Главная > Uncategorized > Каҷмакаҷак рост нарафтӣ чаро?

Каҷмакаҷак рост нарафтӣ чаро?

ва ё қиссаи шаъну шарафи «Тоҷикстандарт»-у эътибори кориаш
«Муллотоҷикстандарт, Бибитоҷикстандарт, Тоҷикстандартқул, Тоҷикстандартгул, Тоҷикстандартбой, Тоҷикстандартбону, Абдутоҷикстандарт,Тоҷикстандартхон»… Наход Агентии «Тоҷикстандарт»-ро ҳамин тавр масхара кунанд! Дар мақола навишта шудааст: Чӣ? Санг! Чӣ? Вахш! Чӣ? Кулӯх! Чӣ?… Чӣ?… Чӣ? «Тоҷикстандарт». Оё ин беҳурматӣ нисбат ба як мақомоти давлатӣ нест…

Ин суханонро дар баррасии парвандаи шаҳрвандӣ, дар марҳилаи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе дар асоси аризаи даъвогии Агентии «Тоҷикстандарт» мавриди барасии аризаи кассатсионии ҳафтаномаи «Пайкон» намояндаи ваколатдори «Тоҷикстандарт» Саидбек Нуриддинов аз мақолаи «З00 ҳазор сомонӣ ба Муллотоҷикстандарт не, ба Роғуншоҳ» таъкид намуда, иддао кард, ки гӯё алайҳи ин мақомоти давлатӣ ширкати иттилоотӣ ташкил карда бошему мудом онҳоро танқид мекунем. Ин масъала ба мавзӯи баҳси имрӯзаи мо дахл надорад ва гуфтанием, ки ягон хел ширкат ташкил накардаему дар асоси ваколатамон мақолаи танқидие бо номи «Парвози тимсоҳ дар «Тоҷикстандарт» нашр намудем. Аз нашри мақола зиёда аз се моҳ гузашт. Вале то ҳол дар Агентии «Тоҷикстандарт» хомӯшанд. Намедонем, қонун ва Фармони Президентро эҳтиром мекарда бошанд ё не? Вале барои танқид намудан касе ҳуқуқ надорад моро таъқиб намояд!
Эҳтиром намудан ё нанамудани қонунро ба виҷдони онҳо ҳавола карда, сари мавзӯъ меоем. Намояндаи ваколатдор С. Нуриддинов беасос эрод гирифт. Мо пеш аз овардани ин гуфтаҳо, ки намояндаи ваколатдор таъкид намуд, навишта будем: «Одами ҷондор шаъну шараф дораду эътибори корӣ. Роғуншоҳ шаъну шараф дорад! Саҳмияхон ҳам»…
Гуфтаҳои моро коллегияи судӣ тасдиқ намуд. Маълум гардид, ки Агентии «Тоҷикстандарт» шаъну шараф надоштааст. «Аз назди хазина дур нашуда» (ни отходя от касса) қарори зинаи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда, муовини раиси Суди шаҳри Душанбе З. Аминов ва судяҳо Х. С. Маҷидова, И. Н. Ширинҷоноваро меорем: «Ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 26-уми октябри соли 2009 аз рӯи парвандаи гражданӣ бо даъвои Агентии стандартикунонӣ, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Агентии Тоҷикстандарт») нисбати ҳафтаномаи «Пайкон», оиди эътибори корӣ ва рӯёндани маблағи зарари маънавӣ бетағйир мононда шавад.
Аз ҳамин ҳалномаи судӣ калимаҳои «шаъну шараф» хориҷ карда шавад».
Аризаи даъвогии Агентии «Тоҷикстандарт» «Оиди ҳифзи шаъну шараф, эътибори корӣ ва рӯёндани зарари маънавӣ ном дошт ва ҳалнома пур-пури шаъну шарафи Агентии «Тоҷикстандарт» буд. Чун мафҳуми «шаъну шараф»-ро коллегияи судӣ аз ҳалнома гирифт, «Точикстандарт» бе шаъну шараф монд. Даъвои онҳо дар мавриди шаъну шараф доштани Агентии «Точикстандарт» беасос баромад. Мо бошем, ба ҳаминаш ҳам шукр намудем. Чунки шаъну шарафро ба чизи беҷон нисбат додану дар асоси он ҳалнома қабул намудани судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ С. Камолов дасту диламонро аз тадбиқи қонун тамоман хунук карда буд.
Дар суди шаҳрӣ дарк намуданд, ки пас аз нашри Муроҷиати соҳибкорон ба унвони Президенти мамлакат Агентии «Тоҷикстандарт» бемор нашудааст, фишори хунаш баланд нагардидааст, дору истеъмол нанамудаасту варақи корношоямӣ нагирифтааст, азоби рӯҳӣ накашидааст, ғаму ғӯсса нахӯрдааст. Дар ҳузури рафиқону хешу табораш «Тоҷикстандарт» шарм надоштааст!
Гуфтем, бори дигар таъкид менамоем, ки шаъну шарафу эътибори кориро на танҳо директори Агентии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов, балки фарроши ин корхона низ дорад. Вале худи Агентии «Тоҷикстандарт» надошту надорад. Шаъну шараф ва эътибори корӣ неъмати ғайримоддӣ буда, тибқи талаботи моддаи 170 Кодекси Граждании ҶТ бегона ё ба тариқи дигар гузашт карда намешавад.
Масъалаи шаъну шарафи Агентии «Тоҷикстандарт» ҳал шуд. Эътибори корияш монд. Дар бораи эътибори корӣ дар поёнтар ибрози ақида намуда, бори дигар манзараеро аз ин қисса ёдовар мешавем. Зеро бисёре аз ҳамкасбонамон, ки аз асли воқеа бехабаранд, тарафи мо санги маломат партофта, мепурсанд, ки агар бегуноҳ будед, чаро ҳафтанома бахшиш пурсид!? Таъкид менамоем, ки Муроҷиатномаи соҳибкорон на танҳо ба ҳафтаномаи «Пайкон», балки ба чанд нашрияи мустақили дигар ҳам ирсол шуда будааст. Эҳтимол ин муроҷиатнома ҳашароте буд барои ба чанги моҳидорӣ гузоштану чун моҳӣ фиреб додану бо шаст доштани ҳафтаномаҳои мустақил. Танҳо мо онро нашр кардем. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ду моҳу чанд рӯзи нашри Муроҷиатнома посух навишт. Вале пас аз се рӯзи ба идораи нашрия ворид шудани ҷавоби Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расиду моро дар сари вақт чоп накардани посух муттаҳам намуданд. Посухи ин агентиро нашр намудем. Баъди он аз номи «Дафтари матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» посухе омад, ки касе имзо нагузошта буду мактуб на сана дошт, на рақами қайд. Ҳам тавассути телефон, ҳам ба як корманди дафтари матбуотияшон ва ҳам тариқи мактуб дархост намудем, ки тибқи талаботи қонун шахси ваколатдор имзо гузорад ва мо посухро нашр мекунем. Хомӯш буданд. Ниҳоят аз судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ С. Камолов нусхаи аризаи даъвогӣ омад. Аризаро хонда, рӯзи дигараш ба қабули директори Агентии «Тоҷикстандарт» Д. Ҳотамов омадем. Ҳамроҳи як корманди дафтари матбуотияш маро қабул намуд. Иброз намудам, ки посухро имзо гузорад, онро нашр мекунем. Чунки ба баҳси судӣ ягон эҳтиёҷ нест. Сӯҳбат сари узр пурсидан омад. Азбаски дар Муроҷиатнома лаҳзае бо номи чанд нафар зикр ёфта буд, ки дар утоқи корӣ сурат гирифтаасту дар даст далеле надоштем, барои узр пурсидан ризо шудем. Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Д. Ҳотамов гуфт, ки то пагоҳ ба посухнома имзо кардан ё накарданашро хабар медиҳад. Мо бо ҳамдигар қавл додем, ки дар ҳолати ба посухнома имзо гузоштани Д. Ҳотамов мо онро нашр мекунему аз нафарони номашон дар Муроҷиатнома омада узр мепурсем ва бо ҳамин масъала ҳал мешавад. Пагоҳаш занг заданд, ки ба посух имзои Д. Ҳотамовро гузошта, нашр намоем. Мо ҷавобро дар саҳифаи рӯзнома ҷой намуда, дар охираш узр пурсида, пеш аз нашр барои шиносшавӣ ба Д. Ҳотамов фиристодем. Саҳифаро баргардонданд, ки дар чанд ҷой ислоҳ дароварда шуда буд. Онро дар ҳамон шакл, бо хости эшон ислоҳ намуда, ба матбаа фиристодему шумораи навбатии ҳафтанома нашр гардид…
Мегуфтанду мегӯянд, ки инсонро қавлаш ҳалол аст. Банда аз куҷо медонист, ки ин доми навбатист. Агар дар маҷлиси омодасозии парванда намояндаи ваколатдори Агентии «Тоҷикстандарт» ба созиш ризо буд, пас аз нашри посуху узр пурсидан ягон гузашт кардан намехост. Чун ҳадафи мо ҳангома хезондан набуд, садо баланд накардем. Гумон доштем, ки судя дар асоси талаботи қонун аризаи даъвогиро бинобар ҳал гардиданаш дар истеҳсолот қатъ менамояд. Чунки талаби даъвогарро дар мавриди узр пурсидан иҷро намуда будему тибқи талаботи қонун Агентии «Тоҷикстандарт» шаъну шарафу эътибори корӣ надорад. Вале судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ С. Камолов аризаи даъвогиро пурра, бе ягон таҳлил, баҳодиҳӣ қонеъ намуд. Пас аз аризаи даъвогии Агентии «Тоҷикстандарт» мо ҳам аризаи муқобили даъво пешниҳод намуда будем. Аммо он мавриди баррасӣ қарор дода нашуд. Ақаллан судя ваҷҳҳои овардаи моро дар мавриди беимзо будани посуху хилофи талаботи қонун «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва Фармони Президент таҳти № 622 аз 7-уми феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор» «ба як пули пуч нагирифт». Ҳалнома идомаи мантиқии аризаи даъвогӣ буд. Зеро қисми зиёдаш аз аризаи даъвогӣ айнан рӯйбардор шуда, гуфтаҳои ҷавобгарро таҳриф намуда, барои қабули ҳалномаи мувофиқи хости худ истифода намуда буд. Агар аризаи муқобили даъвои моро ҳатто ёдовар мешуду дар ҷое ишора мекард, мегуфтем, ки судя тибқи талаботи қонунгузорӣ амал намудааст…
Дар аризаи даъвогии Агентии «Тоҷикстандарт» қайд мешавад: «Дар «муроҷиатнома»-и мазкур ҳафтанома аз номи соҳибкорон фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт»-ро мавриди муҳокима қарор дода, чунин қайд кардааст …». Ҳамин ҷумла, мутаасифона, ҳам дар ҳалномаю ҳам дар қарори суди зинаи кассатсионӣ оварда шудаасту аз он чунин маънӣ бардоштан мумкин аст, ки гӯё мо аз номи соҳибкорон «Муроҷиатнома» ташкил намуда бошем. Инсоф кунед! Моро чӣ мушкилӣ пеш омада буду бо Агентии «Тоҷикстандарт» кадом мероси тақсимнашуда доштем, ки чунин амалро ба худ раво бинем!? Ғайр аз он, ба ҷуз дар назди парвардигор дар назди касеву чизе ба зону намезанем. Агар нисбат ба Агентии «Тоҷикстандарт» гуфтание медоштем, худамон гуфтан мегирифтем. Ҳайронем, чаро мӯҳтарам судяҳо ҳам дар зинаи аввалу ҳам дар зинаи кассатсионӣ сухани бе ягон далели хаттӣ дар мавриди набудани чунин соҳибкорон овардаи намояндаи ваколатдори Агентии «Тоҷикстандарт»-ро «бо оби тилло» менависанду ваҷҳи моро тибқи талаботи қонун ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» то талаби суд ошкор накардани сарчашма нодида мегиранд? Дар қарори зинаи кассатсионӣ аз номи намояндаи ваколатдори Агентии «Тоҷикстандарт» оварда шудааст, ки гӯё дар суди марҳилаи якум маҳз бо хоҳиши инҷониб (сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон») соҳибкорон муайян ва пурсида нашудаанд. Акнун ба нахустин дархости мо аз суди зинаи кассатсионӣ таваҷҷӯҳ диҳед:
«1. Судя барои даъват намудану пурсидани он соҳибкороне, ки дар Муроҷиатнома ному насабашон зикр карда шудааст, ягон тадбир наандешид. Муаллифи Муроҷиатнома 11 нафар соҳибкор мебошанд. Ҳафтаномаи «Пайкон» бошад, танҳо мактуби кушоди соҳибкоронро, ки ба Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда буданду ғайр аз мо ба чанд нашрияи дигар фиристода шуда буд, айнан нашр кард. Масъулият барои факту рақамҳои овардашуда, ба дӯши муаллифон мебошад». Агар мо барои муайян ва пурсидан монеа мешудем, чаро нахуст даъват намудану пурсидани соҳибкоронро ба миён гузоштем? Чаро дар суди зинаи кассатсионӣ ин ваҷҳи овардаи моро насанҷиданду барои даъват намудан, муайян кардани соҳибкорон ягон тадбир наандешиданд? На танҳо ин масъала, балки наздики 20 ваҷҳи оид ба хилофи қонун будани ҳалномаи суди зинаи аввал овардаи моро коллегияи судӣ нодида гирифта, ба таври худ шарҳ дод. Далелу эродҳои овардаи мо як тараф истанд, коллегияи судӣ нишондоди қонунро ҳам ба таври худ тавзеҳ дод. Мо далел оварда будем, ки мувофиқи Низомномаи Агентии «Тоҷикстандарт», ки бо Қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2006 № 615 тасдиқ карда шудааст, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, на шахси ҳуқуқӣ. Дар қарори суди зинаи кассатсионӣ навишта шудааст: «Коллегияи судӣ муайян намуд, ки Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ ба талаботи моддаи 48 КГ ҶТ ҷавобгӯ мебошад. Шаҳси ҳуқуқӣ, яъне Агентии «Тоҷикстандарт дар моликият, тасарруфи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ ба ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад, инчунин баланси худро дошта бошад».
Ин амал хеле моҳирона истифода бурда шудааст. Коллегияи судӣ ба моддаи 48 — мафҳуми шахси ҳуқуқӣ Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон такя карда, қарорашро асоснок кардан мехоҳад. Ана, дар моддаи мазкур чӣ навишта шудааст: «Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, тасарруфи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ ба ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Ашхоси ҳуқуқӣ бояд баланс ё сметаи мустақили худро дошта бошад».
«Каҷ дору марез»-ро дидед? Дар боло таъкид намудем, ки Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад. Тибқи талаботи моддаи дар боло оварда ташкилот шахси ҳуқуқӣ номида мешавад, на мақомот. Наход судяҳои зинаи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе ташкилотро аз мақомот фарқ накунанд? Агар Агентии «Тоҷикстандарт» даъво кунад, ки шахси ҳуқуқист, пас бояд тибқи талаботи моддаи 51 «Ба қайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ» Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон кай, таҳти кадом рақам дар Вазорати адлия аз қайди давлатӣ гузаштанашро пешниҳод кунад. Зеро мувофиқи нишондоди қисми 2-и моддаи номбаршуда «Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш таъсисгардида дониста мешавад».
Чаро нишондоди моддаи 48 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври худ «тоб» доданиянд. Чунки тибқи қисми 8-и моддаи 174 КГ ҶТ эътибори кории шаҳрванд мутобиқан дар мавриди ҳифзи эътибори кории шахси ҳуқуқӣ низ истифода мешавад. Ҳамин тавр зӯрӣ ба зӯрӣ собит сохтаниянд, ки Агентии «Тоҷикстандарт» шахси ҳуқуқист. Аз рӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ, он шахсони ҳуқуқие эътибори корӣ дошта метавонанд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ё ташкилоти тиҷоратие, ки ба фаъолияти додугирифи молӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошанд. Пас Агентии «Тоҷикстандарт» ба кадом фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст? Чӣ хел тиҷорат дораду ба кадом намуди доду гирифти молию хизматрасонӣ шуғл меварзад?! Намедонем пас аз нашри «Муроҷиатнома»-и соҳибкорон чанд нафар аз кормандони ин Агентӣ аз кор рафт, бозори кадом молашон касод шуд, ба тиҷораташон чӣ қадар зарар расид?!
Умед доштем, ки ҳангоми баррасии баҳс дар зинаи кассатсионӣ ба ҳамаи ин масъалаҳо аҳамият медиҳанд. Вале афсӯс…
Пораи дигареро аз қарори қабулнамудаи судяҳои суди зинаи кассатсионӣ дар баррасии ин парванда манзури хонандагон менамоем, то ки «салоҳият»-и судяҳо маълумтар гардад: «Коллегияи судӣ муайян намуд, ки ҳафтаномаи «Пайкон» дар таърихи 22.07.2009 муроҷиатномаеро аз номи як гурӯҳ соҳибкорон ба унвони Президенти ҶТ нашр намуда, дар он маълумотеро паҳн намудааст, ки он эътибори кории Агентии «Тоҷикстандарт»-ро паст задааст ва дар мурофиаи суди марҳилаи якум ҳафтаномаи «Пайкон» дар шахсияти сармуҳаррири он Ҷ. Толибов дурустии он маълумотҳоеро, ки дар ҳафтанома дарҷ намудааст, исбот карда натавониста, даъвои пешниҳоднамудаи Агентии «Тоҷикстандарт»-ро эътироф намудааст».
Ин навиштаро мехонеду намедонед чӣ гӯед. Охир, коллегияи судӣ чи хел муайян намуд, ки «дар мурофиаи суди марҳилаи дурустии он маълумотҳоеро, ки дар ҳафтанома дарҷ шудааст, исбот карда натавонистем? Кадоме аз онҳо дар баррасии парванда, дар суди зинаи аввал ширкат доштанду шаҳодат медиҳанд? Ғайр аз он, агар даъвои пешниҳоднамудаи Агентии «Тоҷикстандарт»-ро эътироф менамудем, чӣ ҳоҷат буд ба шикояти кассатсионӣ навиштан? Таъкид менамоем, ки масъул барои исботи далелҳо муаллифони муроҷиатнома мебошанд. Агар даъват карда мешуданду собит карда наметавонистанд, мо далелҳои худро пешниҳод мекардем. Дар дигар қисматҳо ҳам ба ҳалномаи суди зинаи аввал такя мекунанд. Бале, ба ҳалномаи баровардаи судяе, ки ба кӣ тааллуқ доштани шаъну шарафро сарфаҳм намеравад… Ҳайронем, чаро ба ин масъала аҳамият намедиҳанд, ки дар кадом маврид зарари маънавӣ рӯёнда мешавад ва нисбат ба кӣ: шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқӣ? Дар қисми 6-и моддаи 174 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад: «Шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори корияш паҳн гардидааст, ҳақ дорад дар баробари раддияи чунин маълумот ҷуброни зарари маънавиро аз паҳн кардаи онҳо расидаро низ талаб намояд». Дар қисми 2-и моддаи 1115 Кодекси граждании Ҷумҳури Тоҷикистон зикр шудааст: «Зарари маънавӣ сарфи назар аз гуноҳи зараррасон дар ҳолатҳои зайл ҷуброн карда мешавад:
— агар зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд аз манбаи хатари калон расида бошад:
— агар зарар ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ … расонда шуда бошад:
— агар зарар дар натиҷаи паҳни маълумоте, ки шаъну эътибор ва обрӯи кориро паст мезанад, расонда шуда бошад».
Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки ҷуброни зарари маънавӣ нисбат ба шахси воқеӣ рӯёнда мешавад, на ин ки ба шахси ҳуқуқӣ.
Дар қисми 2-и моддаи номбаршуда меояд: «Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ вобаста ба хусусияти ба ҷабрдида расондани ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ, инчунин дараҷаи гуноҳи зараррасон дар ҳолатҳое, ки агар гуноҳ асоси ҷуброн бошад, аз ҷониби суд муайян карда мешавад». Маълум мегардад, ки ҷуброни зарари маънавӣ дар асоси ранҷу азобу зарари маънавӣ ситонда мешавад. Пас, Агентии «Тоҷикстандарт» чӣ хел ранҷу азоб мекашаду зарари маънавӣ мебинад?
Қонунгузор оид ба рӯёндани зарари маънавии шахси ҳуқуқӣ ягон чиро пешниҳод накардааст. Чунки зарари маънавӣ дидани шахси ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Дар ҳолати паст задани эътибори корӣ зарари молиявӣ мебинанд.
… Қонунҳоро як тараф мегузораму худ ба худ меандешам, ки нишондодҳои қонун танҳо барои мо бошад?! Чаро ҳангоми татбиқи адолати судӣ нишондоди онро сарфи назар мекунанд?
Аризаи даъвогиро ба даст мегирам. Аризаи даъвогӣ қариб дар ҳалнома дарҷ гардидааст. Фақат ба намуди санад мутобиқ кардаанд. Қисми зиёди қарори зинаи кассатсионӣ аз ҳалнома рӯйбардор шудаасту навиштаанд, ки коллегияи судӣ муайян кард. Агар ба ҷои «муайян намуд» аз ҳалнома рӯйбардор карда шуд менавиштанд, эҳтимол дурусттар мебуд. Танҳо мафҳуми «шаъну шараф»-ро хориҷ намуданд, ки ба одами ҳатто аз кӯчаи ҳуқуқ нагузашта ҳам аён аст, ки ғайр аз инсон чизи дигаре шаъну шараф надорад. Пас дигар нишондоди қонунро кӣ ба инобат мегирад?
Аризаи назоратӣ навиштем. Интизорем, ки чӣ мегӯянд. Баҳсро ба Суди олӣ мекашем. Агар ҳал нашуду гуфтанд, ки Агентии «Тоҷикстандарт» шахси ҳуқуқӣ асту эътибори корӣ дорад ва зарари маънавӣ дидааст, баҳсро ба хориҷ мекашем. Мо даъвои тавонистан намекунем. Зеро тавоно Худованд аст. Танҳо мегӯем, ки ҳастем ва мепурсем: Каҷмакаҷак рост нарафтӣ чаро?!

Ҷумъаи ТОЛИБ,
директори Бюрои
маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ
ва тадқиқоти журналистӣ,
сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон»

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: