Главная > Uncategorized > Ҳукумати чорум ё ангушти шашум?

Ҳукумати чорум ё ангушти шашум?


Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аскарони барқароркунандаи сохти кониститутсионӣ вориди Тавилдара гардида, мардумро ҷамъ намуда, мепурсанд:
— Мо хубем ё аскарони мухолиф?
— Шумо ҳам хубеду онҳо ҳам. Танҳо мо аҳмақем, ки дар ин ҷо зиндагӣ карда истодаем,- посух медиҳанд онҳо.
Ин суханонро директори Симои мустақили Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов дар мизи гирде гуфт, ки мавзӯяш «Дастгтрӣ ва рушди воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва мададрасон» буду дар он намояндагону сафирони баъзе давлатҳо, САҲА ва дигар созмонҳои байналхалқию Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Вай бо як дарди ба худ хос дар бораи мушкилоти ба сари СМТ омада ҳарф зада, иброз намуд, ки наметавонад барномаҳояшро пахш кунад. Ба намояндагони Ҳукумат муроҷиат мекунад, чора намебинанд. Ба созмонҳои байналхалқӣ муроҷиат кунад, гарданашонро чун ӯ каҷ мекунанд…
— Ҳадафи мо бой шудан нест. Агар бой шуданӣ бошем, симои ҳунарию фароғатӣ ташкил мекунем. Ҳамаи онҳое, ки ба Русия намераванду чанд танга доранд, ҳофиз шудаанд. Метавонем маблағи зиёд ба даст орем. Вале ҳадафи мо ахбори дақиқро ба мардум расондан, ҳақиқатро гуфтан аст,- гуфт Зинатулло Исмоилов.
Суханони ӯ маро ба андеша бурд. Дар банди фикр будам, ки гуфтаи ҷамъбастии барандаи мизи гирд Қироншоҳ Шарифзода маро ба худ овард. Таклиф намуд, ки барои ба низом даровардани масъалаи қарздиҳии созмонҳои байналҳалқӣ бо ВАО-и кишвар як ниҳоде лозим аст…
Намедонам дар он ҷо нишастагон ба чи қарор омаданд. Вале ман маҷлисгоҳро тарк намудам. Зеро боз ҳадаф буд, боз миёнаравӣ буд, боз ба худию бегона ҷудо кардан буд…
Намояндаи фонди Евразия худаш иқрор шуд, ки баъзе маблағҳои ҷудонамудаи онҳо ба «тарафи чап» мерафтааст… Директори радиои «Ориёно» Рустами Ҷонӣ барҳақ эрод гирифт, ки барои ба тарафи чап рафтани маблағҳо кӣ гунаҳкор аст? Даъво мекунанд, ки лоиҳаҳоро экспертҳо месанҷанд. Он экспертҳо ба куҷо нигоҳ карданд? Оё ошнобозию бачаи амаку тағогӯӣ аз худи дорандагону тақсимкунандагони фондҳо сар намешавад?
— Вақте мавзӯи мизи мудавварро хондам, гумон кардам, ки ба нашрияҳо пули калон медиҳанд,- мегуфт Рустами Ҷонӣ.
Аз нафари дар паҳлӯям нишаста — Зафар Абдуллоев пурсидам, ки чӣ қадар маблағ медиҳанд? Посух дод, ки аз 2 то 10 ҳазор доллар. Ба ростӣ, хандаам омад. Ман гумон доштам, ки ба маблағи 100-150 ҳазор доллар кӯмак мекунанд. Бо ин маблағи додаи созмонҳои хориҷӣ беҳтарин корчаллонро аз ҳамон кишвар биёрӣ ҳам, кори мӯътадили ВАО-ро ба роҳ монда наметавонад. Созмонҳои хориҷӣ барои ба мо кӯмак намудан омаданду баръакс монанди мо шуданд…
Фикру андешаҳо дар мавриди кӯмаки созмонҳои байналхалқӣ хеле зиёд буд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки ин созмонҳо ба ВАО-и тоҷик «хӯрдан»-и моҳиро ёд доданд, акнун тарзи «қапидан»-и моҳиро меомӯзонанд. Онҳо ба тариқи масал дар бораи моҳию қапидани моҳӣ сухан меронданду ман орзу мекардам, ки кош он афсона рост мебаромад ва «моҳичаи тиллоро» меқапидам. Охир, созмонҳои хориҷӣ тарзи қапидани моҳиро нишон медодаанд. Ба моҳичаи тилло фармон не, аз ӯ илтимос мекардам, ки ба нафари зери номи журналист паноҳ гардидаю қаламу қоғазро ба манфиати нафси шумаш истифода мебурда, амал деҳ, вазир кун, аз вазир болотар барор! Соҳиби қасру савори мошинҳои рангобаранг намо… Ҳар чӣ дилаш мехоҳад, фароҳам биёр… Ба зону зада илтиҷо мекардам, ки танҳо қаламро аз дасташон гирад… Вале «бачагиям бо умеди моҳии тилло гузашт» гуфтани Лоиқ аз банди андеша халос намуд. «Бачагӣ не, тамоми умр бо умеди моҳии тилло гузашт» пичиррос задам ба худу «баъзе рӯзномаҳои туфайлихӯр» гуфтани Қироншоҳ Шарифзода боз ба оғӯши фикру хаёл бурдам. Маводҳои ҷамъ намудаи рӯзноманигорони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистиро дар мавриди гирифтани гранти ВАО дар чанд соли охир пеши назар овардам. Барои кушодани сайт, барои ташкили «Мизи мудаввар», баҳри гузарондани конференсия…
Ба ибораи «баъзе рӯзномаҳои туфайлихӯр» раиси Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон Адолати Мирзо эроди сахт гирифта, иброз намуд, ки маблағҳои барои рушти ВАО ҷудокарда барои сохтани хонаю харидани мошин нест. Бояд он мақсаднок истифода бурда шавад. Ниҳоят, таъкид намуд, ки ҳамаашро медонад…
— Адолатбону, на танҳо Шумо, мо ҳам медонем. Ҳатто маводи тайёре дорем. Вале «осмон баланду замин сахт». Нисбати нафаре мавод нашр намудем. Аз чор тараф чунон «хойданд», ки мондан гиред. Сарзаниш карданд, ки чаро чунин кардем. Боз «Кодекси ахлоқи бинокори коммунизм»-ро (хонда шавад: Кодекси ахлоқи журналист) имзо гузоштему ба бало мондем. Акнун наметавонем камбудии рӯзноманигоре ё нашрияеро зери танқид гирем. Даррав дар Шӯрои ВАО муҳокима мекунанд…
— Аз ҳама созмонҳои журналистии мавҷуда манфиати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба нашрияҳо бештар мерасад,- изҳор намуд раиси Маркази тадқиқоти журналистӣ Хуршед Ниёзов. Кодекси ахлоқи журналист қабул намуданд. Мо ба он имзо нагузоштем. Вале вақте Шӯрои ВАО ташкил шуду раиси он И. К. Усмонов интихоб гардид, ба хотири он кас чанд рӯзнома аъзо шудем. Ба умеди созмонҳои журналистӣ намешавад. Мо се нашрияи мустақил муттаҳид гардидем.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар бораи чанд рӯз пеш бо сафирони баъзе давлатҳо вохӯрдану дар бораи ташкили рӯзнома масъала гузоштанаш ҳарф зад. Ташкили рӯзнома дарди кӯҳна аст. Хуршеди Атовулло ҳам ба умеди аз ҳафтафаҳмӣ халос шудану «Фараж»-ро рӯзнома кардан садо баланд кард. Вале «ҳафтафаҳм» монду як нашрияи варзишияш «Гол»-ро аз майдони «футбол»-и ВАО берун намуд…
Директори «Хома» Шаҳло Акобирова аз боби ноӯҳдабароии роҳбарони нашрияҳо дар дар ҷалби реклама сухан ронда, қайд намуд, ки захираи реклом чанд миллион будааст. Аммо наметавонанд онро аз худ кунанд.
Корманди радиои «Ватан» Вера Кулакова, ки қаблан оид ба «Имкониятҳои мустаҳкам намудани ҳамкории байни ВАО ва ташкилотҳои мададрасон» бо далелҳои мушаххас изҳори ақида намуда буд, ин иддаоро бепоя хонд. Изҳор намуд, ки рекломдиҳандагон медонанд ба кӣ муроҷиат намоянд. Онҳо танҳо ба ВАО-и «худӣ» реклама медиҳанд…
Зафар Абдуллоев, директори МАТ бинобар дар мизи мудаввар иштирок накардани директори АМВАОТ Нуриддин Қаршибоев сухан накард.
Марат Мамадшоев, муҳаррири «Азия — плюс» оид ба вазъи охирини ВАО ва баҳсҳои судӣ сухан ронда, қайд намуд, ки ҳаранд онҳоро ҷабрдида мегӯянд, худро ҷабрдида ҳисоб намекунад. Зеро нашрияҳо салоҳияти касбии худро адо намуданд. Пас, ин нашрияҳо пирӯзанд.
— Камбағалӣ худ гуноҳ аст, боз камбағалиро баҳона карда, талабидан гуноҳест азим,- гуфт Зафари Суфӣ, сармуҳаррири «Озодагон». Агар созмонҳои мададрасон кӯмаке мекарда бошанд, бигзор бе ягон ҳадаф барои дастгириии ВАО-и мустақил ёрӣ расонанд.
Зафари Суфӣ дуруст мегуфт. Барои гирифтани чанд танга чунон сарсону саргардон мекунанд, ки ҳадду ҳудуд надорад. Гоҳе лоиҳаи ба нафъи ҷамъият пешниҳодшуда як тараф мемонаду ким чизи дигаре мегузарад. Зеро боз телефонбозию тарафгирӣ. Чанде қабл намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба ҳамаи ҳафтаномаҳои мустақил ба ибораи интихоботӣ гӯем, ба тариқи шаффоф қоғаз тақсим намуд. Магар намешавад, ки ин таҷрибаро дигар созмонҳои мададрасону ташкилотҳои байналмилалӣ такрор кунанд? Касе аз касе дилмонда намешавад…
Дар мизи мудаввар масъалаи асосӣ он буд, ки оё созмонҳои байналхалқию мададрасон ба ВАО-и мустақил кӯмаки молиявӣ расонанд ё не? Ба хулоса омаданд, ки кӯмак расонанд.
Дар мизи мудаввар роҳбари дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назрӣ ширкат намуда, чанд маротиба сухан гуфт. Умедворем эродҳои гирифтаи рӯзноманигоронро дар мавриди бешаъну шараф будани Вазорату мақомот ва фишори мақомоти судӣ ба роҳбаронаш мерасонад. Зеро дар миқёси байналхалқӣ сухан аз боби обрӯю эътибори Тоҷикистон меравад.
Бисёр суханони дигар ҳам гуфта шуданд, ки аксарашон манфиат буд. Вале маро ҳамон суханони Зиннатулло Исмоилов боз дунболагир шуд.
— Ба хулосае омадам, ки ВАО-и мустақили дарди мардумро мегуфта на ба ҳукумат лозим асту на ба созмонҳои байналхалқӣ. Агар зарур мебуд, Симои мустақили Тоҷикистон ба ин ҳол гирифтор намешуду 5 рӯзномаи мустақилро ба суд намекашиданд…
Вале, банда мегӯяд, ки барои ҳарду ҳам ВАО-и озод лозиманд. Дар Конститутсия навишта шудааст: Тоҷикистон давлати демократӣ…
Созмонҳои байналхалқӣ мегӯянд: Ҳомии озодии баён ҳастанд.
Пас, мо — ВАО-и мустақили Тоҷикистон маълум, ки ҳукумати чорум нестем. Ангушти шашум буданамон аниқ аст. Бурранд, дард мекунад, набурранд, халал мерасонад…

Ҷумъаи ТОЛИБ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: