Главная > Uncategorized > Баҳси об, ду тобут ва парвози «Кукуруз»

Баҳси об, ду тобут ва парвози «Кукуруз»

Фаромадани тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Хоруғ ва ағбаи Шаҳристон рафтуомади шаҳрвандонро аз Хатлону навоҳии тобеи марказ ба вилояти Бадахшон ва Суғд тавассути нақлиёт ғайриимкон гардонидааст. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ хабар доданд, аз сабаби фаромадани тармаи зиёд ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои Душанбе — Хоруғ, Душанбе — Хуҷанд ва ағбаи Шаҳристон ғайриимкон гардида, бо вуҷуди сафарбар кардани қувваи корӣ, тоза гардидани роҳ дар рӯзҳои наздик дар назар дошта нашудааст. Ба иттилои намояндагони ин ниҳодҳо, ягон нақлиёт дар зери тарма намондааст, лекин ду нафар дар ағбаи Хоруғ ҳафтаи гузашта бар асари лағжиши тарма ба ҳалокат расидаанд.
Сабаб бориши борон…
Аз рӯи маълумоти ҳолдонҳо, корҳои тозакунии роҳ аз тарма ниҳоят суст ҷараён дорад ва дар баъзе рӯзҳо тақрибан ба назар намерасад. Аммо намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ки мувофиқи маълумоти ҳавосанҷӣ дар давоми ҳафта бориши борон ба қайд гирифта шудааст, ки эҳтимоли фаромадани тарма дар назар аст. Аз ин сабаб, барои тоза кардани роҳ мушкил эҷод шудааст.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи Оксфордии кӯмак ба камбизоатҳо (Оксфам) дар натиҷаи як санҷиши худ эълом доштааст, ки гармии ҳаво дар Тоҷикистон боиси об шудани пиряхҳо гашта, дар оянда муносибати ӯзбекистону Тоҷикистонро, ки дар масъалаи кам шудани об баҳс доранд, боз ҳам тезутунд хоҳад кард. Ба гуфтаи Илҳомҷон Раҷабов, раҳбари департаменти давлатӣ оид ба тағйирёбии иқлим, аз 8 ҳазору 492 пирях дар кишвар тақрибан 20 дар сади он кам гаштааст. Дар 34 соли ахир ҳаҷми пиряхи аз ҳама калони Федченко 6 фоиз кам шудааст. Ин ҳолат мушкили камобиро дар Осиёи Марказӣ дучанд хоҳад кард.

Тақдири муҳоҷир
Агар мушкили камобӣ дар фасли тобистон эҳсос шавад, проблемаи равобити аҳолӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон аллакай ба назар мерасад. Хоса дар замоне, ки маъракаи интихоботӣ наздик аст ва номзадҳо талош доранд бо мардум вохӯриҳо гузаронанд. Зеро на ҳамаи номзадҳо имкон доранд, ки телевизионро минбари худ қарор диҳанд ва тавассути он ба мардум муроҷиат кунанд. Аммо ҳамаи ин дарди бахайр. Тарғибот бурданд ё не, ба ҳар ҳол шаҳрвандон раъйи худро ба хостаҳояшон медиҳанд. Зарурате нест, ки номзадҳо ҷони худро дар хатар андохта, дар чунин вазъи боду ҳаво ва баста будани шоҳроҳҳо ба ин ё он минтақа сафар кунанд.
Вале дар шабурӯзи баста гаштани роҳ ду тобути муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки ҳарду сокини ноҳияи Панҷакент маҳсуб мешуданд, аз Русия оварда шуд. Якеро тавассути фурӯдгоҳи Хуҷанд ва дигареро тариқи фурӯдгоҳи Душанбе қабул карданд. Ҳарчанд вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар мақомоти кишвар аз ҳамкорӣ ва муносибати хуби Тоҷикистону Русия сухан мегӯянд, равобити ин ду кишвар беш аз пеш меафзояд, аммо «равобити» тоссарҳои миллатчии рус низ бештар гашта, шумораи тобути муҳоҷирони тоҷик низ рӯз аз рӯз дар афзоиш аст. Вале баҳс ҷои дигар аст, ки ҳангоме тобути якеро тавассути ағбаи Шаҳристон меоранд, роҳ аллакай баста шуда буд. Аз Хуҷанд ба ноҳияи Панҷакент парвози самолёт низ вуҷуд надорад. Соҳибони мурда маҷбур тавассути Ҷумҳурии ӯзбекистон тобутро ба Панҷакент бурдаанд. Аз як ҷониб печидагиҳое дар муносибати ин ду кишвар мавҷуд аст, вале аз тарафи дигар зиндаву мурдаи Тоҷикистон хоҳ — нохоҳ ба гузаштан аз марзи ӯзбекистон эҳтиёҷ пайдо мекунад. Агар не, пас бо кадом роҳ бояд тобути муҳоҷир ба зодгоҳаш расонида шавад? Зеро он тобуте, ки тавассути фурӯдгоҳи Душанбе оварда шуда буд, ду рӯз боз соҳибонаш интизорӣ мекашанд, то ин ки хоҳ савора, хоҳ пиёда, тавассути нақби «Истиқлол» онро гузаронанд. Нақби «Истиқлол»-е, ки то ба истифода доданаш даъвоҳо зиёд шуда буд, гӯё акнун мушкили ҳаракати мардум дар зимистон бартараф шуд ва гузаштан аз ин роҳро мехостанд пулакӣ кунанд. Роҳи дигари гузаштан кадом аст? Аз Душанбе ба Панҷакент гоҳ-гоҳ парвози ҳавопаймои «Кукуруз» мушоҳида мешуд, ки дар ин шабу рӯзи баста шудани ағбаҳо самти ҳаракаташро дигар кардаанд. Дигар мушкилиҳои ҷузъиро ба инобат нагирем, аз қабили банд мондани мошинҳо дар миёни тарма, бознишастани мардум дар ҳуҷраҳои муваққатӣ ва иҷора, лекин тобутро сарфи назар кардан ба вайроншавии мурда сабаб хоҳад гашт. Шояд мутаваффои дохили тобут дар зиндагӣ чандон аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор набуд, дар мусофират азобу шиканҷаи зиёд дида бошад, таҳқиру мазаммати «Ҷамшуду Равшан» гуфтанҳо аз ҷон сераш карда бошад! Лекин вай агар ҳуқуқи озод зистан надошт, эҳтимол ҳаққи осуда мурдан ҳам пайдо накард. Гунаҳкор тақдир! Оё тақдирҷунбони муҳоҷир давлати иҷтимоӣ буда метавонист?

Исфандиёр ХАЛИЛОВ
Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: