Главная > Uncategorized > Раҳматилло Зойиров: Депутатҳоро бояд «ҷунбонем»…

Раҳматилло Зойиров: Депутатҳоро бояд «ҷунбонем»…

— Дар яке аз баромадҳоятон таъкид намуда будед, ки «то интихобот худи Ҳукумат маро муаррифӣ мекунад». Аз ибрози ин назар ҳадаф чӣ буд? Оё дар ҳақиқат Ҳукумат Шуморо «муаррифӣ» кард?
— Албатта «муаррифӣ» кард. Ва бояд қайд намоям, ки дар даври интихобот ҳам ин «муаррифӣ» давом дорад.
Бинед, танҳо дар давоми 3 моҳи охир зиёда аз даҳ бор! Ҳукумат маро ва ҲСДТ-ро дар маркази таваҷҷӯҳи ВАО ва ҷамъият қарор дод. Масалан, Президенти кишвар ба вохӯрӣ бо раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар Шӯрои ҷамъиятӣ маро ҳамчун раиси ҲСДТ даъват накард. Баъдан, аз 7 ҳизби сиёсӣ намояндаҳои онҳоро ба узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод карду аз Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон пешниҳод накард. Ин албатта «муаррифӣ»-и манфист, ки аз ҷониби президенти кишвар риоя накардани моддаи 64-уми Конститутсияи ҶТ буд. Аммо рекламаи манфӣ ҳам «муаррифӣ» аст.
Баъдан, дар ВАО-и ҳукуматию давлатӣ чандин бор моро бар маркази таваҷҷӯҳ кашиданд. Масалан ба табъ расидани мақолае дар сайти АМИТ «Ховар» бо номи «Роҳе, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст», ё оид ба мавқеи ҳуқуқии ман ва ҲСДТ вобаста на ба сохтмони Роғун (мо ҷонибдори сохтмони ин иншоот ҳастем), балки ҷойҳои аз нигоҳи ҳуқуқ заифи эълом кардани ҶСШК «Роғун ва фурӯши саҳмияҳои он, нодуруст ва ғайримантиқӣ «изҳорот» додани муовини директори МТС назди Президенти ҶТ, ё мақолае таҳти унвони «Шумо ба осиёби кӣ об мерезед, ҷаноби Зойиров?!» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми феврали соли 2010 ва ғайра.
Худи ҲХДТ намехоҳад аз «муаррифӣ»-и Р. Зойиров қафо монад. Масалан, то 3-юми январи соли 2010 аз ҷониби маъсулони ин ҳизб эълон гашт, ки дар ноҳияи Сино, яъне аз ҳавзаи якмандатии интихоботии № 4 ректори Донишкадаи забонҳо пешниҳод карда шуд. Вақте ман рӯзи 3-юми январ эълом намудам, ки аз ин ҳавза, яъне Сино № 4 номзадии худро аз ҲСДТ пешниҳод менамоям, дар «нақшагирии» ҲХДТ тағйиротҳо ба миён омад. Дар ВАО иттилоъ пайдо шуд, ки аз ҳавзаи интихоботии Сино № 4 Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод мегардад. Баъд аз 2-3 рӯз маълум гашт, ки бар зидди Р. Зойирови ҲСДТ ҳамчун намояндаи ҲХДТ раиси Шӯрои адлияи ҶТ пешниҳод карда шуд. Ин таъҷилан «хабарҳои радиои армании тоҷикро» ба миён овард, ки ҲХДТ аз Раҳматилло Зойиров тарсу ҳарос дорад ва кӯшишу ғайрат ба харҷ медиҳад, то ӯ ба парлумон роҳ наёбад. Ин хабарҳо беасос набудаанд. Дар давоми ин ҳафтаномаи «Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ рӯзи 4-уми феврали соли 2010 зери унвони «Даъвоҳои беасос ба хотири қасос, ё Раҳатилло Зойиров аз миллату давлати Тоҷикистон чӣ мехоҳад?» мақолаи тӯҳматомезу иғвоангезро бар зидди Р. Зойиров ба чоп расонд. Ман нисбати нашрияи марказии ҲХДТ — «Минбари халқ» ва муаллифи ин мақола аризаи даъвогӣ оид ба ҳимояи эътибори шахсӣ, шаъну шараф, номусу номи нек, эътибори корӣ ва рӯёнидани зарари маънавӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намудам. Ин гуна фактҳо даҳҳо мебошанд.
— Аз ҳизбҳои гуногун номзадҳои зиёде барои ба мандати депутатӣ соҳиб шудан номзадияшонро пешбарӣ кардаанд. Чаро танҳо Шумо мавриди «ҳамла»-и ВАО қарор гирифтед?
— Агар гӯем, ки мавриди «ҳамла»-и ВАО-и ҳукуматӣ ва ҲХДТ, ин дурусттар мебошад. Зеро ВАО-и мустақили Тоҷикистон маро дар умум танҳо дастгирӣ менамоянд. Аз дигар нигоҳ, бояд қайд намоям, ки ба нашр расидани ин маводҳои «муаррифии манфӣ»-и ман ё ҲСДТ дар АМИТ «Ховар», «Ҷумҳурият» ё «Минбари халқ» на ташаббуси журналистон ё роҳбарияти ин ВАО, балки «супоришӣ» мебошад.

— Ба андешаи Шумо, ин қадар «антиреклама»-ро нисбататон истифода бурдан ба кадом хотир аст? Мушаххас гӯед, чаро намехоҳанд Шумо дар парлумони касбӣ фаъолият дошта бошед?
— Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз ҳам дар бӯҳрони низомӣ қарор дорад. Сабаби асосии ин на танҳо дар худхоҳии гурӯҳиву қавмӣ ва белаёқатии кадрҳо, аз ҷумла кадрҳои ҳукуматӣ ва парлумони имрӯзаи Тоҷикистон, балки дар меъёрҳои дугона ва роҳбарии бесамараи иқтисоди кишвар мебошад. Дар ин ҳолат худи мақоми қонунгузор ҳам гуноҳи азимро дорад, зеро сиёсати қонунгузорӣ дар соҳаи иқтисодиёт сусттарин ҷанбаи фаъолияти парлумон мебошад. Муҳимаш, имрӯз роҳбарияти кишвар ин воқеиятро эътироф кардан намехоҳад. Вақте ҳақиқатро эътироф кардан намехоҳанд, нафаре лозим, ки ӯ доимо танҳо аз рӯи ҳақикат гуфтугӯ ва рафтор кунад. Барои ҳамин, роҳбарияти кишвар хоҳиш надорад, ки ман, яъне Раҳматилло Зойиров дар парлумон бошам. Ин албатта хатои ҳам сиёсӣ, ҳам ҳуқуқӣ мебошад.
— Боре таъкид карда будед, ки агар намоянда дар парлумон интихоб шавед, «Роғун»-ро дар баҳсҳои байнидавлатӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳимоя мекунед. Магар барои ҳимоя намудани «Роғун» депутат будан шарт аст? Чаро Шумо ҳамчун ҳуқуқшинос — шаҳрванди Тоҷикистон наметавонистаед ба манфиати ҷамъият коре кунед?
— Дар ҳолати имрӯзаи Тоҷикистон шарт аст. Воқеият ҳамин аст, ки вақте фард вакил нест, ӯ мақоми ҳуқуқии устувор ва мустақил надорад. Масалан, иҷрои дархости вакил ё қарори парлумон барои ҳукумат ҳатмӣ мебошад. Вақте ман ҳатто раиси ҲСДТ бошам, дархосту изҳоротҳои ман барои ҳукумати Тоҷикистон «ҳеҷ». Агар ман имрӯз ҳам кӯшишу ғайрати худро барои ҳимояи «Роғун» сафарбар кунам, масалан ҳамчун ҳуқуқшинос, боварӣ надорам, ки ҳукумат ҳуҷҷатҳои «Роғун»-ро ба ман шаффоф ва пурра пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат адвокат кору фаъолият бурда наметавонад. Агар ман вакил бошам, метавонам аз рӯи назорат ва дархост аз ҳукумат ҳуҷҷатҳоро ба парлумон талаб карда гирам ва комиссияи парлумон ҳал намояд, ки ин масъаларо чигуна баррасӣ менамояд.
— Шумо дар як мусоҳибаатон гуфтед, ки ба шаффоф ва демократӣ гузаштани интихобот боварӣ надоред, аммо умед доред. Умеди Шумо дар ин ҳолат, масалан аз ин интихобот чист?
— Бояд эътироф намоям, ки зоҳиран аз нигоҳи ташкил кардану гузаронидани интихобот мо дар ин интихобот якчанд қадам пеш рафтем, яъне интихоботи соли 2010 мусбат, фарқкунанда мебошад. Моҳиятан, ҳоло дида мешавад, ки интихобот ба манфиати ҲХДТ, аз ҷумла бо истифодаи шахсият, симо ва имкониятҳои идеологии президенти кишвар равона карда шудааст. Аз ин рӯ, масалан дар худи ҳавзаи якмандатии Сино №4 ҳам хоҳанд ё нахоҳанд, мақомоти маҳаллӣ, комиссияҳои участкавии интихоботӣ, ки ҳозир аксаран танҳо аз намояндаҳои ҲХДТ иборат мебошанд, ҳама кӯшишу ғайрати худро барои ғолиб омадани намояндаи ҲХДТ сафарбар мекунанд. Дар ин ҳолат ман танҳо ба мардум, яъне ба интихобкунанда умед дорам ва такя мекунам, ки ӯ ҳамчун ягона сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ иродаи худро нишон медиҳад, яъне, нафареро интихоб менамояд, ки ба манфиати ӯ хизмат мекунад.
— Фарз кардем, ки Шумо депутат интихоб шудед. Оё боварӣ доред, ки дар мавриди таҳияи қонунҳо фикратон қобили қабули дигар намояндагон мегардад?
— Барои чӣ не? Албатта, фикри ман ё ду се намояндаи ҲСДТ қувваи ҳалкунанда намешавад. Аммо, чи хел дар як уқёнус як нафар SOS гӯяд, аз ин уқёнус бохабар мешавад, мо ҳам доимо ҷомеаро бохабар карда метавонем. Парлумон бошад, бар зидди ҷомеа қарор қабул карданаш мушкил мегардад.
Ғайр аз ин, бояд қайд намоям, ки дар парлумон бисёр фардҳо ҳастанд, ки онҳо болаёқат, босавод, мутахассисанд, вале барои ислоҳ кардани хато ё масъалагузорӣ ҷуръату ҷасорат надоранд. Барои ин гуна вакилон албатта фарди «меҷунбонда» лозим. Ҳолатҳое мешавад, ки як гурӯҳи хурд парлумонро табдил дода метавонад. Мисол гирем аз табиат. Агар ба як сатил шири ҷӯшида як қошуқ ҷурғот наандозед, шири ҷӯшида вайрон мешавад. Як қошуқ ҷурғот як сатил шири ҷӯшидаро ба як сатил ҷурғот табдил медиҳад. Одам ҳам ҳамин тавр аст. Ҳатто як гурӯҳи хурди дилсӯзу кордон метавонад фикри як парлумонро тағйир диҳад.
— Гӯед, ки номзадии Шумо нисбат ба номзадии рақибонатон аз ҳамин ҳавзаи якмандатии Сино № 4, масалан, аз Шермуҳаммад Шоҳиён чӣ афзалият дорад, ки мардум ҳатман Шуморо интихоб намоянд?
— Бояд ба ин савол мушаххас ҷавоб гӯям. Мо асосан аз рӯи тахассус, яъне ҳамчун ҳуқуқшинос монандӣ дорем, вале фарқиятҳоямон зиёд аст. Худатон, қазоват кунед:
1). Ш. Шоҳиён ҳуқуқшиноси варзида аст, аммо ҳуқуқшиноси варзида ва эътирофшудаи ҳукумати имрӯза аст. Маро ҳамчун ҳуқуқшиноси варзида на танҳо ҳукумат, балки асосан ҷомеаи Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ эътироф доранд;
2). Ш. Шоҳиён ба парлумон ҳам ворид шавад, намояндаи ҲХДТ ва ҳукумати имрӯза буд ва мемонад. То имрӯз дар вазифаҳои гуногуни ҳуқуқӣ кор мекард ва ҳама имкониятҳоро дошт, ки дар фаъолияти парлумон ҳиссагузорӣ кунад. Хусусан, ӯ 6 сол намояндаи комилҳуқуқи президенти кишвар дар парлумон буд. Яъне, имрӯз аз ворид шудани ӯ ба парлумон ягон навигарӣ ба миён намеояд, мақоми ҳуқуқии ӯ баланд намешавад, балки паст мешавад. Ворид шудани ман ба парлумон ҳам навигарӣ меорад, ҳам барои ҷомеаи шаҳрвандӣ заруртар мебошад;
3). Ш. Шоҳиён ҳамчун ҳуқуқшинос танҳо таҷрибаи амалии ҳуқуқӣ дорад. Ман, ғайр аз таҷрибаи амалии ҳуқуқӣ, корманди илм бо 30 сол таҷрибаи корӣ, унвони илмӣ дорам, муаллифи зиёдтар аз 300 кори илмӣ мебошам, 35 китоб, 230 мақолаи илмӣ, хусусан дар соҳаи техника ва мураттабсозии қонунгузорӣ зиёда аз 40 кори илмӣ ба табъ расонидаам;
4). Ғайр аз ин, ман 27 таҷрибаи кории устодӣ дар мактабҳои олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорам, ки Ш. Шоҳиён дар ин соҳа амал накардааст; Ман барои илми ҳуқуқшиносӣ зиёда аз 3200 шогирди ҳуқуқшинос ва даҳҳо бо унвонҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣ тайёр кардаам;
5). Ман, ғайр аз ҳуқуқшинос буданам, сиёсатшинос ва сиёсатмадор мебошам, асосгузор ва раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон мебошам. Ғайр аз ин, ҳамчун ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор дар сатҳи байналмилалӣ, ҳамчун коршиноси байналмилалӣ эътироф гардидаам;
6). Аз нигоҳи табиати кадрӣ, агар Ш. Шоҳиён корманд ва ҳуқуқшиноси аз нигоҳи ҳимояи манфиатҳои ҳукумат бошад, ман ҳуқуқшинос ва ҳуқуқҳимоятгари манфиатҳои шаҳрвандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошам, ки манфиатҳои интихобкунандагонро, хусусан аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бевосита намояндагӣ ва ҳимоя карда метавонам.
7). Ниҳоят, бояд қайд намоям, ки ман дар парлумон озод ва ба манфиати адолат ва ҳақиқатҷӯӣ амал карда метавонам, ки барои парлумони Тоҷикистон, барои гузаронидаи ислоҳоти ин мақоми қонунгузор муҳим мебошад. Ш. Шоҳиён дар асоси фаъолияти худ, алалхусус ҳам аз сиёсати ҳукумат, ҳам аз сиёсати ҲХДТ вобаста мебошад.
— Аз интихобкунандагон чӣ хоҳиш доред?
— Танҳо се чиз: дили пок, дарки масъулият ва иродаи шаҳрвандӣ. Бояд ҳар шаҳрванд, дар умум мо — халқи Тоҷикистон дар баргузории интихобот фаъол ва сиҳату саломат бошем!

Мусоҳиб
Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: