Главная > Uncategorized > РАМЗИ ХУҶАНД ЧИ ГУНА БОШАД?

РАМЗИ ХУҶАНД ЧИ ГУНА БОШАД?

Эъломи озмуни тарҳи «Рамзи шаҳри Хуҷанд» аз тарафи масъулини шаҳр шояд аз дурандештарин нигаришҳо бар устуворӣ ва пойдории шаҳри Хуҷанд ва сокинонаш бошад. Воқеан, ин қасд як амри тасодуфӣ нест, балки тасмими дар ҳақиқат таърихист. Думболи он набояд шуд, ки ин тасмим аз роҳи таҳқиқ ё тақлид омадааст, балки аз пайи он шуд, ки чи гуна метавон тамомии ҳастӣ ва ояндаи Хуҷанд ва сокинони онро дар як нишон таҷассум намуд. Бояд мардона бипазирем, ки иҷрои ҳамчунин тарҳ ҳатто барои огоҳтарин афрод кори осоне нест.
Он чи бояд таъкид шавад, ин аст, ки агар арзёбии озмун аз рӯи инсоф ва мантиқи солими илмӣ сурат бигирад, шакк нест, илмитарин нишона ҷойи муносиби худро дар зеҳни таърихи муосир ва ояндаи ин шаҳри маъруфи миллат хоҳад гирифт. Вале агар натиҷагирӣ аз ҳавои ғараз ва халаф сурат бигирад, мутмаинан нияти нек акси худ гардад.
Пӯшида нест, ки таъйин ва интихоби тақрибан ҳамаи нишони шаҳрҳои таърихӣ, мабнӣ бар таърих ва вежагии суннат ва фарҳанги он диёр сурат мегирад.

Аз он ҷо, ки беш аз 25 сол машғули таҳқиқот ва баррасии таърих ва фарҳанги зодгоҳи худ ҳастам ва пайваста муҳимтарин таҳқиқоти хешро дар ин замина асосан ба забонҳои хориҷӣ ба чоп расонидаам, тасмим гирифтам назари худро дар мавриди рамзи шаҳри Хуҷанд ироа намоям. Албатта, шакк нест, дар ин хусус донишмандон, муҳақиқин, ҳунармандон ва коршиносони риштаҳои мухталифи улуму ҳунар изҳори назар карда бошанд, вале он чӣ дар зер меояд, фикр мекунам барои тасмим ва тааммули коршиносон ва низ барои масъулини таъйини нишони диёр муфид хоҳад буд.
Қабл аз ин ки, вежагиҳои тарҳи нишони шаҳр тавзеҳ дода шавад, ишораи чанд нукоти таърихӣ ва фарҳангии масъала муфид ба назар мерасад:
Ҳамаи ақвом ва миллатҳо бо зодгоҳ ва меҳани худ меболанд. Барои муаррифӣ кардани манзалати диёри хеш муҳимтарин сафаҳоти ифтихорманди гузашта ва фаровардаҳои афроди маъруфи хешро ба унвони рамзи шаҳри худ интихоб мекунанд. Пӯшида нест, таъйин ва интихоби тақрибан ҳамаи шаҳрҳо ва аёлоти таърихии манотиқи Урупо ва Шарқ бар пояи вежагиҳои суннат, фарҳанг ва ҳунар ва ё бар барҷастатарин хадамоти таърихии онон сурат гирифтааст. Кофӣ аст, аз ин назар ба нишон ва ифтихороти бузургтарин шаҳрҳои таърихӣ назар афканем. Чунончи, нишони шаҳрҳои Париж, Вена, Стамбул, Теҳрон, Шероз, Москва, Санкт — Петербург, Твер, Тула, Нижний Новгород, Пекин ва… ғайра фақат бар пояи таърих ва вежагиҳои фарҳангии мардумонашон сохта шудаанд.
Шаҳри Хуҷанд бо собиқаи беш аз 2500 соли хеш, ҳам акнун ва барои оянда ниёзманд ба таъйини нишон ва рамзи худ аст. Мусалламан, интихоби нишон ё рамзи шаҳр бидуни баррасӣ ва таъйини вежагии таърих ва фарҳанги ин диёр ғайри мумкин аст. Шак нест, муаррихон, фарҳангшиносон, чуғрофидонон ва пажӯҳишгарони дигар, ки огаҳӣ аз таърих ва вежагиҳои фарҳангӣ ва ҷуғрофиёи Хуҷанд доранд, барои таъйини нишони шаҳри Хуҷанд аз воқеиятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ суд ҷустаанд ва хоҳанд ҷуст.
Аз назари ҷуғрофиёи табиӣ маълум аст шаҳри Хуҷанд дорои манозири беназири табиӣ, ба монанди Сир — Дарё ва кӯҳи Мевағул (Муғул) мебошад. Аз диди таърихӣ — фарҳангӣ ин шаҳр бо доштани ёдгориҳои арзишманди меъморӣ ва ҳунарӣ, ба монанди: мақбараи шайх Муслиҳиддин, Бозори Панҷшанбе, муҷассамаи Ленин, Кохи Арбоб, театри Хоҷа Камол, Арки Хуҷанд ва дигарҳо аз эътибор ва шӯҳрати қобили таваҷҷӯҳе бархӯрдор аст. Аммо бо ин вуҷуд ҳеҷ яке аз мавозеъи ҷуғрофӣ ва ёдгориҳои таърихии мазбур ба танҳоӣ наметавонанд шохисаи рамзи таърих ва ҳуввияти Хуҷанд бошанд. Пас дар таъйини рамзи шаҳр бояд унсур ва заминаи ҳақиқии рамзофарини таърих таваҷҷӯҳ кард.
Ҳамаи осори таърихӣ, ҳунарӣ ва ҷуғрофиёӣ, ки дар боло ба унвони аносири рамзофари Хуҷанд зикр шуданд, дар воқеъ наметавонанд ба хубӣ ҳамаи ниёзҳои ҳуввияти таърихии Хуҷандро бароварда кунанд. Аносири меъморӣ ва ҳунарии мазбур (ғайр аз Арки Хуҷанд ва Мақбараи шайх Муслиҳиддин), ки ҳам акнун дар Хуҷанд ба унвони ифтихороти таърих мавҷуданд, шакк нест, фаровардаҳои афкор ва заҳамоти меъморон ва муҳандисони даврони шӯравиянд. Бояд дар назар дошта бошем, ки нишони шаҳр ғайр аз ин ки таърихӣ ва зебо бошад, рӯҳ ва моҳияташ низ бояд миллӣ ва маҳаллӣ бошад!
Агар қарор бар ин бошад, ки симои афроди маъруф рамзи шаҳр бошад, мутаассифона, Хуҷанд боз ҳам ба мушкилӣ бархӯрд мекунад. Чунончӣ, шахсияти Темурмалик дуруст аст, ки фарди бузурги таърихи Хуҷанд аст, вале ӯ низ наметавонад самбули (символи) Хуҷанд бошад. Вай фақат самбули мардонагии диловарони Хуҷанд дар баробари душманон аст. Ба ҳар сурат бо ин ҳама мардонагӣ ӯ дар ҷанги зидди муғул шикаст хӯрд ва аз диди насаб ҳам турк аст. Аз ин хотир, Темурмалик фақат метавонад ба унвони қаҳрамони асили таърих бимонад. Камол ҳам агарчи аз зумраи бузургтарин афроди Хуҷанд аст, вале симои ӯ низ наметавонад рамзи шаҳри Хуҷанд бошад, чун вай номи худро ба унвони самбули шеър ва адаби Хуҷанд дар китоби таърихи шеъри форсӣ сабт кардааст. Афроди маъруф ва машҳури илму адаби дигари Хуҷанд низ тақрибан дар ҳамин вазъ қарор доранд. Пас чӣ бояд кард?
Бояд дар назар дошта бошем, ки Хуҷанд қабл аз ҳама бо маърифатпешагӣ ва донишдӯстии сокинонаш машҳури ҷаҳон гаштааст. Кофӣ аст аз ин лиҳоз ишорае бар сиёсати фазилатдӯстии Оли Хуҷандиён дар Эрон карда шавад, ки беш аз 450 сол раёсати Исфаҳонро бар ӯҳда доштаанд, яъне ҳамон шаҳреро ки бо «нисфи ҷаҳон маъруф» аст. Ба таври дигар касби маърифат ва дониш, аз ҳама муҳим ҳимояти фазлу дониш аз вежагиҳои тафаккур ва табиати равонии хуҷандиён дар тӯли таърих будааст. Дар воқеъ, агар номҳои ҳар як аз машоҳири таърихи Хуҷандро аз ниҳодаш бардорем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки таърихи ин диёр ба маротиб тира хоҳад шуд.
Аммо он чи рӯшан аст, ин аст, ки барои ақвоми милал онҳое азизтаранд, ки заҳаматашон мутаассир бар равнақи илм ва дониши башарӣ шуда бошанд. Хушбахтона, ҳамчунин шахсро дар таърих Хуҷанд зодааст. Ин фард Абӯ Маҳмуди Хуҷандист ва бо ӯ бояд ифтихор кард. Дар бораи ҷойгоҳи ин донишманд бисёр навиштаанд, вале бо ин ҳама дағ — дағаҳои миллатпарастӣ ҷойгоҳи ҳақиқии ин мухтареъ дар таърихи улуми башарият ҳанӯз ки ҳанӯз мазлум қарор гирифтааст. Бо як калом манзур ин аст, ки офаридаи ҳамин шахс, яъне устулоб метавонад асоси рамзи шаҳри Ҳуҷанд бошад.
Чаро маҳз устурлоби Хуҷандӣ зерасос ва пояи рамзи шаҳри Хуҷанд қарор бояд бигирад? Саъй мекунам ин мавзӯъро тавзеҳ бидиҳам. Чун дар бораи ҷойгоҳ ва аҳамияти илмии устурлоби Ҳуҷандӣ дар чанде аз навиштаҳоям гуфтаам, вале дар ин ҷо мухтасаран таъкид менамоям, ки аз назари таърихӣ Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ нахустин фарди илмие мебошад, ки бо дониш ва ихтирооти ҷаҳонгираш номи Хуҷандро дар манотиқи исломӣ ва сипас дар таърихи улуми ҷаҳонӣ машҳур намудааст. Баъд аз ӯ фардеро, ки бархоста аз хоки Хуҷанд бошад ва дар таърихи илм ва дониш манзалате чун ӯ касб карда бошад, намешиносем. ӯ ифтихормандтарин марди Хуҷанд аст ва шахсияту ихтирооташ рамзи донишдӯстии мардуми ин диёр мебошад.
— Устурлоби Хуҷандӣ дар навъи худ аз беназиртарин шоҳкорҳои илмӣ ва ҳунарӣ дар ҷаҳон аст ва бо гузашти рӯзгор боз ҳам касби шӯҳрат хоҳад кард.
— Устурлоби Хуҷандӣ дар замони худ ва баъд аз ӯ дар тӯли асрҳо миёни донишмандон ва мунаҷҷимон ба унвони улгу қарор гирифт ва ҳамаи мухтареони дунёи ислом ва ҳатто Урупо дар сохтани устурлоб ба сабки ӯ тақлид намуданд.
— Бисёре аз дастовардҳо ва комёбиҳои улуми нуҷумшиносии дунёи ислом бар пояи ихтирооти Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ устувор аст ва устурлоби ӯ фақат яке аз онҳо ба шумор меравад.
— Созандаи ин шоҳкори илмӣ зодаи Хуҷанд аст ва ӯ саъй кардааст то тамомии халлоқияти хешро дар офаридаи ҳунарӣ ва илмии худ таҷассум намояд.
— Устурлоби Хуҷандӣ чи аз диди илмӣ ва чи аз диди ҳунарӣ абзори машҳур ва хоси Хуҷанд метавонад бошад, чаро ки дар кулли шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон ин вежагии ҳунарӣ ва ихтироотро наметавон мушоҳида кард.
Тарҳи поя ва зерасоси рамзе, ки пешниҳод мешавад аз чанд ҷиҳат афзалият бар аносири дар боло зикр шуда, мебошад:
Ҳамаи мусташриқин ва пажӯҳишгарони таърихи илм бар ин ақида буданд, ки Абӯ Маҳмуд бузургтарин мухтареъи (ихтироъкор) дунёи ислом аст ва дар сохтани Устурлоб ва абзори дигари нуҷумӣ мунҳасир ба фард («уникум») будааст ва ботаассуф таъкид бар он доранд, ки то кунун ҳеҷ абзоре, ки марбут ба Абӯ Маҳмуд бошад, ба даст наёмадааст. Аммо хушбахтона, як дона аз устурлобҳои маъруфи Абӯ Маҳмуд, ки худ дар Бағдод сохтааст, то замони мо расида ва аз тарафи маъруфтарин донишмандони илми нуҷум ва риёзӣ бо вежагиҳои илмӣ ва ҳунарии худ аз шоҳкорҳои ҷаҳони илм эълом шудааст. Бидуни шакк, ин абзори нуҷумӣ дар оянда метавонад табдил ба мушаххастарин ифтихороти хуҷандиён гардад.
Бояд дар назар дошт, ки устурлобро як донишманд ва мухтареъи тоҷики Хуҷандӣ сохтааст. Он гуна, ки гуфта шуд, устурлобҳои сохтаи Абӯ Маҳмуд на танҳо дар замони худ, балки пас аз маргаш барои донишмандон ва нуҷумшиносони исломӣ ба унвони улгу қарор гирифтаанд. Агар муҳимтарин устурлобҳои асрҳои баъдии дунёи исломиро аз назари текникӣ ва усулӣ баррасӣ кунем, таъсири равиши текникии устурлоби Хуҷандиро ба возеҳ метавон мушоҳида кард. Бе сабаб нест, ки машҳуртарин муҳаққиқ ва мутахассиси таърихи нуҷум ва улуми риёзиёт профессор Девид Кинг устурлоби Хуҷандиро бо устурлобҳои мухтареъони машҳури дунёи ислом муқоиса ва мутобақа намуда ва саъй кардааст то бартарии Устурлоби Хуҷандиро бар дигар устурлобҳо нишон бидиҳад.
Дар воқеъ, устурлоби Хуҷандӣ чи аз диди ҳунарӣ ва чи аз диди зеҳнӣ комилан миллӣ ва байналмилалӣ аст, яъне Абӯ Маҳмуд дар сохтани устурлобҳояш аз дастовардҳои илмии кишварҳои мухталиф (қабл аз ҳама аз комёбиҳои донишмандони юнонӣ — румӣ ва маҳаллӣ) халлоққона истифода кардааст.
Устурлоби Хуҷандӣ фақат гувоҳи ҳунари шахсии Абӯ Маҳмуд нест, балки он аз бузургтарин дастовардҳои нуҷумшиносони дунёи ислом аст. Ҷойгоҳи он камтар аз туфанги мухтареъони Тула нест, ки дар оянда рамзи шаҳри худ кардаанд, балки болотар аз он аст, чаро, ки устурлоб ва абзорҳои дигари Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ, ки дар тӯли ҳаёташ сохтааст, ҷиҳати равнақи ақлу дониши башарӣ будааст, на ҷиҳати қатлу кушиши инсон. Итироъоти Хуҷандӣ дар воқеъ яке аз муҳимтарин илали шӯҳрати илми нуҷуми ақвоми милал будааст. Ба тариқи дигар, агар ихтироъоти Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ дар ихтиёри донишмандони чи Шарқу чи Ғарб намебуд, дастовардҳо ва пешрафтҳои макотиби нуҷумшиносӣ ва риёзии Табрезу Пекину Самарқанду Ҳоланду Лаҳистон ва ғайра бас мушкил буд. Бидуни шакк, Устурлоби Хуҷандӣ арзиши илмии ҷаҳонӣ дорад, на минтиқӣ ё маҳаллӣ. Пас бо ҷаҳонӣ шудани ихтироъоти маҳали худ бояд ифтихор кард, на бо маҳдуд будани аносири ҳунарӣ ва илмӣ. Устурлоби Хуҷандӣ бо ҷаҳонӣ будани арзишҳояш дар таърихи Хуҷанд беназир аст ва дар баробари вай чизи муҳимтаре, ки вежагии халлоқияти ҳунарӣ ва илмӣ дошта бошад, наметавон гузошт.
Тазаккур бояд намуд, ки устурлоби Хуҷандӣ дар таърихи илм ва ҳунари башарӣ аз арзиши бузург ва беназир бархӯрдор аст. Падид омадани ҳамчунин абзори илмӣ натиҷаи тафаккур ва андешаи донишманд ва мухтареъи ботаҷрибаи миллӣ аст. Мутмаинан, дар миёни ҳамаи аносири рамзофарини шаҳри Хуҷанд, баробари ин асар наметавон падидае пайдо кард. Шояд бархе бигӯянд, ки устурлоби Хуҷандӣ фақат якто аст, агар бисёр буд, чизи дигарест. Посух бар эшон ин аст, ки аз устурлобҳои зиёди Хуҷандӣ ин ҳамин якто расида, вале муҳим ин нест, ки теъдодаш кам будааст, балки ин аст, ки он дар таърихи устурлобсозии ҷаҳон беназир аст. Боз ҳам дар назар бояд дошт, ки шоҳкорҳои ҷаҳон ҳамагӣ яктоиянд.
— Хуҷандиён бо ин шоҳкори илмӣ ва ҳунарӣ, ки мондагортарин нишонаи фазилат ва дониши башар низ метавонад бошад, бояд ифтихор намоянд. Ба унвони рамзи шаҳр интихоб кардани он, мусалламан Хуҷандро ҳамчун конуни илм ва маърифати инсонӣ дар миёни ақвоми милал муаррифӣ хоҳад кард. Иҷрои ин амр таъкидест ба донишдустӣ ва фазилатпешагии хуҷандиён, ки аз қадим тавассути донишмандони милал ба унвони вежагии табиати мардумони ин диёр ёд мешуда.
Хуҷандиён бо доштани чунин рамз дар миёни миллатҳои дигар худро ҳамчун дӯстдорон ва ҳомиёни илм ва дониш муаррифӣ хоҳанд кард.
Албатта, тавзеҳи ҳар як аз тасвирот ва нақшҳои рӯи рамз ниёз ба фурсати бештаре дорад ва мутмаинан ин имкон дар оянда фароҳам хоҳад омад. Аммо он чӣ бояд гуфта шавад, ин аст, ки тасвири такмилӣ ва тақвиятии устурлоби Хуҷандӣ ба унвони заминаи нишон ва рамзи шаҳри Хуҷанд, бахусус агар тарҳи он бо истифода аз тасвири руди Сайҳун ва кӯҳи Мевағул анҷом шавад, шакк нест, яке аз илмитарин рамзҳо хоҳад шуд.

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: