Главная > Uncategorized > Ҳизби таҳрир, саҳмияҳои «Роғун» ва рӯҳониёни тоҷик

Ҳизби таҳрир, саҳмияҳои «Роғун» ва рӯҳониёни тоҷик

Ахиран дар хабаргузориҳо маълумот оид ба паҳн кардани коғазҳои таблиғотии Ҳизби таҳрир, ки алайҳи харидани саҳмияҳо равона шуда буд, пахш гардид. Мувофиқи маълумотҳо, намояндагони ҳизби таҳрир шабнома ё коғазеро нашру паҳн кардаанд, ки дар он рӯҳониёни Тоҷикистон зери тозиёнаи танқид қарор гирифтаанд. Зеро ба навиштаи эшон, харидории саҳмияи ширкати саҳҳомӣ ҳаром дониста шудааст ва муллоҳои кишвар мардумро барои харидории саҳмияҳои ширкати саҳҳомии «Роғун» даъват мекунанд. Аз ин лиҳоз, ҷонибдорони ҳизби таҳрир аз рӯҳониён ва имомхатибони масҷидҳо интиқод кардаанд, ки мусулмононро баҳри иҷрои кори ҳаром ташвиқ менамоянд, дар ҳоле, ки ба эътиқоди онҳо, ислом харидории саҳмияҳоро ҳаром медонад.

Ин дар ҳолест, ки рӯҳониёни саршиноси кишвар ва намояндагони Шӯрои уламои Тоҷикистон харидани саҳмияҳоро ҳамчун садақа ва хайрия раво дониста, мусалмононро барои саҳм гузоштан дар кори хайр, аз ҷумла харидани саҳмияҳои «Роғун» даъват мекунанд. Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламо мегӯяд, ки иддаои ин ҳизб ба шариати ислом мувофиқ нест. Зеро дар ислом даҳҳо намуди садақа ва хайрия вуҷуд дорад ва тавассути харидории саҳмия саҳм гузоштан дар сохтмони «Роғун» барои рӯшноӣ бахшидан ба мардум амали савоб аст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз чеҳраҳои саршиноси кишвар ақидаи пайравони ҳизби таҳрирро рад карда гуфт, ки касе саҳмия мехарад, ба ширкати «Роғун» аъзо мешавад ва фардо агар фоидае ба даст орад, фоидаи ҳалоли ӯст, ҳеҷ гуна шубҳа надорад. Ширкат дар шариат як намуди ҳалоли ҳамкорист, ки ҳар афрод мувофиқи саҳмгузорияш дар оянда баҳрабардорӣ мекунад.
Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон мегӯяд, ки харидории саҳмия на ҳаром, балки яке аз иқдомҳои шоиста ба ҳисоб меравад. Зеро он ба манфиати кулли мардуми кишвар равона шудааст. Вай мегӯяд, паёмбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд, ки садақаи ҷория ҳамон аст, ки ҷоеро бунёд кунед, то манофеи миллию мардумӣ дошта бошад, ба миллату қавму диёр фоидааш расад. Дар он кор кӯмак кардан, дасти ёрӣ дароз кардан бузургтарин ҳадя, бузургтарин савобу некӯкорӣ ва писандидатарин амал ба шумор меравад.
— Саҳмия гирифтан, ба ҳар касе ки қудрату тавон дошта бошад, на фақат як кори шаръист, балки як кори иттиҳоди миллист. Мо ба иттиҳоди миллӣ, ба иттиҳоди кишвардорӣ, ба обод кардани сарзаминҳо садҳо далел аз Қуръони азимушшаън ва аз суханони расули мукаррами ислом дорем. Ин гурӯҳ далел надоранд, танҳо таассуб доранд. Аз дидгоҳи таассуб, аз дидгоҳи бемазҳабӣ ин корро мекунанд. Мумкин таассубашон зидди давлатист, шояд зидди миллист. Ё шояд зидди давлатдорию сарзаминест. Ман намедонам ангезаи онро. Лекин набояд шахси оқил, мусалмон як тараф бошад. Касе ақл дорад, дар ин кор бо дасту забону молу пул кӯмак бояд кунад. Ҳар чизе ки миллат интихоб кард, мо пуштибони он раъйем. Ман аз дидгоҳи худам ва аз фаҳме, ки аз Қуръони азимушшаън ва суханони паёмбар дорам, ҳарф мезанам. Касе чизе гӯяд, ихтиёр дорад. Вале ман ба ин дурӯғу бӯҳтон, ба ин тарз амалу рафтор кардану коғаз паҳн кардан розӣ нестам. Мухолифи ин корҳо ҳастам. Ҳар касе барои тафриқа амал кунад, тафриқаангезҳоро Худову паёмбар ба бадтарин азобҳо таҳдид кардааст,- изҳор мекунад эшони Қиёмиддин.
Рӯҳонии дигари тоҷик домулло Нурмуҳаммад мегӯяд, ки корхонаи «Роғун»-ро мардум дар якҷоягӣ месозанд. Мувофиқи шариати ислом, вақте корхонаро тамоми мардум барои баровардани эҳтиёҷоти худ месозанд, барои чӣ ҳаром бошад? Шариати ислом ба ободкориву хайрхоҳӣ даъват мекунад. Модоме, ки мардуми мо имрӯз ниёз ба барқ доранд, аз набудани он азият мекашанд, пас чаро мардум барои манфиати умум саҳмияро харидорӣ накунанд? Чаро шариати ислом онро иҷозат намедодааст? Модоме як кас корхонаро месозаду мегӯяд, ки ман пули шуморо ин тавру он тавр медиҳам, ин камтар ҷониби рибо аст, аммо ҳамаи мардум барои баромадан аз бунбасти энергетикӣ созанд, ҳаром нест.
Аммо иддае аз коршиносон мегӯянд, ки таблиғоти ин гурӯҳ шояд дар дунбол ангезаи сиёсӣ дорад. Зеро ҳанӯз аз ирсоли номаи сарвазири ӯзбекистон дар мавриди аз бунёди нерӯгоҳи «Роғун» худдорӣ кардани ҷониби Тоҷикистон фурсате нагузашта, боз таблиғоти дигаре алайҳи «Роғун» оғоз шудааст. Пас, ин гурӯҳ манофеи мусалмононро ҳимоя карданиянд ё аз манфиати давлату гурӯҳе пуштибонӣ менамоянд? Таҳлилгарон мегӯянд, агар воқеан аз манфиати мусулмонон ҳимоя мекунанд, чаро дар замоне, ки духтарони мусалмонро бо ҳиҷоб ба омӯзишгоҳҳо роҳ намедоданд, ҳимоя накарданд? Ё аз тахриби масҷидҳо дар ташвиш нашуданд, ё ин ки дар лаҳзаи қабули қонуни «озодии виҷдон», ки ҳуқуқи намозхононро маҳдуд мекард, садо баланд накарданд? Маҳз имрӯз, замоне, ки сухан сари бунёди иншооти миллӣ меравад, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, ақалиятҳову аксариятҳо ба рӯшноии нерӯи барқи он ниёз доранд, ҳизби таҳрир ба ташвиш афтодааст.
Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруфи тоҷик бар ин назар аст, ки дар пиёда кардани сиёсати давлати ӯзбекистон ҳамдастии ҳизби таҳрир мувофиқи мақсад нест. Зеро аз ҳама бештар ба муқобили ҳизби таҳрир ӯзбекистон мубориза мебурд. Ба хотири ӯзбекистон шуда, дигар кишварҳои минтақа ҳизби таҳрирро ғайриқонунӣ эътироф карданд. Ва аз он ки ба хотири дастгирии сиёсати ӯзбекистон ин корро карда бошад, чандон мувофиқат намекунад. Аммо як чиз маълум аст, ки ҳизби таҳрир бо ҳамаи ҳукуматҳо мухолифат дорад. Вай мехоҳад ҳукумати худро бо номи «хилофат» дошта бошад. Аз ҳамин хотир, ба андешаи ман, рабт додани ин ҳар ду чандон мувофиқи мақсад нест. Зеро ҳазорҳо нафар пайравони ҳизби таҳрир дар зиндонҳои ӯзбекистон хобанд.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президени Тоҷикистон вуҷуд доштани қувваҳои дигареро, ки мехоҳад аз номи ҳизби таҳрир баромад карда, онро бадном кунад, аз эҳтимол дур намедонад. Вай мегӯяд, шояд мавқеи худи ҳизби таҳрир ин тавр бошад, ки дар муқобили ҳамагуна ҳаракатҳои оммавии ба сӯи гул-гулшукуфӣ рафтан, таҳкими иқтисодиёт ва пурқувват шудани ваҳдати миллӣ бошад. Аз ин сабаб, мумкин онҳо ҳамин гуна вокуниш карда бошанд. Ё ин ки баръакс, шояд қувваҳои дигаре ҳам бошанд, ки аз номи ҳизби таҳрир ҳамин гуна чизҳои зиддидавлатиро паҳн мекунанд.
Сайфулло Сафаров дар масъалаи тезутунд гаштани муносибати ӯзбекистону Тоҷикистон дар моҳҳои ахир чунин назар дорад, ки ҳоло ҳам роҳи ҳалли дипломатии муносибатҳо байни ин ду кишвар вуҷуд дорад. ӯ мегӯяд, давлати Тоҷикистон нисбати ӯзбекистон ҳеҷ мақсаду нияти бад надорад. Баръакс хостори он аст, ки ҳамсоякишвар ҳам аз об ва ҳам аз барқе, ки дар оянда Тоҷикистон ба он доро мешавад, ба пуррагӣ истифода кунад ва ҳатто бештар аз он ки имрӯз истифода мебарад.
— Манфиатҳои халқи тоҷик ва ӯзбек дар ин ҷо аз ҳам ҷудо нестанд. Зеро барқи арзон ва оби доимӣ дар вазъиятҳои камобӣ барои мардуми ӯзбек ҳамон қадар лозим аст, ки мо имрӯз ниёз дорем. Ба ғайр аз ин, аз рӯи манфиатҳо давлати ӯзбекистон ҳамчун ҳукумат низ ба сохтмони НОБ-и «Роғун» зид нест. Ба назари ман, дар ин ҷо шояд қувваҳои пинҳоние бошанд, ки онҳо ба оташ равған мерезанд ва гӯё ки ӯзбекистонро дар муқобили мо қарор медиҳанд. Барои ҳамин, мо бояд нисбати ӯзбекистон позитсия ё мавқеи сарвазири худамонро ҳимоя кунем. Бисёр андешаҳои хуб дар мактуби ҷавобии сарвазири мо ҳаст ва мо бояд ҳукумати Тоҷикистонро барои ин гуна ҷавоби ҳаматарафа, дақиқ ва илмияш табрик кунем.
Вале ба андешаи Фаррух Умаров, коршиноси масоили мазҳабии маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ҳизби таҳрир дар кишварҳои қашшоқу камбизоат, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳад нуфузи хешро бештар кунад. ӯ мегӯяд, вақте Тоҷикистон соҳиби барқи хеш мешавад, албатта мардум аз вартаи камбизоатӣ раҳо мешаванду ҷомеа рушд мекунад. Дар ин сурат ҳизби таҳрир дар Тоҷикистон корҳои тарғиботӣ бурда наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки фаъолияти Ҳизби таҳрир дар Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ мамнӯъ аст ва номи он дар рӯйхати 11 созмони террористиву экстримистӣ, чун ҳаракати исломии ӯзбекистон ва Ҳизби «Тоҷикистони озод» зикр шудааст.
Дар 9 сол мақомоти интизомии кишвар беш аз 400 узви «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро бо ҷурми паҳн кардани варақаҳову адабиётҳои мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии низоми Қонуни асосии кишвар, боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардаанд.

Исфандиёр ХАЛИЛӣ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: