Главная > Uncategorized > интиХОБот

интиХОБот

«… вақте инсон андешаашро озодона баён мекунад, бовараш ба оянда зиёд мешавад».
Чингиз Айтматов


«Номзадҳои Президент»
Вақте мардум тарзи баромаду мӯҳтавои суханронии бархе аз номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагонро тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон мешунаваду мебинад, фикр мекунам, умеди онҳо аз оянда канда мешавад. Дар сурате, ки аксарашон ҳатто чор-панҷ ҷумлаи муқаррариро аз рӯи қоғаз дуруст хонда наметавонанд, саволе пайдо мешавад, ки интихобкунанда чӣ гуна метавонад ба фаъолияти назарраси ӯ бовар кунад?
Чунин ҳолатро бахусус ҳангоми баромади номзадҳои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон метавон мушоҳида кард. Ҳатто нафароне, ки маротибаи дуюму сеюм вакил шуданиянд, баромадашонро аз рӯйи қоғаз ва он ҳам базӯр мехонанд! Ин ҳам дар ҳоле ки қисми зиёди мардум солҳои ахир боварияшонро ба он, ки овози додаашон барои ояндаи кишвар нақш мебозад, аз даст додаанд. Ҳастанд онҳое, ки дар ин давом умуман дар ягон интихобот ширкат наварзидаанд.
Як сокини ноҳияи Восеъ, ки худро Зубайд муаррифӣ кард, ҳангоми сӯҳбат дар ин хусус иброз дошт, ки натанҳо ба овози додааш бовар надорад, балки вакилаш дар ҳаёти ӯ наметавонад нақше бозад.
Аз ин рӯ, ӯ ки дар шаҳри Душанбе истиқоматкунандаи муваққатӣ аст, намехоҳад 50 сомониро роҳкиро карда, овоздиҳӣ равад.
«Беҳтараш дар ин рӯз кори манфиатоваре анҷом диҳам, то маблағе ёфта, бо он 50 сомонии роҳкиро ҳамроҳ карда, барои аҳли оила равон кунам»,- гуфт ҳамсӯҳбатам.
Пас, вакилони оянда рисолати гароне ба дӯш доранд, бахусус ин ки бояд боварии мардумро барқарор кунанд. Аммо ҳоло мебинем, ки намояндаҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ бо истифода аз номи Президенти кишвар худро «номзадҳои президент» муаррафӣ карда, сару садоеро зиёд кардаанд, ки «бояд номзади президент гузарад». Ин чӣ маъно дорад?
Аввалан онҳо ба нерӯи худ бовар надоранд ва баъдан боз ҳам масъулиятро ба дӯши сарвари мамлакат бор карданиянд, на ба худ. Оё ин гуна вакилон ба мардум лозиманд? Ба Президент чӣ?

Истифодаи аксҳои Президент
Ҳамчунин, усули дигари бархе аз номзадҳо истифода аз акси Президенти кишвар мебошад. Масалан, дар ҳама варақаву лавҳаҳои таблиғотӣ дар муқоиса бо номзадҳо акс ва корнамоиҳои Президент инъикоси бештар ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Президенти мамлакат моҳи майи соли гузашта зимни як фармони худ истифодаи аксашро ба манфиати роҳбарон манъ карда буд. Яъне, Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки «бо мақсади пешгирии худнамоӣ ва аз байн бурдани каҷфаҳмиҳо дар байни мардум» портретҳо ва қолинҳо, ки дар онҳо раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамроҳ бо раисҷумҳур аксбардорӣ шудаанд, аз утоқҳои корӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва канори роҳҳо гирифта шаванд.
Агар чунин аст, пас, истифодаи аксҳои Президент дар варақаву лавҳаҳои таблиғотии номзадҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ худнамоӣ нест? Чунки Президенти ҷумҳурӣ истифодаи аксҳояшро бо мақсади худнамоӣ манъ карда буд.
Дар ин ҷо метавон мисоли дигареро аз рекламаҳои тарғиботии ҳизби ҳоким овард, ки тамоман нобаробарӣ нисбати дигар аҳзоб мебошад. Яъне, дар он вазифаҳои Президенти Тоҷикистонро ба фаъолияти ҲХДТ марбут дониста, чунин маънидод мекунанд, ки ҳамаи ин ободиву созандагиро маҳз ҳамин ҳизб анҷом додааст.

Интихобот барои ду ҳизб
Чунин менамояд, ки интихоботи парлумонӣ танҳо барои ду ҳизб — ҲХДТ ва ҲНИТ бошад. Зеро дар қиболи ҳизби ҳоким ягона Ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки дар сатҳи он муаррифӣ ва барномаҳои таблиғотияшро доир карда истодааст.
Масалан, дар овезаҳои калонҳаҷм ва мошинҳои таблиғотӣ бо шиори ҳизб ва истифодаи баландгӯяк, хона ба хона гаштани бонувони ҳиҷобпӯш барои тақсим намудани баргаҳои таблиғотии ҲНИТ яке аз усулҳои ҷалб намудани мардум аст. Ҷо-ҷо таблоҳоеро низ бо акси бузурги раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ вомехӯрем.
Аммо дар гӯшаву канори шаҳри Душанбе шиорҳои воҳиманоку дар телевизион рекламаҳои қатори дигар аҳзоби сиёсиро наметавон дид. Шиори ҳизбҳои боқимонда танҳо дар варақаҳои интихоботӣ дар ҳаҷми хеле кӯтоҳ омода шудаанд, ки он ҳам дар бархе аз девори биноҳо, истгоҳҳо ва симчӯбҳои пойтахт насб шудааст.
Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҳизбҳои дигар барои насби шиорҳои интихоботии худ дар плакатҳои бузург ҷуръат надоранд. Вале сабаби инро намояндагони ин аҳзоб дар вазъи молӣ шарҳ додаанд. Аз ин рӯ, наметавонанд барномаҳои таблиғотияшонро ба таври бояду шояд ба роҳ монанд.
Ин аст, ки дар арафаи интихобот аҳзоберо, ки чунин мушкилот доранд, як андоза «тихо» кардааст ва аз чунин фурсат истифода бурда, ҲХДТ фазои маъракаи таблиғотиро то ҷое худаш пур кардааст.

Ин вазъ бошад, барои «тихо» гузаштани интихобот имкон фароҳам меорад, то ин ки, боз ҳам чун солҳои пештар дар парлумони кишвар намояндаҳояш аз курсиҳои муқарраршуда қисми зиёдашро соҳиб шавад. Яъне, дар парлумони феълӣ намояндаҳои ҳизби ҳоким аз 63 курсӣ 46 ададро соҳиб ҳастанд. Маҷлисҳои маҳаллӣ низ аз ҳисоби намояндагони ҲХДТ бештар ташкил шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон эълон науданд, барои таблиғу муаррифии намояндагони ҳамаи ҳизбҳо дар телевизион вақти ройгон ҷудо карда шудааст. Вале аз чи бошад, ки то кунан боз ҳам аз ин имкон ду ҳизб бештар истифод мекунанду халос. Ҳизбҳои дигар куҷоянд?

ВАО ва маъракаи тарғиботӣ
Тавре дар боло гуфтем, мардум то андозае аз интихоботҳои баргузоршуда дилсард шудаанд, ки «тихо» буданро авлотар медонанд. Яъне, аз он ки дар рӯзи интихобот ширкат намеварзанду ба ҷойи онҳо шахсони манфиатдор овозашонро «мегиранд», ХОМӯШ мемонанд.
Ҳамчунин, дар рафти интихобот қонуншиканиҳоро мебинанд, вале ХОМӯШ истоданро беҳтар ҳисоб мекунад.
Аксари коршиносон бетаваҷҷӯҳии мардум ба интихоботро ба ҳамин тавсифи аз ҳад беши ҲХДТ ва нодида гирифтани аҳзоби дигар марбут медонанд.
Аммо натанҳо мардум ХОМӯШ буданро ихтиёр кардаанд, балки расонаҳои давлатӣ низ дар инъикоси фаъолияти ҳизбҳои дигар «тихо» монданро авлотар медонанд. Ҳарчанд барои таблиғи ҳамаи ҳизбҳо имкони ройгони баробар аз тарафи қонунгузор кафолат дода шудааст.
Дар ин хусус раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров шояд гӯяд, ки «таблиғ накунанду халал ҳам нарасонанд».
Зеро ба қавли ӯ, аз замоне, ки рӯзи баргузоршавии интихобот эълон гардид, то кунун бар зиддаш беш аз 30 мақолаи танқидиву пур аз таҳқир дар расонаҳои давлатӣ нашр шудааст.
Ин аст, ки ахиран ӯ маҷбур шуд то дигар «тихо» нашинаду рӯзномаи «Минбари халқ»-ро ба суд кашад.
Хулоса, чунин шароити «тихо» баргузор шудани интихоботҳо мардумро ба хулосае овардааст, ки интихоботи воқеиро мардуми тоҷик бояд ҳоло хоб бинад…

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: