Главная > Uncategorized > «Бори каҷ»-ро то ба кай ба манзил мерасонед?!

«Бори каҷ»-ро то ба кай ба манзил мерасонед?!

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳси судии собиқ ҶСП «Кварс» ҳоло (ҶДММ «Поверфил»)-и ноҳияи Ҷаббор Расулов чанд сол боз идома дорад. Он аз Суди зинаи аввали Суди иқтисодӣ оғоз ёфта, то зинаҳои болои судӣ меравад. Боз ба суди зинаи аввал баргардонда мешавад.
Бо қарори Раёсати Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми майи соли 2009 бисёр санадҳои судии қаблан қабулшуда бекор карда шуда, танҳо таъиноти Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 31-уми августи соли 2009 дар қувваи қонунӣ мемонад. Ҳамин таъинот боиси он мегардад, ки баҳси судӣ аз нав оғоз гардад.
Барои ба дарозо накашидани ин баҳс аз баррасии охирини он дар Суди иқтисодии вилояти Суғд оғоз менамоем. Санаи 14-уми сентябри соли 2009 Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда М. Х. Кенҷаева аризаи саҳмдори ҶСП «Кварс» Н. Шукуров ва дигар саҳмдоронро ба ҷавобгарии ҶСП «Кварс» (ҶДММ «Поверфил») дар бораи беэътибор донистани қарори маҷлиси умумии саҳмдорони ҶСП «Кварс» аз 4-уми августи соли 2007 ва беэътибор донистани шаҳодатномаи аз нав бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ҶДММ «Поверфил» № 004-1998 аз 31-уми августи соли 2007 мавриди баррасӣ қарор дода, аризаи даъвогии саҳмдоронро қонеъ мекунад. Қарори умумии маҷлиси саҳмдорони ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Кварс»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 4-уми августи соли 2007 ва шаҳодатномаи аз нав бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ҶДММ «Поверфил» № 004-1998 аз 31-уми августи соли 2007 бекор карда мешавад.
Дар асоси кадом далелҳо ин ҳалнома қабул карда шуд? Барои ба ин суол посух гуфтан оид ба ҳар як қисмати ин аризаи даъвогӣ дар алоҳидагӣ маълумот медиҳем. Нахустин масъалаи баҳсӣ ин саҳмдор будан ё набудани Н. Шукуров ва дигарон мебошад. Баҳри ба ин чиз равшанӣ андохтан ба таърихи ташкили корхона рӯй меорем. Бо қарори № 97 Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) аз 6-уми апрели соли 1992 Ҷамъияти саҳҳомии «Кварс» ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси суратҷаласаи маҷлиси умумии саҳҳомони Ҷамъияти саҳҳомии «Кварс» аз 30-юми октябри соли 2000 ин ҷамъият ба шакли пӯшида, яъне ҶСП «Кварс» табдил дода мешавад. Ҳамон рӯз (30-юми октябри соли 2000) тибқи шартномаи таъсисии ҶСП «Кварс» бо корхонаи давлатии «Комбинати шарқии металҳои нодир» («Востокредмет») ва Кооперативи истеҳсолии хоҷагии ҷамъиятии ба номи Самадов шартнома мебанданд. Шартнома чунин оғоз меёбад: «Шартномаи мазкур байни шахсони дар поён имзокарда, ки минбаъд «Саҳҳомон» номида мешавад, баста шудааст». Дар поёни ин санад дар қатори дигарон директори ҶСП Н. Шукуров имзо мегузорад. Саҳмияҳо ба чунин тарз тақсим карда мешавад: корхонаи давлатии «Комбинати шарқии металҳои нодир» — 2 саҳмия ба маблағи 200 сомонӣ, Кооперативи истеҳсолии хоҷагии ҷамъиятӣ ба номи Самадов — 94 саҳмия, ба маблағи 9400 сомонӣ ва ҶСП «Кварс» соҳиби 139 саҳмияи номии оддӣ ба маблағи 13900 сомонӣ.
Ҳамин тавр, то моҳи июни соли 2005, вақти ба ҳабс гирифта шуданаш Н. Шукуров директори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Кварс» буд. Саволе пайдо мешавад, ки оё шахси саҳмдор набударо дигар саҳҳомон директори худ интихоб мекунанд? Посух як аст: ҳаргиз. Пас саҳмдор будани Н. Шукуров далели бебаҳс аст. Масъалаи саҳмдор будани Н. Шукуров дар қарори Раёсати Суди олии иқтисодии ҶТ ҳам таъкид шудааст: «коллективи меҳнатииҶСП «Кварс», ки он аз 29 нафар иборат будааст, аз он ҷумла саҳмдор Н. Шукуров барои ташкили ин корхона саҳми худро гузоштаанд». Ғайр аз он, ҳангоми баррасии парванда дар ин Раёсат муайян кардаанд, ки дар ҳамаи протоколҳои маҷлиси саҳҳомони корхона имзои Н. Шукуров меистад.
Акнун меоем сари қарори маҷлиси умумии саҳмдорони ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Кварс»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 4-уми августи соли 2007. Ин маҷлиси умумии саҳмдоронро даъвогарон хилофи қонун медонанд. Бо кадом асосҳо? Дар маҷлис гӯё таклиф гузошта шудааст, ки саҳмияҳо аз тарафи иштирокчиён, яъне саҳмдорони ҶСП «Кварс» пурра харидорӣ карда шавад. Аз протокол дида мешавад, ки ягон нафар хоҳишманди харидани саҳмияҳо набудааст. Дар ҳамон протокол қайд мешавад: «Аз сабаби аз тарафи дигар саҳҳомон хоҳишмандони харидани саҳмияҳо набудан, саҳмияҳо ба Собиров Ҳ. фурӯхта шаванд. (Собиров Ҳ. директори ҶСП «Кварс»). Инҷо суоле пайдо мешавад, ки чаро саҳмияҳоро ба фурӯш монданд, чӣ зарурият пеш омад? Модоме саҳмияҳоро ба фурӯш гузоштанд, пас чаро ҳангоми ба миён гузоштани масъалаи фурӯши онҳо Ҳ. Собиров барои харидани онҳо таклиф пешниҳод накард. Масъаларо бубинед, саҳҳомон хоҳиши харидани саҳмияҳо намекунанд, пас Ҳ. Собиров онҳоро мехарад. Ҳол он ки, дар мурофиаи судӣ аз 16-уми апрели соли 2007, ки дар Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад, Ҳ. Собиров иброз менамояд, ки ӯ саҳмдор нест ва рӯйхати 28 нафарро ҳамчун саҳмдор пешниҳод мекунад. Вале 28 нафари аз ҷониби директори ҶСП «Кварс» Ҳ. Собиров пешниҳодшударо суд муайян мекунад, ки саҳҳом нестанд. Пас дар байни 4 моҳ чӣ хел Ҳ. Собиров саҳмдор шуд?! Тибқи талаботи қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ҳар нафар барои саҳми худ масъул аст ва саҳмияҳо танҳо ба саҳмдорон фурӯхта мешаванд.
Дар боло қайд намудем, ки дорандагони саҳмияҳо на танҳо ҶСП «Кварс», балки корхонаи давлатии «Востокредмет» ва корхонаи истеҳсолии «Колхози Самадов» мебошанд. Дар ҷаласа намояндаи корхонаи давлатии «Востокредмет» иштирок намуда, гӯё саҳмияҳоро фурӯхтааст. Ҳол он ки, ин корхонаи давлатӣ буда, тибқи талаботи моддаи 8 банди «г» Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» саҳмияҳо объекти хусусигардонии моликияти давлатӣ мебошанд. Аз рӯи талаботи моддаи 11-и қонуни номбурда хусусигардонӣ ба тариқи савдо сурат мегирад ва моддаи 12 тақозо менамояд, ки савдо тавассути музояда ё тендер гузаронда шавад. Моддаи 312 қисми 1, банди «а» Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам вазифадор менамояд, ки бе ризоии молик ё мақомоти давлатии ваколатдодашуда корхонаи давлатӣ ҳуқуқ надорад фоидаи асосии корхонаро фурӯшад. Вале намояндаи корхонаи давлатии «Востокредмет» худсарона саҳмияҳоро мефурӯшад. Аҷибаш он аст, ки Ҳ. Собиров санаи 30-юми июли соли 2007, шаш рӯз пешакӣ саҳми корхонаи давлатии «Востокредмет»-ро харидорӣ мекунад. Вале маҷлис санаи 4-уми августи соли 2007 доир мегардаду арзиши саҳмияҳоро муайян менамоянд.
Корхонаи истеҳсолии «Колхози Самадов» дорандаи 40 фоизи ин саҳмияҳо мебошад. Тибқи талаботи қонун, моликияти корхонаи истеҳсолии «Колхози Самадов» моликияти ҷамъиятӣ буда, органи олии он маҷлиси умумии аъзоён мебошад. Бинобар ин, касе ҳуқуқ надорад бе ризоияти маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагон воситаҳои истеҳсолӣ ё дороии корхонаро бегона кунад ё ба каси дигар фурӯшад. Ғайр аз он, мувофиқи нишондоди моддаи 301 Кодекси Граждании Ҷуҳурии Тоҷикистон, «Амволи таҳти моликияти якҷоя қарор дошта бо ризогии ҳамаи ихтиёрдорони молу мулк аҳдҳо анҷом додааст, ихтиёрдорӣ карда мешавад». Барои фурӯхтани саҳми корхонаи истеҳсолии «Колхози Самадов» ягон хел қарори маҷлиси намояндагон ё маҷлиси умумии коргарон мавҷуд намебошад. Саҳмияҳои ба корхонаи истеҳсолии «Колхози Самадов»тааллуқдоштаро Ҳ. Собиров санаи 31-уми июли соли 2007 харидорӣ мекунад. Дар ин маврид ҳам панҷ рӯз қабл аз баргузории маҷлису муайян кардани арзиши саҳмияҳо харидорӣ карда шудааст. Баъди гузаштани 4 рӯзи маҷлис бошад, санаи 7-уми августи соли 2007 шартномаи хариду фурӯши саҳмияҳоро бо корхонаи истеҳсолии «Колхози Самадов» мебандад.
Таъкид намуда будем, ки ҶСП «Кварс» дорандаи 139 саҳмия мебошад, ки 59,15 фоизро ташкил медиҳад. Дар маҷлиси 4-уми августи соли 2007 З. Муртазамова, М. Ҷӯраева ва Р. Шермирзоев иштирок мекунанд ва аз номи ҶСП «Кварс» дар асоси ваколатномаи додаи директори ҶСП «Кварс» Ҳ. Собиров баромад менамоянд. Оё барои чунин ваколатнома додан Ҳ. Собиров ваколат дошт?! Инҷо сухан дар бораи саҳмияи саҳмдорон меравад, яъне дар бораи маблағ. Пас, директори ҶСП «Кварс» Ҳ. Собиров дар кадом асос метавонад чунин амал кунад? Тибқи талаботи қонун саҳмдорон, агар салоҳ медонистанд, тавассути идораи нотариалии давлатӣ ваколатнома медоданд. Вале ин тавр нашудааст. Тибқи талаботи моддаи 53 қисми 3-и Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «агар саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомӣ таҳти моликияти умумии саҳми якчанд шахс қарор дошта бошад, пас ҳуқуқи овоздиҳӣ дар Маҷлиси умумии саҳмдорон тибқи салоҳияти онҳо аз ҷониби яке аз иштирокчиёни моликияти умумии саҳмӣ ё намояндаи умумии онҳо анҷом дода мешавад».
Тибқи талаботи қонунгузорӣ, шахс ё шахсони мақсади харидани саҳмияҳои як корхона дошта бояд дигар саҳмдоронро дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯз огоҳ кунанд. Вале дар масъалаи пурра харидани саҳмияҳои ҶСП «Кварс» аз ҷониби Ҳ. Собиров ин ҳолат мушоҳида карда намешавад.
Дар маҷлиси 4-уми августи соли 2007 М. Ҷӯраева иштирок мекунад ва дар протоколи маҷлис ҳамчун котиб имзо мегузорад, ки на саҳмдори ҶСП «Кварс» буду на дар ин корхона кор мекард. Дар протокол навишта шудааст, ки ҶСП «Кварс» ба ҶММ «Кварс» табдил дода мешавад. Оид ба ҶДММ «Поверфил» ягон сухан нест. Дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» № 67 (16401) аз 22-юми августи соли 2007 эълон нашр мешавад, ки дар асоси маҷлиси умумии саҳмдорон аз 4-уми августи соли 2007 ҶСП «Кварс» ба ҶММ «Кварс» табдил дода мешавад. Дар ҳамин рӯзнома санаи 1-уми сентябри соли 2007 эълони дигаре нашр мешавад, ки дар асоси маҷлиси умумии саҳмдорон аз 4-уми августи соли 2007 ҶСП «Кварс» ба ҶДММ «Поверфил» табдил дода мешавад. Ҳамаи инро чӣ хел баҳо додан мумкин аст!?
Ба ҳалномаи суди иқтисодии вилоятӣ розӣ нашуда, ҷавобгар ҶДММ «Поверфил» ба тариқи аппелятсионӣ ба Суди олии иқтисодии ҶТ муроҷиат намуда, дар як вақт нисбат ба раёсати Суди иқтисодии вилояти Суғд аризаи нобоварӣ изҳор мекунад. Баррасии аппелятсионии парванда дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе таҳти раисии К. А. Ҳакимов, судяҳо П. Ш. Раҷабов ва И. М. Қурбонов санаи 8-уми декабри соли 2009 доир мегардад.

Ҷумъаи ТОЛИБ,
БМСТЖ
(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: