Главная > Uncategorized > Шарм доред-е, шарм…

Шарм доред-е, шарм…


Хабари барои рӯёндани зарари маънавӣ ба маблағи 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба Cуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намудани ду нафар судяи Суди олӣ ва як нафар судяи Cуди шаҳри Душанберо нисбат ба рӯзномаҳои «Азия-плюс», «Озодагон» ва «Фараж» хонда, дар ҳайрат мондам. Охир, ин рӯзномаҳо салоҳияти касбии худро иҷро намуда, изҳороти адвокатеро нашр кардаанд. Мушоҳида намудам, ки ҳафтаномаҳои номбурда посухи судяҳоро нисбат ба изҳороти адвокат ба дасти чоп доданд. Пас, чӣ ҳоҷат буд ба суд муроҷиат намудану зарари маънавӣ талаб кардан? Кас ҳайрон мешавад, ки ин миқдор маблағро чи тавр ба зарари маънавияшон вобаста кардаанду шарм накарда онро талаб менамоянд? Албатта, ҳар кас ҳуқуқ дорад барои ҳимояи шаъну шарафаш ба суд муроҷиат намояд. Вале тааҷҷубовар аст, ки чаро шикояти нафарони оддӣ мавриди баррасии боадолатонаи судяҳо қарор намегирад?
Чун сухан аз боби ҳимояи шаъну шараф рафт, аз кулли судяҳо пурсиданиям, ки магар танҳо онҳо шаъну шараф доранд? Муаллифи ин сатрҳо аз соли 2004 инҷониб бо судяҳои зинаҳои гуногун сарукор дорам. Боре ба Суди олӣ муроҷиат намуда будам, ки судяҳои зинаи поёнӣ ҳалнома не, тӯҳматнома қабул мекунанд. Ҳамаашро бо далелҳо нишон додам. Аммо посухе нашуд. Дар бораи рӯёндани зарари маънавӣ аз ҳисоби судяҳо ду маротиба аризаи даъвогӣ навиштам. Касе онро баррасӣ накард. Чаро? Чунки манфиатдоранду якдигарро ҳимоя мекунанд?
Барои ҳал намудани баҳси манзилам 6 сол сарсону саргардон шудам. Нафароне ҳастанд, ки зиёда аз даҳ сол боз аз назди як судя ба назди дигараш мераванд. Барои чӣ мардумро сарсону саргардон мекунанд?! Сабабаш маълум асту то манфиат набошад, ин амал рух намедиҳад. Масъаларо дар асоси қонун, дар мӯҳлати тибқи қонун нишондодашуда баррасӣ мекунанд. Дур намеравем, Агентии «Тоҷикстандарт» нисбат ба рӯзномаи «Пайкон» барои рӯёндани зарари маънавӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд. Онро судя дар давоми 14 рӯз ҳал намуд. Аниқтараш, аризаи даъвогиро пурра қонеъ кард.
Дар халқ мақоле ҳаст: «Камбағалро чизе нагӯй, куртаашро даррон». Ба суд кашидани ҳафтаномаи «Пайкон» оғози «мусаллаҳшавӣ» буд. Аммо дигар рӯзноманигорону нашрияҳо худро канора гирифтанд. Навбат ба «Миллат» расид, ниҳоят навбати «Азия-плюс», «Озодагон» ва «Фараж» омад. Барои «ҳамла» танҳо сабабе лозим буду сабабро ёфтанд. Чунки дар ду соли охир рӯзноманигорон хеле фаъол гардида, парда аз рӯи бисёр амалҳои пасипардагӣ бардоштанд. Ин амали онҳо бисёр соҳибмансабон, аз он ҷумла судяҳоро безобита кард. Вале гуфтаи Расули акрам аст, ки «Ҳақиқат боло меравад». Боварӣ дорам, ки пирӯзӣ насиби ин рӯзномаҳо мегардад. Зеро онҳо ҷонибдори халқанду ҳақиқатро рӯи қоғаз меоранд. Дар боло таъкид намуда будам, ки солҳо боз бо судяҳои зинаҳои гуногун сарукор дорам.Гуфтам, боз ҳодисаеро нақл мекунам, то маълум гардад, ки киро барои расондани зарари маънавӣ ба суд кашидан лозим аст? Рӯзноманигорон ё судяҳои бесалоҳиятро?!
Мушоҳида намудам ва он фикри шахсии ман аст, ки дар Суди олӣ мавқеи ҳимоякунии судяҳоро пеш гирифтаанду ба амалу санади қабулнамудаи онҳо аҳамият намедиҳанд. Дар баҳси манзиле ҳамчун намояндаи ваколатдор иштирок мекунам. Арзи шикоятам ба зинаҳои гуногуни судӣ бенатиҷа монд. Ноилоҷ ба ВАО рӯй овардам. Чунки дар асоси бесалоҳиятии судяи Суди ноҳияи Фирдавси шаҳри Душанбе С. А. Қурбонов як духтараку модарашу пиразане дар кӯча сарсону саргардон монданд. Санаи 11-уми июни соли 2009 дар ҳафтаномаи «Пайкон» муроҷиатномае ба унвони Президенти мамлакат бо номи «Дар кӯча зиндагӣ дорем» ба табъ расид. Аммо аз ҷониби Суди олӣ вокунише нашуд. Нашрия бори дуюм ба Суди олӣ муроҷиат намуда, ҷавоби мақоларо талаб кард. Ниҳоят, бо имзои муовини раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Юсупов ба нашрия посух омад. Ҷавоби фиристодаро хонда бо номи «Дурӯғгӯй душмани Худо» он ҷавобро шарҳ додам. Ҷавобнома аз аввал то ба охир як навъ худсафедкунию тарафгирии судя буд. Гӯё дар ин олам танҳо гуфтаи судяҳою санади қабулнамудаашон ҳукми қонунро дорад. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки дигарон ҳам чашм доранд ва қонунҳоро хонда метавонанд. Эроди гирифтаи ман санаи 4-уми ноябри соли 2009 ба табъ расида буд. Дар он навишта будам, ки бигзор ба ин масъала худи раиси Суди олии ҶТ Н. Абдуллоев посух гӯяд. Аммо аз байн наздики чор моҳ гузашту то ҳол хомӯшанд. Ин далели чист? Нописандию дидаю дониста ба назар нагирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба баромадҳои ВАО». Акнун меоем сари ҷавоб ва онро то андозае шарҳ медиҳем, ки ба амали судя, санади қабулнамудаи ӯ дар суди олӣ чи тавр баҳо доданд. Дар қисмати аввали посух ҳамчун хабар дар бораи ҳаракати парванда нақл карда шудааст. Вале ба он масъала баҳо намедиҳанд, аниқтараш рӯшод намекунанд, ки баҳсро кадом судяҳо мавриди баррасӣ қарор додаанд? Чаро аз ин далел ёдовар намешаванд? Чунки ҳамааш ошкор мешавад. Барои чӣ тамоми баҳсҳои вобаста ба як масъаларо собиқ судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ С. А. Қурбонов медидааст? Чӣ, дар Суди ноҳияи Фирдавсӣ дигар судя набуд? Барои он ки дар баррасии парванда ширкат накунад, чор маротиба дар санаҳои 7-уми апрели соли 2008, 26-уми майи соли 2008, 29-уми майи соли 2008, 12-уми июни соли 2008 нисбат ба судя изҳори нобоварӣ карда шуда буд. Аммо барои чӣ боз худаш баррасӣ намуду дархостро рад кард? Магар ин аз манфиатдории судя шаҳодат намедиҳад? Санаи 14-уми июни соли 2007 судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ С. А. Қурбонов дар асоси аризаи С. Эмомов ақди никоҳро бекор намуда, манзили истиқоматиро ба ҳиссаи баробар тақсим мекунад. Аризаи кассатсионии Ф. Раҳимова аз тарафи коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои шаҳрвандии Суди шаҳри Душанбе бетағйир гузошта мешавад. Чанде пас Эмомов С. барои аз манзили истиқоматӣ баровардани Ф. Раҳимова боз аризаи даъвогӣ менависад. Ин баҳсро санаи 9-уми апрели соли 2008 судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Г. А. Юсупова мавриди баррасӣ қарор дода, аризаи даъвогиро беқаноат мемонад. Вале санаи 27-уми майи соли 2008 судя С. Қурбонов ба тариқи ғоибона ҳалнома бароварда, даъвоӣ С. Эмомовро дар мавриди аз хона баровардани Ф. Раҳимова қонеъ мекунад. Магар ин қонуншиканӣ, аз мансаб истифода бурдан нест? Оё ҳалномаи қабулнамудаи судя Г. А. Юсупова ҳуқми қонун надорад? Ҳол он ки, дар таъиноти маҷлиси Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Юсупова Г. А., бо котибии А. Искандарзод, бо иштироки прокурор Хоркашев А., адвокат Бадриддинов аз 9-уми апрели соли 2008 таъин карда шудааст: «Аризаи даъвогии Эмомов Сайдаҳмад Раҳмонович нисбати Раҳимова Файзимо Ҳакимовна оиди баровардан аз манзили истиқоматӣ бе баррасӣ мононда шавад.
Аз болои таъиноти судӣ дар муддати 10 рӯз тавассути ҳамин суд ба Суди шаҳри Душанбе шикояти хусусӣ овардан мумкин аст».
Пас, дар асоси кадом қонун судя С. Қурбонов парвандаро бо ихтиёри худаш баррасӣ кардааст? Оё ин қонуншиканӣ, сӯистифода аз мансаб, паст задани ҳуқуқи инсон нест?
Кас афсӯс мехӯрад, ки бо кадом далел ваҷҳҳои дар Муроҷиатнома овардаро беасос меноманд? Магар ҳамин чор маротиба нисбат ба судя раддия навиштану судя бо хости худ рафтор намуданаш далели хилофи қонун рафтор кардани судя нест? Боз кадом асос лозим бошад?! Дар посухнома менависанд, ки «Раҳимова Ф. ба суд оиди касал буданаш ягон маълумот пешниҳод накардааст». Охир, ҳамаи он ҳуҷҷатҳои беморӣ дар дохили парванда буд, агар онро нобуд накарда бошанд. Бори дигар таъкид мекунем, ки Ф. Раҳимова чанд сол боз ба касалии рӯҳӣ гирифтор буда, аз соли 2008 расман ҳамчун бемори рӯҳӣ нафақа мегирад. Рақами дафтарчаи нафақагирияш 195768 мебошад.
Дар посухи Суди олӣ меояд, ки гӯё «ӯро бо ҳамроҳии модари пир ва фарзанди ноболиғаш ба тариқи зӯрӣ аз манзили номбурдашуда кӯчонидааст», беасос будааст. Намедонам, чаро тӯтивор «беасос» мегӯянд. Охир, бузургон гуфтаанд, ки «бедалел эътироз намудан дар зинаи пасти хирад будан аст». Онҳоро якчанд маротиба аз хона ба таври маҷбурӣ бо роҳи задану кашола кардан берун мекунанд. Ҳангоми аз хона бароварданашон Ф. Раҳимова, модари пираш ва ду нафари дигар зарари ҷисмонӣ мебинанд. Дар ин бора хулосаи суди тиббӣ таҳти рақами 5070, 5071, 5072, 5073 аз 15 то 18-уми августи соли 2008 мавҷуд мебошад.
Далели дар посухнома оварда, ки гӯё барои ҳиссаи зиёдеро ба хона соҳиб шудан Ф. Раҳимова хилофи қонун духтари шаҳрванд Р. Шарифоваро ба номи худ гузаронда бошад, дурӯғи маҳз аст. Чунки Ф. Раҳимова бо розигии собиқ шавҳараш ва розигии модари кӯдак — Р. Шарифова соли 2000-ум кӯдакро гирифта, то ҳоло он кӯдак дар тарбияи Раҳимова Ф. мебошад. Собиқ шавҳари Раҳимова — Эмомов соли 2002 аз хона баромада рафтааст, ки дар он вақт кӯдак дусола буд. Пас, чи хел суд менависад, ки шавҳари Ф. Раҳимова аз ин кор хабар надорад? О, ин кӯдаки зинда буд-ку, на лӯхтаки беҷон, ки кунҷе партоянду кас ӯро набинад ва овозашро нашунавад! Дигар, Эмомов дар куҷо буд, ки аз соли 2002 то соли 2006 хонаро суроғ накард? Барои чӣ суд дар як вақт бо Раҳимова зиндагӣ кардани Эмомову ҳамзамон ду зани дигар гирифтани ӯро мавриди баррасӣ қарор надод? Куҷост адолати судӣ!? Мантиқ куҷост, мӯҳтарам судяҳо! Айни замон Ф. Раҳимова ва Р. Шарифова дар як долон зиндагӣ доранд ва муайян намудани асли воқеа он қадар мушкилӣ надорад.
Дар манзили баҳсӣ бошад, ким-кадом шахсони ношинос омадаву дарро кушода, ба чи кор машғуланд, касе намедонад. Шабона медароянду рӯзона мебароянд. Худи Эмомов ҳам дар ин манзил зиндагӣ надорад.
Оид ба модари пири ҷабрдида. Барои ин, ки Раҳимова касалии рӯҳӣ дорад, баъди аз хона баромада рафтани шавҳараш модараш бо ӯ зиндагӣ мекунад ва ҳамеша таҳти назорати модараш мебошад. Фақат модараш метавонад Раҳимоваро аз ҳолати беҳушӣ барорад. Агар Раҳимова беназорат монад, ҳангоми хурӯҷ кардани беморияш мумкин аст ба ҳалокат расад.
Бигзор роҳбарони Суди олии ҶТ тасаввур кунанд, ки агар ягон наздики онҳо ба чунин аҳвол гирифтор мебуд, чӣ кор мекарданд? Куҷост меҳру шафқат!?
Ниҳоят, аз Худо тарсидан лозим аст. Мансабу амал ҳамааш як тараф, вале ростиро завол нест. Боварӣ дорам, имрӯз не, пагоҳ масъала роҳи ҳалли одилонаи худро меёбад. Рӯзе асли масъала ба Ҷаноби Олӣ мерасад. Инсоф кунед, инсоф… Се нафар зан дар кӯча зиндагӣ доранду бо як ҳалномаи хилофиқонунии С. Қурбонов сарсону саргардонанд.
Акнун худ қазоват кунед. Киро ба суд кашидану аз ӯ зарари маънави рӯёндан лозим аст? Ба ҷои нисбат ба ин рафтори С. А. Қурбонов чизе гуфтан, боз ба дигар минтақа судя таъин карда фиристодаанд.
Ин ҳодисаро аз рафтори як судя нақл кардам. Метавонам боз мисолҳои зиёде орам. Вале ба доно як ишора мегӯянд. Ҳадаф аз рӯи қоғаз овардани ин ҳодиса, ҳушдор додани судяҳою робаронашон мебошад. Ба нашрияҳои мустақилу рӯзноманигорон бо чашми ало нигоҳ накунанд. Зеро онҳо бо халқанд. Баръакс, аз амалҳояшон бояд шарм кунанд. Бале, судяҳои азиз, шарм доред, шарм…
Қ. ҒОИБОВ,
сокини шаҳри Душанбе

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: