Главная > Uncategorized > Ҳукми суд ҷиноят не, сазои ҷиноят аст

Ҳукми суд ҷиноят не, сазои ҷиноят аст

Аз БМСТЖ:
Вақте оид ба масъалаи «парвандаи исфарагиҳо» ва изҳороти адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев ба Суди Олӣ муроҷиат карда будем, судя Н. Нуров аз шарҳи пурраи қазия худдорӣ кард. ӯ изҳор намуда буд, ки то баррасии кассатсионии парванда масъаларо пурра тавзеҳ дода наметавонад. Мавсуф гуфта буд, ки баъди баррасӣ баъзе паҳлӯҳои масъаларо шарҳ медиҳад. Ба идораи нашрия навиштаи Н. Нуров ворид шуд. Тасмим гирифтем онро пешкаши хонанда намоем. Ҳарчанд дар ин самт кормандони БМСТЖ тадқиқоти журналистӣ гузаронида истодаанду гуфтаниҳои зиёде доранд. Баробари ба итмом расидани тадқиқот, натиҷаи он пешкаши хонанда мегардад.
Мувофиқи далелҳои парванда, дар шаҳри Исфара шаҳрванд Ҷӯраев Низомхон иттиҳоди ҷиноятӣ ташкил намуда, як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир кардааст. Муайян карда шудааст, ки Ҷӯраев Н. дар натиҷаи ҳамкории силоҳбадастон аввал ҷонишин, баъд директори генералии заводи спиртбарории шаҳри Исфара шуда, бевосита куштори собиқ муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил кардааст. Баъд аз 2-3 рӯзи куштор дар меҳмонхонаи Измайловои шаҳри Маскав содиркунандаи ин куштори ваҳшиёна Одилов Д. дастгир карда шуда, фақат баъд аз се моҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда, дар мақомоти Прокуратура пурсида шуда, барои исбот нашудани гуноҳаш озод шудааст. Ин дар ҳолате ки тамоми олотҳои ҷиноят, ҳамчун далели шайъӣ автомашина, автомат, ниқоб ва ғайраҳо гирифта шуда, якчанд шоҳидони куштор аллакай муайян карда шуда буданд. Ҳамин тавр, Одилов Д. якчанд маротиба дастгир карда шуда, ҳар даъфа ҷавоб дода шудааст. Ҷӯраев Н. бошад, дар ҳолате ки дар ҳавлии худаш дар ҳузури шоҳидон марҳумро ҳақоратҳои қабеҳ карда, бе ягон асос дар куштори бародараш айбдор ҳисобида, куштори ӯро тарҳрезӣ кардааст ва хеши наздикаш Муқитов омада Ҷӯрав Н.-ро барои беасос марҳумро айбдор донистан ва тайёрии кушторро кардан сарзаниш кардааст ва бар замми он, то куштор дар шаҳри Чкалов дастгир карда шуда, аз ӯ автомат ва таппонча ёфта гирифта шуда, пас аз 2-3 рӯз озод карда шуда, тамоми силоҳ боз ба ӯ баргардонида шудааст, гуноҳи ягон кас дар ин куштор дар давоми қариб 9 сол исботи худро наёфтааст.
Дар ҳолате, ки оид ба сохтакориҳои бешумор, ба расмият даровардани маблағҳои пулӣ ва амволи ғайриқонунӣ ба даст овардашуда, саркашӣ кардан аз супоридани андозҳо ва механизми бо ин роҳу усул садҳо ҳазор сомонӣ маблағро аз буҷаи давлат тасарруф намуда, ба Ҷӯраев Н. доданро, ки аксари кулли маҳкумшудагон, аз он ҷумла сармуҳосиб, муҳосиб, хазиначӣ ва дигар шахсони масъул ҳам дар рафти тафтишоти пешакӣ ва ҳам мурофиаи судӣ тасдиқ кардаанд, баҳсҳои дар боло қайдшударо асоснок ҳисобидан бисёр ҳам ғайриимкон аст. Инчунин, қайд кардан ҷоиз аст, ки нисбати протоколи маҷлиси судӣ оид ба ин масъалаҳо аз тарафи ягон маҳкумшуда ва айбдоркунандаи давлатӣ эрод, яъне норозигӣ пешниҳод нашудааст.
Ҳанӯз дар солҳои ноороми 90-уми қарни гузашта дар атрофи баъзе коргоҳ ва корхонаҳо, аз он ҷумла заводи спиртбарории шаҳри Исфара кашмакашҳои зиёд ҷой доштанд. Ҷӯраев Н. низ ба онҳо ҳамроҳ шуда, қадамҳои аввалини худро дар онҳо бо тарзи зерин гузоштааст. Оид ба ин ҳолат дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ чунин далелҳо ба даст оварда шудааст:
Шоҳид Рустамов Содиқ айни замон мудири шӯъбаи Ҳукумати вилояти Суғд, нишон додааст, ки 7-уми майи соли 1997 ба вазифаи директории заводи спиртбарории шаҳри Исфара таъин шуда, дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд ба наздаш одамони ношинос омаданд. Баъд фаҳмидааст, ки онҳо Самадов Ҷамшед — сардори СОБР-и вилоят (айни замон маҳкум шудааст) ва ҳамроҳаш Ҷӯраев Низомхон будаанд. Ҳамон рӯз аз шаҳри Душанбе бегоҳӣ баргашта омадааст ва боз як шахси ношинос омада, худро Бекназаров Алӣ шинос карда, гуфтааст, ки раиси базаи нефтбарории ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад ва ҳоло Ҷӯраев Н. ҷонишинаш будааст ва хоҳиш кардааст, ки Ҷӯраев Низомро ба муовинӣ қабул кунад. Боз гуфтааст, ки «ту дар соҳаи тиҷорат кор накардаӣ, Ҷӯраев Н. бошад, ба ту кӯмак мерасонад ва дар соҳаи тиҷорат хеле хуб фаъолият мебарад».
Тахминан пас аз 10-8 рӯз яке аз додарҳои Ҷӯраев Н. ба наздаш омада, хоҳиш кардааст, ки ба хонаи бародараш Ҷӯраев Н. равад, зеро дар он ҷо меҳмонон омадаанд. Вай ба хонаи Ҷӯраев Н. рафта, дидааст, ки дар он ҷо Самадов Ҷамшед, Бекназаров Алӣ ва Ҷӯраев Низом нишастаанд. Ба ӯ Бекназаров А. гуфтааст, ки ҳама розӣ, танҳо худат розӣ набудаӣ, ки Ҷӯраев Н.-ро ба ҷонишинӣ гирӣ. Пас аз ин сӯҳбат Ҷӯраев Н. ба ӯ ҷонишин шудааст. Соли 1997-ум солҳои вазнин буда, ӯ маҷбур шудаааст, ки розигии худро барои ҷонишин гирифтани Ҷӯраев Н. диҳад. Моҳи январи соли 2000-ум ӯро ба Корпоратсияи хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда, гуфтаанд, ки масъалаашро ба коллегия мемонанд. Дар ҷавоб ӯ ариза дар бораи бо хоҳиши худ аз кор рафтанро навиштааст. Сипас ӯро пурсидаанд, ки ба ҷои худ киро тавсия медиҳад. ӯ Ҷӯраев Н.-ро тавсия додааст. Вақте ки аз қабул баромадааст, бо Ҷӯраев Н. вохӯрда, гуфтааст, ки табрик, ӯ роҳбар мешавад.
Вақте ки Ҷӯраев Муталиб — бародари калонии Ҷӯраев Низом дар ҷанги М. Худойбердиев ҳалок гардид, ба фотиҳа рафтанд ва марҳум Т. Бобоев низ дар он ҷо будааст. Дар ҳамон ҷо Ҷӯраев Н. ба Бобоев Т. бо ғазаб ва ҳақорат гуфтааст, ки аз дасти ҳаминҳо бародари ӯ вафот кардааст.
Соли 1998 Ҷӯраев Н. дар вазифаи муовини директори заводи спиртбарории шаҳри Исфара кор карда, бо истифода аз ваколатҳои хизматӣ, бо мақсади ғаразнок дар шаҳри Исфара аз ҳисоби наздикон, намояндагони мақомоти қудратӣ, яъне сардори ШКД-и шаҳри Исфара Содиқов И., ваколатдори фаврии бахши кофтукови ҷиноятии ҳамин ШКД, додараш Ҷӯраев Ф. Х., Исмоилов А. Ю. ва дигарон гурӯҳи устувори ҷиноятиро ташкил дода, барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маслиҳат намуда, онҳоро бо силоҳ мусаллаҳ намуда, ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ кардааст.
Ҷӯраев Н. Х. моҳи декабри соли 1998 бо сардори гурӯҳи ҷиноятии дар шаҳри Чкаловск ва берун аз он амалкунанда Бекназаров Алӣ ва аъзоёни ин гурӯҳ, корманди мақомоти ҳифзи сарҳадот Бекназаров Ҷабор, шахсони боваринок Одилов Д. ва Мирзораҳимов И. маслиҳат намуда, ба он гурӯҳ Исмоилов А. ва дигаронро якҷоя карда, иттиҳоди ҷиноятиро ташкил намудааст.
Ҷӯраев Н. Х. дар асоси маслиҳат бо Исмоилов А. дар нимаи 2-юми соли 1998 ҳамроҳи Раҳмоновҳо Ҳусниддин ва Мирзохалил бе иҷозати дахлдору расмӣ, ғайриқонунӣ 5 автомати Калашников, 10 тирдон, 362 тир, 2 таппончаи «Макаров» бо садохомӯшкунак, 2 тирдон ва 9 тир, 1 гранатомёт бо норинҷаки реактивии зиддитанкӣ, сарнайза барои автомати «Калашников»-ро ба даст оварда, аз ҷумла дар сӯиқасд ва куштори Бобоев Т. истифода намудааст.
Дар нимаи аввали моҳи ноябри соли 1998 дар рафти ҳуҷуми Худойбердиев М. Т. бародари калонии Ҷӯраев Н. Х. — Ҷӯраев Муталиб кушта шуда, дар ин ҳодиса Ҷӯраев Н. Х. Бобоев Т.-ро гунаҳкор ҳисобида, қасди куштори ӯро намудааст. Бо ин мақсад, Ҷӯраев Н. Х. нақшаи кушторро тарҳрезӣ намуда, иҷрои онро нимаи дуюми ноябри соли 1998 ба зиммаи зердасти худ Исмоилов А. бо мусаллаҳ намудани ӯ бо таппончаи «Макаров» бо 9 тир вогузор кардааст.
Номбурда бо супориши Ҷӯраев Н. Х. Бобоев Т.Н.-ро дар назди хонааш, кӯчаи Пушкин, хонаи 44, шаҳри Исфара моҳи ноябри соли 1998 чанд шабонарӯз мунтазир шуда, дар мӯҳлати муқарраршуда куштори ӯро содир карда натавонистааст.
Ҷӯраев Н. Х. медонист, ки собиқ ҳамкораш Бекназаров Алӣ аз ҳисоби бародараш ва зердастонаш Бекназаров Ҷ., Одилов Д., Мирзораҳимов И. гурӯҳи яроқнок дорад. Бо мақсади он, ки ӯ бо ёрдами онҳо куштори Бобоев Т.Н.-ро содир карда метавонад, декабри соли 1998 бо ҳамроҳии Исмоилов А. Ю. аз шаҳри Исфара ба хонаи Бекназаров Алӣ рафта, оид ба куштор маслиҳат намудааст.
Бекназаров Алӣ барои куштор розӣ шуда, барои иҷроиши ин мақсад ба гурӯҳи Бекназаров А. Г. иҷроиши ҳуҷуми мусаллаҳона ва содир кардани куштор, ба гурӯҳи Ҷӯраев Н. Х. бошад, ҷамъоварӣ ва пешниход кардани хабар оид ба ҷои истиқомати Бобоев Т. Н., муайян кардани ҳолати зист ва вақт, роҳ ва тарзи роҳбаладии номбурда, интихоби ҷои куштор вобаста карда шуда, Ҷӯраев Н. Х. ба зимма гирифтааст, ки иҷрокунандагони кушторро бо яроқ, нақлиёт ва маблағ таъмин мекунад.
Барои иҷрои нақшаи мазкур Бекназаров А. Г. ба Ҷӯраев Н. Х. номзадии Одилов Д. ва Мирзораҳимов И.-ро пешниҳод карда, ӯро бовар кунонд, ки Бекназаров Ҷ. дар якҷоягӣ бо ӯ корҳои ташкилиро вобаста ба куштор таҳти назорат мегирад.
Бекназаров А. Г. ҳамон рӯз Одилов Д. Д.-ро назди Ҷӯраев Н. Х. даъват намуда, ба Одилов Д. Д. мақсади ба қатл расонидани Бобоев Т. Н.-ро фаҳмонида, Ҷӯраев Н. Х. ва Бекназаров А. Г. ба Одилов Д. Д. ваъда доданд, ки дар сурати анҷом додани куштор ба онҳо шаш ҳазор доллари ИМА дода, дар корҳои тиҷоратии минбаъдаашон кӯмак мерасонанд. Пас аз он Ҷӯраев Н. Х. дар назди Бекназаров А. Г. аз Одилов Д. Д. талаб кардааст, ки рӯзи оянда бо Мирзораҳимов И. Х. ба хонаи вай оянд, ӯ ҷойҳои қулайро барои куштор нишон дода, онҳоро бо яроқ ва автомашина таъмин мекунад. Пас, Бекназаров А. Г. ба хонааш ба назди Ҷӯраев Н. Х. додараш Бекназаров Ҷ.-ро даъват карда, вазифаи ӯро муқаррар карда, супориш додааст, ки маслиҳати кушторро ба Мирзораҳимов И. Х. расонида, вазифаи ӯро нишон диҳад ва огаҳ кунад, ки пагоҳ бо Одилов Д. Д. барои гирифтани техника ва яроқ ба хонаи Ҷӯраев Н. Х. ба шаҳри Исфара равад.
Бекназаров Ҷ. Г. ҳамон рӯз дар хонаи бародараш Бекназаров А. Г. бо Мирзораҳимов И. Х. вохӯрда, супоришҳои Ҷӯраев Н. Х.-ро вобаста ба куштор расонида, таъқид кардаст, ки пагоҳ дар автомошинаи Исмоилов А. Ю. бо Одилов Д. Д. барои овардани автомашина ва яроқ ба шаҳри Исфара ба хонаи Ҷӯраев Н. Х. равад.
Рӯзи оянда, мувофиқи супориши Ҷӯраев Н. Х. ва Бекназаров А. Ч., Исмоилов А. Ю. ба шаҳри Чкалов, ба хонаи Бекназаров А. Г. рафта, аз он ҷо Одилов Д. Д. ва Мирзораҳимов И. Х.-ро гирифта, ба хонаи Ҷӯраев Н. Х. овардааст. Ҷӯраев Н. Х. дар иштироки Исмоилов А. Ю. ваъда додааст, ки дар ҳолати содир кардани куштор шаш ҳазор доллар, автомошинаи «ВАЗ-2107» медиҳад ва дар корҳои тиҷоратияшон ёрӣ мерасонад. Пас аз он Ҷӯраев Н. Х. бо воситаи Исмоилов А. Ю. ба онҳо ду автоматро бо 119 тир дода, талаб кардааст, ки Бобоев Т. Н.-ро парронанд.

Бо супориши Ҷӯраев Н. Х. Исмоилов А.Ю. Одилов Д. Д.-ро ба назди хонаи Бобоев Т. Н. ба кӯчаи Пушкин, хонаи № 44, шаҳри Исфара бурда, ҳолати ҷойгиршавии онро нишон додааст. Пагоҳӣ Ҷӯраев Н. Х. ба онҳо автомашинаи «ВАЗ — 2106» бо рақами транзитиро дода, автомашинаву яроқҳоро бо ёрии Исмоилов А. Ю. то шаҳри Чкалов овардааст.
Одилов Д. ва Мирзораҳимов И. автомашина ва яроқҳоро ба хонаи Бекназаров А. Г. оварда, ҳамон рӯз ба додари ӯ Бекназаров Ҷ., ки бо ӯ низ Бекназаров А. Г. ва Ҷӯраев Н. Х. оид ба куштор маслиҳат намуда буданд, супориданд. Дар асоси супориши Бекназаров А. Г. ва Ҷӯраев Н. Х. Бекназаров Ҷ. Г. аз Мирзораҳимов И. Х. ва Одилов Д. Д. ду автоматро бо тирдон ва тир гирифта, дар хонаи Бекназаров А. Г. пинҳон карда, аз Мирзораҳимов И. Х. ва Одилов Д. Д. талаб кардааст, ки дар куштор автомашинаи Ҷӯраев Н. Х. додаро истифода набаранд.
Моҳи декабри соли 1998 Исмоилов А. Ю. аз шаҳри Исфара бо автомашинаи Ҷӯраев Н. Х. дода ба хонаи Бекназаров А. Г. рафта, бо ёрдами Бекназаров Ҷ. Г. Мирзораҳимов И. Х. ва Одилов Д.Д.-ро гирифта, дар кӯчаи Мир, хонаи Бобоев Т. Н.-ро нишон додааст.
Аз моҳи декабри соли 1998 сар карда, ин ду гурӯҳ барои куштор муттаҳид ва яроқнок шуда, ҷойҳои қулай, ҳолати ҷойгиршавии манзил, вақт ва роҳҳои рафтуомади ӯро ҳаматарафа омӯхтанд.
Рӯзи 30-юми декабри соли 1998 Бекназаров А. Г. бо воситаи Ҷӯраев Н. Х. хабардор шудааст, ки 2-юми январи соли 1999 Бобоев Т. Н. ба шаҳри Чкалов меояд, ба бародараш Бекназаров Ҷ. Г. Оид ба омадани Бобоев Т. Н. хабар додааст. Бекназаров Ҷ. Г. бегоҳӣ Мирзораҳимов И. Х.-ро вохӯрда, огоҳ кардааст, ки 2-юми январи соли 1999 ба назди хонааш автомашинаро биёрад.
Мирзораҳимов И. Х. соати 9:10 ба назди Бекназаров Ҷ. Г. омада, Бекназаров Ҷ. Г. бо бародараш Бекназаров А. Г. ва Ҷӯраев Н. Х. дар назди хонааш ду автомат ва 119 тирро ба Мирзораҳимов И. Х. додааст. Бекназаров Ҷ. Г. ба Мирзораҳимов И. Х. супориш додааст, ки оинаҳои автомашинаро сиёҳ кунад ва худаш аз паси Бобоев Т. Н. гашта ба хонааш омадани ӯро интизор шудааст.
Мирзораҳимов И. Х. оинаҳои автомошинаро сиёҳ карда, дар ин вақт, Бекназаров Ҷ. Г. ба хонааш омадани Бобоев Т. Н.-ро муайян карда, ба Бекназаров А. Г. хабар додааст. Бекназаров А. Г. Бошад, ба Одилов Д. Д. хабар додааст, ки Бобоев Т. Н. ба хонааш омадааст, мунтазир бошад, ӯро Мирзораҳимов И. Х. мегирад ва таъқид кардааст, ки ҳамин рӯз бояд куштор содир шавад.
Соатҳои 13-14 Бекназаров Ҷ. А. бо Мирзораҳимов И. Х. дар чорроҳаи наздикии ошхонаи «Гюмри» вохӯрда хабар додааст, ки Бобоев Т. Н. ба хонааш омадааст ва талаб кардааст, ки Одилов Д. Д.-ро гирифта, кушторро содир кунанд.
Супориши мазкурро аз Бекназаров Ҷ. Г. гирифта, Мирзораҳимов И. Х. бо автомашинае, ки дар дарунаш ду автомат буд, ба хонаи Одилов Д. Д. омада, ба ӯ хабари Бекназаров Ҷ.Г.-ро оиди ба хонааш омадани Бобоев Т. Н. ва талаби Бекназаров Ҷ.Г.-ро оид ба анҷом додани куштор хабар додааст. Одилов Д. Д., ки пас аз талаби Бекназаров А. Г. оиди ҳамин рӯз содир кардани куштор дар хонааш баъди истеъмоли «героин» омадани Мирзораҳимов И. Х.-ро интизор буд, бо ниқоб бо автомат мусаллаҳ шуда, бо мақсади куштор ба кӯчаи Мир, хонаи 10 омаданд.
Мирзораҳимов И. Х. автомашинаро дар назди даромади хонаи Бобоев Т. Н. нигоҳ дошта, Одилов Д. Д. ва Мирзораҳимов И. Х. бо ниқоб сару рӯи худро пинҳон карда, назди утоқи Бобоев Т. Н. омаданд. Одилов Д. Д. ва Мирзораҳимов И. Х. яроқҳоро ба ҳолати ҷангӣ оварда, занги дарро заданд ва вақте ки ҷияни Т. Н. Бобоев — Ғанибеков С. дари хонаро кушод, аввал Одилов Д. Д. ва аз қафои ӯ Мирзораҳимов И. Х. вориди ҳона гардиданд.
Одилов Д. Д. ба Ғанибеков С. ҳуҷум намуда, бо таҳдиди яроқ ӯро ба меҳмонхона, ки он ҷо Бобоев Т. Н. дар курсӣ нишаста буд, дароварда, амр кардааст, ки рӯйноки хобад. Баъд, Одилов Д. Д. дар ҳузури Ғанибеков С. Бобоев Т.Н.-ро нишон гирифта, 6 тир парронда, ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Пас, Одилов Д. Д. ва Мирзораҳимов И. Х. аз ҷои ҷиноят ғайб зада, ба назди боғи собиқ бозори колхози «Рухак» рафта, дар даруни автомашина ниқоб ва яроқҳоро монда, онро қулф кардаанд. Одилов Д. Д. ба хонааш омада, ба Бекназаров А. Г. оиди иҷро шудани куштор хабар додааст.
Аз ҷои ҳодиса гурехта, Мирзораҳимов И. Х. дар шаҳраки Лучоб пинҳон шудааст. Одилов Д. Д. бо Ҷӯраев Н. Х. ва Бекназаров А. Г. баъд аз куштор ҷамъ шуда, Бекназаров А. Г. аз Ҷӯраев Н. Х. 1700 доллари ИМА гирифта, ба Одилов Д. Д. дода, таъқид кардаанд, ки ба шаҳри Москва рафта, муддати муайян пинҳон шавад.
Дар боғ, 3-юми январи соли 1999, автомашина, ки дар қайди БДА набуд ва дар дохили он ду автомат бо тирдон ва тирҳо, инчунин ниқоб ёфта гирифта шудааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-баллистикӣ, 6 гилзаи аз ҷои куштор гирифташуда аз автомати ёфтшуда парронда шудааст.
Маҳкум Одилов Д. Д. худро дар ин куштор гунаҳкор эътироф карда, нишон додааст, ки бо Бекназаров Алӣ, Ҷӯраев Н., Исмоилов А. Ю., Бекназаров Ҷ. ва Мирзораҳимов И. Х. шинос буда, бо номбурдагон муносибати хуб доштааст.
Бобоев Т.-ро бо супориши Ҷӯраев Н. Х. аз фурудгоҳ то хонааш — шаҳри Исфара якчанд маротиба бурда, аз ҳамон вақт шиносоӣ пайдо карда будааст. Азбаски кори доимӣ надошт, ба корҳои шахсии Бекназаров А. Г. ёрӣ мерасонд. Номбурда дар вазифаи сардори идораи гумруки ноҳияи Мастчоҳ хизмат карда, ӯро роҳбаладӣ карда, барои хизматҳояш Бекназаров А. Г. барои зиндагонияш кӯмак мерасонд.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ Одилов Д. Д. нишон додааст, ки охирҳои моҳи ноябр — аввали декабри соли 1998 ӯро Бекназаров А. Г. ба хонааш даъват кардааст. Дар назди дарвоза автомашинаи Ҷӯраев Н. Х., ки дар он Исмоилов А. Ю. менишаст, вохӯрда, вориди хонаи Бекназаров А. Г. шудааст.
Дар ҳавлӣ бо Бекназаров А. Г. ва Ҷӯраев Н. Х. вохӯрдааст. Бекназаров А. Г. ба ӯ фаҳмондааст, ки Ҷӯраев Н. Х. кори муҳим дорад, бинобар ин, бояд бо ӯ гуфтугузор кунад. Ҷӯраев Н. Х., ки чанд рӯз пеш дар натиҷаи ҳуҷуми дастаи Худойбердиев М., аз кушта шудани бародараш Ҷӯраев Муталиб ғамгин буд, дар назди Бекназаров А. Г. гуфтааст, ки сабаби куштори бародарашро аз Бобоев Т. мебинад. Бинобар он, Ҷӯраев Н. Х. аз ӯ хоҳиш кардааст, ки Бобоев Т. Н.-ро аз ҳаёт маҳрум кардан даркор ва ин корро бояд ӯ иҷро кунад.
Бекназаров А. Г. бошад, мақсади Ҷӯраев Н. Х.-ро дастгирӣ намуда, аз Одилов Д. Д. талаб кардааст, ки кушторро бо Мирзораҳимов И. содир мекунад. Пас аз ин Ҷӯраев Н. Х. таклиф кардааст, ки рӯзи оянда ӯ ва Мирзораҳимов И.-ро Исмоилов А. ба шаҳри Исфара ба хонааш мебарад. Маслиҳати кушторро пӯхта карда, ба онҳо яроқ ва автомашина дода, ҷойҳои қулай, аз ҷумла хона ва роҳу воситаҳои рафтуомади Бобоевро нишон медиҳад.
Рӯзи дигараш, охирҳои ноябри соли 1998 бегоҳӣ Исмоилов А. Ю. дар автомашинаи Ҷӯраев Н. Х. ба шаҳри Чкалов омада, ӯ ва Мирзораҳимов И.-ро ба шаҳри Исфара ба хонаи Ҷӯраев Н. овардааст. Вақте ки онҳо барои содир кардани куштор розигӣ доданд, Ҷӯраев Н. Х. ба Исмоилов А. Ю., ки назди онҳо ҳузур дошт ва аз маслиҳати онҳо хабардор буд, супориш додааст, ки яроқҳоро оварда ба онҳо диҳад.
Исмоилов А. Ю. пас аз ним соат ду автоматро бо тирҳояш оварда, ба назди онҳо гузоштааст, ӯ як автоматро бо 30 тир ва Мирзораҳимов И. Х. дигар автоматро бо 3 тирдон ва 89 тир гирифтаанд. Пас аз он бо супориши Ҷӯраев Н. Х. ӯро Исмоилов А. Ю. назди хонаи Бобоев Т. Н. бурда, мавзеи ҷойгиршавии онро нишон додааст. Баъди истеъмоли «героин», ки Исмоилов А. Ю. ба ӯ оварда буд, Ҷӯраев Н. Х. гуфтааст, ки пагоҳ ӯ ба онҳо автомашинаи дар қайди БДА набударо ва дар шоҳроҳи «Исфара — Хуҷанд» ҷойҳои қулайро барои куштор нишон медиҳад ва яроқҳоро то шаҳри Чкалов роҳбаладӣ мекунад. Пагоҳ Ҷӯраев Н. Х. ҳамроҳи Исмоилов А. Ю. ба онҳо автомашинаи ваъдагияшро пешниҳод кардааст. Баъд ӯ ва Мирзораҳимов И. дар автомашинаи Ҷӯраев Н. таҳти идораи номбурда ва Исмоилов А. Ю. дар сари рул паси ҳам ба сӯи шаҳри Чкалов раҳсипор шудаанд. Дар гардиши дидбонгоҳи БДА ва баъд дар назди насосҳои нафткашӣ Ҷӯраев Н. Х. якчанд ҷойи қулайро барои куштор муайян карда, ба онҳо супориш додааст, ки вақт ва роҳҳои рафтуомади Бобоевро аз шаҳри Исфара то шаҳри Чкалову Хуҷанд назорат баранд ва дар ҳамин ҷойҳои қулай ӯро парронда нобуд кунанд.
Ҳамин тавр, Ҷӯраев Н. Х. ҷойҳои қулайро барои куштор ба онҳо нишон дода, автомашинаро бо яроқҳо то даромади шаҳри Чкалов роҳбаладӣ карда, хабар додааст, ки Бобоев Т. Н. дар шаҳри Чкалов низ хона дорад, суроғаашро рӯзи дигар ба онҳо Исмоилов А. Ю. медиҳад.
Мирзораҳимов И. Х. бинобар аз таъсири «героин» маст будани Одилов Д. ӯро ба хонааш оварда монда, мошин ва яроқҳоро ба хонаи Бекназаров А. бурдааст.
2-юми январи соли 1999, соати 10-у 30 ба наздаш Мирзораҳимов И. Х. омада, аз ӯ барои як шахси ношинос «героин» гирифтааст. Соати 13 Бекназаров А. Г. занг зада, таъкид кардааст, ки Ҷӯраев Н. Х. хабар додааст, ки Бобоев Т. Н. аз шаҳри Исфара ба шаҳри Чкалов рафтааст, тайёр шавад, ӯро Мирзораҳимов И. Х. мегирад ва бояд ҳамроҳи Мирзораҳимов И. Х. ҳамин рӯз дар ҷойи таъинкардаи Ҷӯраев Н. Бобоев Т.Н.-ро парронда, аз ҳаёт маҳрум кунанд.
Соати 13-14 ба хонааш Мирзораҳимов И. Х. омада, хабар додааст, ки саҳар автоматҳоро Бекназаров Ҷ. баргардонидааст, ойинаҳои автомашинаро сиёҳ кардааст ва чанд дақиқа пеш дар назди ошхонаи «Гюмри» бо Бекназаров Ҷ. Г. вохӯрдааст. Охирон бо додани хабар оиди ба хонаи дар кӯчаи Мир будааш омадани Бобоев Т. Н. ба ӯ супориш додааст, ки ин хабарро ба ӯ расонад ва ҳамин рӯз Бобоевро парронанд. ӯ ниқобро гирифта, ба маркази шаҳри Чкалов раҳсипор шуда, аз Мирзораҳимов талаб кардааст, ки ба ҷойи таъин кардаи Ҷӯраев Н. неву мошинро назди хонаи Бобоев Т. ҳай кунад.
Мирзораҳимов И. Х. автомашинаро то даромади хонаи Бобоев Т. Н. ронда, боздоштааст. Онҳо автоматҳоро гирифта, ба даромадгоҳ даромада, ниқобҳоро пӯшида, вақти ба ошёнаи 2-юм баромадан автоматҳоро ба ҳолати корӣ дароварда, дарро кӯфтаанд ва онро як ҷавон кушодааст. Пеш-пеш ӯ бо нӯги автомат ҷавонро то меҳмонхона, ки дар он Бобоев Т. Н. дар курсӣ нишаста буд, тела карда, амр додааст, ки хоб кунад, аз қафои ӯ Мирзораҳимов И. низ ба хона даромадааст.
ӯ автоматро сӯи Бобоев Т. Н., ки дар масофаи 1,5-2 метр ба сӯи ӯ нигарон буд, равона карда, ба рӯй 2 тир ва баданаш 4 тир парронда, гурехта, то бӯстонсаройҳои «Маҳаллаи нав» рафтаанд.
Н. Э. НУРОВ,
судяи Суди Олӣ
(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: