Главная > Uncategorized > 2 карат 2

2 карат 2

Фақат «…ов»-ҳо ва «…вич»-ҳо метавонанд ба Русия сафар кунанд?
Пас аз истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик ба ҳуввияти милливу худшиносӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Тамоми анъанаҳое, ки дар замони собиқ Шӯравӣ мавриди истифода қарор додани онҳо қатъиян мамнӯъ буд, баъди истиқлолият мардуми тоҷик онро зинда гардонид. Ба мисли ҷашн гирифтани рӯзи «Наврӯз», «Сада», ифтихор аз арзишҳои миллӣ, ифтихор аз таърихи миллату халқи худ ва дигар анъанаҳое, ки дар ташаккули рӯҳияи милливу худшиносӣ зарур буд, оҳиста-оҳиста ба миён омадан гирифт.
Мушкили сангини насаби тоҷикӣ
Масрур Абдуллоев, устоди фанни ҳуввиятшиносии миллӣ мегӯяд, ки баъди истиқлолият аз идеалҳои замони Шӯравӣ ба монанди ҳайкали Ленин ва шиори коммунистӣ дар низоми давлатдорӣ даст кашиданд ва иделҳои нав, ба мисли ҳайкали Исмоили Сомониро офариданд, ки хусусияти миллиро ба худ касб намуд.

Дар қатори зинда гардонидани дигар анъанаҳои миллӣ, баргаштан ба тарзи ному насаби тоҷикӣ низ дар кишвар оғоз гардид. Нахуст гузоштани ному насаби тоҷикӣ аз тифлон шурӯъ шуд. Баъдан чунин амал аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки насаби худро аз тарзи «ов»-и русӣ ба шакли тоҷикӣ, яъне «Раҳмон» тағйир дод. Баъди ин гуна иқдоми Президент тасмими гузаштан ба ному насаби тоҷикӣ аз ҷониби мардуми тоҷик, бахусус мақомоти баландпояи кишвар, дар мисоли вазирону раисон ва дигар шахсони мансабдор босуръат оғоз шуд ва ҳоло ҳам ҷараён дорад. Аммо имрӯз мувофиқи хабаргузориҳо насаби тоҷикӣ бар сари мардуми муҳоҷиру мусофири тоҷикистонӣ, алалхусус ҳангоми сафар ба Русия мушкили сангинеро ба бор овардааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон, Акбар Каримӣ дар хабаргузории «Азия — плюс» аз мушоҳидаи худ оид ба проблемаи тағйири насаб нақл карда, гуфтааст, ки соли 2007 ба шӯъбаи шиносномадиҳӣ рафта, хостааст насабашро ба тарзи тоҷикӣ гардонад. Кормандони шӯъба ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳояш ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки аз ин тасмими худ даст кашад. Зеро дар оянда ҳангоми сафар ба Федератсияи Русия мушкил пеш меояд. ӯ нақл мекунад, ки дар байни ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар шӯъбаи шиносномадиҳӣ ҳузур доштанд, танҳо як худаш бо насаби тоҷикӣ мехост шиноснома гирад. Боқимонда ҳама аз шакли тоҷикӣ ба русӣ тағйири насаб мекардаанд. Зеро онҳо дар Русия аллакай бо мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.
САҲШ — сабабгори асосии проблема
Дар ҳоли ҳозир низ ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Анвар Носиров, ҳангоми сафари Русия шаҳрвандони кишвар бо чунин проблема рӯ ба рӯ мегарданд. Сабаби асосии мушкили мавҷударо аз нодуруст навишта шудани ному насаб дар шиноснома медонад, ки ба андешаи ӯ ин амал аз ҷониби кормандони шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ сурат мегирифтааст. Зеро аз рӯи он шиносномае, ки дар шӯъбаи САҲШ медиҳанд, паспорти хориҷӣ дода мешавад. Аз ин рӯ, сабабгори асосии проблемаи имрӯзи муҳоҷирон шӯъбаи мазкур аст,- мегӯяд Анвар Носиров.
Вале аз рӯи маълумотҳо дар баъзе ҳолат шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ низ бо сабаби нодуруст пур кардани ҷойи ному насаб шиносномаи шаҳрвандонро ноқис месозанд, ки дар натиҷа боиси аз сафар гаштани муҳоҷирон мешавад. Тавре ҳолдонҳо зикр мекунанд, ҳангоми пур кардани шиноснома кормандони шӯъбаи шиносномадиҳӣ саҳлангорона дар ҷойи насаб ному насабро яку якбора навишта, дар хоначаи ном аломати нуқта ё дигар ишораро мегузоранд, ки дар натиҷа паспорти он шаҳрванд ноқис шуморида мешавад. Вале дар адабиёти халқии тоҷикон як мақоле ҳаст, ки ҳар кас мехоҳад «айби худро ба дигарон часпонад».
Аммо шаҳрванди Тоҷикистон, Ислом Акрамов мегӯяд, ки Русия ба насаби миллии тоҷикӣ чӣ кор дорад? Зеро хитоӣ ҳам бо ному насаби миллии худ, аврупоӣ ва дигар халқиятҳо бо ному насаби миллӣ вориди Русия мегарданд, чаро мушкил пеш намеояд? Аммо тоҷик ба Русия равад, дар масъалаи фамилия мушкил пайдо мегардидааст? Решаи ин мушкилро дар дохили Тоҷикистон бояд ҷуст, на дар хориҷи кишвар,- мегӯяд ӯ. Зеро ба андешаи вай шояд гурӯҳи манфиатҷӯе ба чунин кор даст дорад.
Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшинос Зафар Қурбонов мегӯяд, ки ягон давлат ҳақ надорад шаҳрванди кишвари дигарро ба хотири насаби миллӣ аз сафар ба он кишвар монеа эҷод кунад. Ин дар қонунҳои байналмилалӣ зикр гардидааст. Аммо оне, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия ба хотири насаби тоҷикӣ роҳ намедиҳанд, мушкили заъфи кишвари моро дар баробари он мамлакат нишон медиҳад ва ин проблемаро бояд мақомоти дахлдори давлатӣ ҳаллу фасл намоянд,- мегӯяд ҳуқуқшинос.

Дар шиноснома Раҳмон Эмомалист ё баръакс?
Масъулини Хадамоти муҳоҷирати ВКД мегӯянд, ки мувофиқи қонун аввал дар шиноснома бояд насаб ва баъдан ном қайд карда шавад. Вале баъди қабул шудани қонуни забони тоҷикӣ мушкили ҷой додани ному насаб дар шиноснома пайдо гардидааст. Онҳо иддао доранд, ки шаҳрвандони Афғонистону Эрон, ки бо тоҷикон ҳамзабону ҳамфарҳанганд, дар шиноснома аввал насаб ва баъдан номашон қайд мегардад. Зеро талаботи созмони байналмилалии ИКАО (IKAO) чунин аст, мегӯянд масъулини ин ниҳоди давлатӣ. Ҳамчунин масъулини Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, аксари одамон ному насаби президентро мисол меоранд, ки шакли миллии тоҷикист ва чаро шаҳрвандон чунин ҳуқуқ надошта бошанд? Вале онҳо иброз медоранд, ки дар асл мувофиқи қонун насаб аз аввал меояду баъдан ном. Аммо огоҳӣ надоранд, ки дар паспорти президент аввал насаб ё номаш омада бошад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки бештари афроде, ки ба тарзи миллӣ шиноснома гирифтаанд, аввал насаб, баъд номашон навишта шудааст. Аз якчанд шаҳрванде, ки шиносномаи миллӣ доранд, пурсидем, ки чӣ гуна ба қайд гирифта шудаанд, бештари онҳо гуфтанд, ки насабашон аз аввал навишта шудааст.

Деги дар ҷӯш
Ба суоли ин ки чаро тамоми шаҳрвандонро иҷоза намедиҳанд, то бо фамилияи русӣ худро дар қайд гиранду ҳангоми сафар ба Русия барояшон мушкиле пеш наояд, Анвар Носиров мегӯяд, ки ҳуқуқи шаҳрвандии ҳар кас аст. Хоҳад, бо фамилияи русӣ, нахоҳад, бо насаби тоҷикӣ худро ба қайд мегирад. Ба ин касе монеа шуда наметавонад.
Вале раванди тағйири насаб аз русӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба русӣ дар Тоҷикистон то кунун идома дорад. Аз рӯи маълумоти масъулини Вазорати адлия, тағйири ному насаб дар соли 2009 ба ҳисоби умумӣ 4865 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2008 ин нишондиҳанда то 2000 коҳиш ёфтааст. Тағйири ном аз русӣ ба тоҷикӣ 613 адад ба қайд гирифта шуда, аммо сабти ҳолати баръакс, яъне аз тоҷикӣ ба русиро дақиқ нагуфтанд. Чунин ҳолат вуҷуд дорад, вале нисбатан камтар,- мегӯянд масъулини Вазорати адлия. Тибқи маълумоти онҳо, тағйири ному насаб ҳуқуқи шаҳрвандии ҳар шахс аст ва наметавон онро рад кард.
Ин дар ҳолест, ки масъулини Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, барои аз байн бурдани мушкили насаб, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯ ба рӯ мешаванд, роҳҳои ҳал ҷуста истодаанд. Ба гуфтаи онҳо гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки чӣ тавр навиштан ва ба қайд гирифтани ному насаб дар шиносномаро мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд. Ҳоло ҳуҷҷат дар ҳоли баррасист ва мушаххас гуфтан мумкин нест, ки ба чӣ хулоса мерасанд. Аммо эҳтимолан шакли қонунии он, яъне аввал насаб, баъдан ном риоя хоҳад шуд. Шаҳрвандон хоҳ ба тарзи миллӣ ё бо риояи анъанаи замони Шӯравӣ насабашонро метавонанд дар шиноснома ба қайд гиранд,- мегӯянд масъулини Хадамоти муҳоҷират.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки бо қабул шудани қонуну қарорҳо мушкили мардум осон хоҳад шуд? Зеро қабули қонуну қарор ба истилоҳ «2 карат 2» аст, лекин ҳангоми иҷрои онҳо ҳамеша мушкили дигаре пеш меояд, роҳи дигари коррупсия ёфт мешавад. Чун дар танзими расму ойин қонун қабул шуд, роҳи пулкоркунӣ бештар гашт. Мардум ҳамон анъанаҳои худро ҷашн мегиранд, теъдоди онҳо кам нагаштааст, танҳо бо супоридани маблағи иловагӣ — ба истилоҳ «пора», ки деги коррупсионерон ҳам дар ҷӯш асту маҳфили базморо ҳам гарм.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: