Главная > Uncategorized > ТАҚАЛлуб

ТАҚАЛлуб

(Луқма)
Азизон! Оё боре «тақал» гуфтанӣ истилоҳро шунидаед? Ҳамон калимаеро, ки аз вожаи «тақаллуб» (фиребгарӣ, хиёнат, қаллобӣ) баромадаву мардуми омӣ аз он ибораи «тақал кардан» сохтаанд. Яъне, раият вақте аз чизе шубҳа мебаранд ва ба покии виҷдони ҳамқавму ҳамҷинсони худ бовар намекунанд, мегӯянд, ки фалонӣ фалониро пайи иҷрои коре тақал кард. Ин мафҳум маънои маҷбур кардани шахсро дорад. Маҷбур намудан барои сомон додани коре, ки дар асл барои ҳама зарур аст, вале бисёр маврид аз он нафарон ва ё гурӯҳҳои алоҳида истифода мебаранду манфиат меёбанд.
Ростӣ, дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки навиштаи худро оид ба интихоботи парлумонӣ аз ҷой доштану надоштани тақаллуб оғоз кунам, аммо кардам. Сабаб танҳо як занги телефонист. Аллакай рӯзи 1-уми март, баъди анҷом шудани интихобот нафаре занг задаву иддао намуд, ки тақаллуби беназирро кашф кардааст. Аз ӯ хостам ҳама чиро, ки дидаву мушоҳида карда ва аз сар гузаронидааст, бигӯяд, то сабт намоям. Розӣ шуд ва изҳор дошт: «Ман Ҳасанов Ҳоҷиқурбон, аз ноҳияи Нуробод, аз ҷамоати деҳоти Сияҳгулак, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия. Дар давоми интихобот ҳамаи аъзоҳои участкаро натавонистам фаҳмам. Ҷамоат меравам, мегӯянд, ки дар участка, участка меравам, мегӯянд, ки дар ҷамоат. Ҳамин хел интихобот ба охир расид. Ин якум. Дуюм, дар рафти интихобот шахси боэътимоди маро аз участка берун карданд. Бо он сабаб, ки раиси участкаву ҷонишинаш иҷозат надодаанд нозир бюллетенҳоро бинад ва эътироз намудааст. Одамоне, ки дар интихобот иштирок накарданд, аз номи онҳо низ бюллетен партофтанд. Ҳатто аз номи одамоне, ки дар Русия, дар шаҳри Душанбе ва Роғун ҳастанд. Тақаллубкорӣ аз ин зиёд намешавад. Чӣ хел ман ғалтидам!? Ман дар деҳаи худам як шахси боэътимодам, аммо 178 овоз гирифтаму рақибам Амонов Маҳмадназар 191 овоз. Дар участкаи Сари Камар бачаи тағойи ҳамин одам намоянда буд. Рафта гуфтам, ки «Шумо ҳақ надоред!». Вай мегӯяд: «Кори ту набошад!». Дар участка 9 нафар намоянда буданд, ки ҳуҷҷат надоштанд ва бо ин асос наметавонистанд назоратчӣ бошанд. Намоянда Иброҳимов баъди нисфирӯзӣ гурехт. Зеро ман гуфтам барои чӣ вай надид, ки ҳуҷҷат надоранд. Одамонро дар кабина нишон додааст, ки «инҳоро хат зан!». Шамсуллоев Нурулло чор маротиба бюллетен партофтааст. Раиси ҳавза мақсад дошт, ки бо одамони мо ҷанг кунаду инҳоро бадном созад. Ҳамин тавр, нозири ман Ҳасанов Маҳмадаминро пеш карданд. Занг задам, гуфтанд, ки «ай сар моненуш». Нозирамон санад тартиб додааст. Ҳатто мо депутатро надида будем, гузаронданд ӯро. Ин қойида чанд соле, ки пеш буд, ҳамон хел идома дорад. Дар назди қуттӣ ду — се нафар меистанд ва бюллетенҳоро партофтан мегиранд. Ман инро ҳатман тасдиқ мекунам. Ҳатто худам рафтаму бюллетенамро наёфтам».
Чун сабти садои Ҳоҷиқурбон Ҳасановро ба итмом расонидам, манзараи нозирии худам пеши назар омад. Камина низ нозир будам, шахси боэътимоди номзад Саймуддин Дӯстов дар участкаи интихоботии №16-и ноҳияи Файзобод. Дар ин участка низ тақаллубкорӣ мушоҳида мешуд. Ҳатто вақте намояндагони телевизиони «Ҷаҳоннамо» вориди участка гардидаву ҳангоми наворбардорӣ фикри нозиронро низ фаҳмиданӣ шуданд, камбудиҳоро гуфтам. Ҳам дукаса — секаса ба кабина даромадан ва ҳам аз номи дигарон овоз додани як нафарро. Баъди рафтани намояндаҳои телевизион раиси участка табъаш хира шуд. Аммо дере нагузашта, занеро мушоҳида кардам, ки як бор овоз додаву аз толор берун рафта буд ва дигарбора ворид гардида, ба қуттӣ бюллетен партофт. Бархостаму ӯро нигоҳ доштам ва раиси участка Султон Боймаҳмадовро фаро хондам, то ба таҳқиқ бифаҳмад, ки чӣ хатокорие аз ин зан содир шуда. Он зан бо шарм аз ҳавза берун рафт ва ин боис шуд, ки раису аъзоёни комиссия аз роҳ додани фиреб дар раъйдиҳӣ то андозае ҷилавгирӣ кунанд.
Баъди ба охир расидани раъйдиҳӣ, худи ҳамон бегоҳи 28-уми феврал бо бисёре аз ҳамкасбон вохӯрдам, ки рафти интихоботро дар ноҳияҳои Файзободу Ваҳдат назорат мекарданд. Далелҳои зиёди тақаллубкориро онҳо низ ҷамъ оварда буданд. Ҳатто наворҳои видеоиро бо лаҳзаҳои хатокорӣ дар раъйдиҳӣ ва ҳам дуруштии роҳбарону аъзоёни участкаҳои интихоботӣ. Дар фиттаи онҳо лаҳзаҳое аз баҳси бе шиноснома раъй додани мардум ҳам сабт шуда буд, ки ҳавзаи интихоботии №16 низ ҳамин ҳолро дошт.
Пас, маълум мешавад, ки одамон решаи калимаи «тақаллуб», яъне «тақал»-ро беҳуда накандаву статуси мардумӣ надодаанд!

Фазлиддин АСОЗОДА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: