Главная > Uncategorized > Гардани каҷи милиса

Гардани каҷи милиса


То ба Русия омадан дар бораи милисаҳои сайёд ва сайдҳои муҳоҷир тасаввуроте надоштам. Вале баъди ба шаҳри Санкт-Петербурги ФР омадан мушоҳида намудам, ки чи қадар дард будааст муҳоҷират. Рӯзи дуввуми омаданам дар истгоҳ мошини полис қарор гирифту аз он ду нафар корманди низомипӯш фаромаданд. Бе салому алейк наздик шуда, «гражданочка, где ваши документи» гуён дағалона пурсон шуданд. Бо табассуми малеҳи тоҷикона салом дода, ҳуҷҷатҳоямро пешкаш кардам. Аз салом надоданашон шарм карда, ҷавоби саломамро гардонданд. Сипас ҳуҷҷатҳои маро гардонда доданд. Дуртар аз ман ду ҷавонписари тоҷик низ интизори автобус меистоданд. Кормандони милиса ба онҳо наздик шуда, ҳуҷҷатҳояшонро гирифта диданду баъди чанде онҳоро гирифта бурданд. Чунин дастгиркуниҳо ҳар сари қадам дар кӯчаву хиёбону метроҳо дида мешавад.
«Ха, нума — нума»
Субҳе бо духтари соҳиби хонаи иҷораам ба кор мешитофтам, ки баногоҳ кормандони милиса омада, ӯро боздошт карда бурданд. Ман ҳам аз қафояшон рафтам. Дағалӣ карда гуфтанд, ки ба роҳам равам. Вале ман ҳам ду поро ба як мӯза андохта, аз паси онҳо ба қитъаашон раҳсипор гардидам. Духтари соҳибхона тамоман забони русиро намедонист. Дар як утоқи хурдакаку бадбӯй панҷара кашида, муҳоҷирони боздоштшударо маҳкам нигоҳ медоштанд. Чашмам ба ҳамватане афтод, ки аз гӯшнагӣ базӯр қоматашро рост карда меистод. Дар дохили панҷара занону мардонро якҷоя маҳкам мекарданд. Милиса духтари соҳиби хонаро масхара карда, «ха, нума-нума» гӯён ба пурсиш даромад. Вале ҳангоме ман бо забони русӣ ба ӯ гуфтам, ки аввал пойҳояшро аз рӯи стол бардораду дар назди занон боодобона нишинад, ба қавле ҳушёр шуд. Нимғурма гуфт, ки агар 1000 рубли русӣ пора диҳамаш, ҳамроҳамро ҷавоб медиҳад. Гуфтам, ки нав аз Тоҷикистон омадааму чунин пул надорам. Гуноҳи духтарак он буд, ки бо ҳуҷҷатҳояш чиптаи ҳавопайморо нагирифта буд. Милиса гарданашро каҷ карда, боз ба зорӣ даромад: «Медонӣ, ман 12000 рубли русӣ маош мегирам. Маро фаҳм. Ягон сӯм деҳу ҳамроҳатро бар». Ман ҳам якравӣ карда, пурсидам: «Баъди гирифтани ин ҷарима чеки пардохтро медиҳед?». ӯ аз ин суханони ман мисли ақлгумкарда сарашро дудаста дошту баъд норозиёна гуфт: «Майлаш, ҷавоб ин дафъа».
Дар роҳ духтари соҳибхона гуфт:
— Апа, хайрият ки аз дасти ин сагҳо халос шудем. Вагарна ҳама ҷоямонро мекофтанду пули доштагиямонро мегирифтанд.
Раҳораҳ дарк кардам, ки сагҳои дупои мегуфтаашон киҳо будаанд.

«Равед, ба Матвиенко нависед!»
Дар Русия асоситарин чизи барои муҳоҷир муҳим иҷозат барои кор аст. Барои иҷозати кор маркази муҳоҷирати корӣ амал мекунад. Вале барои ба он ҷо ворид шудану танҳо ҳуҷҷатҳои лозимиро супоридан се моҳи муҳоҷир ҳам камӣ мекунад. Аз субҳи солеҳон дар навбат истодан даркор аст. Мо занҳо ду ҳафта навбат поидем, вале ба он ҷо даромадан хеле мушкилӣ дорад. Мардум сарсону мисли пода дар ин марказ парешонанд. Бахусус, муҳоҷирони аз ӯзбекистон омада тамоман навбатро риоя намекунанд. Милисаҳои дарбон аз бемаданиятии муҳоҷирони ӯзбек истифода бурда, чи хеле ки хоҳанд, дашном медиҳанд. Боз зарба ба сари тоҷики бечораи бадном меафтад.
Аз навбат истодан мо — занҳо безор шудему аз дарбонон хоҳиш кардем, ки квотаҳои ҷойи қабулро ба занҳо диҳанд. Дарбон моро ба назди роҳбарашон фиристод. Вале назди дари даромадгоҳ милисаҳои низомипӯш моро боздоштанду гуфтанд, ки ягон хел квота нест. Суол додем, ки чаро дар шӯъбаи пулакиятон квота будаасту дар шӯъбаи давлатӣ не? Онҳо боз дағалиро кор фармуда, дод заданд, ки «равед, ба сайти Матвиенко нависед!». Мо ҳам оромона посух додем, ки менависем. Дар берун чанд нафар ҳамватанон насиҳат карданд, ки ин ҳама даводавиҳо беҳуда аст. Беҳтараш аз хизмати онҳо — даллолҳо, ки ба ивази яксола иҷозати кор 12000 рубли русӣ мегиранд, истифода барем. Яъне, ин ҷо ҳам «коррупсия» ба дараҷаи аъло реша давонидааст. Бисёр ҷавонони даллоли тоҷик аз ҳамин ҳисоб дар Питер зиндагияшонро пеш мебаранд.

Занҳои самбӯсафуруш
Дар назди маркази бақайдгирии муҳоҷирон занҳои ӯзбеку тоҷик «самбӯса, чой» гӯён, дод мезаданду хӯрока мефурӯхтанд. Бо чанд нафари онҳо ҳамсӯҳбат шудам. Фирӯза Ашӯрова аз шаҳри Конибодом гуфт: «Се сол аст, ки дар Питерам. Дар хонаи иҷора мешинам. Аввал дар беморхона ба ҳайси фаррош кор кардам. Баъди маошамро надодан, рӯ ба савдои кӯчагӣ овардам. Шукр, инҷо аз субҳи солеҳон самбӯса пухта мефурӯшам. Вале аз дасти ин сагҳои дупо рӯз надорам. Дар Тоҷикистон ҳам ҳамин буду дар ҳамин ҷо ҳам. Ин милиса мардум кай сер мекарда бошад? Мебаранду гоҳо 1000, гоҳо 2000 рубли русиямонро мегиранд. Вале ба ҳаминаш ҳам шукр, ки ба Ватан пул мефиристам. То ҳозир иҷозати кор надорам».
Уркуной Худойбердиева, шаҳрванди шаҳри Тошканди ӯзбекистон бошад, чунин изҳори назар кард: «6 моҳ шуд, ки дар шаҳри Питер кор мекунам. Самбӯсаву чой мефурӯшам. Инҷо аз соати 3-и шаб муҳоҷирон барои иҷозати кор гирифтан навбат мепоянд. Аз ҳисоби ҳамин савдо ҳам зиндагиямонро пеш мебарем, ҳам ба волидайн маблағ мефиристем. Одат кардаем ба пулдиҳӣ ба милисаҳо».

Шаҳри сарду шаҳри дард
Муҳоҷират дард аст, дарди бедаво. Дарде, ки шояд миллати тоҷикро ба парешониву бегонагӣ бубарад. Дар ин шаҳри мардум одамизод пӯсташро иваз мекардааст. Беҳтарин ҳиссиёти одамгарияшро аз даст медодааст. Шаҳри мардум шаҳри сарду шаҳри дард аст. Тоҷикписар рӯзи зодрӯзашро болои боми баланд, дар сардии 35 градус мегузаронад. Модари хундил аз Тоҷикистон занг мезанаду саломатияшро пурсон мешавад. Ҳамин лаҳза тоҷики бехабар телефонро мегираду аз болои бом меафтад сарозер ба доми Азроил. На чодару на чамани арӯсиро мебинад ӯ. Орзуҳо ғӯрамарг мешаванд. Оре, муҳоҷират ҷудоӣ аз пайвандон, беҳисӣ, карахтӣ аз одату анъанот. Муҳоҷират қалбро мекушад. Худоё, бигир ин ҳама дардро аз қалби тоҷики азизи ман!

Шаҳлои НАҶМИДДИН,
Санкт-Петербург,
махсус барои
«Пайкон»

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: