Главная > Uncategorized > Мор, муш ва Қурбоққаҳо

Мор, муш ва Қурбоққаҳо

(Масал)
Айёми тобистон гузашт. Мор, ки ду моҳ боз рӯи сафедхоки болои теппача дароз мекашиду чашмонашро хумор карда, аз нури сӯзони офтоб ҳаловат мебурд, дар такопӯ афтод. Атрофи кулӯхҳо печутоб хӯрда, теппачаро фаромад ва хост ба лонааш дарояд. Аммо наёфт онро. Лонаашро хок «кӯр» карда буд. Худро чор тараф зад. Як муддат ҳайрон хазида гашт…
Дуртар аз лонаи мор мушаке мезист, ки кораш бурдану хӯрдану орамидан буд. Иттифоқо, гузори мор ба хонаи муш афтод. Беистиҳола ворид шуд, чун меҳмони нохонда. Ин замон муш рӯи намадпора паҳлу зада, такя ба гулдӯзиҳои дуздидааш дода буду бо дандонакҳои нафису тезаш чормағзҳои ба яғмо бурдаашро чарақ — чириқ шикаста мехӯрд. Чун дар сӯрохи даромадгоҳ чашмони алои морро дид, ғалтону хезону ларзон пеш давиду алъамон хост: «Ай шоҳи хазандаҳо, зинҳор деҳ!! Бар ивазаш тамоми ин молу манол, ки мебинӣ, дар ихтиёрат мегузораму меравам».
Мор забонашро алвонҷ доду ба гуфтор даромад:
— Ҳой нодон, намедонӣ, ки ин нуқлу анвоят маззаи дандони ман намекунад!? Як пора гӯшти қурбоққа аз ҳама чиз болост. Бирав, бароям қурбоққа биёру назди даромадгоҳ об ҷорӣ намо, то шикамро сер кунаму ташнагиямро шиканам. Шарт ҳамин, ки ҳар ҳафта ғизои нав орӣ!
Муш аз хонааш берун рафт ва ба ҷустуҷӯи қурбоққа афтод. Шаб шуду борон реза — реза рехт. Миёни дашт мегашт, ки қурбоққаи хокиро дид ҷӯлида бар лой. Барои вохӯрӣ пеш давид ва бо нимтаъзими сохтакорона гуфт:
— Салом эй мири шаб! Чи иттифоқе уфтода, ки ин азизро дар майдони бекарону бекас овораву сарсон мебинам?
Қурбоққа ба сухан даромад:
— На, танҳо наям. Шабгардҳои дӯсте дорам, ки ҳар кадом аз зери борон худро бехи буттаҳо кашидаанд.
Муш, ки то ин дам пайти мувофиқ меҷуст, то дили қурбоққаро ба даст орад, дурӯягиро пеша кард:
— Ин тоифа дӯстон ки мегӯӣ, дӯст нестанд. Душмане ҳастанд дар пӯсти дӯст, ки ҳар гӯшае камин гирифта, ҳатто чоҳ барои пайвандони худ мекананд. Онҳо ки дил надоранду виҷдон, агар ҷон бар ҷонашон пайвандӣ, қайсариву каҷравии худро кунанд.
Қурбоққа аз ин панди муш музтар монд ва гӯё аз ҳамҷинсони худ шарманда буд, ки суол дод:
— Пас, чӣ бояд кард? Ба ҳар узве аз қабилаи худ лаънат фиристаму аз онҳо дурӣ ҷӯям? Охир, чигуна мешавад ангушти дастро буридан?
— Шарт нест худро канора гирифтан,- шердил шуд муш, ки ҳамин гилаи қурбоққаро интизор буд.- Баръакс, ҳоло ҳар кадомеро наздат мехонӣ ва бо ҳам ба хонаи ман меравем. Хоҳу нохоҳ аз он буттаҳо, ки ёд овардӣ, нами борон гузаштаву таъсири сардиро ба мағз-мағзи устухони дӯстонат расондагист. Бигзор дар хонаи гарми ман чанд муддат дами хуш бизананд. Он гоҳ ба гуноҳу зиштии худ ва ҳам ба кушодадастию софдилии ту қоил хоҳанд шуд.
Қурбоққа чун навозиши беш аз муш дид, ҳамҷинсонашро фаро хонд. Гурӯҳи қурбоққаҳо аз дунболи муш ба хонаи ӯ равон шуданд. Ворид гаштани онон ҳамон буду ҷаст задани мор ҳамон. Худро дар иҳотаи тану думу сари мор дарёфтанд ва нафрин ба муш хонданд, ки бар онҳо ғиромибозӣ карда. Аммо дигар илоҷи раҳоиву роҳи гурез набуд. Сар фуруд оварда, тақдир ба тақдирҷунбон таслим карданд.
Мори алочашми гурӯсна он рӯз дар шоҳидии муш ду қурбоққаро хӯрд. Баъдан амр кард, ки чокараш аз пайи иҷрои супориши дуввум, яъне овардани об шавад.
Муш дар они воҳид ба кор шурӯъ намуд. Аз даромадгоҳи хонааш сар карда, то наздиктарин ҷуйбор заминро сӯрох канд ва худ ба рӯи замин баромадаву қафо гашт. Аммо вақте ба дари хонааш расид, мутаҳайир шуд. Дид, ки хоки лаби даромадгоҳ фурӯ рехтаву сӯрохро пур кардааст. Ҳамчунин, сари пачақу маҷақи мор берун аз хок мондаву санге нӯгтез болои гарданаш.
Дили муш заррае ба қурбоққаҳо насӯхт, аммо аз нобудии хонааш алам кашид. Вале баъди наззораи чашмони аз косахонаи сар баромадаи мор худ ба худ гуфт: «Ба хайр аст! Хонаи наве месозаму мавқеи дигаре меёбам! Аз ҳамин мори палид раҳоӣ ёфтам, шуд!».

Қиёми САЪД

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Рамзиддин Кобил
    Март 3, 2010 в 4:30 дп

    «Воизон, к-ин љилва дар мењробу минбар мекунанд»

    Бо баракати аќли лоязолї, ки атои худованд аст ва такондењи рушду тавсеъаи љањони техникї мебошад, имрўз насибамон гаштааст, ки фарсахњо дур аз Ватани азиз дониш андўзему њамзамон тавассути Интернет дар ваќту лањзањои дилхоњ бо азизони дили хеш дар тамос бошем, наздикии ёру дўст, мењани мањбубро дар ќалби худ эњсос кунем, аз пешрафту муваффаќиятњояшон шод гардему аз ноќисињо ѓамгин.
    Муддатест, ки ѓояи ягонаи миллї, сохтмони барои ояндаи мардуми тољик ва кишвари Тољикистон таќдирсоз – сохтмони нерўгоњи барќи обии Роѓун, тамоми мардумро даври хеш муттањид намуд ва тамоми љањониён шоњиди он гаштанд, ки чї гуна тољик метавонад, новобаста аз диду назари сиёсии хеш, манфиатњои миллиро дар сатњи баландтарини ормонњои худ љой дињад, алораѓми душманони њасуду бадкеши ин миллати соњибмаърифату куњанбунёд, дасти якдигарро бигирад ва вањдати комили хешро намоиш дињад. Ва ин вањдат, ин ягонагї, боиси сарфарозию ифтихори мо донишљўён, як гурўњи кўчаки ин миллати фархунда дар байни дигар њамсабаќњоямон гардида буд. Моро бавижа баёнияи роњбарияти Њизби Нањзати Исломии Љумњурии Тољикистон дар бораи дастгирии Њукумати ЉТ дар сохтмони нерўгоњи Роѓун ба ваљд оварда буд. Мо онро њамчун як муждае аз вањдати халалнопазири миллат дар як давраи њассос, даврае, ки душманони нотавонбин роњњои рахна заданро ба ягонагии мо мељўянд ва кўшиш доранд монеи њама гуна пешрафти љомеаи мо гарданд, пазируфта будем.
    Вале сад афсўс, ки «Воизон, к-ин љилва дар мењробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд». Интихоботи баргузоршуда, боз њамаро ба «љоњои худшон» нишонд. Њомии ислом ва љаноби демократимаоб, мўњтарам Муњиддин Кабирї, ки шурўъ аз рўзњои аввали маъракаи интихоботї њамеша ба такрор мегуфт «ин интихобот аз лињози ташкилї ва аз лињози фазои сиёсї дар муќоиса бо интихоботи солњои 2000 ва 2005 пешравии мусбате дорад», дар нињояти кор чун маѓлуб гашт, ба љои мардона пазируфтани ин маѓлубият, симои асосии хешро боз аён сохт. Ў нишон дод, ки ин ягонагї ва арзишњои миллї барояш ними хас арзиш надоранд ва њадафи асосиаш расидан ба зинањои болотари сиёсист. Вагарна дар панљ соле, ки ў ва ба истилоњ, «пешвои маънавии нањзатињо» љаноби М. Њимматзода дар курсии вакили Парлумон ќарор доштанд чї хидмати наљибе барои мардуми Тољикистон кардаанд ва умуман Парлумони кишвар чї хизмате дар назди ин мардум дорад, ки боз шахсони навбатї барои соњиб шудан ба курсињои он љон мекоњонанд.
    Љаноби Муњиддин Кабирї, дар сўњбатњое, ки Шумо бо мо ва дигар донишљўёни њамтои мо дар кишварњои исломї доштед (фаромўш насозед, ки мо тавассути имкониятњои Итернетї њамеша бо њамдигар дар тамосем), барои мо ваъдањои зиёде додаед, вале бањри иљроишашон кўшише ба харљ намедињед. Мо ба пуррагї дарк кардаем, ки маќсади сафарњои Шумо ба кишварњои исломї љамъ намудани маблаѓњо дар зери пўшиши фаъолияти ЊНИТ барои худатон мебошад. Набошад аз куљо ин ќадар боигарии шахсиро Шумо дар як муддати кўтоњ пайдо намудед, ки имрўз соњиби ширкати сохтмонї, воридоти молњои рўзѓор аз Эрон ва чандин хонаю дигар моликияти хусусї дар шањри Душанбе гаштаед.
    Шумо медонед, ки фарќи мо љавонони имрўзаи тољик, ки дар шароити кишварњои хориљї дониш меомўзем, аз дигар љавонони тољик дар чист? Намедонед? Пас мо ба Шумо мефањмонем. Мо сухангўёну суханбозонро зиёд дидаем, аз ин рў ба њар шахс на аз гуфтањояш, балки аз рўи кардањояш бањо медињем. Ваќте, ки ба кардањои Шумо њамчун роњбари як њизби сиёсї назар андохтем, чи дидем: Шумо дар лањзањои барои ЊНИТ мушкилтарин (солњои 93-и асри гузашта) аз њамсафони худ, ки дар шароити сангини Афѓонистон азоби љисмониву маънавї мекашиданд, фирор намуда дар шароити ороми Федератсияи Руссия ба сарватѓундорї машѓул шудед. Чун вазъият каме ором гирифту дидед миёни Њукумати Тољикистон ва сарварони мухолифини тољик гуфтушунидњо шурўъ шуданд, худро боз ба канори њизб задед ва њатто аз њисоби њизб Академияи дипломатии шањри Маскавро хатм кардед. Мо ба саводу њушёрии сиёсии Шумо ќоилем. Зеро дар як муддати кўтоњ, ба љавонии худ нигоњ накарда, тавонистед ба боварии марњум Устод Саид Абдуллои Нурї ворид гардида, љойнишини ў дар садорати ЊНИТ гардед.
    Моро дигар гўл задан мушкил аст. Мо аллакай дарк мекунем, ки ислом чисту сиёсат чї. Мо аллакай мефањмем, ки бо кадом маќсадњои ѓаразнок, Шумо мусулмонони тољикро ба пайравони санаддори Худо, яъне њизбї ва мусулмонони бењуљљати ѓайрињизбї људо кардаед. Вале хаёли Шумо хом аст. Моро дигар фиреб кардан амрест мушкил. Агар ќаблан симои Президенти ЉТ-ро мо танњо дар сухану гуфтањои Шумо ва як иддаи дигари ба ном «њомиён»-и ислом тасаввур мекардем, солњои охир ўро чандин дафъа дар шароити хориљи кишвар аз наздик дидем ва итминон њосил кардем, ки ў имрўз пуштибони асили миллати мусулмони тољик ва арзишњои бузургу муќаддаси исломист ва ин муќаддасотро дар њамон шакле пос медорад, ки падару аљдодони мо аз ќадимулайём онњоро эътироф мекарданду парастиш мекарданд, на чун баъзе мазњабфурўшони миллат, ки ба кадом кишвари исломие, ки сафар намуданд, ба хотири чанд пайсаи пуччак ба дину оин, мазњабу макотиби барои тољикон бегона мегароянд. Бузургдошти Имоми Аъзам љойгоњи исломро дар Тољикистон барои љањониён, хусусан барои кишварњои исломї муайян кард. Ва аксари онњо дар назди Сарвари тољикон сари таъзим фуруд оварданд, зеро дар худи ин кишварњо чунин таваљљўње ба бузургони ислом ва ањли таќво зоњир нагардидааст. Мутаасифона, аз љониби Шумо исломиёни њуљљатдор мо чунин ташаббусеро алњол надидаем ва фаќат мебинем, ки шумо онро танњо барои амалї намудани манофеъи худ истифода мебаред.
    Мўхтарам Раиси ЊНИТ! Шумо, ки аз таќаллубкорињо дар интихобот, мањалгароињо дар Њукумат ва коррупсия дар сатњи маќомоти давлатї менолед, чаро њамчун як сиёсатмадори муосири љомеаи тољик худатон ба дигарон намуна намешавед. Чаро маблаѓњои аз кишварњои исломї барои њизб воридшаванда танњо ба воситаи хушу таборатон интиќол мешаванду дар ихтиёри худатон ќарор мегиранд. Чаро дар сафи номзадњо њамчун вакили Парлумон хоњару бародару писари амакатон дар баробари худатон ќарор доштанд? Умуман, Шумо, ки љонибдори роњ додани танњо кадрњои тавоно ва кордон ба Парлумони кишвар мебошед, киро дар рўйхати ЊНИТ њамчун фарди љавобгў ба ин талаботњо мебинед? Мо чунин шахсонро дар рўйхат надидем.
    Аслан, маќсад аз навиштани ин маќола њуљум ба Муњиддин Кабирї надоштем. Вале чи илољ, ки «Чу узве ба дард оварад рўзгор, Дигар узвњоро намонад ќарор». Муњиддин Кабирї, ки худро як сиёсатмадори шинохтаи Тољикистони имрўза мењисобад, бояд њассосияти марњилаи кунуниро дарк кунад ва ба нафъи душманони миллату мињани тољик хизмат накунад. Ў бояд манфиатњои шахсии худро боло нагузорад ва миёни љомеаи тољик тафриќа наандозад, чунки дар вазъияти кунунї ин иќдом хиёнат ба мардуми тољик ва Тољикистон аст.
    Мо медонем, ки хеле љавонем ва дар навишти маќола ба эњсосот дода шудаем, аз ин сабаб ба иштибоњоти зиёде низ роњ додаем ва Муњиддин Кабирї бо осонї онњоро ошкор карда љавобе њам барои мо менависад, вале умедворем, ки агар ў дўстдори њаќиќии миллату мењани худ бошад, аз халалдор кардани вазъи сиёсї дар ЉТ даст мекашад. Ба њар њол, ў имкон дорад, ки боз панљ соли дигар дар пушти курсии вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси олии Љумњурии Тољикистон паноњ бурда, барои кишварњои исломии минтаќа дар Тољикистон «љомеаи исломї» ва барои кишварњои Аврупо «љомеаи демократї» бисозад.

    Як теъдод љавонони Миллатпарасту Ватандўсти њаќиќї аз хориљи кишвар

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: