Главная > Uncategorized > Вазъи роҳу роҳкиро ва нияти Човандоз

Вазъи роҳу роҳкиро ва нияти Човандоз

Ин зимистон нисбат ба зимистонҳои дигар камбуди нақлиёти мусофирбар ва дар истгоҳҳо соатҳои дароз интизорӣ кашидани мардум камтар ба назар мерасид. Бахусус, дар хати сайри Душанбе-Турсунзода. Мардум мегуфтанд, ки «тангемҳо зиёд шудаву роҳкиро низ мусоид аст». Аммо бархе якбора аз се сомонӣ ба чор сомонӣ ҷаҳидани нархро дар хатсайри номбурда хуш надоштанду изҳори нигаронӣ мекарданд.
Имрӯзҳо дар хатсайри Душанбе — Турсунзода 15 нақлиёти мусофиркаш ба мардум хизмат мекунанд. Ҳам дар рӯзҳои барфу ҳам боронӣ. Аммо вазъи номусоиди ҳавои кишвар ба онҳо таъсир мерасонад. Масалан, барфрезие, ки чанде пеш ба миён омад, мушкилоти ронандагону мусофиронро зиёд кард. Як рӯзи барфӣ, ки роҳҳо ҳама сафедпӯш буд, дар истгоҳи хатсайри Душанбе — Турсунзода қарор доштам ва дидам, ки чи тавр мусофирон аз сардӣ меларзанд. Қисми зиёди онҳоро донишҷӯён ташкил медод, ки барои хондан ба Душанбе омадаанд. Шумораи нақлиёти мусофирбар он рӯз ками кам буд, ҳамагӣ 4-то. Ва роҳкиро чор сомонӣ. Ҳама дар ташвиш, ки ин чор нақлиёт кай 59 километр роҳи Душанбе-Турсунзодаро тай зада, бармегарданд ва дигар мусофиронро ба манзил мерасонанд. Хушбахтона, ман ҳам ба мошине ҷой гирифта, ба роҳ даромадам. Раҳораҳ сабаби набудани нақлиётро аз ронанда пурсидам. Гуфт, ки роҳҳо ях асту лағжонак, барои ҳамин.
Вақте ба Турсунзода расидам, дарзамон бо раиси Терминали шаҳри Турсунзода Одилҷон Замонов ҳамсӯҳбат шудам. ӯ иброз дошт, ки роҳкирои нақлиёти мусофирбар таҳти назорат гирифта шудааст. «Дар соли 2009 роҳкиро 3 сомониро ташкил медод. Сабаби 4 сомонӣ шуданаш дар он аст, ки ӯзбекистон гази моеъи худро қатъ кард. Агар ӯзбекистон газашро қатъ намекард, роҳкирои мо ҳам боло намерафт»,- гуфт ӯ.
Вақте бозпас ба Душанбе бармегаштам, он вақт низ ҳаво сард буду роҳ пурбарф. Аз як нафар, ки худро Шаҳноза Аллаева муаррифӣ кард, андешаашро оид ба вазъи роҳу роҳкиро пурсон шудам. ӯ гуфт: «Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода нархи роҳкиро дар сатҳи хуб қарор дорад. Чунки, агар бо нақлиёти сабукрав ба манзил равем, роҳкиро 7-8 сомонист, бо нақлиёти мусофиркаш 4 сомонӣ. Ин нарх ба фикрам бад нест. Худи ман низ донишҷӯ ҳастам ва дар як ҳафта як маротиба ба хона меравам. Шикояте надорам. Агар фикр карда бароем, ҳамон ронандаҳои нақлиёти мусофирбар ҳам аз 4-5 сомонӣ ягон фоида ба даст намеоранд. Зеро ҳамаи ин маблағро барои худ не, балки барои андоз ва шикасту рехти мошинашон истифода мебаранд. Дар баробари ин, зану фарзандони худро мехӯронанд ва мепӯшонанд. Мо мусофирон бояд онҳоро низ бифаҳмем».
Донишҷӯйи дигар Насиба Қурбонова низ ҳаҷми роҳкирои нақлиёти мусофирбари хатсайри Душанбе — Турсунзодаро мӯътадил донист. ӯ зикр намуд, ки чун ҳафтае як бор барои хабаргирии падару модараш меравад, дар дохили нақлиёт норозигии мусофиронро надидааст.
Ронандаи нақлиёти мусофиркаш Наими Човандоз бошад, чунин ақида дошт: «Ман мусофиронро аз Душанбе ба Турсунзода ва аз Турсунзода ба Душанбе мебарам. Дар мошинам 15 ҷойи нишаст ҳаст. Аз 15 нафар зиёд одам намегирам. Аз худам нарх ҳам намегузорам. Чанд рӯзе, ки хунукӣ шуд ва роҳҳо барфи зиёд дошт, мусофиронро бо як мушкилӣ мебурдаму меовардам. Худо хоҳаду ҳаво гарм шавад, аз ин мушкилӣ раҳоӣ меёбем».
Худо хоҳад! Ҳаво ҳам акнун хеле гарм шуда истодааст. Умед мебандем, ки нияти ронанда амалӣ мегардад.

Наргис ИБОДУЛЛОЗОДА, «Пайкон»

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: