,- иброз доштааст мавсуф.
Ҳамчунин, як ҳайати нозирони САҲА дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки тавсияҳои ин ниҳод баъд аз интихоботи парлумонии соли 2005 дар бораи камбудиҳои қонуни интихоботи кишвар ба назар гирифта нашудааст.
Бояд гуфт, ки ин ҳайат соли 2005 набуди муқаррарот дар мавриди фаъолияти нозирони дохилӣ, шомили гурӯҳҳои гуногун набудани комиссияҳои интихоботӣ, системаи нокомили расидагӣ ба шикоятҳо, муқаррароти норӯшан дар бораи сабти ном ва тарзи раъйдиҳии раъйдиҳандагон, шумора ва гурӯҳбандии овозҳоро аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин қонун зикр карда буд.
Ин нукта зимни як гузориши нозирони интихоботии ин ниҳод дар Тоҷикистон зикр шудааст. Ҳамчунин, дар ин гузориш омадааст: «Қавонини Тоҷикистон наметавонанд нуқсу камбудиҳои интихоботро ҷилавгирӣ кунанд. Ислоҳи қонуни интихоботи Тоҷикистон, ки соли 2004 сурат гирифт, «заминаҳои қонунии интихоботро беҳтар сохт, аммо навоқиси қобили таваҷҷӯҳе дар ин қонун боқӣ мондааст».
Пирони парлумон ва қонунқабулкунии «якдилона»
Тавре аз шумораи зиёди номзадҳои ду ҳизб дар боло ёдрас шудем, Ҳусноро Мирзоева, раиси комиссияи интихоботии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе низ ин хабарро тасдиқ кардааст. Ба қавли ӯ, дар 70 ҳавзаи интихоботӣ 212 номзад ба қайд гирифта шудаанд, ки ба ҷуз аз ҳизби аграрӣ, номзадҳои дигар аз аҳзоби сиёсӣ ва ҳамчунин, номзадҳо тариқи худпешбарӣ ҳастанд. Бештарин номзадҳоро низ намояндагони ҳизбҳои халқӣ — демократии Тоҷикистон ва наҳзати исломӣ ташкил медиҳанд.
Масалан, аз Ҳизби аграрӣ — 6 нафар, Ҳизби демократӣ — 2 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ — 4 нафар, Ҳизби коммунистӣ — 9 нафар, Ҳизби наҳзати исломӣ — 20 нафар, Ҳизби сотсиалистӣ — 3 нафар, Ҳизби халқӣ — демократӣ — 22 нафар ва аз Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон 7 нафар номзад пешбарӣ шудааст.
Ин шумораи онҳое мебошад, ки дар ҳавзаҳои якмандатӣ аз ҷониби ҳизбҳо пешниҳод шудаанд ва дар сурати овози бештар гирифтани ҳизбашон мегузаранд. Ва яқин аст, ки ҳизби ҳоким ин бор низ курсиҳои зиёдро дар парлумон соҳиб мешавад.
Ғайр аз ин, онҳое ки тариқи худпешбарӣ номзадияшонро аз ҳизби ҳоким гузоштанд, беҳисоб аст. Аммо саволи матраҳ ин аст; оё ҳамаи онҳое, ки ба ин мақомоти қонунгузор роҳ меёбанд, арзандаанд? Метавон гуфт, ки не! Чунки парлумони моро то имрӯз ҳама пиронсолон ташкил медоду имрӯз низ қариб 50 дар 100-и онҳоро синну соле ташкил медиҳад, ки ба нафақа расидааст. Ё худ, номзадии аксари онҳо дубораву себора гузоштаанд, ки ҳеҷ фаъолияти назарраси онҳоро то ба ҳол надидаем. Яъне, ҳар қонуне, ки пешниҳод мешавад, «якдилона» қабул мекунанд. Маҳз ин боис мегардад, ки ҷавонон наметавонанд ба парлумон роҳ ёбанд.
Таваҷҷӯҳ кунед ба синну соли бархе номзадҳо: аз Ҳизби халқӣ — демократӣ — Миралиев Амиршо — 64-сола, Кенҷаева Мунаввар Ҳодиевна — 55-сола, Сангинов Ҷумъабой Раҳматович — 58-сола, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Эсанқулов Эшбурӣ Турахонович — 59-сола, Ҳизби сотсиалистӣ — Ғаффоров Абдуҳалим — 59- сола, раиси КИМ ҲСТ, Ҳизби наҳзати исломӣ — Ҳикматулло Сайфуллозода — 60-сола, узви Раёсати Олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ, Ҳизби коммунистӣ — Шабдолов Шодӣ Давлатович — 67-сола, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насимов Азим — 74-сола, Ҳизби аграрии Тоҷикистон — Қарақулов Амир Бӯриевич — 68-сола, Аҳмадов Ҳукматулло Маҳмудович — 61-сола.

Чаро ҷавонон номзад набошанд?
Пешбарӣ шудани номзадии Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе қадами навбатии ӯ дар майдони сиёсат дар ду соли ахир ба шумор меравад. Яъне, Рустами Эмомалӣ тақрибан як сол зиёд мешавад, ки дар вазифаи раиси бахши соҳибкорӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон то ба ҳол ифои вазифа мекунад.
Қадами дуввум, 19-уми апрели соли 2009 ӯ дар анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муовини раиси ин созмон интихоб шуда буд. Дар ин анҷуман ба ҷонибдории номзадии ӯ дар анҷумани 9-уми ин созмон қариб ҳамаи вакилон овоз доданд.
Зимнан, тибқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ягона созмони ҷавонон аст, ки дар баробари ҳизбҳо ҳаққи пешбарии номзад ба вазифаи президентиро дорад. Яъне, имрӯз, ки аз ҷониби Ҳизби халқӣ — демократӣ номзадияш ба вакилӣ пешниҳод шудааст, метавон гуфт, ки чунин муваффақиятҳояш ӯро то ин зина хоҳад бурд.
Муваффақияти дигари ӯ барои наздик шудан ба вакилӣ, ин моҳи декабри соли гузашта дар Анҷумани ҲХДТ ба узвияти раёсати ин ҳизб пазируфта шуданаш мебошад.
Аммо аксар таҳлилгарон мегӯянд, ки Рустами Эмомалӣ новобаста ба писари президент будан, дар ин интихобот пирӯз мешавад. Зеро дар баробари шӯҳрат доштан, инчунин ҷавонтарин номзад мебошад.
Аз тарафи дигар, сабаби ин бовариҳо дар он аст, ки Рустами Эмомалӣ бештар миёни ҷавонон маҳбубият дораду қишри зиёди ҷомеаро онҳо ташкил медиҳанд.
Масалан, то ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб шуданаш, чун вакили анҷуман аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо ин иттифоқ ҳамкории зич дошта, сарпарасти чандин маъракаҳои марбут ба ҷавонон будааст. Он замон Дилшод Қурбонов дар сӯҳбате гуфта буд, ки интихоби Рустами Эмомалӣ, фарзанди Президенти Тоҷикистон, ки худ низ хеле ҷавон аст, барои пурсамартар шудани кори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, ӯ миёни мухлисони футбол низ машҳур аст. Зеро Рустами Эмомалӣ яке аз сарпарастон ва футболбозони тими «Истиқлол» аст, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳи фаъолияташ бо 23 бурд дар 23 бозӣ унвони қаҳрамони футболи шаҳри Душанбе дар соли 2008-ро ба даст оварда, ба лигаи олии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳхат бигирад.
Акнун чунин муваффақиятҳоро дар ҳолати намояндаи ҷавонон дар Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе интихоб шуданаш метавон баҳогузорӣ кард. Пас, чаро ҷавононе ба мисли ӯ ба парлумон ворид нашаванд?

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: